Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:55

SOS: Заминҳои обӣ дар Мӯъминобод ба лалмӣ мубаддал шуда истодаанд

30 июн 2011, 07:33

Кишоварзони ноҳияи Мӯъминобод соли равон дар майдони 550-гектар кишти картошкаро ба роҳ монданд.


Дар ин бора Тоҳир Амиршоев, муовини аввали раиси ноҳия хабар дод. Бино ба иттилоъ, солҳои пеш дар ҳудуди ноҳия майдони хеле ками замин барои ин намуди зироат ба кор бурда мешуд. «Имсол бошад сокинони ноҳия аз супориш ва пешниҳоди президент дар мавриди зиёд намудани майдони картошкапарварӣ  рўҳ гирифта, сидқан аз он дастгирӣ намуданд», мегўяд Амиршоев. Гузашта аз ин, ба қавли муовини раис, зиёда аз 240-гектар замине, ки обӣ ба қайд гирифта шудаву дар асл тӯли беш аз 20-сол буд, ки беоб монда буд, бо ташаббуси ҳукумати маҳаллӣ  ва раиси вилояти Хатлон Ғайбуллоҳ Афзалов, аз сари нав барқарор гаштаву мавриди истифодаи деҳқонон қарор гирифт.

Аммо сокинони ҷамоати Деҳи Баланд, ки ба қавли ҹаноби Амиршоев заминҳояшон сероб гардида буданд, ин хабари масъули ҳукуматро ба якбор рад мекунанд. Қувватхон Амирмаҳмадов, Сайфуллоҳ Нуров, Сафар Давлатов, сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ  аз ҳамин ҷамоат ба хабарнигори «Озодагон» гуфтанд, ки аз аввали мавсими кишт то ба имрўз ҳамагй 1-маротиба маҳсулоти шинондаашонро об додаанду бас. «Акнун мавсими гулмонии картошка расидаст, агар ҳамин тарзи обдиҳӣ бошад, бешак маҳсулотамон ҳамагӣ барбод меравад».

Дар ҳамин ҳол, Сайфиддин Бозоров, сардори идораи хоҹагии оби ноҳия гуфт,  обтаъминкунӣ  барои кишоварзони ин ҷамоат хеле мушкил аст.  Зеро тайи 20-сол мешавад, ки системаи обтаъминкунии  ин ҷо аз фаъолият бозмонда буд. Тӯли ин муддат қубурҳои обгузар пўсидаву корношоям гаштаанд. Ҳарчанд беш аз 300-метри онро иваз кардаву инчунин қисмати зиёдеро таъмир карда бошем ҳам, ҳамоно ин мушкил ҳалли худро наёфтааст». Ба гуфтаи ин мутахассис, барои пурра обёрӣ  намудани заминҳои кишти дар гузашта обиву ҳамакнун лалмигашта, зарур аст, то беш 4-ҳазор метр қубури ҳаҷми калонро иваз кард, ки мутаасифона қудрати буҷаи маҳаллӣ ва вилоят намерасад ва гумон аст, ки ҳукумати марказӣ ҳам аз он дастгирӣ намояд.

Аммо агарчӣ ин мушкил то ҳол идома дошта бошад ҳам, вале он барои деҳқони бечора малҳам гашта наметавонад. Зеро 10-гектар заминҳои картошкакоридаи эшонро хатари хароб гаштан таҳдид мекунад. Ҳарчанд муовини аввали раиси ноҳия ҷаноби Амиршоев, ки воқеан ба иқрори хоҷагидорон, деҳқононро маҹбур кардааст то кишти картошка кунанд, аз кисаи шахсиаш дираме сарф накардааст, аммо кишоварзон ҳазорон сомонй қарз гирифтаву бо умеди рўёндани ҳосили хуб, сари замини кишт задаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!