Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:13

Осебдидаҳои минро ба оянда дилгарм мекунанд

4 октябр 2012, 10:49

Осебдидагони минаҳои зиддипиёдагард ва боқимондаҳои давраи ҷанг дар осоишгоҳи “Сангчашма”-и ноҳияи Ҳисор давраи офиятбахширо паси сар мекунанд.

Давраҳои мазкур бо ташаббуси Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо дар ҳамкорӣ бо Маркази манъи минаҳои зиддипиёдагард ва кӯмаки молиявии созмонҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардидааст. Қарор аст, осебдидагони минаҳо то 12-уми октябр истироҳат намоянд. Аз Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ба Озодагон гуфтанд, ки соли равон 50 нафар зарардидаи таркиши мин ва боқимондаҳои давраи ҷанг бо шумули 9 табааи Афғонистон барои офиятбахшӣ даъват шудаанд.

 

Умедҷон Наимови 21 сола яке аз зарардидагони мин аст, ки дар осоишгоҳи “Сангчашма” давраҳои офиятбахширо мегузаронад. Номбурда гуфт, вақте хонандаи синфи 5 буд, бар асари таркиши мин аз як пояш маҳрум гашт: “Бароям хеле душвор буд ва дигар ягон мақсаду орзу надоштам, намехостам зиндагӣ кунам. Аммо бо дастгирии ташкилотҳои хориҷӣ ва бо кӯмаки профессор Давлатов барои ояндаи худ умед пайдо намудам. Ҳоло донишҷӯи курси 5-уми колеҷи техникии шаҳри Кӯлоб ҳастам. Худамро чи гунае, ки ҳастам ҳаминхел қабул кардам. Бо як по ба ҳама намуди варзиш машғул мешавам».

Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси маъруфи тоҷик, ки ба осебдидаҳои минаҳо кӯмаки равонӣ мерасонад, мегӯяд: дар лагер на танҳо шахсони аз мина зарардида, балки намояндаҳои сохторҳои гуногуни давлатӣ  низ ҷалб мешаванд, то осебдидагон тавонанд ниёзҳои худро ба онҳо расонда ва ёрии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва равониро бигиранд. Осебдидаҳои деҳаҳои дурдаст ба ёрии ройгон дастрасӣ надоранд ва ташкил намудани чунин чорабиниҳо, хосатан ройгон барои онҳо хеле хуб аст. «50 нафар осебдидае, ки дар осоишгоҳ фаро гирифта шудаанд, ҳар рӯз ёрии гуногуни тиббӣ, иҷтимоӣ ва равониро ба таври ройгон мегиранд. Ёрии равонӣ ба ин нафарон аз ҳама муҳимтар мебошад. Вақте ки ҳамтақдирҳо бо ҳам вомехӯранд, баҳсу мунозираҳо мекунанд, роҳи ҳалли мушкилоти худро пайдо мекунанд»,-афзуд Маҳмадулло Давлатов.

Азиза Ҳакимова, як масъули ташкили чорабинии офиятбахшӣ гуфт, қабл аз фарогирии осебдидагон бо табобат, ҳар кадоми онҳо аз назорати мутахассис гузашта, бо ҳуҷҷати махсус ба табобат иҷоза дода шуданд: “Он нафароне, ки табиб иҷозаи гирифтани парафин ва маҳсро ба онҳо надода аст, ба ин намуди табобат фаро гирифта нашуданд».

Иштирокчиёни лагер на танҳо аз давраи офиятбахшии равонӣ баҳра мегиранд, балки дар соҳаи роҳбарият, ширкат дар даста, аз худ кардани малакаҳои раҳнамунсозӣ, инчунин оид ба ҳуқуқ ва имтиёзҳои шахсони маъюбиятдошта малака ҳосил мекунанд.

Нилуфари Карим



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!