Бахшҳо
14 сен 2012 12:51Гузориш

«Ҷашни тавонмандӣ». Дар Душанбе

Имрӯз дар хонаи Эрон «Ҷашни тавонмандӣ» баргузор гардид. Ин ҷашнвора аз ҷониби Кумитаи имдод Ҳумайнӣ сурат пазируфт.

Дар маросим он нафароне, ки аз ҷониби кумитаи мазкур дастгирӣ ёфтаанд, иштирок намуда, маҳсули дастони худро ба намоиш гузоштанд. Соҳибкорон аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Ваҳдат, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва ноҳияи Нуробод низ ҳузур доштанд.

Марҳабо Исмоилова, мураббияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд: «Зиёда аз 7 сол мешавад мо бо Кумитаи имдод ҳамкорӣ дорем, ҷавондухтароне, ки камбизоат ва ятим мебошанд ба онҳо курсҳои дузандагӣ ба мӯҳлати 3 моҳ мегузаронем. Дар ин 7 сол мо зиёда аз 650 шогирд таълим додем. Ҷавондухтароне, ки дар мо ин курсро мегузаранд, аз тамоми минтақаҳои кишвар ҳастанд. Баъзеи шогирдони мо баъди хатм мураббия ва баъзеашон дар хонаҳои худ чевар шуда кор мекунанд».
Саидҷаводи Разавӣ, роҳбари кумитаи мазкур зимни ин маросим  афзуд, ки онҳо ду роҳи кӯмак ба навхонадоронро доранд, ки яке бевосита барпо намудани ҷашни арӯсии онҳо ва дуюм ёрӣ ба навхонадорон, яъне кӯмаки молию нақдӣ ба ятимон зимни хонадор шуданашон мебошад: «Танҳо дар 4 соли гузашта наздики 5 ҳазор кӯмаки нақдӣ кардем, вале ҷашни арӯсие, ки бевосита худи мо баргузор кардем, 1100 ҷуфт аст». Номбурда илова намуд, ки дар соли равон ният доранд ҷашни арусии 100 ҷуфти дигарро барпо намоянд.

Оқои Разавӣ мегӯяд, дар 18 соли фаъолияти худ Кумитаи имдод аз ягон кас напурсидааст, ки ту тоҷикӣ, ё ғайри тоҷик, мусалмонӣ, ё ғайримусалмон, ҳатто напурсидаанд, ки миллаташ чист. Ба қавли ӯ, барои кӯмак ба ниёзманд мусалмон будан шарт нест ва фарқе надорад: «Ин ки бипурсем ту кӣ ҳастӣ, нестӣ, хилофи усули амалии кумитаи имдод аст».

Маврид ба тазаккур аст, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки тайи 18 соли ахир  Кумитаи имдод Ҳумайнӣ дар қаламрави он фаъолият дорад.Ба гуфтаи Саидҷаводи Разавӣ, Тоҷикистон ба онҳо, ҳам аз назари таърих, фарҳанг ва ҳам забон ягонагӣ дорад.   Гуфтанист, Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ дар 4 соли охир бештар ба корҳои омӯзишӣ машғул аст ва дар ин муддат беш аз 10 ҳазор нафарро таълим додааст. Дар ҳамин ҳол, касоне, ки худашон хоҳишманд будаанду қарзҳои бефоиз  додаанд, теъдоди тавонмандшудагон  ба беш аз 1000 хонавода расидааст.

Муродалии Пайшанбе, донишҷӯи курси 5-уми факултети геологияи ДМТ зимни сӯҳбат ба Озодагон қайд намуд, ки бо кӯмаки Кумитаи имдоди Ҳумайнӣ аз моҳи феврали соли равон курси семоҳаи сангтароширо дар мактаби таълими калонсолон хатм намудааст:

«Аз сабабе, ки геология ба соҳаи сангтарошӣ алоқамандии зич дорад, пеш аз ҳама маро ҳамин чиз водор намуд, ки ба сангтарошӣ машғул шавам ва дар оянда ният дорам, ки дӯкони махсусе дар пойтахти кишвар боз намоям ва сангҳои нодири Тоҷикистонро коркард намуда пешкаши ҳаводорон намоям».

Нилуфари Карим


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)