Бахшҳо
06 сен 2012 05:55Гузориш

Эътирозгарон ба маркази шаҳри Душанбе мераванд

Садҳо нафар тоҷирони бозори «Корвон» назди даромадгоҳи сардори бозор бо нишони эътироз ҷамъ омада талаби онро доранд, ки раиси бозор баромада дар бораи сар задани сӯхтор маълумот диҳад ва масъалаи дубора барқарор кардани ҷойҳои онҳоро баррасӣ намояд.

Тоҷирон на танҳо барқарор қардани ҷойҳояшонро талаб доранд, балки  онҳо иддао доранд моле, ки  ба коми оташ рафтааст аз ҷониби масъулин ҷуброн карда шавад. Чанд тан аз тоҷирони бозори мазкур дар суҳбат бо хабарнигори Озодагон гуфтааст: «Ин оташсӯзӣ кори махсусе аз ҷониби як гурӯҳ аст, зеро ин бори аввал нест, ки ин гуна сӯхтор ба амал меояд».

Дар миёни тоҷироне, ки даст ба тазоҳурот задаанд, каме бетартибиҳо ба амал омад ва баъзеҳо талош мекарданд, ки аз болои дарвоза гузашта ба назди раиси бозор дароянд, вале кормандони полис нагузоштанд, ки онҳо ин корро анҷом бидиҳанд. Тоҷирон мегӯянд, масъулини бозор аз эшон пул ҷамъ кардааст, ки дар назди бозор ҳавз месозанд, то ҳангоми сарзадани сӯхтор аз он истифода кунанд. Аммо онҳо мегӯянд ҳеч кореро анҷом надоданд.

Ҳамин тариқ тоҷирон ба хулосае омада аз инҷо истодан ҳеч фоидае нест ва гуфтанд, ки бо нишони эътироз ба назди ҳукумати шаҳр мераванд.
Шаҳло ном як тоҷир аз он нигаронӣ кард, ки ҳангоми сарзадани сӯхтор аксарияти молашро, ки аз коми оташ роҳо карда буд, дуздидаанд.

Ҳамакнун тоҷикрони бозори «Корвон» ба самти маркази шаҳр роҳпаймоии эътирозӣ доранд. Хабарнигори Озодагон ин роҳпаймоиро аз наздик мушоҳида мекунад ва тибқи гуфтаи ӯ кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамроҳи эътирозгарон ба сӯи маркази шаҳр мераванд. Бархе кормандони интизомӣ аз гирифтани акс аз ин роҳпаймоӣ ва сӯҳбат бо тоҷирони эътирозгар монеъа эҷод карда, дастгоҳи аккосӣ ва сабти овози рӯзноманигоронро гирифтаанд. Аз боздошт шудани рӯзноманигорон низ хабарҳои тасдиқнашуда вуҷуд дорад.

Тафсилоти бештар баъди чанд лаҳза нашр хоҳад шуд
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)