Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:45

Кодекси андоз дар таҳрири нав: Ислоҳот ё заминаи варшикастагӣ?

14 сентябр 2012, 05:40

Панҷуми сентябр Кодекси андоз дар таҳрири нав дар Маҷлиси намояндагон бидуни муҳокимаи зиёд қабул карда шуд. Муаррифии онро вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ба ӯҳда дошт ва ҳамзамон вазирони блоки иқтисодӣ ва муовини авали сарвазири ҷумҳурӣ ширкат карданд.

Имтиёз ба бизнеси калон

Дар ҳоле Кодекси андоз дар таҳрири нав ба ин осонӣ қабул шуд, ки аз аввал миёни коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин бора баҳс хеле тезу тунд сурат мегирифт. Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, ки қаблан ба кори гурӯҳи омодакунандаи Кодекси андоз ҷалб шуда буд, аммо дар охир аз ширкат дар баррасиҳо даст кашида аст. Зеро эҳсос кардааст, ки мақомот ҳар чиро, ки худашон меҳоҳанд,  қабул мекунанд. Аммо дар мавриди қабули ин кодекс ӯ чунин назар дорад, ки он ба бизнеси калон имтиёз қоил шуда, ба бизнеси хурд таъсири манфӣ мерасонад ва ба авҷи иқтисоди пасипардагӣ боис мегардад. Ба қавли ӯ, ба вижа соҳаҳои саноат, мухобирот ва нақлиёт ба шикаст рӯ ба рӯ мешаванд. Зеро дар пайи афзоиши андоз барои ин соҳаҳо гардиши молии ширкатҳо дар ин соҳаҳо коҳиш меёбад.   

Аммо ба қавли Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон ба он хотир муҳокимаи Кодекси андоз камтар шуд, ки қаблан дар доираҳои гуногуни соҳибкориву гурӯҳи кори ҳукумат баррасиҳо зиёд сурат гирифта буданд.

Баландтарин фоизҳои андоз дар минтақа

Бо он вуҷуд, ки дар системаи андозбандии Тоҷикистон ислоҳот ворид шуд ва Кодекси андоз дар таҳрири нав қабул гашту навъи андозҳо аз 21 ба 10 намуд расид, вале ҳамоно фоизҳои андоз дар Тоҷикистон баландтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Оне, ки намуди андозҳо кам шуд, ин ҳеч тағйироти ҷиддӣ ба ҳисоб намеравад. Зеро агар инро дар мисоли маҳсулот шарҳ диҳем, қаблан пиёзу картошкаву сабзӣ ҳар яке дар халтаҳои алоҳидаи 25 килоӣ гирифта шуда буданд ва дар маҷмӯъ се халтаро ташкил медоданд. Акнун ҳамаи онҳоро гирифтанду дар як халтаи 75 килоӣ ҷой карданд, лекин ҳаҷму килои онҳо кам нашудааст, балки танҳо халта фарқ мекунад. Гуфта мешавад, ки фоизи андози иҷтимоие, ки дар Тоҷикистон мавҷуд аст, аз ҳама баландтарин фоиз дар минтақа мебошад. Масалан, дар ҳамсоякишвари Қирғизистон андози иҷтимоӣ 18 фоизро ташкил медиҳад, дар сурате, ки нафақаи ҳадди ақали аҳолӣ дар он ҷо ба 150 сомонӣ баробар аст, ки нисбат ба чунин нишондод дар Тоҷикистон (80 сомонӣ) як баробар зиёд аст. Ҳамчунин баъди ислоҳоти феълӣ фоизи андоз аз арзиши иловашуда ба ҷои он ки коҳиш ёбад, баръакс боло рафтааст ва аз 18 фоиз ба 20 % баробар гаштааст. Дар ҳоле, ки дар Қирғизистон баъди ислоҳоти системаи андоз ин нишондод аз 20 % ба 12% кам карда шудааст. Ҳоло суоле пайдо мешавад, ки мо ислоҳот гуфта, чаро боз ба мардум вазнинӣ меорем? Оё мақсад аз ислоҳот сабукӣ додан аз андозҳо ва дастгирии шаҳрвандон нест? Пас чунин ислоҳот ба кӣ зарур аст? Ё шояд ин ислоҳот "заказ"-и созмону афроди алоҳида аст, ки мехоҳанд ба ин васила имтиёзе гиранд ва тиҷорату фаъолияти худро рушд диҳанду манфиати дигар мардум барои онҳо аҳамияте нахоҳад дошт?

Ахиран коршиноси сатҳи байналмиллалӣ Рафқат Ҳасанов бо дархости Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид лоиҳаи Кодекси андозро ба баррасӣ гирифта, ба хулосае омадааст, ки агар ин қонун дар чунин шакл қабул гардад, сарбории бе ин ҳам зиёди андозро зиёд карда, ба рушди иқтисод таъсири манфӣ мерасонад. Ин коршинос ҳам таъкид бар он мекунад, ки фоизи болои андози иҷтимоӣ ва андоз аз арзиши иловашуда соҳаҳои алоҳидаи иқтисод, аз ҷумла, мухобироту саноатро ба рукуд рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Вале дар ҳамин ҳол ба андешаи муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков Кодекси андоз дар таҳрири нав нисбат ба кодекси қаблӣ хеле сабукиҳоро ба андозсупорандагон, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна додааст. Аз ҷумла, барои он нафароне, ки мехоҳанд корхона таъсис диҳанд ё тиҷорати худро оғоз кунанд, 5 сол аз андоз озод кардан пешниҳод карда шудааст.  

Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов чунин меҳисобад, ки системаи Тоҷикистон дигар аст. Вай мегӯяд, ки дар оянда дар Тоҷикистон ислоҳот гузаронида мешавад ва меъёри андозҳои иҷтимоӣ барои таъйини нафақа пойин фароварда мешавад. Вазири молия бар ин назара аст, ки дар оянда низоми суғуртаи иҷтимоӣ амал хоҳад кард ва он 25 фоиз андози иҷтимоӣ аз байн меравад.

Ба андешаи Исмоил Талбаков низоми андозбандӣ дар байни кишварҳои собиқ шӯравӣ гуногун аст ва Тоҷикистон меъёри миёнаро интихоб кардааст. Вале дар ҳамин ҳол аз рӯи маълумоти мавҷуда дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон чунин намуди андозҳо ҷорӣ аст, ки фоизи онҳо бамаротиб аз фоизи андоз дар Тоҷикистон паст аст: андоз аз даромад дар ҳаҷми 10% (дар Тоҷикистон аз 15 то 25%), андоз аз арзиши иловашуда 12% (дар Тоҷикистон 18% буд, ҳоло 20 % шудааст), андози иҷтимоӣ 18% (дар Тоҷикистон 25%). Андозҳое дар мисоли андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ё андози ҳадди ақал аз даромад дар Қирғизистон вуҷуд надорад.  

Сабукӣ аз андоз дар ояндаи наздик

Дар суханрониҳои вазирону мақомоти баландпоя доим аз оянда сухан меравад ва шароити имрӯза ба дасти фаромӯшӣ дода мешавад. Хушбин будан ба оянда кори хуб аст, аммо ба шарте, ки ояндаи худро мо аз имрӯз обод кунем. Вагарна истилоҳҳои фардову ояндаи дур ва наздик ҳеч гоҳ кӯҳна намешаванд. Онҳо дар бораи оянда бо шавқ сӯҳбат мекунанд, вале як чизро фаромӯш месозанд, ки ояндаро имрӯз бояд сохт. Масалан, имрӯз мардум дучори бӯҳрони энергетикиянд ва дар ғами онанд, ки чӣ гуна сардиҳои зимистонро паси сар кунанд, бо чӣ хонаро гарм нигоҳ доранд то кӯдакони навзодашонро сармо назанад ва ба воситаи чӣ хӯрок омода кунанд, ки фарзандонашон гурусна намонанд. Вале вақте роҳи ҳалли ин масъаларо аз вазирони мӯҳтарам мепурсӣ, онҳо ана ҳамин мушкилоти ҳаррӯзаи мардумро фаромӯш мекунанд ва дар бораи ояндаи дурахшони энергетикии Тоҷикистон ва содироти барқу истеҳсоли нерӯи энержӣ аз ҳисоби агрегатҳои бунёднашудаи Роғун сӯҳбат мекунанд. Аммо то расидан ба он рӯз чӣ кор бояд кард? Ислоҳоти системаи андоз ҳам айни ҳамин мисолро мемонад. Ислоҳот гузашт, вале амалишавии онро танҳо баъди соли 2018 ваъда медиҳанд. Андоз аз фурӯши чакана ва аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз байн меравад, лекин кай? Соли 2018! Агар тамоми кӯшишҳо ин буд, ки баъди соли 2018 андозҳоро кам мекунанд, пас барои имрӯз чӣ ислоҳоте ба миён омад? Бо баҳонаи ислоҳот аз як тараф каме сабукӣ қоил мешаванд ва боз аз ҷониби дигар бо боло бурдани фоизҳои андоз боз бори дӯши андозсупорандаҳоро гаронтар мекунанд ва баҳона пеш меоранд, ки дар мо система дигар аст.

Система аз ҳисоби андози гарон дигар шудааст

Таҳлилгари масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилиён бар ин назар аст, ки ҳамин фоизҳои баланди андоз ва теъдоди зиёди он то ҳол боис шуда, ки системаи мо аз системаи Қирғизистон фарқ кунад. Дигар системаи мо аз низоми молии Қирғизистон ҳеч фарқе надорад. Танҳо ҳамин андозҳои зиёд боис шуда, ки дар давоми чанд соли ахир соҳибкорон тарки Тоҷикистон карда, ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистон фирор кунанд. Зеро он ҷо ниҳоят фоизи андозҳо паст аст ва шароит барои тиҷорату соҳибкорӣ хеле мусоид аст. Вай чунин мешуморад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша дунболи зиёд кардани андоз мегарданд, вале оқибати онро андеша намекунанд, ки ба чӣ оварда мерасонад. Онҳо танҳо дар ғами онанд, ки чӣ тавр буҷаро имсол пур кунанд ва дар соли оянда аз ҳисоби андоз боз маблағи буҷетро дар ҳаҷми фалон сомонӣ афзоиш диҳанд. Аз сӯи дигар ба андешаи ин коршинос воқеан системае, ки имрӯз ҳукумат сохтааст, дигар аст. Ба он хотир, ки 75 фоизи буҷет аз ҳисоби андозу пардохтҳо пур мешавад, на аз ҳисоби фурӯшу коркарди маҳсулот ва мақомоти дахлдор дигар илоҷе ҳам надоранд ба ҷуз он ки боз фоизи андозҳоро боло баранд то буҷаи ба нақшагирифтаро пур кунанд. Ин кутоҳандешӣ оқибат ба варшикастагии системаи моли кишвар оварда мерасонад. Ҳукумат талош мекунад, ки аз мардум бештар андоз  ситонад ва буҷетро ғанӣ созад, вале ҳадафи асосии тағйирот дар Кодекси андоз ин набояд бошад, изҳор дошт ин коршинос. Зеро ба қавли ӯ чунин сиёсти андозбандӣ ба пасипардагӣ шудани иқтисод ва оқибат бӯҳрони молӣ дар кишвар сабаб мегардад. Имрӯз андози зиёд ситонидан аз соҳибкорон ва мардум онҳоро ба зону мешинонад ва дигар тавони пардохти андозро аз даст медиҳанду ноилоҷ ё ба дигар кишвар рафта тиҷоратро идома медиҳанд ё муфлис мешаванд, ки ин боиси коҳиш ёфтани шумораи андозсупорандаҳо мегардад. Аммо дар Қирғизистон, ки теъдоди андозҳо ва фоизи онҳо камтар аст, соҳибкорӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва сафи андозсупорандаҳо ҳам меафзояд. Зулфиқори Исмоилиён мегӯяд, ки чунин шароити андозбандӣ ва гаронии андозҳо дар даҳаи охири асри гузашта дар Русия ба назар мерасид, ки кишварро ба вартаи бӯҳрон наздик сохт. Вале баъди ба сари қудрат омадани Владимир Путин андози иҷтимоӣ ба 12 фоиз кам карда шуд, ки пас аз ин тағйирот буҷети Русия то имрӯз дефитсит (норасоӣ) надорад, балки доим профитсит аст. Ба он хотир, ки чӣ қадар андоз кам шуда бошад, ҳамон қадар корхонаҳо ошкоро ба фаъолият оғоз карданд ва шумораи андозсупорандагон зиёд шуд. Ба андешаи ӯ дар ду соли ахире, ки пардохти ҳадди ақали андоз аз моҳона боло рафт, тамоми рӯзномаҳои Тоҷикистон кормандони худро ихтисор кардан два бо ду се корманд иктифо намуданд. Боқимонда ба ҳайси журналисти озод фаъолият мекунанд ва идора дигар аз ҳисоби кам кардани кормандон андози иҷтимоиро ҳам андак месупорад. Ҳатто ба гуфтаи ӯ тамоми корхонаҳои Тоҷикистон дар ин ду соли охир бо чунин усул кор карданд.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ андозҳои баланду гарони Тоҷикистон боис гашта то дар солҳои охир дар аксари бозорҳои кишвар маҳсулоти дӯзандагиву бофандагӣ аз Қирғизистон ворид мешавад. Чунки аз ҳисоби сабукиҳои андоз саноати бофандагӣ дар Қирғизистон рушд кардааст.

Исфандиёр ХАЛИЛӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!