Бахшҳо
12 сен 2012 10:27Гузориш

Уламои Суғд дар Хатлон чӣ меҷустанд?

Бо шунидани хабари он ки олимони маъруфу бузург ва хатибони масоҷиди шимоли кишвар ба минтақаи Кӯлоб омадаанд, одамони зиёд, ҳатто аз деҳаҳои дурдасти шаҳр ба ин ҷо омада, хостори мулоқот ва зиёрати эшон, инчунин гузоштани намоз шуданд, аммо…

Ҳафтаи гузашта як гурӯҳ аз намояндагон ва ходимони дини вилояти Суғд ба  Хатлон сафар карда буданд. Ба иттилои Шариф Абдулҳамидов, раиси кумитаи дини минтақаи Кулоб, меҳмонон аввал аз навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа дидан карда, бо шароит ва фаъолияти шӯъбаҳои дин ва масоҷиди ноҳияҳои ин минтақа ошно шуданд. Баъдан, сафари кории эшон ба минтақаи Кӯлоб сурат гирифт. Меҳмонон рӯзи 5-уми август ба ноҳияи дурдасти ин минтақа- Ховалинг расида, дар баробари шиносоӣ бо фаъолияти кории мақомоти динӣ ва вазъи ислом дар ин мавзеи кӯҳистон, аз оромгоҳи шахси маъруфи олами Ислом, ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ зиёрат намуда, бо тиловати сураҳо аз «Қуръон»  ба рӯҳи ин бузургвор, Ховалингро тарк намуданд. Рӯзи дигар ходимони динӣ ва имом-хатибони суғдӣ сафари кории худро дар шаҳри Кӯлоб бо зиёрати оромгоҳи алломаи бузург, ориф ва файласуф Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз намуда,  аз шароити намозгузорӣ ва фаъолияти як масҷиди ин шаҳр шинос гаштанд.

Ҷаноби Абдулҳамидов мегӯяд,  намояндагони дини вилояти Суғд бо пешниҳоди раиси уламои дини шаҳри Кӯлоб ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода, аз масҷиди ҷомеъи ба   марказии шаҳр ба номи имоми Аъзам, ки воқеан миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта ба тарҳи он даст зада, то ҳанӯз сохтмонаш шурӯъ нагардидааст, дидан карда, сипас ба масҷиди ҷомеъи ҳоҷӣ Алабердӣ рафта, бо намозгузорони он як сӯҳбати вижа ба анҷом расондаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, аснои фарорасии намози зӯҳр, намояндагони дин ва имом-хатибони  Суғд дар якҷоягӣ бо ҳамтоёнашон аз Кӯлоб ва раиси уламои ин ду минтақа тарки масҷид намуда, бо намозгузорони ин масҷид намоз нагузоштаанд.     

Рамазон, як сокини ноҳияи Кӯлоб мегӯяд,  бо шунидани он, ки шахсони маъруфу бузург ва хатибони масоҷиди вилояти Суғд ба Кӯлоб ташриф кардаанд, одамони зиёде ҳатто аз рустоҳои дуру наздик ба шаҳр омада, хостори дидану мулоқот ва гузаронидани намоз бо эшон гардидаанд. «Аммо чун дидору мулоқот муяссар набуд, ҳамагӣ ба масҷиди Алабердӣ рафта, нияти гузаронидани намози пешин бо уламои динро доштанд. Вале, мутаасифона, дар ин маврид ҳам эшон ба мақсад нарасиданд. Уламои дини Суғд бо роҳбарии домулло Ҳайдар ба ҳангоми азони намози пешин масҷидро тарк карданд. Ин амали эшон хеле аламовар буд. Ҳатто аксарият онро таҳқир унвон карданд».

Ба қавли ҷаноби Абдулҳамидов, дар ҳақиқат меҳмонони суғдӣ бо сабаби камбуди вақт натавонистаанд дар Кӯлоб намоз гузоранд ва тибқи нақшаи пешакӣ сафари кориашонро ба ноҳияи Восеъ идома додаанд: «Ҳайати суғдиёнро, ки Маҳкамбой Алимардонов онро роҳбарӣ дошт, ба хотири ошноӣ бо диндорони минтақа ва таҷрибаивазкунӣ, яъне омӯзишу ҳамзамон фаҳмондани баъзе аз усулҳои кори кумитаи дину имом-хатибон ба вилояти Хатлон омада буданд».
Вале ҳамин масъул ҳеч гуфта наметавонист, ки дар ин маврид чӣ пешниҳоду кадом таҷрибаомӯзиро  барои ҳамдигар ба анҷом расонда бошанд: «Масъалаи дигари накшаи кории суғдиҳо ба ҳангоми ин сафар, ин ташвиқот ва тарғиби мазҳаби имом Аъзам буд. Зеро, мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки гурӯҳе аз ҷавонон ба мазҳабу дигар ҷараёнҳои ба ном исломӣ мегараванд».

Аммо ои Абдулҳамидов ба саволи мо, ки чанд нафар аз ин гуна ашхос дар ҳамаи минтақа ба қайд гирифта шудаву чӣ тавр муҷозот шудаанд, раиси кумитаи дини минтақа гуфт, «то имрӯз ягон нафар расман ба қайд гирифта нашудааст».

Аслиддин Достиев   









Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)