Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:16

Саволоти печидаи Амрико ва Исроил. Барои ҳамла ба Эрон

9 октябр 2012, 10:00

Бо чӣ баҳое ин ҳамла сурат мегирад? Дар сурати посухи мустақими Эрон ба Исроил, чи зиёнҳои низомӣ ва ғайри низомӣ мутаваҷҷеҳи Исроил хоҳад шуд? Ин ҷанг чӣ суде барои Амрико дорад, агар тамомии пойгоҳҳо ва манофеаш дар халиҷи Форс ва саросари ҷаҳон ба хатар биафтад...

Як пойгоҳи хабарии арабӣ зимни бар шумурдани абзорҳои Эрон барои вокуниш нишон додан ба ҳамалоти эҳтимолии Амрико, ё режими саҳюнистӣ, навишт, ки ин ҳамла минтақаро вориди ҷанг мекунад. Пойгоҳи хабарии "Ал-нашра" мақолаеро бо мавзӯи ҳамлаи эҳтимолии Исроил ва Амрико  ба Эрон ва вокунишҳои эҳтимолии Эрон ба ин ҳамла, мунташир кардааст. Дар ин мақола омадааст, ки дар сурате ки Эрон мавриди ҳамлаи низомӣ қарор гирад ва сарфи назар аз ин ки ин ҳамла тавассути худи Исроил, ё бо ҳамкории мустақими Амрико ва эҳтимолан дигар кишварҳо,  аз ҷумла Англия сурат гирад, посухҳои эҳтимолии Эрон иборатанд аз:

1.Эрон Исроилро бо мушакҳои дурбурди замин ба замин, аз ҷумла мушаки бозсозӣ  шудаи  "Шаҳоб-3" мавриди ҳадаф қароро хоҳад дод, масофаи бурди мушакҳои Эрон
(Шаҳоби 2,1 ва 3 ва "Қадр-1" ва "Сиҷҷил -2")  300 то 2200  километр аст, ба ин маънӣ  ки Эрон қодир аст умқи заминҳои иштиғолиро мавриди ҳадаф қарор диҳад. Ҳамчунин, ин мушакҳо қобилияти ҳамли кулоҳакҳое бо қобилияти инфиҷори шадид ва ҳатто кулоҳакҳои кимиёиро дорад.

2.Эрон аз фосилаҳои наздик, монанди ҷануби Лубнон ва навори Ғазза  ва бо кӯмаки ҳомиёни худ,  дар садри онҳо ҳизбулоҳи Лубнон ва ҷунбиши Ҳамос, ба Исроил ҳамла хоҳад кард, ин сенария  сабаби ба вуҷуд омадани чанд ҷабҳа алайҳи Исроил хоҳад шуд.

3.Эрон метавонад бо кӯмаки бисёре аз кишварҳои дӯст ва ҳампаймон, бо кишварҳои мухолифи Исроил, марказҳо ва манофеи ин кишвар дар саросари ҷаҳонро мавриди ҳамла қарор даҳад, ки бо ин амр зиндагии саҳюнистҳо дар нуқоти мухталифи ҷаҳон бисёр сахт ва хатарнок хоҳад шуд.

4.Бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз тавассути Эрон иқдоми дигаре аст, ки ҷаҳонро ба як бӯҳрони нафтӣ дучор хоҳад кард, бӯҳроне ки кам шудани нафтрасонӣ, афзоиши қимати нафт ва афзоиши қимати бисёре аз колоҳои масрафиро,  ки таҳти таъсири қимати нафт аст, ба ҳамроҳ дорад.

5.Дар сурати ҳимояти низомӣ ва лоҷастикии Амрико аз Исроил ва ҳатто бидуни ин ҳимоят, пойгоҳҳои низомӣ ва марокизи истиқрори нерӯҳои Амрико дар халиҷи Форс, мавриди ҳамлаи Эрон қарор хоҳад гирифт ва аз он ҷо ки нерӯҳои Амрико дар кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс мустақар ҳастанд, мумкин аст, пайомадҳои ин ҳамла домани онҳоро низ бигирад.

Такяи Эрон бар неруи дарёй ва ҳавоии худ дар муқобила бо душман

Гуфтанӣ аст, ки интихоби ҳатто яке аз ин гузинаҳо тавасути Эрон, минтақаро вориди марҳилаи  ваҳшатноке хоҳад кард, чи бирасад ба ин ки ин кишвар ҳамаи гузинаҳоро ба кор гирад, чи онҳое ки ба сурати ошкоро дар рӯзномаҳо омада ва чи онҳое ки дар ҳеч ҷое матраҳ нашудаа аст. Бидуни шак вазъияти ҷаҳон пазирои  тамомии гузинаҳо хоҳад буд, ҳатто мумкин аст ин ҳамла сабаби вуқӯъи як кашмакашми сахти минтақаӣ, ё ҷаҳонӣ шавад.

Аз тарафи дигар Ҷумҳурии исломи Эрон аз тавони низомии болое бархурдор аст,ба таври тахминӣ ин кишвар дар ҳоли ҳозир 550  ҳазор неруи низомиро дар ихтиёр дорад ва қодир аст 650 ҳазор неруи дигареро ба сурати басиҷ ба ин адад изофа кунад, ки 28 ҳазори он неруи дарёӣ ва 52 ҳазор неруи ҳавоӣ ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, неруи дарёӣ ва ҳавоии Эрон нақши муҳим ва муассиреро дар ҷангҳои оянда иҷро хоҳад кард, зеро ин кишвар  ҷиҳати таваққуфи интиқоли нафт аз тариқи тангаи Ҳурмуз, рӯи неруи дарёӣ ва таҷҳизоти он, аз ҷумла зердарёиҳо, мушакҳо ва минҳои дарёии худ ҳисоб боз мекунад, неруи ҳавоӣ, ба вижа мушакҳои русӣ ва дурбурди"SA-5"- и   Эрон низ омили муҳиме барои сарнагунии ҳавопаймоҳои душман ва асир кардани бештарини теъдоди халабон ба шумор меравад.

Тавони низомии Амрико ва режими саҳюнистӣ дар минтақа

Дар муқобил, Исроил ҳудуди 200 ҳазор низомӣ ва 450 ҳазор неруи захира бо сатҳи омӯзишии боло дар ихтиёр дорад, аммо нуқтаи иттикои ин режим неруи ҳавоии он аст. Бо доштани беш аз 600 ҳавопаймои ҷанганда, ба вижа аз навъи F-15 ва F-16 ва теъдоди 8 то 10 ҳавопаймои сухтрасон, ки дар маъмуриятҳои бо масофати тулонӣ нақши муҳимеро иҷро мекунад. Дар ҳамин росто ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки  конгресси Амрико дар моҳи майи гузашта бо мусавабаи шумораи HR-568  муҷаввизи омодагии барои ҳамла ба Эронро содир кард.

Ин кишвар ба баҳонаи муҳофизат аз манофеи стротегии худ ва ҳимоят аз кишварҳои тавлидкунандаи нафт ва эҳтимоли ҳамла ба Эрон, воҳидҳои заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии бузургеро дар ҳавзаи халиҷи Форс мустақар кардааст. Тибқи баровардҳо ҳудуди 50 ҳазор низомии амрикоӣ дар минтақаи халиҷи Форс ҳузур доранд, ки бештари онҳо дохили киштиҳои ҷангӣ фаъолият мекунанд ва бахши умдае аз неруи заминии ин кишвар низ дар Кувейт ҳузур доранд. Қобили зикр аст, ки Амрико аз замони хуруҷ аз Кувейт аз ишғоли Ироқ, воҳидҳои муҳимеро дар ҳавзаи халиҷи Форс ва ба таври доимӣ гаштҳои (патрулҳои) дарёиро ба манзури боз гузоштани тангаи Ҳурмуз, дар ин кишвар мустақар карда аст. Вазорати дифоъи Амрико  бо ҳамкории теъдоде аз кишварҳои минтақа ҳазинаҳои ҳангуфтеро барои сохти пойгоҳҳои низомии маҳкам дар Арифҷони Кувейт ва Аладиди Қатар ва Ҷабал ало ва Алзафараҳи  Иморот, ихтисос дод. Ин пойгоҳҳо ки шомили фурудгоҳ барои ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва марокизи амниятӣ ва итилоъотӣ ва пойгоҳҳои лоҷастикӣ ва ҳифозатӣ мешавад, аз лиҳози теорӣ ҳимояти лоҷастикии матлуберо барои Амрико баҳамроҳ дорад.

Ва аммо баъд...

...Дар сурати ҳамлаи эҳтимолии Амрико ва Исроил ба Эрон, ин саволот дар зеҳн зуҳур мекунад: Оё тарафҳои ба ҳам душман омодагии вокунишҳои густардаи Эронро хоҳанд дошт? Ва муҳимтар ин ки оё ин режим бо ҳамлаи ҳавоӣ ва низомӣ ба Эрон, хоҳад тавонист монеи фаъолиятҳои ҳастаии ин кишвар шавад? Бо чӣ баҳое ин ҳамла сурат мегирад? Дар сурати посухи мустақими Эрон ба Исроил, чи зиёнҳои низомӣ ва ғайри низомӣ мутаваҷҷеҳи Исроил хоҳад шуд? Ин ҷанг чӣ суде барои Амрико дорад, агар тамомии пойгоҳҳо ва манофеаш дар халиҷи Форс ва саросари ҷаҳон ба хатар биафтад?

Манбаъ: Хабаргузории Форс




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!