Муроҷиати раисҷумҳур ба мардуми кишвар барои захираи маҳсулот дар фасли сармо, зоҳиран анъана мешавад. Агар дар солҳои қаблӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздиди худ аз ин ё он минтақаи Тоҷикистон танҳо ба захира кардани орд таъкид мекард, ин дафъа аз сокинони ноҳияи Данғара даъват ба амал овард, ки барои ду сол себу картошка ва ҳамчунин ангишту ҳезум низ захира кунанд.
Раҳмон аз пешгӯйиҳои обуҳавошиносон хотиррасон карда афзуд, ки мардум бояд захираи дусолаи сӯзишворӣ ва озуқаро дошта бошанд. Номбурда ҳамчунин бо ишора ба болоравии қимати озуқа ва сӯзишворӣ дар саросари ҷаҳон таъкид кардааст, ки сокинон бояд ҳар як ваҷаб замини корамро босамар истифода кунанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки ин даъвати нахустини раисҷумҳур барои захираи озуқа ва сӯзишворӣ набуда, ин навбат низ он баҳсҳоеро ба вуҷуд овард. Таҳлилгарон бо таваҷҷӯҳ ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум мегӯянд, ки дар ин шароит чунин як даъвате ба амал овардан мантиқан дуруст нест, зеро бо моҳонаи муаяйнкардаи давлат мардум бо мушкилӣ хонаводаи худро барои як моҳ таъмин мекунад.
Амният Абдулназаров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки ҳукумат ҳуқуқи даъват кардани мардум барои захираи маводи озуқа ва сӯзишвориро надорад. Мардум пайваста ба давлат андоз месупорад. Таъмини мардум бо маҳсулоти аввалин дараҷа ва захираи он барои як муддати муаяйн ин вазифаи ҳукумат аст, на мардум. Ҷаноби Абдулназаров ҳамчунин аз шароити вазнини иҷтимоии мардум зикр карда, мегӯяд, ки ҳоло гурӯҳе аз мардум ҷойи хоб надоранд. Вақте мардум манзили зист надорад, он сӯзишвориву озуқаро дар куҷо нигоҳ медорад: «Ин гуфтаҳои раисҷумҳур аз он далолат медиҳад, ки ҳукумат қудрати таъмин кардани аҳолиро бо маводи ғизоӣ надорад. Ҳукумат то андозае заъф шудааст, ки дигар масъулияти худро ба дӯши мардум вогузор мекунад. Ҳол он, ки таъмини мардум бо шароити беҳтар ва амн ин вазифаи аввалин дараҷаи ҳар ҳукумат мебошад».
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Табаралӣ Ғаниев, таҳлилгарои масоили иқтисодӣ раисҷумҳур бо ин суханонаш мардумро барои ҷамъи пасандоз даъват кардааст. Номбурда бар ин назар аст, ки чунин сухарониҳо ва мулоқоти раисҷумҳур танҳо хусусият ва ҳадафҳои стратегӣ доранд: «Тоҷикистон низоми иқтисоди бозаргонӣ дорад. Он низоми иқтисодии шӯравӣ, ки устувор буд ва маҳсулотро барои чанд сол захира мекард паси сар шуд. Акнун иқтисоди Тоҷикистон вобаста аз кишварҳои дигар низ ҳаст. Аз ин хотир раисҷумҳур мардумро даъват кард, пасандозе барои худ дошта бошанд. То ки дар ҳолатҳои зарурӣ онро истифода кунанд». Вале мутаасифона, мардуми тоҷик тафаккури иқтисоди бозаргонӣ надорад, илова намуд, Табаралӣ Ғаниев.
Номбурда ҳамчунин мегӯяд, ки ин даъвати раисҷумҳурро наметавонад ҳамчун заъфи ҳукмронӣ қабул кунад. Аммо Амният Абдулназаров дар ин маврид назари дигар дорад. Ба бовари номбурда иқтисоди давлат имрӯз на аз ҳисоби ҳадафҳои стратегии раисҷумҳур, балки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ устувор аст. Ҳукумат имрӯз ҳамон андози мардумро самаранок истифода накарда, иқтисоди кишвар низ бо фасод олуда аст. Дар сурати ғайр вазъият то ин ҳад мушкил намегардид, илова кард Амният Абдулназаров.
Паёми раисҷумҳур дар ҳоле пахш мегардад, ки қимати 1 халта орд дар Тоҷикистон аз 120 то 160-180 сомонӣ боло рафтааст. Ба иттилои расмӣ Тоҷикистон солона ба 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз дорад, ки 50 дарсади он аз ҳисоби бахшҳои дохилӣ таъмин мешавад. Қазоқистон яке аз кишварҳои аслии таъминкунандаи Тоҷикистон бо орду гандум ба ҳисоб меравад, ки танҳо 95 дарсади маҳсулоти мазкур ба Душанбе аз он кишвар ворид мешавад. Коршиносон мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд қимати орду гандум дар наздикӣ боз ҳам болотар равад.
Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр