Бахшҳо
18 сен 2012 12:00Гузориш

Аҳамияти роҳбурдии Сурия барои ҷумҳурии исломии Эрон

Ҷумҳурии арабии Сурия ба далели қидмати таърихӣ, мавқеияти геопoлитикӣ ва собиқаи тамaддунӣ ва фарҳангӣ, кишвар бо аҳамият аст; ба гунае, ки Димишқ пойтахти он, ба даврони таърих ва аз кӯҳантарин шаҳрҳои ҷаҳон ва тамаддунҳои башарӣ, маъруф аст.

Ҳаракатҳои  созмонёфтаи моҳҳои гузашта дар Сурия, ки дар ҳафтаи гузашта ба бӯҳрон табдил шудааст, агарчӣ бо нақшофарании ҷабҳаи мухолифон ба сурати майдонӣ дунбол мешавад, аммо ба далели ин ки бо созмондеҳии Амрико ва режими саҳюнистӣ, ҳимояти бархе кишварҳои ғарбӣ, ба вижа Арабистони саъудӣ ва иқдомоти Туркия сурат мегирад, ба таври қатъ ва яқин метавон гуфт, ҳадафе фаротар аз масоили милии Сурия дорад ва масъалае минтақаӣ ва ҳатто мухолифате фароминтақаӣ қаламдод мешавад.

Дар гузориши хабаргузории Форс аз ҷумла омадааст, ки ҳадафи аслии ин бӯҳронсозӣ, бархӯрд бо ҷабҳаи муқовимати исломӣ ва ба сурати хос, маҳори Ҷумҳурии исломӣ ва контроли бедории исломӣ дар минтақаи ғарби Осиё ва шимоли Африқо аст, зеро иттиҳоди Сурия бо Ҷумҳурии исломӣ ба унвони конуни илҳомбахши ҷабҳаи муқовимат алйҳи  низоми султа , режими саҳюнистӣ ва давлатҳои зидди мардумии минтақа, бештарин осебҳоро мутаваҷҷеҳи ин секунҷаи шум мекунад.

Ҷараёни султаи байналмилал бо меҳварияти Амрико ва саҳюнизми байналмилал, ки дар чеҳраи режими ғосиби саҳюнистӣ дар минтақаи ҳасcоси ғарби Осиё манофeи ғайриқонунии худро дунбол мекунад, бо баҳрагирӣ аз хонaдонҳо ва ҳoкимони вобаста бар кишварҳои ғарбӣ, пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ ва муваффақиятҳои пай дар пайи низомии бархоста аз он, яъне Ҷумҳурии исломӣ дар Эрон дар тӯли беш аз се даҳа, ки имруза мунҷар ба шаклгирии ҷaбҳаи муқовимати исломии ифтихор офарин дар минтақа шуда ва ин минтақаи муқовимат, заминасози шаклгирӣ ва инсиҷоми бедории исломӣ гардидааст, ҳамвора талош кардааст, ба ҳар шакли мумкин ба муқобила бо он бипардозад, ки ҷанги 33 рӯзаи режими саҳюнистӣ бо “Ҳизбулоҳи Лубнон”, ҷанги 22 рӯзаи он режим бо мардуми Ғазза ва бӯҳронофаринӣ дар Сурия, ҳалқаҳое аз ин амалиёти занҷираи алйҳи муқовимати мардумӣ- исломӣ, қаламдод мешавад.

Сурия илова бар аҳамияти роҳбурдии умумӣ, ба далели ҷойгоҳаш дар ҷабҳаи муқовимат ва иртибот ва иттиҳод бо Ҷумҳурии исломӣ дар муҳосиботи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, аҳамияти музоъаф пайдо карда, ки воковӣ ва шарҳу баёни ин аҳамият, ба вижа барои Ҷумҳурии исломӣ, зарурӣ аст. Ҷумҳурии арабии Сурия ба далели қидмати таърихӣ, мавқеияти геопoлитикӣ ва собиқаи тамaддунӣ ва фарҳангӣ, кишвар бо аҳамият аст; ба гунае, ки Димишқ пойтахти он, ба даврони таърих ва аз кӯҳантарин шаҳрҳои ҷаҳон ва тамаддунҳои башарӣ, маъруф аст. Агарчи ин аҳамият дар асри 20 ба далeли ҳамҷаворӣ бо Фаластин ва наҳваи руёруӣ бо ғосибони ин сарзамини муқаддас, яъне режими саҳюнистӣ, зиёд шуда, аммо пайванди Сурия бо Ҷумҳурии исломӣ ва иттиҳоди ин ду кишвар, муъодилаи вижеро дар ҳавзаи роҳбурдӣ ба тасвир кашидааст. Дар як нигоҳи куллӣ аҳамияти нақши роҳбурдии Сурия дар меҳварҳои зер хулоса мешавад:

1)    Сурия, ки дар қисмати Осиёи ғарбӣ воқеъ шуда, маҳалли иртибот ва пайванди 3 қора: Осиё, Аврупо ва Африқо аст.

2) Ин кишвар бахши боаҳамияте аз минтақаи геопoлитикӣ ва геостротегии ғарби Осиё аст.

3) Ҳамсоягии Сурия бо Фаластини ишғолӣ, Лубнон, Туркия ва Ироқ ба унвони бахшҳои муҳими геопoлитикии минтақа, аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

4) Сурия танҳо кишвари арабӣ аст, ки муносиботи мустақили минтақаӣ ва байналмилалӣ дорад.

5) Ин кишвар  дар интиқоли нафт ва гази Ироқ ва Эрон ба Аврупо мавқеяти вижае дорад.

6) Ин кишвар дар муъодилоти сиёсии Лубнон таъсир гузор аст.

7) Давлати Сурия аз «Ҳизбуллоҳи Лубнон» дар муқобили режими саҳюнистӣ ҳимоят мекунад.

8) Сурия бо Ҷумҳурии исломӣ ва муқовиматҳои исломӣ дар минтақа, ҳамгароӣ ва ҳамсудӣ дорад.

Бар ин асос аз, як сӯ давлати Сурия мавриди ғазаби секунҷаи низоми султа ва режими саҳюнистӣ, давлатҳои ғайримардумии кишварҳои минтақа ва ҷараёнҳои фиребхӯрда ва ё олати дасти бегонагон, қарор гирифта ва аз сӯи дигар, ҳимояти меҳвари муқовимат ва ба сурати хос, Ҷумҳурии исломӣ, амре табиъӣ аст ва дар авзоъи кунунӣ, ки ҷанги иродаҳо дар ду ҷабҳаи низоми султа, истикбор ва диктаторӣ бо ҳаракати муқовимати мардумӣ- исломӣ дар ҷараён аст, Сурия ба унвони ҳалқае аз занҷири муқовимат мавриди таҳоҷум қарор гирифтааст.

Манбаъ: Хабаргузории Форс       
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)