Бахшҳо
29 сен 2012 05:30Сиёсат

"Ҳомиёни демократия" ба арзишҳои мусулмонон арҷ намегузоранд

Таҳияи филми тавҳиномезе нисбат ба паёмбари ислом бо номи "Бегуноҳии мусулмонон" хашми мусулмононро овард ва дар бисёре аз кишварҳо мардуми мусулмон даст ба эътирози дастаҷамъона заданд. Дар пайи ин ҳодисаҳо сафири Амрико ва се дипломати дигари амрикоӣ дар шаҳри Бенғозии Либия кушта шудаанд.

Дар Миср, Яман, Эрон ва якчанд кишвари дигар мусулмонон эътирози дастаҷамъона карданд. Баъди пахши филм дар шабакаи интернет ҳамзамон як маҷаллаи фаронсавӣ низ карикатураи масхараомезе нашр карда,  ба тавҳини ҳазрати Муҳаммад (с) пардохтааст.  
Дар ҳамин ҳол Ҳилари Клинтон, вазири корҳои хориҷаи Амрико ин филмро, ки боиси эътирозҳо шудаааст, шармовар хонда, гуфтааст, аз назари Амрико паёми филм ва муҳтавои он комилан мардуд аст, аммо ин филм ба ҳеч ваҷҳ баҳонае барои тавҷеҳи хушунат нест.

"Ҳомиёни демократия" хилофкорро пуштибонӣ мекунанд?

Дар сурате, ки дар ин филм як қисми аъзами мардуми сайёра ва муқаддасоту арзишҳои онҳо тавҳину таҳқир шудааст ва таҳиякунандаи он дар Амрико сукунат дорад, мақомоти амрикоӣ ба ҷои он ки ӯро боздошт ва муҷозот кунанд, баръакс бо ин суханони тундравона тундравиро афзоиш дода истодаанд. Дар ҳоле, ки омили аслии ин моҷароҳо ё эътирози мусулмонон ҳамин таҳиякунандаи филм аст,  ба назар чунин мерасад, ки "ҳомиёни демократия" бар ивази он ки ба эътиқодоти динии дигарон эҳтиром қоил  шаванд,  баръакс ба арзишҳои динии мардум ҳеч арҷе намегузоранд. Зеро маҳз амрикоиҳо буданд, ки чанде қабл дар Амрико ва ҳамчунин дар Афғонистон даст ба Қуръонсӯзӣ заданд ва ҳамакнун ба тавҳину иҳонати паёмбари ислом пардохтаанд ва боз намояндагони мақомоти Амрико забондарозӣ мекунанд, ки инҳо ҳеч баҳонае барои тавҷеҳи хушунат нест.

Валекин президенти ҷумҳурии исломии Эрон Маҳмуд Аҳмади Нажод дар сӯҳбати худ дар телевизиони Си-эн-эн гуфт, ки тундравӣ сабаби зоиши бештари тундравҳо мешавад. Чун тундравиро таҳиякунандаи филм оғоз кардааст. ӯ изҳор дошт, ҳар ҳаракати таҳрикомезе, ки тафаккуроти мазҳабӣ ва хотири мардумро озурда кунад, аз назари ӯ маҳкум аст. Ба назари ӯ масоиле ба ин монанд бояд дар шароити инсонӣ ҳаллу фасл шавад.  

Пан Ки Мун: Ҳадафи филм пошидани базри нифоқу хунрезист

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ки Мун муҳтавои филми зиддиисломии "Бегуноҳии мусулмонон"-ро ҳамроҳ бо хушунат дар тазоҳуроти эътирозӣ маҳкум кардааст аммо гуфтааст, ин филми нафратбарангез амдан дар садади пошидани базри нифоқ ва хунрезӣ дар миёни мардум аст.
Раиси Академияи исломии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Зубайдуллоҳи Розиқ бар ин назар аст, ки чунин дасиса ва ба хашм овардани мусулмонон ин кори як ё ду шахс набуда, балки як сиёсати тарҳрезишудаест, ки махсус амалӣ мекунанд. Ҳадаф аз ин амалҳоро Зубайдуллоҳи Розиқ дар афзоиши нуфузу обруи дини ислом дар Ғарб медонад, ки ба қавле истикбори ҷаҳонӣ, ки намехоҳад дунё аз чанголаш раҳо шавад,  аз ин ҷиҳат талхакаф шудааст ва мехоҳад ба пояи ислом зарба зада, номи исломро бад кунад. Вале бо ин вуҷуд ба гуфтаи ӯ дар Ғарб гароиш ба ислом зиёд шудааст ва аллакай аксарияти мардум медонанд, ки наҷоти онҳо дар ислом аст.
Номи мусулмонҳоро бад мекунанд

Дар ҳамин ҳол ба андешаи бархе аз коршиносон ҳадафи аслии ин филмсозиҳо бад кардани номи мусулмонон аст. Саидюнуси Истаравшанӣ, донишманди исломӣ дар ин бора чунин гуфт: "Мусулмонон бо кадом ангеза ва ҳадаф ба ин кор иқдом кардаанд, ба назари ман, ҳадаф ин аст, ки то мусалмонон таҳрик шуда ва даст ба аъмоле хушунатомез, мисли ҳамин ки дар Бенғозии Либӣ шоҳид будем, бизананд ва он гоҳ бори дигар дар зеҳни ҷаҳониён, бавижа ғарбиён, чеҳрае комилан хашин аз ислому мусалмонон тарсим гардад, мисли ҳамон ки пас аз ҳаводиси 11 сентябр дар Ғарб бавижа дар Амрико сурат гирифт. Хушбахтона, ба майманати "баҳори арабӣ" ва ё бедории исломӣ, ғарбиён ба аён диданд, ки мусалмонон ва бахусус исломгароён, чунон ҳам набудаанд, ки аз онҳо дар тӯли як даҳа дар зеҳнҳои мағрибзаминиён тасвир мегардид, балки афроде мутамаддин ва арҷгузор ба арзишҳои демократӣ ҳастанд ва бо инқилобҳои комилан мардумӣ ва ба дур аз хушунату хунрезӣ, тавонистанд диктотурҳои вобаста ва ғайримардумиро сарнагун ва ба ҷои он, ҳукуматҳои мардумӣ рӯи кор биёваранд. Баъзеҳо мехоҳанд ҳамин фазои матлубро баҳам резанд. Яке аз аҳдофи сохт ва пахши ин филм, ба назари ман, ҳамин аст".

Руҳониён ва пайравони ислом бар ин назаранд, ки дар муқобили ин гуна беэҳтиромиҳо мусулмонон бояд вокуниш нишон диҳанд. Аммо дар мавриди ба чӣ шакл сурат гирифтани вокуниш назарҳову амалҳо гуногун аст. Дар Миср гурӯҳи Ихвоналмуслимин аз мардум даъват кардаанд, то пас аз адои намози ҷумъа алайҳи ин филми тавҳиномез эътирози дастаҷамъона кунанд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари ҷумҳурии Исломии Эрон хостори маҳкумияти Амрико ва Исроил ба хотири таҳияи ин филм шудааст. Муҳаммад Хотамӣ, раиси ҷумҳурии пешини Эрон ҳам дар номае ба дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ хостори иқдоми воҳиди кишварҳои узв дар ин маврид шудааст.

Ахиран вазири роҳҳои оҳани Покистон Ғулом Аҳмад Билор дар суҳбат бо хабарнигорон эълом кард, ки барои қотили таҳиякунандаи филм аз ҳисоби худ 100 ҳазор доллар ҷоиза хоҳад дод. ӯ ҳамчунин ба созмони "Ал-Қоида" ва "Толибон" муроҷиат карда гуфт, ки барои боздошт ва муҷозоти омили аслии ин моҷароҳо, яъне таҳиякунандаи филми тавҳиномез мусоидат кунанд. Ғулом Аҳмад Билор узви сиёсатмадорони Ҳизби Эй-Эн-Пи (Авоми лиг) аст, ки дар иёлоти Хайбар ҳизби ҳоким аст ва ин ҳизб  бахше аз давлати эътилофии Покистон ба шумор мерафтааст. Аммо мақомоти ин ҳизб гуфтаанд, ки ин изҳорот мавқеи шахсии худи Билор аст ва ба мавқеи ҳизб мувофиқ нест.

Ҳамакнун тибқи иттилои расонаҳо Накуола Басилей Накуола, ки муаллифи филми бофтаи "Бегуноҳии мусулмонон" ба шумор меравад, аз назари мардум пинҳон шудааст.
Коршиносон чунин мешуморанд, ки дар муқобили ин ҳама тавҳин сукут набояд кард, вале суоли матраҳ ин аст, ки бархурди мусулмонҳо чӣ гуна бояд бошад?  
Раиси Академияи исломии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Зубайдуллоҳи Розиқ чунин мешуморад, ки ин гуна тавҳинҳои беасос нисбати Ислому муслимин ва Қуръону Паёмбар (с) солҳои охир зиёд шуда истодааст, вале набояд бархурди мусалмонон дар нисбати ин тавҳинҳо тундгароёна бошад. Ба ақидаи ӯ олами Ғарб ҳолати равонии мусалмононро хуб омӯхтааст ва баъзан ба монанди ин махсус корҳоеро амалӣ мекунад, то мусулмононро ба хашм ораду даст ба тундгароӣ зананд ва аз ин фурсат истифода бурда ғаразҳои шуми хешро пиёда созад. Вай гуфт, ки мусалмонон бояд тамкину виқорро аз даст надиҳанд, зеро ҳарчанд Паёмбар (с)-ро тавҳину иҳонат кунанд ҳам, дигар мақоми ӯро оламиён медонанд. Кӣ будани Муҳаммад (с) ва шахсияти волои ӯ барои ҷаҳониён маълум аст, инчунин пӯшида нест, ки рисолати ӯ барои ҷомеъаи башарӣ чӣ армуғоне овардааст. Ба қавли ӯ мусалмонон беҳтар аст бо роҳҳои муносиб ба шаъни Ислом ва ахлоқи исломӣ ҷавоб гардонанд. Мусалмонон бояд одобу ахлоқи исломии худро ба ин гуна бехирадон нишон диҳанд. Зеро таърихи башарӣ дар гузашта шоҳиди чунин муносиботи бехирадона нисбат ба паёмбарони Худо будааст, вале эшон маъмурияти хешро бидуни мутаассир шудан аз ҷоҳилони рӯзгор анҷом медоданд. "Ба назари мо мусалмонон бояд дар бархӯрд бо ин гуна беадабиҳо аз суннати анбиё пайравӣ намоянд", афзуд ӯ.

Фатвои қатли филмсоз

Дар мавриди ин ки вазири роҳҳои оҳани Покистон барои қотили таҳиякунандаи филм ҷоиза таъин карданаш то куҷо дар шариат дуруст аст, Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, ки чунин фатво ҳаст ва ин амал нисбат ба тазоҳуротҳои тундгароёна, ки боиси кушта шудани одамони бегуноҳ мешавад, беҳтар аст. Зеро дар ин сурат ҷинояткори аслӣ кушта мешавад, вале дар эътирозҳои хушунатомез  имкони кушта шудани афроди бегуноҳ зиёд аст. Ба қавли ӯ дар нисбати касе, ки Худову Паёмбар ва арзишҳои волои исломиро таҳқир мекунад, чунин фатво ҷоиз аст.

Аммо тафсиршинос Ислом Раҳимов ҷонибдори чунин фатвоҳо нест ва мегӯяд, ки хуб мешуд агар вазири роҳҳои оҳани Покистон бар ивази 100 ҳазор доллар ҷоиза таъин кардан барои қатли филмсоз ин маблағро барои омода кардани як филми воқеӣ дар бораи мусулмонон ва дини ислом сарф мекард. Ин филм шояд сабаб мешуд, ки даҳҳо нафар гумроҳу бедин ба ислом гароиш пайдо мекарданд. Ба андешаи ӯ беҳтарин намуна дар синамои исломӣ ин филми Имоми Аъзам ва Ҳазрати Юсуф буд, гарчанде дар ин маврид баъзе ихтилофҳо байни худи мусулмонон вуҷуд дошт. Вай чунин меҳисобад, ки ҳарчанд барои чунин амалҳои номатлуб фатво ҳаст, вале онҳо реша аз асрҳои миёна гирифтаанд ва дар замони имрӯз бо зӯрӣ ҷорӣ кардан ғайриимкон аст. Ё агар фатво ҷорӣ ҳам шавад, аз пушти он фитнаҳои дигар сар заданаш имкон дорад. Вай аз рӯзгори паёмбари ислом мисол меорад, ки як шоири араб дар он замон дар ҳақи ҳазрати Муҳаммад (с) шеърҳои ҳаҷвиву таҳқиромез мегуфт, вале он ҳазрат нисбати ӯ бо эҳтиром ва меҳрубонӣ сухан карданд ва ӯ аз чунин муносибати ҳасанаи паёмбар мутаҳаййир шуд ва ба ислом гаравид ва шоири маъруфи замони худ шуд. Ислом Раҳимов мегӯяд, ки мусулмонон низ бояд аз шеваи рафтори паёмбари ислом пайравӣ кунанд.  

Исфандиёр ХАЛИЛӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)