Бахшҳо
07 сен 2012 07:25Иқтисодӣ

Чаро пули миллии Тоҷикистон рақобатпазир нест?

Низоми пулии Тоҷикистон ду давраро бо рубли русӣ ва рубли тоҷикӣ тай карду ҳар дуи ин натиҷаи талх доданд ва аз соли 2000 мамлакат пули миллии худ сомониро ба гардиш андохту интизор мерафт то он ба яке асъорҳои рақобатпазир ва пурқувват табдил гашта ба бесарусомониҳо хотима бахшад. Аммо имрӯз бо гузашти 12 сол қурби пули миллӣ дар баробари асъори хориҷӣ арзиши худро дорад аз даст медиҳад. Ба ростӣ чаро асъори миллии мо рақобатпазир нест ва ин беш аз ҳама ба зарари кӣ тамом шудаву мешавад?

Сомонӣ дар сояи доллар маҳв мешавад?

Аз аввали воридоти сомонӣ ба муомилот дар Тоҷикистон, ки аз соли 2000 оғоз гардид то аввали соли 2008 қурби он аз 2,2 ба 3,46 барои як доллар поён рафт ва имрӯз ба 4,82 расидааст. Дар Эрон ҳам баъди таҳримҳои кишварҳои ғарб, пули миллии ин кишвар риёл дар баробари доллар арзиши худро аз даст дод. Чунончи 2009 - умсол 100 доллари амрикоӣ ба 100 ҳазор тумони эронӣ баробар буд, вале  имрӯз 100 доллар ба 216 ҳазор тумон баробар шудааст. Яъне 1 доллар ба 2 ҳазору160 тумон баробар шудааст. Пас пули миллии Эрон ҳам монанди сомонии Тоҷикистон раванди беқадр шуданро тай мекунад.Аммо шояд бе арзиш шудани пули миллии Тоҷикистон ба равише марбут мешавад, ки барои муаян кардани қурби он баргузидаанд?

Зеро қурби асъорҳои хориҷӣ аз низоми қурби пули миллӣ вобаста аст ва низоми қурби пули миллии басташуда ва шинокунандаро аз якдигар фарқ мекунанд. Кишварҳое дорои захоири калони асъорӣ низоми аввалро истифода мекунанд ва аз ҳисоби фурӯши захираҳои асъорӣ устувории қурби пулашонро таъмин менамоянд. Дар кишварҳое, ки низоми озодшинокунандаро интихоб кардаанд,  мувофиқи он қурби пулро бозор муаян мекунад. Барои мисол пулҳои миллии чанде аз кишварҳо ба асъорҳои озодтабдилшавандаи кишварҳои пешрафта баста шудаанд минҷумла: Аргентина, Сурия, Панама, Туркманистон, Венесуела, Нигерия ва Умон ба доллари амрикоӣ ва Намибия, Литва ва Эстония ба евро баста шудаанд. Ин кишварҳо қурби пулашонро нисбати асъори хориҷӣ амиқ муаян кардаанд ва онро аз ҳисоби фурӯши захираҳои асъорӣ нигоҳ медоранд. Аммо дар кишварҳое ба монанди ИМА, Италия Шветсария, Ҳиндустон, Украина, Канада, Русия, Британияи Кабир, Озарбойҷон ва Тоҷикистон қурби пул озод муаян карда мешавад.

Дар ҳамин маврид доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд он давлатҳое, ки равиши аввалро интихоб кардаанд, қурби худро аз ҳисоби истифодаи захоири сармояи табиияшон таъмин менамоянд. Онҳо ҳамчунин аз нафту газу дигар захираҳои уқёнусии худ истифода мекунанд ва бо 2 - 3 маротиба болоравии нархи газу нафт пули иловагӣ пайдо мекунанд, ки ин устувории пулро нигоҳ медорад. Аммо Тоҷикистон ин имконотро надорад ва ягона роҳаш ҳамин сиёсати дарҳои боз аст, ки ин имконоти васеъ ҳам дорад, зеро майдон боз буда ва бояд як муҳити сармоясозӣ дар Тоҷикистон пайдо кард то инро истифода баранд. Тоҷикистон илоҷи дигаре надорад, бояд Роғунро ҳамроҳ бо дигар сарчашмаҳои нафту гази худ дошта бошад то тавонад дигар соҳаҳоро маблағгузорӣ намояд, дар ин ҳолат Тоҷикистон метавонад қурби пули худро контрол кунад.  

Коршиноси умури бонкӣ Баҳром Шарипов низ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон дар давраи аввал қурби худро ба рубли русӣ ва баъдтар ба доллари амрикоӣ вабаста мекард, аммо таҷруба нишон дод, ки баста кардани қурби пули миллӣ ба як ё ду асъор номукаммал нест ва аз он дидгоҳ, ки бо кадом давлатҳо мо бештар доду гирифт кунему ин бо кадом асъор ҳисоб карда мешавад, ҳозир сабади асъорҳо барои муаян кардани қурби сомонӣ истифода бурда мешавад. Аз ин ҷиҳат боло ё пастравии қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ имконият медиҳад то хароҷотҳои зиёде, ки метавонад ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва ё ба системаи гардиши пулӣ таъсир расонад, минималӣ карда шавад. Аз дидгоҳи ҳаҷми истеҳсоли ватанӣ ва асъоре, ки дар кишвар аст, Тоҷикистон имконияти бартараф кардани ҳамаи хавфҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ бударо надорад. Вале ба минималӣ кардани ин хавфҳо истеҳсоли тилло дар мамлакат ва зиёд шудани корхонаҳои коркарди он метавонад қурби пули милии кишварро дастгирӣ кунад.                                     

"Қурби сомониро муҳоҷирон муаян мекунанд"

Иқтисоддонон бар ин назаранд, ки қурби асъор аз омилҳои зиёде вобаста аст, ки аввалини онҳо талаботу таклифот мебошад ва ҳама омилҳои ба талаботу таклифот таъсиррасонанда бевосита ё ба восита ба қурби асъор таъсир мерасонанд. Дигар ин ки агар мардум бештар ба молҳои хориҷӣ майл пайдо кунанд, талаботу қурби асъор боло меравад. Сатҳи болои таваррум дар дохили кишвар низ қурби пули миллиро паст мегардонаду болоравии қурби асъорро ба вуҷуд меоварад. Имрӯз ҳатто дар бахши бонкӣ ҳам бартарии доллар нисбат ба асъори миллӣ ба чашм мерасад. Чунончи қарзҳои дода шудаи низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд дар моҳи июли соли ҷорӣ 301,4 млн. сомониро фаро мегирад, ки аз ин 124,9 млн. сомонӣ ё 41,4% бо асъори миллӣ ва 176,5 млн. сомонӣ ё 58,6% бо асъори хориҷист.
Аммо коршиноси умури бонкӣ Баҳром Шарипов мегӯяд ин ки қурби пули миллиро бозор таъин мекунад мегӯянд, то андозае ғалат аст, зеро Бонки миллии Тоҷикистон инро танзим мекунад, вале доираи танзимкунии қурби асъор дар Тоҷикистон бо назардошти он ки имкониятҳои БМ камтар аст, маҳдуд аст. Новобаста аз ин ҳам нигоҳ доштани қурби асъор дар мобайни чанд солҳо дар сатҳи муаян нишон медиҳад, ки кишвар азуҳдаи ин вазифа баромада истодааст, аммо мушкилот ҳаст. Чун қурби асъор ба бисёре аз омилҳои иқтисодӣ вобаста аст ва дурустар роҳандозӣ намудани танзими он метавонад барои ҳавасмандкунии рушди соҳибкории истеҳсолӣ, дигаргун кардани истеъмоли маҳсулоти беруна назар ба маҳсулоти ватанӣ мусоидат кунад. Ҳамаи ин ба омили танзими асъор вобастагии калон дорад. Аммо чун асъори хориҷии доштаи Тоҷикистон маҳдуд аст, имконият намедиҳад, ки ин фишанг бештару хубтар барои самараи Тоҷикистон истифода гардад. Дар кулл кор дар ин самт ҷарён дорад ва яке аз равандҳо зиёд кардани маҳсулоти содиротист ва дар канори ворид кардани асъор аз бозори ҷаҳонӣ бояд истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулот ва гузаштан аз истеҳсоли ашёи хом ба маҳсулоти таёр бояд роҳандозӣ гардад.

Баҳром Шарипов меафзояд, ки дар нигоҳ доштани қурби сомонӣ ва қобилияти харидории он маблағҳое, ки аз тарафи муҳоҷирон меояд, бисёр саҳми бузург доранд ва барои ҳамин ин раванд акнун аз тарафи ҳукумат дастгирӣ меёбад ва яке аз омилҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон низ ба ҳисоб меравад. Дар як сол зиёда аз 2 млрд. доллар маблағи асъорӣ ворид мегардад, ки ҳам аз назари ҳаҷм ва ҳам аз дигар намуди фаъолияти берунаи Тоҷикистон афзалият дорад.     
Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев дар робита мегӯяд, ки агар маошро 1 сомонӣ баланд бардорем, бояд истеҳсолкунандаи мо 2,5 сомонӣ истеҳсол намояд. Қонунияти рушди иқтисод аст, ки дар баробари болошавии ҳар як сомонии маош 2,5 фоиз ҳосилнокии меҳнат бояд баланд бардошта шавад. Агар маош 33% - ро ташкил кунад, зиёда аз 66,6% бояд истеҳсоли мол ё хизматрасонӣ боло равад. Аз ин рӯ вақте чунин қонуният нигоҳ дошта намешавад, ба ҳар фоизи камшавии боздеҳӣ беқурбшавӣ пайдо мегардад.          

Зимнан вазъи тавозуни пардохт яъне ҳамаи амлиётҳои иқтисодии байни намояндаҳои кишвар ва ғайринамояндаҳо дар давраи муаян ба қурби асъор таъсири манфӣ ё мусбӣ мерасонад. Агар тавозуни пардохт мусбӣ бошад, қурби пули миллӣ боло мераваду қурби асъор поён меравад ва баръакс. Ба тавозуни пардохт низ ҳаракати сармоя таъсир мерасонад, ки аз мизони фоизу вазъи сиёсӣ дар кишвар вобаста аст. Даромади сармоя ба кишвар ва баромади он аз мамлакат низ ҳаҷми асъори хориҷӣ ва қурби онро дигар мекунад. Пас оё тавозуни пардохти мо мусбат аст?
Коршиноси соҳаи бонк Баҳром Шарипов ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, ки тавозуни пардохтӣ бояд мусбӣ бошад то давлат абарқудрат гардад ва дар ҳолате тавозуни пардохтӣ мусбӣ мегардад, ки содироти молу ашё ба хориҷа нисбат ба воридоти Тоҷикистон бештар бошад. Аммо ин дар Тоҷикистон дида намешавад ва сол аз сол тавозуни пардохтӣ кишвар ба тарафи манфӣ дорад бештар мешавад. Дар дигар давлатҳо дар ин ҳолат қурби асъори пули миллӣ хеле коста шуду ба сатҳи зиндагии одамон таъсири манфӣ мерасонад. Ин муаммо бояд аз тарафи ҳукумат ва олимон ҳалли худро ёбад то дар оянда рушди устувори Тоҷикистон ба даст оварда шавад.                 

Пули миллии Тоҷикистон қадр меёбад?

Вақте Тоҷикистон қурби шиновари асъори миллиро интихоб кардаасту дар он талаботу таклифоти бозор ба пули миллӣ қурби онро муайян мекунад, пас чаро ин бозори асъор натавониста аз беқурбшавии пули миллӣ пешгирӣ намояд? Чун дар Амрикову дигар кишварҳо ҳам қурби пулашон шиновар аст, дар мо бошад қурби пуламон дар ҳоли поинравист ва вақте Тоҷикистон дар давраи гузариш қарор дорад, чигуна мехоҳад аз беқурбшавии пулаш пешгирӣ кунад?
Дар ин хусус Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, новобаста аз ин ки Тоҷикистон дар давраи гузариш қарор дорад, бояд дар ин роҳи интихоби худ қадамҳои устувор ниҳад то касе моро аз ин роҳ боз надорад. Яъне дар ҳар як равише, ки интихоб менамоем, барномаи аз нигоҳи илмӣ, территорӣ, минтақавӣ ва миллии Тоҷикистон бояд мустаҳкам карда шавад. Худи иқтисодиёт ин инсонҳо ва ҳаракатҳои касбии онҳост, ки судоварӣ дорад ё надорад. Дар як оилаи тоҷик 1 нафар кор мекунаду 8 фарзанд дорад, ки барои ба воя расонидани онҳо чунин муҳите дар Амрикову Русия нест. Зеро чандин соле, ки нагузарад кам мешавад оилаи рус 3 - 4 фарзанд дошта бошад. Пас он маблағе, ки то 23 солагӣ барои тарбияи фарзанд сарф мегардад, агар дар он ҷо барои 1 кудак харҷ гардад, дар ин ҷо барои 7 кас ҳазина мешавад. Пас сиёсатгузориҳову барномасозиҳо аз сармоягузорӣ фарқияти калон дорад. Бояд Тоҷикистон олимони имрӯзаву гузаштаро ҷамъ карда бояд 1 барномаи стратегӣ интихоб намояд.                   

Яке аз қоидаҳои идораи низоми пулӣ ин таъмини воҳидҳои пулии дар муомилот буда мебошад. Барои идораи низоми пулӣ давлат бояд воҳидҳои пулии ба муомилот баровардаашро бо захоири тиллоию асъорӣ, коғазҳои қиматнок ва молу маводҳо таъмин созад то дар ҳолати зарурӣ ба ивази воҳиди пулӣ тилло, асъори хориҷӣ ва молу мавод дода мешавад. Аммо оё Тоҷикистон чи қадар захираҳо, коғазҳои қиматнок ва молу маҳсулот дорад то тавонад дар ивази воҳидҳои пулияш онҳоро ироа диҳад? Аммо имрӯз захираҳои асъориву тиллои Тоҷикистон барои 3 моҳи воридот ҳам басанда намекунад. Табаралӣ Ғаниев ҳам мегӯяд, ин ҳунари молдориву ҳунари пулдории мост ва тавозуни пардохт ба он бастагӣ дорад, ки бонкҳои мо дар кадом дараҷа фаъолият мекунанд.
Дигар самти идоракунии низоми пулӣ ин таъмини ягонагии истифодаи пули миллӣ дар қаламрави мамлакат аст, зеро ҳар як кишвар дар қаламрави худ истифодаи ягонаи пули миллияшро қонунӣ муаян кардааст, ки тибқи он истифодаи пулҳои кишварҳои дигар дар хариду фурӯш ва додани ҳаққи хизматрасонӣ ғайриқонунист. Аммо ин қонун то куҷо дар Тоҷикистон риоя мешавад? Дар Тоҷикистон тамоми доду ситади аз 1000 доллар болотар ба монанди хариди хонаву мошин ва дигар муомилоти бузург, бо пули нақд ва доллар сурат мегирад ва барои ҳамин ҳисоби дақиқе вуҷуд надорад, ки чи миқдор пул аз ҷеби мардум ба давлат ва аз давлат ба онҳо равона мегардад. Мушкилоти андоз ҳам аз ин хотир зиёд мебошад.
Дигаршавии қурби пулба вазъи молиявии ҳукумат таъсир мерасонад ва дар инҳолат арзиши бо пули миллӣ доштаи қарзи хориҷӣ меафзояд, чун барои харидани миқдори зарурии асъори хориҷӣ дар бозор акнун маблағи зиёдтари пули миллӣ лозим аст. Аз инрӯ ҳукумат бояд сиёсати асъориашро вобаста ба вазъи иқтисодӣ, тавозуни пардохт, захтираҳои асъорӣ ва омилҳои дигари ба он алоқаманд муаян намуда, устувории қурби пули миллиро таъмин намояд.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)