Бахшҳо
21 сен 2012 09:26Иқтисодӣ

Гуруснагӣ Тоҷикистонро фаро мегирад?

Тӯли як ду соли ахир авҷ гирифтани нархи молу коло дар Тоҷикистон ба мушкили рӯзи мардум табдил шудааст ва чун аксари маҳсулоти кишвар воридотисту ин бевосита дар афзоиши нархҳо таъсир дорад, барои ҳукумат пешгирӣ аз болоравии нархҳо мушкил шудааст ва бо таваҷҷуҳ ба бӯҳрони камобеши ғизоӣ дар ҷаҳон ҳукумат азм дорад то Тоҷикистонро ба амнитяи ғизоӣ расонад. Вале бо назардошти ин ки маҳсулоти кишоварзии мо ба талаботи дохилӣ ҳатто басанда нест, билохира ҳукумат дар дастёбӣ ба ин ҳадаф оё муваффақ хоҳад гашт?

Гаронӣ миёни киро мешиканад: мардум ё ҳукумат?

Дар шароите, ки беш аз 65 дарсади мардуми Тоҷикистон даромади кофӣ надораду бекорӣ дар кившар бедод мекунад, болоравии нархи анвоъи колоҳо ба хусус маводи ғизоӣ ҳамчунон идома дорад. Тибқи омори ғайри расмӣ таи 1 соли ахир нархи маводи ғизоии асосӣ минҷумла орду гӯшт дар Тоҷикистон то 50% боло рафтааст.Акнун дар бозори Тоҷикистон ҳар кило гӯшти гӯсфанд 35 сомонӣ, гӯшти гов 33 сомонӣ, 1 халта орди 50 кг 150 сомонӣ, 1 кило равғани растанӣ 13 сомонӣ ва 1 кило панир 34 сомонист. Дар ҳақиқат бо болоравии нархҳо қобилияти хариди оилаҳое, ки даромади собиту ночизе доранд, рӯз ба рӯз камтар шудаву бештари онҳо истеъмоли молҳои гуногуни ғизоии дараҷаи аввалро ба тадриҷ аз сабади истеъмолии худ ҳазф кардаанд.Нархи нон ҳам аз соли 2007 то имрӯз ба андозаи 60% боло рафтаву ҳоло 1 нони оддӣ 1 сомонист.Афзоиши беш аз ҳадди нархи маҳсулоти сузишворӣ ҳам бар кишти гандум ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таъсири манфие гузоштааст. Мамнуъияти содироти гандуми Русия ва нақши он дар афзоиши шадиди нархи ин ғалла дар бозорҳои ҷаҳон ва рушди нархи фурӯши гандуми Қазоқистон ба Тоҷикистон гарониро барои мардуми тоҷик афзоиш дода ва то 74% афзоиш ёфтани таърифаҳои убури колоҳои харидаи Тоҷикистон аз ӯзбакистон низдар болоравии нархҳо таъсири зиёд доштааст.

Афзоиши нархҳо дар Тоҷикистон ба дигар соҳаҳо ҳам кучидааст. Таи 1 соли ахир нархи ҳар литр бензин аз 5 сомонӣ наздики 9 сомонӣ расидааст. Иҷораи ҳар хонаи иқоматии 60 метрӣ низ дар атрофи шаҳри Душанбе ҳудуди 200 доллар ва дар марказ беш аз 700 доллар аст. Нархи хадамоти коммуналӣ минҷумла обу барқу тилфон ва дигар хидматрасониҳо тӯли 1 соли ахир дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 50 дарсад рушд ёфтааст. Ба қавли иқтисоддонон набудани истеҳсолоти дохилӣ ва воридоти қисми зиёди маҳсулоти ниёзи аввал аз Русия, Эрон, ӯзбакистон, Туркия, Покистон ва Қазоқистон мунҷар ба болоравии нархи маводи асосӣ ва сузишворӣ дар бозори ҷаҳонӣ суръати болоравии нархҳоро дар Тоҷикистон афзоиш додааст.

Иқтисоддон Фирӯз Саидов мегӯяд, ки афзоиши нархи сузишворӣ аз Тоҷикистон он қадар вобастагӣ надорад. Зеро дар кишвар истеҳсоли маҳсулот бисёр кам аст, дар давраи шӯравӣ 20% сузишворӣ дар мамлакат истеҳсол мешуд, ҳоло бошад ба 5% расидааст. Бинобарин афзоиши нархи сузишворӣ ба омилҳои берунӣ вобаста аст, чун ҳастанд миёнаравҳое, ки то расонидан ба дохил нархро баланд мекунанд: "аммо сабаби асосӣ дар он аст, ки дар тамоми дунё нархи сузишворӣ дорад баланд мешавад. То ҳангоме, ки Тоҷикистон худ корхонаи коркарди нафтро насозаду сузишворӣ истеҳсол накунад, ҳама вақт аз берун вобаста момонад. Худи нафту газ дигар намуди маҳсулотро, ки намерасад, бояд 20 - 30 фоизашонро дар худи ҷумҳурӣ истеҳсол кард.

Ба гуфтаи Фирӯз Саидов сӯзишворӣ ҷузъи асосии нархгузорӣ дар ҳамаҷост ва вақте нархи он меафзояд, ҳатман таъсираш ба маводи ғизоӣ ва ғайриғизоӣ мерасад. Барои пешгирии ин раванд коркарди нафтро бояд дар кившар вусъат бахшид ва сармоягузорони хориҷиву дохилиро барои истихроҷу коркарди нафту газ ҷалб кард чун то ин масъала ҳалли худро наёбад, дигар масоил рафъ намегарданд.Номбурдамеафзояд: "сӯзишвориву ғалла нархгузорандагони дигар маҳсулотҳо мебошанд, агар нархи ғалладона боло рафт, қимати дигар меваҳо ҳам меафзояд ва сӯзишворӣ, ки зиёд шавад, ҳамаи маҳсулотҳо гарон мешаванд".
Акнун сӯзишворӣ як тараф истад, чаро ҳукумат аз болоравии нархи молу маҳсулоти гуногун пешгирӣ карда натавонист? Дар ин робита доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки бо ҳар 1 маротиба зиёд шудани маош бояд ду маротиба тавлиди молҳо зиёд шавад то талаботро қонеъ гардонад ва бо назардошти беқурбшавӣ, ки соле то 8 то 10% дар Тоҷикистон мешавад, ба илова барои беҳтар зиндагӣ кардан агар барои Тоҷикистон 4% лозим бошад ва 7 дарсади дигар барои афзоиши худи аҳолии кишвар зарур гардад, ҳамасола афзоиши кулли ММД - и Тоҷикистон бояд аз 21 то 24% шавад то рушди иқтисодии Тоҷикистон таъмин гардад: "вале мутаасифона чун кишвар ин дараҷотро дастгирӣ накардааст, бинобарин афзоиши нархҳо хоҳ нохоҳ сурат мегирад. Онгоҳ, ки соле ин нишондод то 25% афзоиш намеёбад, дар баробари афзоиши воқеӣ, ки бо назардошти беқурбшавии 14 ва ё 7% буд, бояд ҳар сол коҳиши нархҳо то 14% бошад, зеро ин қонуният аст ва намешавад инкораш кард".
Аммо чаро ҳамин қонуният риоя намешавад? Доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки Тоҷикистон омилҳоеро, ки болоравии рушди иқтисодиро таъмин мекунанд надорад. Аз мудирият сар карда то технологияи навину пайдо кардани молу бозори нав ва соири сарчашмаҳои дороиро имрӯз Тоҷикистон аз худ накардааст: "дар ҷаҳони пешқадам аз навшавии техникиву технологӣ соле 33% аст.Ин чунин маъно дорад, ки ҳар 3 сол шаклҳои технологӣ куллан нав карда мешаванд. Агар ин боздеҳ дар сатҳи поин масалан10% бошад, пас дар 10 сол 3 маротиба мо аз рушди ҷаҳонӣ сусттар ҳаракат карда истодаем".  

"Бӯҳрони ғизоӣ дар камини Тоҷикистон"

Тибқи омори Созмони миллали муттаҳид беш аз 2,5 млн. нафар дар Тоҷикистон бо камбуди маводи ғизоӣ мувоҷеҳанд ва 40 фоизи мардуми кишвар аз гуруснагиву нарасидани маводи ғизоӣ ранҷ мебаранд, зеро камбуди ғизо дар Тоҷикистон нисбат ба дигар мамолики собиқ СССР хеле бештар аст.
Иқтисоддон Фирӯз Саидов мегӯяд, ки дар Қазоқистон, Русия, Канада ва Амрико нархи ғалладона афзоиш ёфт, чун дар ҳамаи давлатҳо хушксолӣ омад ва агар солҳои пеш ин дар Қазоқистону Русия буд, имсол дар Канадаву Амрико, ки аз истеҳсолгарони асосии ғалладона ба шумор мераванд, пайдо гашт. Барои ҳамин нархи ғаллаву гандум дар тамоми дунё зиёд шуд. Точикистон истеҳсоли ғалларо нисбатан афзоиш доду аз 1 млн. 50 - 60 фоизашро худ истеҳсол кард. Вале тибқи омор ба сари ҳар нафар аҳолӣ бояд 500 - 600 кило ғалладона истеҳсол гардад: "зеро ғалладона ҷуз орд хуроки чорво низ ҳаст. Барои ҳамин 600 тонна бояд истеҳсол гардад, дар дигар давлатҳо 1200 то 1500 дар як сол истеҳсол мекунад. Албатта истеҳсоли ғалладонаро тавре бояд роҳандозӣ кард то ба дигар маҳсулотҳо монанди пахта халал нарасонад.Вобаста аз солҳои сангине, ки ҳаст, бояд истеҳсоли ғалладонаро афзоиш диҳем ва дар вақти лозима ба бароришаш ба бозор машғул шавем. Ҳар сол мо бояд то 30 фоизи талаботи худро захира намоем. Чун мумкин аст соли дигар хушксолӣ шавад, ки бо доштани захираи аз пеш онро дар вақти хушксолӣ ба бозор арзонтар фурӯхт. Ордро ҳама вақт нигоҳ дошта наметавонем, аммо ғалларо метавонем. Шароит ҳаст минҷумла осиёбҳои бузургтарин, ки дар давраи шӯравӣ сохта шудаанд ва онҳоро бояд ҳамчун захира истифода бурд. Чун бо коҳиши нархи ғалла нархи гӯшту ширу дигарҳо низ кам мешавад".

Аз онҷое, ки акнун беш аз ҳар вақти дигаре таъминот бо маводи ғизоӣ барои Тоҷикистон зарурат дораду давлат расидан ба амнияти ғизоиро ҳадафи стратегии худ қарор додааст, оё дар дастёбӣ ба ин ҳадаф муваффақ хоҳад шуд?
Ба гуфтаи Фирӯз Саидов Тоҷикистон бояд ба худтаъминкунӣ гузарад ҳарчанд то 100% ҳечгоҳ худро бо ғалла таъмин карда наметавонад ва аз рӯи қонуни бозор ин зарур ҳам нест, вале дар оянда ҳукумат бояд истеҳсоли ғалларо дар он заминҳое, ки аз худ карда нашудаанд, бештар кунад. Ҳарчанд Тоҷикистон ва ягон давлати дигар пурра худро бо озуқаворӣ таъмин карда наметавонад,вале ба ҳар ҳол бояд маҳсулотеро монанди пахта истеҳсол кунад, ки дар ивази он хӯрокворӣ гирифта тавонад.
Меъёри муаяни бехатарии озуқаворӣ ҳам вуҷуд дорад, ки онро Тоҷикистон бояд ҳар сол амалӣ гардонад:"бо гӯшт ҳам худамонро таъмин карда наметавонем, зеро агар ин корро карданӣ бошем, бояд дар тамоми заминҳои хуроки чорво истеҳсол кунем. Бехатарии озуқаворӣ маънои онро надорад, ки пурра ҳамаи маҳсулотеро, ки барои хурокворӣ дар Тоҷикистон лозим аст, истеҳсол намоем, балки ба ивази дигар маҳсулотҳо бояд онро ба кишвар ворид намоем. Ҳатто Амрико ҳам наметавонад худро пурра таъмин созад ва қисме аз маводи озуқаро мефурӯшаду қисми дигарашро мехарад. Дар иқтисоди бозор ҳамин система ҷорист. Агар пахта нархаш дар бозори ҷаҳонӣ баланд шавад, мо онро фурӯхта дар ивазаш ғалла харида наметавонем, зеро истеҳсоли пахта аз ғалла 15 маротиба даромадаш бештар аст дар сурате, ки нархи ҷаҳонии он мувофиқат кунад.Бояд системаи муайяни истеҳсоли маҳсулот бошад, чун агар дар Тоҷикистон пурра ғалла корем, истеҳсоли дигар маҳсулот кам мегардад. Замин ҳам кам аст, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ба сари 1 нафар 0,7 садяк рост меояд ва зиёдшавиии аҳолӣ заминҳоро коҳиш медиҳад. Баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва маҳсулоте, ки даромадашон хуб аст, бештар ба ин бояд такя кард ва истеҳсоли онҳоро афзоиш дод. Метавонем бо маҳсулоти экологӣ худро  таъмин кунем.Тоҷикистон метавонад маҳсулоти экологӣ истеҳсол кунад ба монанди себу ангур, ки фоидааш 5 маротиба бештар аст. Барои он ки мо яке аз давлатҳое мондаем, ки маҳсулоти экологӣ истеҳсол карда метавонад ва чун ингуна маҳсулот дар хориҷ бо доруҳо омехта шудаву нархаш ҳам зиёд аст, бароямон ин яке аз роҳҳои баромадан аз бӯҳрони озуқаворист".

Мардуми тоҷик фақиртар мешаванд?

Чун бӯҳрони ғизоӣ барои Тоҷикистоне, ки истеҳсолоти ватанияш дар ин бахш нокофист, таъсири зиёд нарасонад чӣ бояд кард? Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки агар ба сохтори истеъмолӣ ва тарзи зиндагии мардум нигоҳ гардад ва яке дар моҳ 1000 сомонӣ даромад дошта бошаду бӯҳрон 30% таъсир кунад, ин ба 300 сомонӣ баробар мешавад, вале агар даромад 100 ҳазор сомонӣ бошаду бӯҳрон 30% - ро ташкил кунад, ин миқдораш чандин маротиба зиёдтар аз таъсираш аст: "расидан ба ин дараҷа аз ҳаракатҳои ин ё он корхона ва ё давлат вобастагӣ дорад. Чӣ қадаре, ки гардиши моли давлате зиёд бошад, таъсир ҳамон қадар зиёдтар мешавад ва дар куҷое, ки гардиши мол суст аст, таъсир камтар аст. Пас аз онҷое, ки 40% мардуми камбизоат дар кившар зиндагӣ мекунанд, ҳолати камбизоатии онҳо бетағир мемонад.Маоши минималӣ ба хотири ҳамин афзоиши нархҳо то 200 сомонӣ боло бардошта шуд".

Маврид ба зикр аст, ки минимуми даромади моҳонаи коргарон дар Осиёи Марказӣ порсол 19,1 доллар буда, ки рақами бовар накарданист ва дар Тоҷикистон моҳонаи коргарони давлат соли гузашта 93 доллар ва ҳақмуздҳо дар бахши кишоварзӣ 35 то 80 доллар дар моҳ буда, ки ин рақам дар қиёс бо моҳонаи лозима барои як оилаи 4 нафара бисёр ночиз аст. Дар Қирғизистон миёнгини даромад 210 доллар, дар Озарбойҷон 278 доллар, Арманистон 375 ва Русия 945 доллар баровард мешавад. Тоҷикистон бо ҳадди аксари 110 доллар даромади моҳона барои 1 оилаи ҳадди ақал 4 нафара, дорои поинтарин шохис дар ҷамоҳири Осиёси Марказист.  
Иқтисоддонон мегӯянд, ки давлат бояд таъсири бӯҳрони камбуди ғизоиро бо механизми танзими нархи маҳсулот дар бозор ва ворид кардани маводи мавриди ниёзи мардум тавассути ниҳодҳои давлатӣ ва кумак аз кишварҳои содиркунандаи маҳсулоти асосии маводи ғизоӣ ҷиҳати хариди онҳо бо нархи муносибтар то андозае кам кунад.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)