Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:05

Тағйири қонуни интихоботро зарур мешуморед?

29 сентябр 2012, 04:02

Қонуни интихоботро бояд мутобиқи замон кард чун замона дар ҳоли дигаршавист ва шароити кишвар ҳам иваз мегардад.

Сайфулло САФАРОВ, муовини директори МТС

Не ҳозир вақт барои баҳс дигар кам мондааст. Боз як баҳси дигари сиёсатзада баъди Бадахшон ҷомеаро ба бесуботӣ мекашонад. Ин баҳс аз ҷониби қувваҳои муайян истифода мешавад ва раванди худи интихоботро, ки барои ҳама фаҳмо аст мушкилтар мегардонад.Чунин пешниҳодҳо пештар ҳам буданд ва ин ба натиҷаҳои интихобот таъсири зиёд расонида наметавонад.Дар ҳама интихоботҳо намояндагони аҳзоби сиёсӣ назорат мебурданд ва ҳеч бадие надорад агар дар комиссияҳои ҳавзавӣ ҳам бошанд. Чун боварии онҳо ба натиҷаҳои интихобот бештар мешавад, ки ин худ як омили суботи ҷомеа аст. Яъне ин пешниҳодҳо ҳеч бадие надоранд.Фақат мо ҳар қадар раванди интихоботиро сабуктар ва шаффофтар гардонем ҳамон қадар иштироки фаъолонаи мардумро дар интихобот ба сифати интихобшаванда ва интихобкунанда таъмин менамоем.

Раҳматулло ВАЛИЕВ, роҳбари созмони "Рушди ҷомеа"

Тағйиру илова дар Қонуни интихоботи президентиро ҳатмӣ мешуморам. Зеро яке аз асосҳои аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла Ҳизби демократи Тоҷикистон дар соли 2006 байкот эълон шудани интихоботи президентӣ мувофиқ набудани Қонуни интихоботи ҶТ ба стандартҳои байналмиллалӣ буд. Фикр мекунам, то интихоботи президентии Тоҷикистон, ки соли 2013 баргузор мегардад, бояд ба қонуни интихобот тағйиру иловаҳо ворид гардад ва ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ бошад. Пеш аз ҳама он бандҳои қонун ба назари ман бояд иваз шавад, ки шаффофияти баргузории интихоботи президентиро таъмин мекунад. Комиссияи интихоботи ҳавзавиву участкавӣ бояд бо иштироки нозирони дигар аҳзоби сиёсӣ ташкил шаванд. Дуюм, бояд нозирон аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ иштирок кунанд. Сеюм, протоколи участкаи интихоботӣ баъди натиҷагирии интихобот аз тарафи участкаҳои интихоботӣ ба намояндагони аҳзоби сиёсӣ дода шавад, ки имзои тамоми аъзои комиссия ва раисро бо мӯҳр дошта бошад. Лолақал ҳамин кор сурат гирад, ки қисман шаффофияти интихоботи президентӣ таъмин гардад. Ду дафъа лоиҳаи қонуни интихобот бо тағйиру иловаҳо пешниҳод шуд, аммо қабул нагашт ва ин навбат ҳам агар қабул нашавад, ба фикри ман ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯза қонунгузорони Тоҷикистон, ки дар Парлумон нишастаанд ва аксарашон аъзои ҳизби ҳокиманд, ҷонибдори шаффоф ва демократӣ гузаштани интихобот нестанд. Агар қабул шавад, баръакс ҷонибдори шаффоф баргузор шудани интихобот ҳастанд.

Бузургмеҳр ЁРОВ, узви Кумитаи тадорукоти ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи президентӣ

Дар Консорсиуми юрдикӣ як ҷаласа баргузор шуда буд, ки дар он аъзои баъзе аҳзоби сиёсӣ ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ширкат доштанд. Мо Қонуни интихоботи президентиро мавриди омӯзиш қарор додем. Аз сабаби он ки аз қабули ин қонун 18 сол гузаштааст ва то ин давра дар ҷомеа тағйиротҳои демократӣ рух додааст, имрӯз зарурати ворид кардани тағйироту иловаҳо ба ин қонун ба миён омадааст. Таҷрибаи интихоботҳои гузашта нишон медиҳад, ки чӣ гуна овоздуздӣ, қонуншиканӣ, сарфи назар кардани шикоятҳо сурат мегирад. Аз ин нуқтаи назар яке аз пешниҳод ин аст, ки агар дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ як нафар аъзои ҳизбҳои сиёсӣ бошад, фаъолияти он шаффоф хоҳад шуд. Ҳамчунин ба назари ман Иттифоқи касабаи Тоҷикистон имконияти пешниҳоди номзад ба интихоботи президентиро доранд. Агар ҳамин тавр бошад, пас намояндаи онҳо ҳам дар комиссия бошад. Инчунин пешниҳод шуд, ки монеаи 5 фоиза барои пешниҳоди номзад ба 2% кам карда шавад. Ҳамчунин дар рафти овоздиҳи сохтакориҳо бисёр аст ва дар ин сурат бояд нозирони аҳзоби сиёсӣ иштирок кунанд, дар протокол имзои онҳо бошад ва нусхаи протокол ҳамон замон ба онҳо дода шавад. Мақсад ҳамин аст, ки интихоботҳо шаффофу демократӣ гузаранд, мардум ба сохтакориҳо камтар мувоҷеҳ гарданд ва фаъолона ширкат кунанд.  

Маҳмадалӣ ҲАЙИТ, муовини раиси ҲНИТ

Аслан қонун бояд догма, яъне як чизи шахшуда набошад ва ҳамеша бояд ба қонун тағйироту иловаҳо ваорид карда шавад. Вақте, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёд ва демократӣ худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардан мехоҳад, бояд мо пайгири ҳамин ҷомеа будан бошем. Мутаассифона, то ба имрӯз бо вуҷуди он ки қонунҳои зиёде  қабул шудаанд, аммо дар асл амал намекунанд. Ҳама коре, ки дар Тоҷикистон сурат мегирад, ба шакли дастурӣ аз тарафи ҳокимияти марказӣ сурат мегирад ва ҳамагон огоҳанд, ки аз соли 1994 то ба имрӯз ягон интихоботи баргузоршуда ба ягон меъёрҳои демократӣ ва байналмиллалӣ оид ба интихобот мувофиқат накарданд ва ҳатто ба қонунҳое, ки дар Тоҷикистон қабул шуда буд, хилоф доштанд. Агар ин интихобот иншооллоҳ ба хубӣ гузарад, бояд дар оянда дар фикри таҳия намудани Кодекси умумиинтихоботӣ бошем. Яъне, кодекс барои ҳамаи зинаҳои интихоботӣ. Имрӯз барои Шӯрои ҷамоъатҳо як қонун ҳаст, барои маҷлисҳои маҳаллӣ қонуни дигар, барои Шӯрои олӣ қонунӣ дигар ва ҳамчунон барои интихоботи президенти қонуни дигар аст. Қонуни интихоботи президентӣ соли 1994 қабул шудаву ду дафъа тағйирот ворид карда шудааст ва ин қонун хеле камбудиҳои ҷиддӣ дорад. Ба хусус баргузории интихобот ба дӯши дигар мақомот аст, ҳарчанде, ки Комиссияи марказии интихобот фаъолият дорад, вале мо медонем, ки ин комиссия сарсупурдаи ин ҳукумат аст ва танҳо бо дастури ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ фаъолият мекунад. Барои ба таври озоду шаффоф ва демократӣ баргузор шудани интихоботи қарибулвуқуи президентӣ бояд як силсила тағйироту иловаҳо ба Қонуни интихоботи президентӣ ворид гардад. Дуруст аст, ки дар Парлумон аксари вакилон аъзои Ҳихби халқӣ-демократиянд ва ҳар қонуне, ки пешниҳод мегардад, агар онҳо ҷонибдорӣ накунанд, намегузарад. Бинобар ин баъзе радду бадалҳо арзи ҳастӣ кардаанд. Ахиран як нишасте бо ширкати аҳзоби сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон баргузор гашт, ҳарчанд баргузории ин нишастро мақомот намехостанд ва дар се макон баргузории онро манъ карданд. Дар бинои Консорсиуми юрдикии Тоҷикистон ин нишаст баргузор шуд ва намояндагони аҳзоби сиёсиву созмонҳои ҷамъиятӣ ба хулосае омаданд, ки бояд ба Қонуни интихоботи президентӣ тағироту иловаҳои муҳимтарин ворид шавад. Аз ҳама асос, дар моддаи 13 бояд дар ҳайати комиссия намояндагии баробар аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ бояд ширкат кунанд. Ҳамчунин дар мавриди ҷамъоварии овозҳо ба пуштибонӣ аз номзади пешбаришуда дар қонуни феълӣ пешбинӣ шудааст, ки номзад бояд 5 % овоз ҷамъоварӣ кунад. Вале, дар шароити кунунӣ, хусусан баъди интихоботи президентии 1999 ва 2006 ба ҳама маълум аст, ки мақомоти ҳокимият дар ҷамъоварии имзоҳо ба шахсиятҳои ғайриҳукуматӣ монеаҳои зиёде эҷод карда буданд ва дар оянда ҳам эҷод хоҳанд кард. Бинобар ин пешниҳод мешавад, ки барои ҷамъоварии овоз 2% муайян карда шавад. Ва ҳамчунин пешниҳод шуд, ки протоколҳои интихоботӣ дар ду нусха тартиб дода мешавад ва нусхаҳо аз тарафи ҳама аъзои комиссия имзо шуда, нусхаи якум ба комиссияи ҳавзавӣ ирсол шуда, нусхаи дуввум дарҳол ба девор овехта шавад ва нозирони аҳзоб ҳаққи нусхабардорӣ аз ин протоколро дошта бошанд. Фикр мекунам бо қабули қонуни нав интихобот то андозае шаффофу демократӣ мегузарад, агар ба шарте иродаи сиёсӣ дар ҳукуматдорон вуҷуд дошта бошад. Аз интихоботҳои гузашта ёд дорем, ки созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди аврупо, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Парлумони Аврупо ва дигар созмонҳо интихоботи Тоҷикистонро ғайридемократӣ ва ношаффоф гуфтаанд. Ҳастанд созмонҳое ба мисли Созмони ҳамкории Шанхай ва ИДМ ва рақсу суруду бозӣ мекунанду мераванд ва изҳор медоранд, ки интихобот дар Тоҷикистон озод гузашт. Барои он ин корро анҷом медиҳанд, ки манфиат доранд. Чунки интихоботи онҳо ҳам ҳамонанди интихоботҳои Тоҷикистон мегузарад, ҳарчанде дар Қирғизистон ва баъзан дар Қазоқистон интихоботҳо шаффоф доир мешаванд. Ҳукуматдорони Тоҷикистон бояд кӯшиш кунанд, ки ба як чунин дурӯғу фиреб роҳ надиҳанд. Вале агар бо чунин  роҳ равем мо ба ҷое намерасем ва аз ин ҷомеаи Тоҷикистон, мардум ва дар оянда давлатдории тоҷикон зарар мебинад.

Исмоил ТАЛБАКОВ, муовини раиси ҲКТ

Қонунҳои қабулшуда дар раванди демократикунонии ҷомеа тағйир ва такмил меёбад. Барои ҳамин ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихобот талаби замон аст. Вале бояд мушаххас кард, ки чӣ гуна тағйирот ворид карда шавад. Ҳизби сотсиал демократии  Тоҷикистон ба мо низ даъватнома ирсол карда буд то дар нишасте оид ба ин мавзуъ ширкат кунем, вале пеш аз чорабинӣ мақсаду маром ва нақшаи онҳо муайян набуд. Дар вақти даъват чунин муқаррарот нишон дода нашуда буд ва аз ин сабаб мо иштирок накардем. Як сабаби ширкат карда натавонистани мо ин буд, ки аз 10-то 20-уми сентябр дар вилояти Суғд бо интихобкунандагон вохӯрӣ доштем. Сабаби дигари ширкат накардани мо ин буд, ки вохурӣ дар хонаи Раҳматилло Зоиров мегузаштааст. Ин ҷо дӯкони хусусӣ нест, ки гузаронидани чорабиниҳоро ҳар кас дар хонаи худ ва ба фикри худ гузаронидан гирад. Аз ҳамин нуқтаи назар мо зарур нашуморидем, ки дар ин нишаст иштирок кунем. Аз сӯи дигар бино бар сабаби он ки ҳадафҳои ҳизби мо нисбат ба Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби демократ фарқ мекунад, дар ҳалли ин ё он масъала берозигии ташкилоти ибтидоӣ, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳо дорем, бо ин ҳизбҳо ба ягон созиш омада ё ширкат карда наметавонем. Барномаҳоямон дар аксар ҳолат мухолиф аст. Дар сурати зарурат раёсати Ҳизби коммунист масъаларо баррасӣ мекунад ва агар розӣ шавад, мо имкон дорем, ки дар Кумитаи тадорукоти ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихобот ширкат кунем. 

Парвиз МУЛЛОҶОНОВ, сиёсатшинос

Қонуни интихоботро бояд мутобиқи замон кард чун замона дар ҳоли дигаршавист ва шароити кишвар ҳам иваз мегардад. Аз ин рӯ барои ҳар кишваре ҳар 5 - 10 сол тағиру иловаҳо ворид кардан зарур аст. Албатта ингуна тағиру иловаҳо баъди таҳлилу баррасиҳои ҷамъиятӣ дар чорчӯбаи нишастҳои коршиносон бояд эҷод кард. Бояд дар моноторинги ҷарёни интихобот намояндагони аҳзоб ва муассисаҳои ҷамъиятӣ ширкат карда тавонанд. Ҷиҳати таъмини шаффофияти ҷараёни интихобот ворид кардани механизмҳо ва таҷоруби ҳозиразамон метавон истифода бурд. Ҷорӣ кардани камераву видио дар вақти интихобот ва ҳар имконоту механизмҳое, ки барои таъмини шаффофият зарур аст, бояд истифода бурд.

Файзинисо ВОҲИДОВА, ҳуқуқшинос

Чи тавре барои ҳамаи мо маълум аст қонуни конститутсионии Тоҷикистон дар бораи интихоботи президентӣ дар авохири соли 1990 қабул гардида ва имрӯз ба талаботи ҷаҳони замонавӣ мутобиқат намекунад. Чанд соли ахир аҳзоби сиёсӣ кӯшиш доранд, то ба ин қонун тағиру иловаҳо бо назардошти талаботи замон ворид гардад, аммо талошҳои онҳо ягон натиҷае надода истодаанд ва имрӯз Консорсиюми юридикии Тоҷикистон тасмим гирифтааст то як гурӯҳи корӣ ташкил намуда дар хусуси ворид намудани тағиру иловаҳо ба ин қонун амал намоянд. Қонуни имрӯзаи интихобот аз замони қабул ҷавобгӯи сарқонуну дигар меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар робита бо гузаронидани интихобот набуд, вале бо дар назардошти он ки охири солҳои 1990 ва авоили солҳои 2000 ҷомеа он қадар фаъол набуд ва дар маъракаҳои интихоботӣ онҳо бепарвоӣ зоҳир менамуданду маърифати сиёсии мардум паст буд, ба ин чиз эътибор намедоданд. Акнун бо гузашти 10 солаҳо аллакай чӣ мардуму чӣ ҷомеа тараққӣ кардааст ва ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон он ҷомеаи солҳои 1990 - ум нест. Бинобарин ҳатман бояд ба ин қонун тағиру иловаҳо ворид намуда ҳуқуқи ҳам раъйдиҳандагон ва ҳам шахсоне, ки хоҳиши пешниҳод намудани номзадии худро доранд, бояд барқарор карда шавад, зеро ҳозира қонуни амалкунанда иштироки аҳзоби сиёсӣ ва комиссияҳои назоратиро маҳдуд кардааст. Ба ҳамин хотир ба ин қонун ё бояд тағиру иловаҳо ворид гардад ё пурра қонуни дар таҳияи нав ба табъ расад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!