Бахшҳо
21 сен 2012 11:17Иҷтимоӣ

Шакурӣ охири Садри Зиё буд

Даргузашти устод Шакурӣ зарбаи азим ба пайкараи илмиву фарҳанги тамоми форсизабонони ҷаҳон аст

Маросими ҷанозаи академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди маъруфи тоҷик, дар ҳавлии хонаи истиқоматияш баргузор шуд. Баъди адои намози ҷаноза дар масҷиди "Калинин" донишманди бузургро дар қабристони Лучоб ба хок супурданд. Дар ҷанозаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ доираи васеи илму фарҳанг, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимон, сафирони кишварҳои Эрону Афғонистон, намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ҳунармандон ва шогирдони устод ширкат доштанд. Дар ин маросим ҳама аз бузургиву ҷасорат ва нотакрор будани ин марди хирад ҳарф мезаданду аз даргузашти ӯ афсӯс мехурданд. Ташрифи нафарони зиёде лаҳза ба лаҳза ба маросими ҷанозаи устод афзудан мегирифт. Чунин ба назар мерасид, ки аз тамоми манотиқи дурдасти Тоҷикистон ва гӯшаву канори пойтахт хурду калон муштоқи дидори Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳастанд ва мехоҳанд дар маросими ҷанозаи ӯ ширкат намоянд. Ин дар ҳолест, ки бисёриҳо аз набудани мақомоти баландпояи кишвар дар маросими ҷаноза изҳори таассуф доштанд. Онҳо таъкид мекарданд, ки устод Шакурӣ ҷойгоҳи волое дар фарҳангу адаби кишвар дошту дорад ва месазад, ки ин рӯзро сазовори ҷойгоҳи ӯ баргузор намоянд, ҳарчанд дигар ин ҳама барои он марҳум ҳеч арзише надорад, аммо барои дигарон ҳамчун нишони қадршиносӣ амале фаромӯшношуданӣ мебуд. Новобаста аз ин ҳама, воқеан ҳам маросими ҷанозаи устод дар як фазои пур аз меҳру муҳаббат ва дарду алам гузашт.

Яке аз донишмандони маъруфи тоҷик Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, ки дар ин маросим ширкат дошт, дар суҳбат ба Озодагон гуфт, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар марҳилаи имрӯза, охирин намояндае буданд, ки пойдевор, таҳкурсии забону адабиёти тоҷик дар Тоҷикистон буданд. Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ мегӯяд, афсӯc, ки мо имрӯз бо гузаштагон меболем, мефахрем, аммо ба қадри зиндаҳо намерасем: "Вале муаллим Муҳаммадҷон Шакурӣ барои мо ҳамеша зинда аст. Чунки агар Сино табиби ҷисму тани мардум буд, устод табиби забону миллати мо буданд. Ҳайф, ки ҳамин хел инсон аз байни мо рафт. Рӯҳашон шод боду ҷояшон ҷаннат".

Профессор Аламхон Кучаров, иброз медорад, ки устод Шакурӣ ҳатто хизмати як пажуҳишкадаро ба сомон расондаанд. Бино бар ин марги ин хел одамҳо марги ҷисмонӣ аст ва онҳо аз дида мераванд, вале ҳамеша дар дили миллионҳо ҷой мегиранд: "Мегӯянд, ки марди соҳибдил ҷаҳонеро нишони кулфат аст. Шумо як бор мушоҳида кунед, ки дар ҳамин ҷаноза ин қадар одами зиёд аз тамоми ҷумҳурӣ ҷамъ омадааст, ки ин маънои онро дорад,  устод воқеан ҳам бисёр одами бузург буданд. Дар фарҳанги муосири тоҷик хизматҳои хеле зиёде кардаанд, ки зиёда аз 500 мақола ва 50 асар ин хизмати як инсони барҷаста аст. Устод минбаъд боз ба воситаи асарҳояшон, панду насиҳатҳояшон зиёдтар дар дили мо ҷо мегиранд. Устод Шакурӣ махсусан баъди истиқлолият асарҳои  бисёре офаридаанд, ки онҳо дар ҳақиқат барои ифтихори миллӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мо хизматҳои зиёде кардаанд".

Мамадшо Илолов, президенти академияи илмҳои Тоҷикистон нақши шодравон Муҳаммадҷон Шакуриро дар рушди илму фарҳанги тоҷикон муассир арзёбӣ намуда, қайд кард, ки устод Шакурӣ имрӯз як мактаби илмии комили адабиётшиносиро дар самти адабиётшиносии муосири тоҷик таъсис додаанд ва шогирдони зиёде ба воя расонидаанд, ки қисми зиёде аз онҳо имрӯз бо мо ҳастанд. Директори академияи илмҳо таъкид намуд, ки устод дар баробари таҳқиқоти адабӣ, ҳамеша бо публисистикаи илмӣ, бо масъалаҳои робитаи илм ба ҷомеа машғул буданд.

Абдунабӣ Сатторзода, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ аз шахсиятҳои фавқулодда, истисноӣ, беҳамтову бемонанд буданд, ки ҳамчун инсон аз дигарҳо бартарӣ доштанд. Ҷаноби Сатторзода иброз дошт, ки устод Шакурӣ ҳамчун инсон бо тамоми гурӯҳ ва тоифаҳои ҷомеа ошноӣ доштанд, дӯстиву робита доштанд: "Ҳамчун донишманд  корҳое, ки устод дар заминаи адабиётшиносӣ, таърихи адабиёт, нақди адабӣ кардаанд - онҳо ҳама тоза, навоварона ва корҳое буданд, ки роҳро барои ояндагон, барои дигарон ҳамвор кардаанд ва  дар сатҳи бисёр баланде анҷом ёфтаанд, ки онро ҳам дар Эрон, ҳам дар Афғонистон ва умуман дар қаламрави забони форсӣ ва берун аз ин фазои фарҳангиву муҳити фарҳангӣ қабул доранду арзёбӣ мекунанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ дар миёни зиёиён тарбия ёфта буд ва ба маънои томаш зиёӣ буд. Масъалаҳое, ки ба миллату давлат, забон, фарҳанги миллӣ алоқамандӣ доштанд, қабл аз ҳама аз ҷониби ӯ матраҳ шудааст, баррасӣ шудааст, талқин ва тарғиб шудааст. Дар ин ҷо  як қитъаи таърифи таваллуди устод Шакуриро, ки аз ҷониби падарашон гуфта шудааст, мехоҳам ба забон биёрам. Вақте устод ба дунё меояд, он ҷо ишора ба ин аст, ки ин навниҳоли тозаву пурбарг ва пурбор боғи илму донишу зиндагиро нав хоҳад кар, тоза хоҳад дошт. Воқеан ин як пешгӯии бисёр хирадмандона буд".

Абдунабӣ Сатторзода  таъкид намуд, устод дар 6 соли ахири умрашон ҳамеша ба навиштани китоб машғул буданд, ки аз соли 2006 то имрӯз 6 асар навиштанд ва китоби ахирашон дар бораи пантуркизм ва масъалҳаои вобаста ба он ҳамагӣ чанд ҳафта пеш аз маргашон аз чоп баромад.
Алиасғари Шеърдӯст, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, устод Муҳаммаҷони Шакурии Бухороӣ дар канори устод Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҳошим, Сотим Улуғзода ва бархеи дигар, аз ҷумлаи бунёдгузори фарҳанги навини Тоҷикистон маҳсуб мешавад. ? иброз медорад, ки Муҳаммадҷон Шакурӣ сафир ва пешвои расмият бахшидан ба забони форсӣ ва худшиносии миллӣ буд. Ба қавли Алиасғари Шеърдӯст Устод Муҳаммадҷон Шакурӣ танҳо як шахс дар ҷомеаи илму фарҳанг набуд, балки ҷойгоҳи рафиъе аз ҷомеаи фарҳангӣ буд, ки ҷои вуҷуди азизи эшон солҳо холӣ хоҳад буд: " Ва солҳои сол падари пири фалакро сабр бибояд, то модари гетӣ ҳамчун вайро бизояд. Хизмати намоён ва шоистаи устод Шакурӣ дар арсаи байналмилалӣ боиси он гардид, то дар соли 1996 ба унвони узви пайвастаи фарҳангистони забону адаби Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузида гардад ва дар соли 2005 ба унвони чеҳраи мондагор дар Эрон шинохта шуд. Аз даст додани ин бузургвор имрӯз бар души мо ҳама сангинӣ мекунад. Барои зиндагии ҷисмонии одамон нуқтаи охирин бо номи марг вуҷуд дорад, аммо барои ҳаёти маънавии бузургон поёне нест. Даргузашти устод Шакурӣ зарбаи азим ба пайкараи илмиву фарҳангии кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон, Эрон ва усулан тамоми форсизабонони ҷаҳон аст".

Шоираи шинохтаи Тоҷикистон Гулрухсор дар ин гирдиҳамоӣ нахуст ба ҳамсар, фарзандон ва наздикону пайвандони устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳамдардии хешро баён намуд ва чанд мисраеро дар ҳаққи устод Шакурӣ, ки ба қавли ин шоираи маъруфи тоҷик дар ҳамин рӯз раҳ ба раҳ эҷод намудааст, қироат намуд:

Шакурӣ марди дил, марди Худо буд,
Сафири ишқу имону сафо буд.


Абдуҷаббор Раҳмонов, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ Консепсияи фалсафаи адабиётшиносии муосири тоҷикро таҳқиқ намудаанд ва ба шогирдонашон раҳнамоӣ кардаанд. Номбурда илова намуд, ки устод Шакурӣ ҳамчун як донишманди бузург тамоми ҳаёти худро барои тарбияи маънавии инсон сарф намуд ва беҳуда китобашро "Мактаби одамият" ном нагузоштааст: "Имрӯз илму фарҳанги тоҷик як боғбони ниҳоят бузурги худро, ки дар боғи худ ниҳолҳои пур аз шаҳд ва шогирдони бениҳоят хуберо ба воя расонидаанд, аз даст медиҳад".
Дар маросими ҷанозаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфта шуд, ки устод  на танҳо маҳбуби халқи тоҷик, балки маҳбуби тамоми форсизабонони дунё аст ва агар ба эҷодиёти ӯ назар афканем ягон чизи такроршудаеро намебинем.

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ соли 1925 дар шаҳри Бухоро дар оилаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозикалони аморати Бухоро ва яке аз донишмандони бузург ба дунё омадааст.  Рӯзи якшанбеи 16-уми сентябри соли 2012-ум дар сини ҳаштоду ҳафт солагӣ вафот кард. Устод Шакурӣ 50 китоб ва беш аз 500 мақола дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла адабиётшиносӣ ва таърих, фарҳанг ва забон навиштааст. Китоби "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад"-и ӯ боиси шӯҳрати рӯзафзунаш гашта, аз аввали солҳои 80-уми асри гузашта ба ин тараф чандин маротиба ба нашр расидааст. Ҳамчунин, ду асари гаронарзиши ӯ "Хуросон аст инҷо" ва "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" аз таълифоти ахираш маҳсуб мегарданд.  Устод Шакурӣ яке аз вопасин бузургмардони Бухоро буд, ки дар Душанбе шаҳомати тоҷиконаи Бухорои шарифро нишона буданд. Рафтани устод на танҳо фарҳангпажуҳиро ятим кард, балки шукуҳи точиконаи Бухоро низ зарбае хӯрд.                      

Алишер ЗАРИФӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)