Бахшҳо
15 сен 2012 06:01Иқтисодӣ

Роғун охирин шонси Раҳмон?

Сохти Роғун аслитарин ҳадафи давлатмардони Тоҷикистон мебошад. Вале мисли собиқ чанд рӯз қабл Ислом Каримов президенти ӯзбакистон бо пахши изҳороте эҳдоси нерӯгоҳро барои кишварҳои поёноб хатарнок дониста  аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то дар ин маврид саросема нашаванду Роғунро ҳаматарафа арзёбӣ намоянд. Ду рӯз қабл аз ин изҳорот низ Струан Стивенсон вакили порлумони Аврупо аз муттавақиф шудани корҳои сохтмонӣ дар Роғун ибрози таассуф карда гуфт, ки баҷои ҳимоят аз Роғун, ғарб саъй дорад Ислом Каримовро ором созад. Суоли аслӣ ин аст, ки оё дар воқеъ ҳукумати Тоҷикистон тавони сохтани Роғунро дорад?

Бонки Ҷаҳонӣ тарафи кист?

Струан Стивенсон узви гурӯҳи муҳитизистии порлумони Аврупо гуфта, ки иддаоҳои Ислом Каримов дар бораи хатарнок будани нерӯгоҳи Роғун ва таъсироти эҳтимолӣ ва фалокатбори он барои Осиёи Марказӣ беасосанд, зеро об дар обанбори Роғун кам-кам ва тӯли 17 сол ҷамъ мешаваду дар ин муддат кишварҳои поёноб ҳеч гунна норасоии обро эҳсос нахоҳанд кард. Бинобарин Нерӯгоҳи Роғун барои Тоҷикистони фақир ҳаётан муҳим аст, зеро  40 дарсади нерӯи барқи ягона нерӯгоҳи барқи обии бузурги кишвар Норакро, корхонаи аломинийи тоҷик "Талко" мехӯрад. Ба қавли Струан Стивенсон содироти нерӯи барқ азТоҷикистон ба Афғонистону Покистон метавонад, иқтисоди вайрону валангори минтақаро тағйир дода ва барои шаҳрвандони фақир ва безор азҷанги он кишварҳо ҷойи кор офарад.
Парвиз Муллоҷонов коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, танҳо ягона аъзои Парлумони аврупост, ки тарафдори мавқеъи Тоҷикистон мебошад ва аксарияташон ё бетарафанд ва ё ба таври оҳиста зид мебароянд.

Маврид ба зикр аст Роғун, ки бар фарози рӯдхонаи Вахш сохта мешавад бо тавоноии 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳ дар ОсиёиМарказӣ хоҳадшуд ва Тоҷикистонро метавонад аз кишвари мӯҳтоҷи нерӯи барқ ба содиркунандаи он табдил диҳад ва қарор буд арзёбиҳои техникиву экологии ин нерӯгоҳ соли ҷорӣ анҷом шавад, вале он  то соли 2013 ба таъхир афтод. Чун Бонки Ҷаҳонӣ аз Душанбе хоста, ки то анҷоми таҳқиқот ҷуз корҳои нигаҳдории иншооти мавҷуда аз идомаи корҳои асосӣ худдорӣ намояд ва моҳи июл тибқи талаби Бонки Ҷаҳонӣ барои муттавақиф кардани тамоми корҳо то замони анҷоми арзёбиҳои байналмилалӣ 5,5 ҳазор коргари бо таҷриба дар сохтмони нерӯгоҳ аз ҷойи кор маҳрум шуданд.

Аммо чаро мавқеъи БҶ ба нафъи Тоҷикистон тағир намеёбад? Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, ки дар ин вақту соат барои ғарб нигоҳ доштани муносибати ҳасана бо давлати ҳамсоя хеле муҳим аст ва вобаста аз ин онҳо дар ҳисобу китобҳои худ ҳамаи инҳоро ба назар мегиранд ва ин гуфтаҳои вакили Парлумони Аврупо Стивенсон чизи наве набуда чанд сол мешавад ин гуфтаҳо иброз мегарданд. То он ҳангом, ки вазъият тағир наёбад барои ғарбу дигар абарқудратҳои замона нигоҳ доштани равобити ҳасана бо давлати ба Тоҷикистон наздик муҳимтар аст ва дар мавқеъгирии онҳо нисбат ба тарҳи Роғун кадом як тағироте ба гумон аст, ки ба назар расад.

Тибқи бархе маълумоти ғайрирасмӣ Бонки ҷаҳонӣ хоҳони коҳиш додани иртифоъи Роғун аз 335 то 170 метр мебошад, ки ин бо мухолифати Душанбе рӯ ба рӯст. Аз ҷониби дигар Маскав ҳам барои сохти ин нерӯгоҳ шартҳои худро дорад минҷумла танҳо ба дасти русҳо сохта шудани Роғун. Аммо ин дархости Бонки ҷаҳонӣ мабнӣ бар коҳиш додани иртифоъи сад аз 335 ба 170 метр нишонаи чист?
Ба гуфтаи таҳлилгари масоили сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ манзури Бонки ҷаҳонӣ ин аст, ки агар иртифоъи сад кам шавад, шояд онгоҳ ӯзбакистон розӣ шаваду битавон пуле барои сохти ин нерӯгоҳ ҷамъ кард: "вале ман яқин дорам, ки агар Тоҷикистон баландии садро то 100 метр ҳам кам кунад, давлати ҳамсоя боз ҳам розӣ намешавад ва дар ин ҳолат Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки агар то 40 метр фароред, ҷалби сармоягузор осон мегардад. Яъне омадану наомадани сармоягузор дар ҳамин вақту соат ба куллӣ аз ҳамсоя вобаста аст ва аз баски сухани ин давлат барои абарқудратҳо хеле муҳим аст, ҳарфи ҳеч як аз онҳо маводи лозима барои Тоҷикистонро оварда наметавонад".

Роғун охирин фурсати ҳукумат?

Маврид ба зикр аст, ки мардуми Тоҷикистон ба маблағи 280 млн. сомонӣ саҳмияҳои Роғунро харидаанд, ки баробар бо 59 млн. доллар мешавад ва дар сурати бенатиҷа мондани сохту сози Роғун маълум нест сарнавишти саҳмияҳои харидаи мардум чи мешавад ва аз онҷое, ки иқтисодиёти Тоҷикистон 21 сол дар ҳоли гузариш асту пешравиҳо дар ин самт суръати зиёде надорад ва сохти Роғун метавонад  Тоҷикистонро ба кишвари содиркунандаи барқ табдил диҳад, оё метавон гуфт Роғун шонси охири хукумат барои муваффақият дар бахши иқтисод мебошад?

Ҷура Юсуфӣ коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки Роғунро сарвари давлат ҳаёту мамоти миллат хондааст ва чанд сол пеш халқ ҳам бо маблағҳои ҳангуфте саҳмияҳои онро харидорӣ кард, аммо ба ин деги ҷӯшони ташаббусу ибтикорҳои давлату миллат ӯзбакистон бо дасти Бонки Ҷаҳонӣ, ки мутеъи абарқудратҳост, оби сард пошид.  Ҳамаи ин санҷишу озмоишоти фаннию иқтисодию экологии тарҳи Роғун як навъ таҳримест алайҳи Тоҷикистон, таҳрими бисёр сахт ва ӯзбакистон ҳам ба ғарб итминон додааст, ки Роғун барои ояндаи минтақа мисли як нерӯгоҳи ҳастаӣ, балки зиёдтар аз он хатарзост. Барои ҳамин ҳукуматро мебояд устувории хешро дар сохтмони Роғун ба ҷаҳониён собит намояд ва ба ҳеч ваҷҳ фирефта нашавад, вагарна 2 - 3 соли дигари бебарқӣ косаи сабри мардумро лабрез хоҳад кард.

Парвиз Муллоҷонов коршиноси масоили сиёсӣ низ мегӯяд, ки Роғун стратегияи дарозмуддати ҳукумат буда ба иловаи ин бояд якчанд стратегияи иловагӣ пеш гирифта шавад. Барои рушди Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои алтернативӣ бояд аз сарчашмаҳои буҷет маблағ ихтисос гардад. Ҷорӣ кардани дастгоҳҳои техникии нав низ боястӣ истифода шаванд ва Тоҷикистон набояд мунтазир монад, ки кай сармоя пайдо мегардад.
Имрӯз бо гузашти 21 сол ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи байналмилаливу минтақавӣ оё тавони онро дорад то мавқеъи Бонки ҷаҳониву дигар кишварҳоро дар мавзуъҳои муҳим минҷумла бунёди Роғун ба нафъи худ тағйир диҳад?  

Ҷура Юсуфӣ мегӯяд, ки сиёсати дарҳои бози ҳукумат албатта хуб аст, аммо дар ҷаҳони имрӯз бояд ба шариконе такя кард, ки воқеан ба аҳду паймонҳои хеш устуворанд, аммо шарикони стратегии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои ҳассостарин худро паҳлуи ӯзбакистони ғанию сарватманд ба хотири газу нафт мегиранд.Мақоле ҳаст, ки мурғи ҳамагир ҳечгир аст. Мебояд сиёсати хориҷиро бознигарӣ кард ва ҳар кишвареро, ки мехоҳад дар сохтмони Роғун саҳм гузорад, ба дӯсти пазируфт ҳатто агар Венесуела бошад.

Дар ҳамин маврид Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ ҳам мегӯяд, ки Тоҷикистон тавони онро надорад то мавқеъи дигаронро ба нафъи худ тағйир диҳад, зеро агар медошт кор ба ин дараҷа намерасид: "барои он ки моро шунаванду суханамон таъсирбахш бошад, Тоҷикистон бояд давлати хеле пешрафта бошаду аз ҳар ҷиҳат суханаш ё имконоташ ва вазъи ҷуғрофиву стратегияш ба дараҷае бошад, ки дигарон онро гирифта натавонанд ва имрӯз Тоҷикистон аз ҳамаи ин чизҳо дар якчоягӣ баҳраманд нест, бинобарин бояд ҳаракат кунад то ба тадриҷ ба ҳамин дараҷа бирасад, ки ин худ як вазифаи стратегист".

Сармоядорони тоҷик 2 млрд. надоранд?

Сармояи сохти Роғун 2 млрд. доллар пешбинӣ шуда аст, оё чунин маблағеро дар худи Тоҷикистон пайдо кардан имконпазир набуд?
Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, ки сармоядори тоҷик наметавонад пулашро гузошта баъди 25 сол  фоида гирад ва онҳо омода нестанд то баъди 25 сол пули худро тасбит намоянд: "сармоягузорони мо имрӯз мехоҳанд андак пулро гузоранду зуд фоидаро гиранд. Умуман ин гуна тарҳҳоро давлатҳо ва ширкатҳои абарқудрати бузург бар ӯҳда мегиранд, дар Русияву Чин низ чунин тарҳҳоро ширкатҳои калоне, ки дар онҳо давлат саҳми зиёд дорад, бунёд мекунанд на маблағгузорони хурду миёна, ки аксарияти
Тоҷикистон чунин мебошад. Ин тарҳҳои зерсохтории стратегӣ маҳз ҳамон тарҳҳоест, ки давлат бояд дар он нақши асосӣ бозад".

Аммо Ҷура Юсуфӣ назари дигаре дорад: "албатта метавонистем бо муттавақиф кардани баъзе сохтмонҳои камаҳаммият, ҷалби бештари ҳамватанони сарватманди хориҷиямон, ҷорӣ кардани андоз барои ширкатҳое чун IRS, тули 3-4 сол ин маблағро ҷамъ оварем ва сохтмонро зина ба зина давом диҳем. Аммо таҳримҳо ҳукуматро тарсонданд, ҳатто тарғибу ташвиқи Роғун аз тариқи расонаҳо манъ карда шуд".

Аз онҷое, ки кишварҳое чун Русия бо шартҳои худ омодагияшонро барои сохти Роғун эълон кардаанд, агар ин нерӯгоҳ ба дасти як кишвари хориҷӣ эҳдос гардаду саҳми он кишвар афзоиш ёбад, ки ба манфиъати Тоҷикистон ҳам нест, чи иттифоқе хоҳад афтод оё ин шикасти ҳукумат нахоҳад буд?
Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, ки ягон кишвари хориҷӣ имрӯз барои бунёди Роғун рағбат надорад ва ин мамолик зиёд ҳам нестанд монанди Русия, Чин ва Эрон. Ҷалби маблағгузорони берунӣ барои Роғун ҳам баъид аст ва вобаста ба ин Тоҷикистон чанд роҳи ҳал дорд: "ё бо кӯшишу имконоти худ ин роҳро идома диҳад ва ё ин ки сохтмонро хобонад. Зеро як рӯз Тоҷикистон ба ин масъала огоҳ мешаваду онгоҳ хеле пулҳои зиёд барои дубора сохтани сохтмон ба миён меояд. Пас андак ҳам бошад, вале то андозае корҳо идома меёбад то сохтмон хобонда шавад ва хеле аз сохтмонҳои пештара сохта шударо ба ҳар қимати мумкин бояд нигоҳ дошт. То ин вазъи беруна дар нисбати Тоҷикистон тағйир наёбад, ин вазъият ҳамингуна идома меёбад ва ин ҳолат таъсири ҷиддиеро ба вазъияти кунунии Тоҷикистон намегузорад. Зеро сохти иншоотҳои хурдтар дар дарёҳои ҷанубии кишвар давом дорад. Ин амри воқеист ва онро тағйир додан имкон надорад".

Коршиноси масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки бояд дид шартҳои ҳукумат бо сармоягузоррон чи хоҳад шуд. Вале шартҳои Русия, ки 75 фоизро мехоҳад, қобили қабул намебошад ва ҳар сармоягузори дигаре ҳам, ки чунин хоҳад, ба манфиъати Тоҷикистон нест.
Ба ақидаи Парвиз Муллоҷонов сохта шудани Роғун аз вазъияти геополитикии дар атрофи кишвар, дастрасӣ ба сармоягузориву вазъияти сиёсӣ дар минтақа вобаста буда ҳукумат набояд мунтазир шавад, ки кай ин нерӯгоҳ сохта мешавад ва бояд сатҳи зиндагии мардумро беҳтар гардонад .Роғун масъалаи ҷиддист ва аз ҳукумати Тоҷикистон вобастагии зиёд надорад. Ин ҷо бозиҳои геополитикӣ ҷарён дорад, манофеъи Русия, ӯзбакистон ва аврупо инчунин манофеъи дигар бунгоҳҳои иқтисодии низ ҳаст. Якчанд омилҳои объективӣ ҳаст, ки берун аз дастрасии ҳукумати Тоҷикистон аст.

Зимнан қарор аст, то соли 2014 тарҳи CASA-1000 ба баҳрабардорӣ бирасад ва бар пояи ин тарҳ, дар ибтидо 1300 мегават(ба тадрич то 5000 мегават) бар? аз Осиёи Марказӣ ба Покистон(1000мегават) ва Афғонистон(300 мегават) интиқол меёбад ва саҳми Тоҷикистон ва Қирғизистон дар содироти барқ ба таври мусовӣ 50 дарсадӣ дар назар гирифта шудааст, вале вақте сарнавишти Роғун мушаххас нест, тақдири ин тарҳ ҳам норӯшан боқӣ мондааст, зеро агар Роғун ҳам сохта шавад, бе ин тарҳ Тоҷикистон он барқи лозимаро ба берун интиқол дода наметавонад.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)