Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:02

На кофари мутлақем, на мусалмони тамом!

28 сентябр 2012, 06:42

Бо вуҷуди он ки қариб дар саросари ҷаҳон ҷангҳои диниву мазҳабӣ идома дорад, ба ҳамагуна фишорҳову тафриқаандозии қудратҳои ҷаҳонӣ пайравони дини муқаддаси Ислом ба маротиб бештар шуда, ҳукуматҳои нави исломӣ ба вуҷуд омада истодааст. Аз рӯи шаҳодати таърих ва эътирофи донишмандону росихони илм пайёмбари ислом Муҳаммад (с. а. в) аз оғози беъсаташ пайравони худро ба ахлоқи ҳамида ва рафтори шоиста даъват кардааст. Зеро меҳвари асосии ин дин ҳам тарбия ва ахлоқи ҳамида доштани ҳар фарди мусалмон мебошад.

Мутаассифона, аз оғоз то кунун ин дин бо шахсони сарсахту мутакабир ва ҷоҳилу беинсоф бархурдҳои шадид дошта, роҳи худро дар масири таърихи башарият бо  мақсади ислоҳи ҷомеа идома медиҳад. Аз ҷумла, дар асри мо чунин бархурди носолиму бемаъно зиёд ба чашм мерасад. Имрӯз баъзеҳо дониставу надониста арзишҳои миллиро муқобили арзишҳои диннӣ мегузоранд ва ё баръакс, ки аз ин дар ҷомеа ҷуз тафриқаву низоъ ва хушунату бадбинӣ чизи дигар ба даст намеояд. Ин гуна раванди носолим боиси парокандагии миллат гашта, ҳатто то ба аз байн бурдани як давлат оварда мерасонад. Чунин сабақҳо дар таърих зиёданд.
Ҳамеша аз минбарҳои баланд даъвои онро мекунем, ки 99 фисади аҳолии Тоҷикистонро мусалмонҳо ташкил медиҳанд, аммо бештари қонуну шиорҳоямон зидди ин аст. Инҷо диққати шумо хонандагони мӯҳтарамро бо навиштаҷоте,  ки  дар даромадгоҳи  "Боғи пойтахт" овехтаанд, ҷалб намоям ва бо таҳлили ин навишта ва чанд масоили дигар бидуни ҳеч ғараз, мунсифона пешкашатон намоем.

Шаробу сигор баробари НАМОЗ?

Ҳангоми гузаштан аз назди "Боғи пойтахт" аз паси панҷараҳои ин боғ нигариста Худоро шукр мегуфтам, ки дар пойтахти кишварамон чунин як маркази  фароғатӣ бо шароити хуб барои наврасону ҷавонон ва шаҳрвандон қомат афрохтааст. Чун ба даромадгоҳи ин боғ расидам анбӯҳи зиёди мардум дар назди даромадгоҳи он ҷамъ омада бо навбат вориди он мешуданд. Ҳангоми ворид шудан ба гӯшам садои чанд ҷавоне расид, ки мегуфтанд "Дар ин боғ намоз хондан манъ будааст!".
Тибқи қавонини кишвар ба ҷуз масҷид ва ҷойҳои пешбинишуда дар дигар маконҳо хондани намоз мамнӯъ мебошад. Аввал гумон кардам ба ҷавонон кормандони боғ гуфтаанд, ки дар ин боғ намоз хондан мумкин нест. Чун дидам, ки баҳсу  мунозираашон тӯл кашида, асабию  нороҳатанд, наздашон рафтам. Вақте сабаб пурсидам, навиштаеро нишон доданд, ки дар даромадгоҳи "Боғи пойтахт" овезон буд. Дар руйхати амалҳое, ки  дар ин боғ мамнӯъ мебошад, инчунин навишта шудааст: "ХОНДАНИ НАМОЗ ДАР ИН БОҒ МАНЪ АСТ".

Дар воқеъ, ҳар фарди мусалмон вақте ин шиорро мехонад, агар ба Худову Қуръон ва Пайёмбар заррае имон дошта бошад, нафраташ пайдо мешавад. Зеро натанҳо дар  кишварҳои мусалмонӣ, балки дар кишварҳои ғайримусалмонӣ ингуна шиорҳо дар ҳеч ҷой навишта нашудааст. Баръакс, бештари кишварҳои аврупоӣ ҳатто дар дохили парлумону ҳукуматашон барои ду - се нафар мусалмон беҳтарин шароитро баҳри адои намоз фароҳам овардаанд. Аммо дар кишваре, ки 99 фисадаш мусалмонанд дар дохили боғ вақти намоз расидан намоз гузорида наметавонанд. Агар бигзоранд барои адои намоз қонунан муҷозот мешаванд. Аҷиб! Наход намоз баробари шаробу сигор зарар дошта бошад, ки адояш мамнӯъ шудааст?! Куҷост он ақли солиму куҷо он 99 фисад мусалмонии Тоҷикистон? Магар номуси мусалмониву диндории мо то ба ҳаминҷо расида, ки мамнӯъ будани НАМОЗро  баробари сигору шароб донем? Охир, дар куҷо хондаву шунидаед, ки намоз зарар дорад?
Сарсахтарин кофирони ҷаҳон ба ин ҳақиқат қоиланд, ки намоз барои ҳар фард покизагӣ, варзиш, саломатӣ ва дур нигаҳдоштани инсон аз ҳамагуна фасодиҳо мебошад. Пас, як мусалмон ҳангоми истироҳат кардан дар ин боғ  агар намозашро бихонад, чӣ зараре  ба ин боғ мерасад? Агар масъулини ин боғ ҳам ба 99 фисади мусалмонони кишвар шомил бошанд, пас чӣ гуна виҷдони мусалмониашон иҷоза додааст намозро баробари сигору шароб мамнӯъ донанд? Дар ҳоле хондани намозро дар чунин ҷойҳо қонун манъ кардааст, ингуна навиштаро, ки таҳқир ба ислому мусалмонҳои Тоҷикистон мебошад, навиштанаш шарт аст?

Вазирону раисон ҳама дар масҷиди марказӣ

Аз "Боғи пойтахт" ба масҷиди марказӣ ба номи Имом Тирмизӣ омадам. Баъди хондани он навишта худамро хеле таҳқиршудаву нотавон ҳис мекардам. Охир, намоз - яке аз фарзҳои муҳими Худо дар баробари шаробу сигор ҳукм мешавад, мо бошем хомӯшем. Ин гуна бархурди носолим метавонад ба ақидаву афкори насли ҷавон, ки бештарашон  аз муқаддасоти ислом бохабаранд, таъсири манфӣ расонад. Ба эҳсосоти мардуми мусалмон бозӣ кардан, пайомади нохуш дорад.
Бо ҳамингуна афкору андеша ҳангоми ворид шудан ба масҷид гумон кардам, ки қиёмат қоим шудааст.  Вазирону раисон ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар дар масҷид ҳузур доштанд. Бо дидани ин манзара худ ба худ суол мекардам,  ки охир офтоб аз тарафи қибла набаромадааст ку?! Ба ҳар сурат хеле хурсанд будам, ки "намояндаҳо", "вазирон", умуман "ғамхорҳо"-и миллат дар рӯзи ҷумъа дар масҷид ҳамроҳи ҳамватанонашон намоз мегузоранд. Вале боз андешидам, ки охир, мо  99 фоиз мусалмонем ва роҳбарони мо ҳам яке аз ҳамин  99 фисад мусалмонон зода шудаанд. Аммо ин хурсандии ман дер давом накард. Ин ходимони миллат ба хотири фавти фарзанди муовини раиси Ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон Ғаюр Сафаров ҷамъ шуда будаанд.
Хулас, ин "бузургон" на намози ҷумъа хонданду на намози ҷанозаи майитро. Пас, аз ин хулоса мешавад, ки хондани намоз натанҳо дар боғ, ҳатто барои баъзеҳо дар масҷид ҳам мамнӯъ аст. Вақте як ходими миллат ҳамроҳи мардуми мусалмонаш намоз намехонад,  ӯ қодир ба ҳамагуна шиору қонунҳои зиддиисломӣ баровардан ҷуръат пайдо мекунад. Муфтии як миллат ҳамаи инро дида хомуш меистад ва боз сӯи онҳо даст дароз карда, лабханд мезанад.

Дин омили ақибмондагӣ  нест!

Манъи пӯшиши исломӣ барои занону духтарон дар донишгоҳу корҳонаҳо, иҷоза надодани ҷавонон то сини ҳаждаҳсолагӣ ба масҷид, фишорҳо болои руҳониёни кишвар ва чандин амалҳои дигарро ба он хотир амалӣ мекунанд, ки гӯё дин боиси ақибмонӣ шуда, ҷомеаро аз рушд кардан бозмедорад. Вале ин комилан андешаи ғалат  аст. Дини муқаддаси ислом дар ҳеч асру замон боиси ақибмондагӣ набуда, балки пайравонашро ба сӯи рушду пешрафт таҳрик медиҳад. Баръакс худоношиносиву қадр накардани арзишҳои дини муқаддаси ислом ҷомеаро ба сӯи фасоду ифлосиҳо бурда, кишварро ба як ботлоқи пур аз ахлоти ҳайвонӣ табдил медиҳад. Гарчанде дар ин баҳс мисолҳои зиёде мавҷуд аст, аммо мехоҳам ба як нукта ишора намоем. Равандҳои сиёсӣ ва геопалитикӣ дар ҷаҳони имрӯз нишон медиҳад, ки хоҳ-нохоҳ бештари тамаддунҳо ҷои худро бо дини муқаддаси Ислом иваз мекунанд.

"Аз фасоди асри нав ҳушёр бош"

Ҷаҳони имрӯз бо суръат пеш меравад. Новобаста аз он ки имрзӯҳо бештари кишварҳо аз раванди ҷаҳонишавӣ ҳарф мезананд, аммо онҳо ақида, миллат, дин, мазҳаб ва арзишҳои муқаддаси худро дар ҷои аввал мегузоранд. Барои ҳифзи ин арзишҳо аз  ҳама роҳҳо истифода мекунанд. Пас, эй насли ҷавони мо ҳам бояд ҳушёр ва огоҳ бошанд.  Ин насиҳатномаи Муҳаммадиқболро хуб дар ёд гиранд:

Ҷавононро бадомӯз аст ин аср,
Шаби иблисро рӯз аст ин аср.
Ба домонаш мисоли шӯъла печем,
Ки бе нур асту бе сӯз аст ин аст.
Аз фасоди асри нав ҳушёр бош,
Роҳ фитад эй роҳрав ҳушёр бош.


На кофиру на мусалмон

Одаме, ки бо забон бигӯяд "ман мусалмонам", аммо амалҳои ғайриисломиро анҷом бидиҳад, шиорҳои зиддиисломиро тарафдор бошад, вақте Пайёмбарашро таҳвин кунанд хомӯш бошад, фарзандашро аз масҷид рафтан боз доранду ҷонибдорӣ кунад, Пайёмбари ислом (с.а.в) мунофиқ гуфтааст. Мунофиқ яъне, на кофири мутлақ, на мусалмони тамом. Аз ҳардуи инҳо ҳам бадтар. Қавме, ки мубталои мунофиқӣ шуд, Худованд ҳеч гоҳ ба ин қавм нусрату пирӯзӣ намедиҳад.  Оё амалҳои мардуми мо, ки 99 фоизашонро мусалмонҳо ташкил медиҳанд, ба ҳамин монанд нест?
Албатта, мо бо ин суханамон гуфтанӣ нестем, ки ин 99 фоиз мусалмони мунофиқ аст, балки дар байни ин 99 фоиз мусалмонон гурӯҳе аз мунофиқон зиндагӣ мекунанд, ки шинохтанашон хеле мушкил аст. Ва дар байни ин гурӯҳ руҳониёну уламои силомӣ низ вуҷуд доранд.
Дар охир ҳамчун шаҳрванди мусалмони Тоҷикистон  аз кормандон ва масъулони боғ  эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки навиштаи "хондани намоз мамнӯъ аст"-ро, ки дар даромадгоҳи боғи пойтахт овезон аст,  гиранд. Ва ё онро бо забони англисӣ низ тарҷума кунанд, то ягон амрикоиву аврупоии мусалмоншуда нохост дар боғ намоз гузораду ҷарима шавад, ин ҳодиса қиссаи мусалмонии тоҷиконро ба арсаи ҷаҳон мебарад.

Далер ШАРИФОВ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • mahmud

  • 11 ноябр 2014 13:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ФАРИН ДАЛЕРИ ШАРИФ, ШУМО ХАМ ДАЛЕР ХАСТЕДУ ХАМ ШАРИФ, МАН АЗ ХУДОИ ХУД ИЛТИЧО МЕНАМОЯМ КИ ДАЛЕРИЮ ШАРИФИИ ШУМОРО АФЗУН ГАРДОНАД ВА ХАМЧУНИН САФФИ ШУМО БАРИНХОРО... АГАР МО БАРОИ ХИФЗИ ДИНУ ОЙИНИ ХУД ХОЛИСОНА КАДАМ МЕБАРДОРЕМ ПАС ЯКИН ДОШТА БОШЕМ КИ ХУДОИ МО МОРО ДАР ХАРДУ ОЛАМ КОМЁБ У САРФАРОЗ МЕГАРДОНАД.
ОЗОДАГОН НАШР КУН

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!