Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:14

Орд қимат шуд. Мардум нигаронӣ доранд

20 сентябр 2012, 08:43

Болоравии бесобиқаи нархи орд ва камчин шудани он дар мағозаву бозорҳои Душанбе нигаронии сокинонро ба бор овардааст.

Шамсиддин, як ронандаи «Старекс» мегӯяд: «Ман як ронанда, дар як рӯз аз субҳ то шаб то 100 сомон кор мекунам, оилаам калон аст, намедонам пули налогро супорам бо патент, литсензия ҳамаи ин ба пул даркор. Ҳаррӯза хӯроки кӯдако ба мерад. Мардуми мо ба ғайр аз нон дигар чӣ мехӯрад?».
Ҳамсӯҳбатамон бо таасуф илова кард, ки овозаи баландтар шудани нархи орд то 200 сомонӣ ҳаст: «Дар ин моҳ мегӯянд, ки орд 200 сомон мешавад, ман 3 рӯз пеш 150 сомонда орди Қазоқистон бо номи «Дастархан», ки навъи баландаш буд, харидам».
Барои дарёфти посух ба ин суол ва то куҷо ҳақиқат доштани сару садо хабарнигори Озодагон аз  3 бозори пойтахт дидан намуда, бо тоҷирону муштариён сӯҳбат дошт.

Он чӣ, ки мо дидему шунидем…  

Дар бозори мавсум ба «Километри 9-ум»: Танҳо навъи 1-уми орди Қазокистон фурӯхта мешуд ва бо нархи 160 сомонӣ.  
Дар бозори «Шоҳмансур» бошад, як халта орд вобаста ба навъи он аз 135 то 160 сомонӣ нархгузорӣ шуда буд.
Дар сӯҳбати сарироҳӣ, ки бо тоҷири ордфурӯш аз бозори «Шоҳмансур» доштем, ӯ гуфт: «Ордҳои мо тариқи мошини боркаш аз Ҳуҷанд ба Душанбе оварда мешаванд. Ҳоло 3 навъи орд дорем: 1-ум 2-юм ва навъи сифати олӣ. Орди навъи 1-ум бо арзиши 145, орди тамғаи 2 ҳудуди 135 ва навъи сифати аълоро 158 сомонӣ мефурӯшем».
Дар як мағозаи дигари бозори Шоҳмансур, ки овезаи «Орди навъи баланди Қазокистон»-ро шиораш қарор додааст, ба гуфти фурӯшандагонаш се намуди орд аз як ширкати қазоқӣ бо номи «Асалия» мавҷуд аст ва бон архи якхелаи 160 сомонӣ пешкаши сокинон гардидааст.

Барои дарёфти маълумоти бештар ва таҳлилу қиёс ба бозори маҳаллаи машҳур ба «Ваданасос» раҳсипор шудем ва ба бозори «Варзоб» рафтем.  Дар он ҷо бо як савдогаре, ки тариқи қатора ордро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон меораду дар бозорҳои Душанбе чанд нуқтаҳои фурӯши худро дорад, ҳамсуҳбат шудем.
Ӯ, ки худро Акмал Холиқов муаррифӣ кард, аснои сӯҳбат гуфт: «Ман ду намуд орд дорам, орди Қазоқистон, навъи 1-ум бо номи «Сесна» ва орди Ҳуҷанд, ки сифати ҳар дуяш як хел аст. Ордҳои мо аз Қазоқистон тариқи қатора ба анбори «Химзавод», ки дар маҳаллаи 102 –и пойтахт аст, меоянд. Ҳамаи фурӯшандаҳои бозори «Ваданасос» аз мо орди «Сесна»-и Қазоқистонро харида, 165 сомон мефурӯшанд».

Чаро орд қимат шуд?

Сабаби гарон шудани нархи ордро дар пойтахт Холиқов дар он мебинад, ки дар ҷумҳурии Қазоқистон хушксолӣ омадасту гандум кам ҳосил додааст. Аз ҳамин сабаб, онҳо ордро аз он ҷо бо нархи баланд харидорӣ намуда истодаанд: «Агар мо аз Хуҷанд ордро тариқи мошини боркаш биёрем, сари ҳар қобча (халта) 17 сомон ронанда мегирад, боз ба тарозуи роҳ пул медиҳем, бар замми ин ба нозирони БДА, ки дар роҳ истодаанд. Ҳамаи ин ба гардани савдогар аст, дар як мошин то 1000 қобча орд меорем. Аз Қазоқистон тариқи қатора бошад 60 тонна орд меорем, ки 11 ҳазор доллар сарф мекунем».  
Дар бозори мазкур танҳо орди «Сесна», навъи 1-уми истеҳсоли Қазоқистон аст, ки 160-165 сомонӣ фурӯхта мешавад, навъи олии он бошад ҳудуди 175 то 180 сомонӣ арзиш дорад ва он ба ҳар кас фурӯхта намешавад. Акмал Холиқов иброз дошт, ки навъи олии «Сесна»-ро мо бо нархи 170-175 сомон, ки ба мағозаҳо гузошта нашудааст, танҳо ба муштариёни доимии худ, ки ба мо муроҷиат мекунанд, мефурӯшем.  

Аз мағозаи Акмал Холиқов баромада, ҳамагӣ дар масофаи як метр дуртар аз он шоҳиди он гаштем, ки орди «Сесна»-и навъи 1-уми Қазоқистонро дар як мағозаи дигар аз 165 сомонӣ камтар намефурӯшанд, дар ҳоле, ки ҳамин навъи орд дар мағозаи ҳамсояаш 160 сомон нарх дошт.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Қазоқистон  то 19-уми сентябр ҳосили 89,7% масоҳати кишти ғалладона ҷамъоварӣ шудааст. Бино ба навиштаи оҷонсии «Новости-Казахстан», ки бо такя ба маълумоти вазорати он кишвар омор таҳия кардааст, истеҳсолгарон аз 13847,7 ҳазор гектар ҳосил ҷамъоварӣ намуданд, ки 89,7% аз масоҳати умумии киштро ташкил медиҳад. Ҳосили миёна аз ҳар гектар 8,7 тоннаро ташкил медиҳад.

Имсол дар Қазоқистон ҷамъоварии 13 миллион тонна гандум дар назар дошта шудааст. Соли гузашта ин рақам муодили 26 миллион тонна буд. Ҳосили пасти имсола бо хушксолӣ, ки бештар дар манотиқи истеҳсолкунандаи ғаллаи он кишвар рух дод, вобаста аст.
Аммо барои тоҷикистониён, ки бештар ба орд ва маҳсулоти ордии истеҳсоли Қазоқистон ниёз доранд, суоли беҷавоб ин аст, ки ду баробар паст шудани ҳосили ғалла дар Қазоқистон бойиси 2 баробар болоравии арзиши орд дар Тоҷикистон нашавад…

Нилуфари КАРИМ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!