Бахшҳо
29 сен 2012 03:56Сиёсат

Аз Президент "метарсанд" ё метарсонанд?

Ё чаро бо наздик шудани интихоботи президентии  соли 2013  ҳизбҳои сиёсии мухолифи кишвар номзадҳои худро ба таври мушаххас эълон намекунанд?

Бо наздик шудани ин маъракаи мҳими сиёсии кишвар, яъне интихоботи президентӣ дар соли 2013 дар доираи коршиносону таҳлилгарон  сару садоҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Аксарияти ҳизбҳои сиёсии мухолифи кишвар ва созмонҳои навпайдо дар соли 2013  хостори интихоботи шаффоф ва ислоҳоти ҷиддии интихоботӣ ҳастанд, вале аз пешниҳоди номзади мушаххас дар ин маърака ҳамагон худдорӣ мекунанд.  

Коршиносони масоили сиёсӣ бар инанд, ки интихоботи соли 2013 хеле пуршиддат ва серрақобат хоҳад гузашт. Зеро ҳамагон аз якранг  шакл гирифтани маъракаи сиёсии интихоботии кишвар аллакай дилбазан гардидаанд. Фазои соли 2006  аз  шароити имрӯз аз замин то осмон фарқ хохад кард, таъкид мекунанд коршиносон. Маҳз махсус барои  интихоботи соли 2013 ду созмони навпайдо ба монанди "Ҷунбиши миллӣ" дар шабакаи иҷтимоии фейсбук ва  "Гурухи 24" дар шаҳри Маскав пайдо шудаанд ва ҳамчунин дигар шахсиятҳое ҳастанд, ки онҳо ба таври ғайричашмдошт метавонанд номҳои худро гайримунтазира новобаста аз хостаҳои ҳукумат эълон кунанд.
Ҳатто Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ низ мегӯяд, ки дар бораи пешниҳоди  номзади арзанда дар ин маърака сухан гуфтан ҳанӯз хеле барвақт аст.    

Ба гуфтаи коршиносн эҳтимол баъзе аз онҳо ё аз фишор метарсанд ва ё онҳоро метарсонанд. Пас, мо мунтазир хоҳем шуд, ки аввалин шуда номзади арзандаи худро ба ин мақом кӣ, расман эълон хоҳад кард.  

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ мегӯяд, мо номзади худро албатта пешниҳод мекунем. Мо пеш аз ҳама ҷонибдори номзади ягона аз нерӯҳои опозисионӣ ба ҳастем. Мо на танҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ номзади арзандаро ба мақоми президентӣ пешниҳод мекунем, балки дар мавриди пайдо шудани нафаре аз ҷомеаи шаҳрвандӣ низ шубҳа надорем. Мо нақша дорем, чунин номзадро пайдо карда, дар атрофи он муттаҳид гардем. Агар мо дар интихоби он мушкилӣ кашем, албатта дар он вақт мо номзади худро ба таври расмӣ аз худи ҳизб пешниҳод мекунем:

- Исми номзади худамонро ман қаблан гуфта наметавонам, зеро ин масъала бояд дар  Анчумани Ҳизб ҳал шавад. Номзади мо моҳи сентябри соли 2013 интихоб мешавад ва аз эҳтимол берун нест, ки ин номзад номзадии ман бошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки ба ҷуз ман дигар касе наметавонад номзадиашро пешниҳод кунад. Агар номи ман барои курсии президентӣ дар соли 2013 ба таври дақиқ пешниҳод гардад, ҳеч гоҳ ақибнишинӣ намекунам. Ин мавқеъи мушахасси ман аст, ки ин даъфа дар рақобат бо Раҳмон истодагарӣ мекунам ва рӯи рост ҳам мегӯям, ки ҳеч тарсе  надорам.

Раҳматилло Зойиров мегӯяд, дар интихоботи президентии соли оянда Эмомалӣ Раҳмон ба рақобати шадид дучор хоҳад шуд.
Аксарияти аҳзоби мухолиф сабаби пинҳон нигоҳ доштани номзадҳои эҳтимолии худро дар интихоботи президентӣ дар соли оянда танҳо ба муво?еҳ шудан ба фишороварӣ ва таъқиб марбут медонанд.

Новобаста ба ин, коршиносони масоили сиёсӣ баронанд, кибо фишор аз мухолифат ва рақобати сиёсӣ ҳукумат зиёд коргирифта наметавонад. Фишор ва таъқиб наметавонанд нати?аи зарурии ба даст овардани ҳукумат бошад. Ҳукуматро ба дастовардан кори хеле осон ва мумкин, аммо нигоҳдоштани он масъалаи тамоман дигар аст, мегуянд коршиносон.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)