Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:13

Сӯхтори навбатии «Корвон»: Гузориш аз маҳалли оташсӯзӣ

5 сентябр 2012, 19:18

Соат аз 22-и шаб ҳам гузашт. Ба макони сӯхтор одамони зиёде меомаданд, лаҳза ба лаҳза теъдоди онҳо меафзуд.Тоҷирон низ барои кашонидани молҳои худ шитоб менамуданд. Гурӯҳи таъиноти махсуси мақомоти интизомӣ ҳам ба ҷои оташсӯзӣ ҳозир шуд…

Тақрибан соати 17-у 40 то 17-у 43 дақиқаи шоми имрӯз (5-уми сентябри соли 2012) дар бозори мавсум ба «Корвон»-и Душанбе сӯхтор ба амал омад.

Дар сӯҳбат бо гурӯҳи хабарнигорони Озодагон, ки пас аз чанд лаҳзаи сар задани оташсӯзӣ ба маҳалли ҳодиса расиданд, чанд тан аз тоҷирони бозори мазкур ин сӯхторро қасдан унвон намуданд. Ҳарчанд масъулини Хадамоти оташнишонӣ иллати сар задани сӯхторро ҳанӯз «номаълум» гуфтанд, вале фарзияҳои зиёде миёни савдогарон вуҷуд дорад

Тоҷирзане, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, гуфт ин бозорро оташ задаанд: « Мегӯянд ки вақте ин ҷоро оташ заданд, қаблан дохили баъзе дӯконҳоро холӣ намудаанд. Дар ин сӯхтор  нисфи моламро дуздиданд. Канӣ ахранаҳо? Баъзеҳо мегӯянд вақте сӯхтор сар шуд, ахранаҳо набудаанд. Нав писарам аз бонк қарз гирифта буд. Бовар кунед вақте ба мошин омадам  дар роҳ ҳушам рафт».

Ҳамсӯҳбати дигари мо аз фаъолияти посбонҳои «Корвон» изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки ин ҳодиса миёни 20 дақиқа ба амал омадааст: « Ман соати 16:30 дӯконамро маҳкам намуда, аз бозор баромадам. Тақрибан пас аз як соат хабардор шудам, ки бозори «Корвон» оташ гирифтааст. То аз хона ба бозор омадам, ки аллакай алангаи оташ дар осмон хестаааст. Ман дар дӯкони худам ба маблағи зиёда аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ бор доштам, ки ҳамаи он ба коми оташ рафта, ба пуррагӣ сӯхта хокистар шудааст. Мо ҳар сари моҳ барои патент, барои иҷора ва ҳатто борои милисаҳо пул месупорем, бояд посбонҳои бозор ин маконро назорат мекарданд».

Тоҷири дигар низ ба ҳамтоёнаш мувофиқ будани худро иброз дошта афзуд, ки мошини оташнишонӣ сари вақт омада буд ва имкон дошт сӯхтор сари вақт хомӯш карда шавад: «Аммо аз сабаби он, ки ҳама мошинҳо дуди оташро дида дар роҳ истоданду ба оташнишонон имкони саривақт ба ҷои ҳодиса расидан надоданд, ҳанӯз ҳам оташ хомӯш карда нашудааст»

Дар ҳамин ҳол…

Соат аз 22-и шаб ҳам гузашт. Ба макони сӯхтор одамони зиёде меомаданд, лаҳза ба лаҳза теъдоди онҳо меафзуд.Тоҷирон низ барои кашонидани молҳои худ шитоб менамуданд.

Зимнан, гурӯҳи таъиноти махсуси мақомоти интизомӣ, ки дар тан либоси сиёҳ    доштанд, ба берун кардани тоҷирон ва афроди дар гирду атрофи молҳои аллакай ба коми оташ рафта оғоз намуданд. Савдогарон хеле асабонӣ менамуданд ва тоқати бо касе сухан кардан ва ё нафареро шунидан надоштанд. Бархе аз ҳамсӯҳбатонамон ишора менамуданд, ки ба тороҷ рафтани моли тоҷирон зиёд мушоҳида мешавад.   Соат наздики 22 буд ва оташсӯзӣ ҳанӯз идома дошт. Бояд гуфт, дар мависими оғози соли нави таҳсил савдогарон либосҳои зиёди мактабӣ ба бозор ворид намудаанд, ки имкони ҳамаи онҳоро аз коми оташ  берун кардан вуҷуд надошт.

Маврид ба ёдоварист, ин аввалин оташсӯзӣ тайи солҳои ахир дар бозорҳои Душанбе нест. Қаблан низ дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Варзоб» ва ҳамин бозори «Корвон» чанд сӯхтор ба амал омада буд. Сабаби оташсӯзиҳоро бошад, мақомот ба расиши кӯтоҳи ноқилҳо рабт медиҳанд, аммо тоҷирон мегӯянд, аксари ин сӯхторҳо барқасдона ба амал омадаанд.

Ибодуллоҳи ТОИР


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!