Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:00

«Чоргонаи Душанбе» дар шаҳри Душанбе ҷаласа баргузор хоҳад кард

30 июн 2011, 07:50

Райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шоми дирӯз ҳайати меҳмонони Русияро ба ҳузур пазируфт.


Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, дар ин мулоқот райиси маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин ва вазири дифоъи ин кишвар Анатолий Сердюков ширкат доштанд.

Аснои нишасти мазкур масоили ҳамкории ду кишвар, омодагӣ ба сафари президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ва ҳамчунин мавзӯоти ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва сарони давлатҳои «Чоргонаи Душанбе» - Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, баррасӣ шуданд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!