Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:09

Сехи истеҳсоли равған фаъолият намекунад, маҳсулоти гӯштӣ бошад фаровон аст

30 июн 2011, 07:19

Дар шаҳри Кӯлоб, дар базаи собиқ корхонаи гӯшт,  4-сехи хурди коркарди маҳсулот, ҳасиббарорй, оби нўшокй, равғани растанй ва коркарди шир ба роҳ монда шудааст.


Ҳар чаҳор сех муттаалиқ ба ҸДММ «Ориён-Рустам» мебошанд. Ба гуфтаи Амриддин Рустамов, сардори ҹамъият, ин ҷо 22-нафар аз сокинони шаҳр ба кор фаро гирифта шудаанд, ки беш аз 70-фисадашон занону духтарон будаанд. Дар корхона обҳои гуногуни нӯшокӣ, 2-намуди ҳасиб- буғиву дудӣ ва маҳсулоти ширӣ аз қабили шир, ҹурғот ва сметана истеҳсол карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир, бо иллати набуди ашёи хом, сехи коркарди равған фаолият намекунад. Ба иқрори ҹаноби Рустамов, ҳамаи корхона дар маҹмуъ дар 1-шабонарўз ба миқдори то 3-ҳазор сомонӣ маҳсулот бароварда, пешкаши сокинони шаҳр мегардонад.Ин дар ҳолест, ки замони шӯравӣ корхонаи гушти Кӯлоб даҳҳо тонна гӯшт дар як шабонарўз истеҳсол карда, на танҳо барои мардуми вилояти Кўлоб, балки  ба берун аз он интиқол медод.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!