Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Раҳмон ҳам метавонад Саакашвилӣ бошад

28 сентябр 2012, 06:34

Дахолати президент ба қазияи марги Ҳамза Икромзода рейтинги ӯро дар интихоботи навбатӣ чанд зина боло мебарад
Чаро Иззатулло Шарипов кори Хатуна Калмахалидзеро накард?

Марги мармузи Ҳамза Икромзодаи 27 сола дар зиндони№1-и шаҳри Душанбе, ки сару садоҳои зиёдеро ба дунбол дошт, номи Изатулло Шарипов, сардори Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистонро ба расонаҳо кашид. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақте қазияи Ҳамза Икромзода ба баҳс кашида шуд, бархеҳо навиштанд, ки Изатулло Шарипов бояд истеъфо диҳад ё аз ҷониби мансабдорони болотар барои корношоямӣ сабукдӯш шавад. Аммо дар Тоҷикистон, ки чанд соли ахир мавҷуд набудани "фарҳанги истеъфо" аз мавзӯъҳои серистеъмол аст, ба назар мерасад, ин ҳарфҳо пинаки касеро вайрон намекунад. Вақте райиси як вилояти бузург дар ҳузури садҳо нафар ваъдаи истеъфо медиҳаду баъдан онро фаромӯш мекунад, ҳоҷати гуфтан дар мавриди шахсе, ки лаб во накардааст, нест. Ин ҳам дар ҳоле ки бо гузашти шаш рӯз (наздикони Ҳамза гуфтаанд, ӯ рӯзи 20-уми сентябр ба ҳалокат расидааст) аз хабари "марги маҷбурӣ"-и (боз ҳам ба иддаои пайвандони Ҳамза ӯ бар асари азобу шиканҷа ва лату кӯби кормандони зиндон кушта шудааст) Ҳамза сардори Раёсати маҳбасҳо дар шарҳи ҳодиса ҳарфе нагуфтааст ва гумон аст, ки бо хоҳиши худ ба қавли як ҳамкасбам "мансаби равғанин"-ашро канор гузорад.

Чунин хулоса мешавад, ки Изатулло Шарипов ҷуръати як вазирзани гурҷиро, ки бадрафторӣ дар маҳбас боис шуд, истеъфо биравад, надорад.
Ҳафтаи сипаришуда вақте навори видеоӣ бо саҳнаҳои бадрафторӣ ба зиндониён дар яке аз маҳбасҳои Тибилисӣ, пойтахти Гурҷистон паҳн шуд ва мавҷи эътирози хонаводаҳои зиндониён ва ҳомиёни ҳуқуқии инсонро баланд кард, Хатуна Калмахалидзе, вазири маҳбасҳои Гурҷистон ба истеъфо рафт.


Қазияи марги Ҳамзаро комиссияи вижа таҳқиқ мекунад

Дар баҳсҳои интернетӣ вобаста ба марги Ҳамза Икромзода бархеҳо навиштаанд, ки ба истеъфо рафтани масъулини зиндон роҳи ҳал нест, балки бояд гунаҳкорон пайдо ва ба муҷозоти сангин кашида шаванд. Зимнан, БаҳромАбдулҳақов, муовини аввали раиси Сарраёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба радиои"Озодӣ" гуфтааст, ки барои маълум кардани сабаби аслии марги Ҳамза Икромзода дар маҳбаси№1 комиссияи вижа таъсис ёфтааст. Ба қавли вай аъзои ин комиссия тамоми ҳолату сабабҳои марги Ҳамза Икромзодаро меомӯзад ва баъдан Сарраёсати ислоҳии вазорати адлия дар як нишасти матбуотӣ ҳодисаи мазкур ва ҳолати марги ӯро шарҳ хоҳад дод. Ҷаноби Абдулҳақов ошкор накардааст, ки дар ҳайати ин комиссия киҳо шомиланд. Аммо бархе соҳибназарон ба шаффофияти кори он шак доранд. Ба қавли онҳо бо эҳтимоли зиёд комиссия дар хулосаи кори худ гуноҳро ба гардани худи мақтул хоҳад кашид. Он гуна, ки дар марги Баҳромиддин Шодиев, сокини шаҳри Душанбе худи ӯ муҷрим шуд.

Тибқи хулосаи додгоҳ 19-умиоктябри соли 2011 Шодиев бо дастони завлонабаста худро аз тирезаи табақаи дуввуми бинои шуъбаи тафтишотии корҳои дохилии ноҳияи Сино ба зер партофт, ки дар натиҷа ба ҳалокат расид. Кормандони милиса бошанд, танҳо дар хунукназарӣ муттаҳам шуданд. Воқеан, вақте ин матлаб дар ҳоли омода шудан буд, Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси Идораи зиндонҳои вазорати адлия дар сӯҳбате ба "Азия-плюс" гуфт, ки "Ҳамза Икромзода худкушӣ карда буд". Ба навиштаи "Озодӣ" Идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон исрор меварзад, ки иллати марги Ҳамза Икромзода худкушӣ буд ва касе ӯро шиканҷа надодааст. Баҳром Абдулҳақов гуфтааст, Икромзода, ки аз 16-уми сентябр дар ҳуҷраи ҷаримавӣ ё ШИЗО қарор дошт, шоми 20-уми сентябр худро бо куртааш дар панҷараи дар овехт. Ба қавли ӯ, мақомоти маҳбас бо кӯмаки табибон тамоми корро кардаанд, то ӯро аз марг наҷот диҳанд, аммо натиҷа надодааст.
Ҳамза Икромзода дусол қабл барои 8 сол равонаи зиндон шуда буд.

Ин ҳодисаи аввалин нест, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳбусон мефавтанд ва иллати марги онҳоро наздиконашон дар озору шиканҷа рабт медиҳанд.
Моҳи августи соли равон радиои "Озодӣ" аз талоши худкушии як маҳбус дар зиндони низомаш шадиди шаҳри Қӯрғонтеппа навишт. Ба қавли манбаъ, ин нафар Олим Султонов ном дошта, бо нишони норизоиятӣ аз рафтори ношоистаи кормандони маҳбас ба ин амал даст задааст. Гуфта мешавад, ӯро пайваста мавриди таҳқир қарор медодаанд. ? раги дастонашро бо алмос бурид, аммо пизишкон аз марг наҷоташ доданд.

Тақрибан ду моҳ қабл аз ин ҳамин расона навишт, ки дар зиндони мавсум ба "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдат дар давоми як моҳ ду зиндонӣ ба ҳалокат расидааст. Сабаби марги яке аз онҳо "худро ба дор овехтан" гуфта мешуд.
Аммо бархе расонаҳои дигар навиштанд, ки дар маҳбаси Ваҳдат се нафар ба ҳалокат расидааст ва иллати марги онҳо бадрафтории кормандони ин маҳбас гуфта мешуд.
Аммо аз ҳама аҷибаш ҳарфҳои  Иззатулло Шарифов, муовини вазири адлия ва раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон аст, ки бо "Озодӣ" гуфта буд: "Ҳеч чиз нашудааст. Ҳама тинҷу ором. Ҳама дар доираи қонун зиндагӣ ва адои ҷазо мекунанд. Ягон корманд нисбати онҳо муносибат ва муомилаи бад надорад, ҳамааш дар доираи қонун".


Вақте танҳо ба президент умед мебандӣ…

Раҳмон ҳам метавонад Саакашвилӣ бошадПайвандони Ҳамза Икромзода муътақиданд, ки Ҳамза бар асари лату кӯб ва шиканҷа ба ҳалокат расидааст. Онҳо дар як нома аз Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хостаанд, то қазияро мавриди таҳқиқ қарор диҳанд. Аммо ба назар мерасад, онҳо танҳо аз райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон умеди кӯмак доранд. Дар мактубе унвонии президент хостаанд, ки дар ҳалли ин мушкил барояшон кӯмак кунад.

Шояд, номаи пайвандони Ҳамзаи ҷавонмарг низ ба монанди ҳазор мактуби додхоҳӣ, ки ҳамарӯза унвонии президент меравад, чизеро тағйир надиҳад, аммо ҳолати баръакси он низ метавонад бошад. Агар президент эълом кунад, ки ҳодисаи мазкур ҷиддӣ таҳқиқ шавад, ҳатман чанд нафар ҷазо мегиранд. Аммо агар аз мадди назари райисҷумҳур дур монад, гумон аст, касе муҷозот шавад. Бе ин ҳам дар ташхиси аввалия пизишкон сабаби маргро худкушӣ гуфтаанд. Ин дар ҳолест, ки Амир Икромов, бародари Ҳамза ба "Озодӣ" гуфааст, дар бадани ӯ осори шиканҷа баръало намудор аст ва ҳамаи онро акс ва навор гирифтааст. Воқеан, дар аксҳое, ки дар интернет гузошта шудааст, осори сухта ва зарбу лат мушоҳида мешавад. Як изи бузурги сухтаро, ки зери дасти ӯст бархеҳо аз дарзмол гуфтанд. Аммо ба иддаои Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси Идораи зиндонҳои вазорати адлия изҳои мушоҳидашаванда аз электрошоканд. ӯ гуфтааст, вақте набзи Икромзода аз задан монд, 3 дафъа аз электрошок кор гирифтанд.

"Аммо пайвандони Ҳамза Икромзода исрор меварзанд, ки дар чанд ҷои бадани ӯ изи дарзмол буд, на электрошок. Табибон ҳам мегӯянд, электрошок метавонад пӯсти бадандро сиёҳ кунад, вале ба дараҷае, ки дар бадани маҳбуси ҳалокшуда буд, намесӯзонад",-менависад "Озодӣ". Ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов низ дар ин маврид гуфт: "Захмҳое, ки дар бадани Ҳамза аст ба изи электрошок монанд нест. Электршокро дар назди кафаси сина, яъна дар наздикии дил истифода мебаранд, аммо захмҳо дар зери бағали мақтул, аз тарафи рост аст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки аллакай хабарҳои нодуруст паҳн шудааст".

Ва боз баргардем ба Гурҷистон. Михаил Саакашвили, президенти Гурҷистон баъди ифшои ҳолатҳои бадрафторӣ ва азобу шиканҷаи зиндониён онро маҳкум намуда, ин амалҳоро "золимона" ва бар зидди шарафи инсоният унвон кард. Вай ваъда кард, ҳар нафаре, ки дар ин амалҳо даст дорад, мӯҷиби ҷазои сангин аст ва ҳамаи онҳо муҷозот хоҳанд шуд. Аммо то ҳол мавқеи Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди марги Ҳамза рӯшан нашудааст. Воқеан, баъзе соҳибназарон мегӯянд, дар пасманзари ҳаводиси Хоруғ агар президент барои омилони қатли Ҳамза супориш бидиҳад шояд дар пешорӯи интихоботи президентӣ, ки бо эҳтимоли зиёд номзадии ӯ дигарбора гузошта мешавад, "рейтинг"-аш баланд равад. Ҳарчанд, ба гуфти бархе коршиносон ин масъалаҳо ҷузъиянд ва ҳеч таъсире ҳам ба раванди интихобот нахоҳанд гузошт.  Аммо ман бар онам, ки шарафи инсон масъалаи ҷузъӣ набуда ва болотар аз ҳама барои инсон аст.


Абдулазизи ВОСЕЪ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!