Бахшҳо
14 сен 2012 05:00Ҷавонон ва варзиш

Як ҳафта дар Кембриҷ

Дар фурудгоҳи Лондон пас аз гузаштани фурудгоҳои Душанбеву Маскав касро мутаассир месозад. Инро ҳатто  дар баробари аз тайёра поин шудан эҳсос кардан мумкин аст. Ба хусус пас аз дуруштиҳову муомилаи нохушоянди кормандони фурудгоҳи Душанбеву Маскав, чун шумо ҳар замон таъбири "сорри" (sorry for that- маъзарат), мешунавед, худро гуё дар сайёраи дигар мебинед. Фурудгоҳи Хеаатрови (Heathrow) Лондон  бо вуҷуди серодамияш хеле ором ба назар мерасид. Ба назрам чунин намуд, ки дар Лондон  одоб ва муошират фазои умумӣ дорад, агар зоҳирӣ ҳам бошад.

Шаҳре, ки ҳатто боғи ҳайвоноташ бӯйину чиркин нест

Дар ибтидои сафарам ман ба ин назар будам, ки оё барои боздид аз ҳамаи ҷойҳои таърихии ин шаҳр фурсатам мерасад ё на? Аммо баъдан ба хулосае омадам, ки шаҳри Лондон худ як осорхонаи зиндаро мемонад. Аз ин хотир дидани ҳар кӯчаи он баробари як осорхона аст.
Аввалин чизе, ки ман солҳо боз орзӯи дидани онро доштам, ин "Биг- Бен", яъне соати бузурге буд, ки хеле баланд дар саҳни ҳавлии парлумон истодааст. Баробари ба пойтахти Англия  ворид шудан, он ҳатман аз дур ҳам бошад, ба назари шумо хеле ҳам зебо ва қадимӣ намудор мешавад.
Лондон бо махсусиятҳои зиёди худ аз ҳар шаҳри дигар мутафовит аст ва ҳар меҳмон бо дидани ин вижагиҳо мутаассир мешавад: кӯчаҳои танг, таксафонҳои зиёди  қадима, автобусҳои дуошёнаи  сурх, кӯчаҳои пури дучархаи  кабудранг ва таксиҳои қадима…..
Тозагиву хушбуиии  Лондонро баён кардан мушкил аст. Онро бояд дид! Ҳатто дар боғи ҳайвонот шумо ягон бӯи бад ва гаждиро намебинеду эҳсос намекунед, ки хеле ҷолиб аст. Аммо танҳо ин меъёрҳое нестанд, ки як меҳмон Лондонро ба зуди фаромӯш кунад…

Вақте Ғарб ба Ислом таваҷҷӯҳи зиёд мекунад….

Сафари мо дар доираи барномаи "Ислом ва ВАО"- и (TheIISSummer Programmeon Islam 2012,) Институти Исмоилии Лондон, ки бо мусоидати шабакаи Оғохон дар Инглистон солҳо боз фаъол аст, сурат гирифт. Семинар дар шаҳри Кембриҷ дар коллеҷи Ласи Кавендиш  Кембрич (Lucy Cavendish College Cambridge, UK) баргузор шуд.
Кембриҷ он кадар шаҳри бузург набошад хам, бисёр зебост, ҳунари меъмории хоси худро дорад. Кембриҷро-маркази донишгоҳҳои ҷахон низ ном мебаранд. Беш аз 100  хатмкардаи маҳз ҳамин донишгоҳҳо ҷоизаи Нобелиро дар ҷаҳон соҳиб гардидаанд. Ҳангоми ворид шудан ба Кембриҷ  касро эҳсосе фаро мегирад, ки вориди донишгоҳҳои зиёду печ  дар печ шудааст.

Бо истифода аз  имконияте, ки замони дар ин шахр буданам доштам,  аз донишгоҳи ҷаҳоние, ки физики машҳури ҷаҳон Нютон таҳсил кардааст, дидан намудам.  Ҳамзамон дар Кембриҷ мушоҳида  кардам, ки мардум хеле серҳаракат ва ҳамеша машғули мутолиа ҳастанд. Шояд аз ин рӯст, ки ҷои тафреҳ дар ин шаҳр нисбат ба дигар шаҳрҳои Лондон камтар ба назар мерасад…

Семинар  бо  усули  хеле  ҷолиб, ки барои мо нав ҳисоб  мешуд, гузашт. Устодон хеле қавӣ буданд ва масъалаҳои мавриди баҳсро хеле самимонаву асоснок ба мо мефаҳмонданд. Баъдан маълум шуд, ки аксари онҳо хатмкардаи донишгоҳи машҳури Ҳарвард ҳастанд. Як чизи дигарро ман замони баргузории дарсҳо дар Лондон дарк кардам, ки англисҳо ба ҳеҷ сурат  вақту фурсати худро беҳуда сарф намекунанд. Аз ин ҷост, ки ҳатто  замони хӯроки нисфирузу шом, бо мо мулоқотҳои корӣ сурат мегирифт, ки бароямон коршиносон паҳлӯҳои зиёди мавзӯҳои заруриро мефаҳмонданд.
Ҳамин тариқ, зимни  дарсу мулоқотҳо мо доир ба махсусиятҳои баррасии мавзӯҳои исломӣ дар расонаҳои хабарӣ маълумоти бештар пайдо  кардем. Устодон шаклҳои гуногуни бозтоби масоили исломиро дар расонаҳои мухталиф бо далелҳои воқеӣ нишон медоданд ва бурду бохти онҳоро маълум мекарданд. Аз ҷумла тарзи навишти расонаҳои ғарбӣ ба мавзӯҳои исломиро ба баҳс кашиданд ва риоя шудан ё нашудани касбияти журналистиро ошкор намуданд. Бояд гуфт феълан мавзӯҳои исломӣ дар матбуоти Ғарб ба қатори  мавзӯҳои пурхонанда шинохта мешавад.

Хоруғ Тоҷикистонро муаррифӣ намуд…

Замони дар Лондон будани мо ба вақтим ҳаводиси Хоруғ  рост омад. Чун на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо ман намоянда будам, ба қавле ба маркази аслии  хабару маълумот дар ин нишаст табдил ёфтам. Албатта ин чизи нав нест, ки Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар, хоса мамолики Ғарб камтар мешиносанд. Аммо ин даъфа Тоҷикистонро қазияи Хоруғ  маъруф карда буд. Аксари матбуот ва расонаҳои англисӣ ин мавзӯъро ба баррасии хеле ҷиддӣ гузоштанд. Дар вақтҳои танафуси семинар ин мавзӯъ мешавад гуфт ба мавзӯи рақами як табдил ёфт, чун дар нишасти мазкур  ҳамагӣ исмоилиҳо буданд. Вале,  азбаски маълумоти расмиву муътамад дар ин бора кам буд, аксари иштирокдорон хулосаи худро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва маълумоте мегирифтанд, ки дар баҳсҳои интернетӣ пайдо мешуданд. Аз ин хотир гуфтан мумкин аст, ки андешаи таҳлилгарон  дар бораи нокорагии бахшҳои идеологиву иттилоотии ҳукумати Тоҷикистон бори дигар худро ба намоиш гузошт. Ва ин ҳам замоне, ки Тоҷикистон дар  сиёсати хориҷии худ мушкил дошта, аз ҷониби дигар ба дастгириву кумакҳои бештари мамолики ҷаҳон, хосса Ғарб ниёз дорад…

Ҳангоми чунин андешарониҳо дар кӯчаҳои Лондон қадам мезадам, ки ногох чашмам ба парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афтид. Парчами миллии кишварамон дар баробари беш аз 200-парчамҳои дигар кишвари ҷаҳон дар яке аз кӯчаҳои марказии Лондон афрохта шуда буд. Он шабу рӯз дар пойтахти Англия Бозиҳои олимпӣ сурат мегирифтанд. Медали биринҷии Мавзуна Чориева обрӯи варзишии моро боло бурд ё не, аммо дидани парчами Тоҷикистон дар дили Англия барои ман воқеан ҳам ҷои ифтихор дошт. Ман акнун ҳар чӣ бештар ва тезтар мехостам ба Ватани худ баргардам. Ба Тоҷикистоне, ки аксарияти матбуоти инглисзабон қазияи  Хоруғро дар сархати худ қарор дода, аз оғози нооромиҳои навин дар ҳамсоякишвари Афғонистон сӯҳбат мекарданд…   

Баъд аз чунин сафарҳо ба кишварҳои пешрафтаву абарқудрат нигоҳи кас ба зиндагӣ дигар мешаваду одам мехоҳад зиндагиашро тағйир  диҳад, то Тоҷикистонро на ба хабарҳои  ба қавле "гарм", балки бо ахбори рӯҳбаландкунанда муаррифӣ созанд. Умед дорам, ки чунин ҳам мешавад…

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Душанбе- Лондон-Кембриҷ-Душанбе
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)