Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:53

Вилям Браунфилд дар минтақаи марзии Яхчи Пуни Шӯробод

30 июн 2011, 08:21

Ҳайате иборат аз масъулини сафорати Амрико ва департаменти давлатии ин кишвар, ҳамчунин намояндагони воломақоми нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз ҷануби кишвар дидан карданд.


Тавре ба «Озодагон» аз сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, зимнан, сафири ИМА Кен Гросс, Ёвари Котиби Давлатии ИМА оид ба назорати байналмилалии  маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Вилям Браунфилд ва муовини Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал- майор Сафаралӣ Назиров  аз бинои хобгоҳи сарбозон дар отряди сарҳадии Шӯробод дидан карда, дар маросими ифтитоҳи расмии дидбонгоҳи сарҳадии тармиму таҷдидгаштаи  Яхчи Пун ширкат варзиданд. Гуфта мешавад, бахши  Сафорати ИМА оид ба муборизаи байналмилалӣ алайҳи  маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL), барои сохтмони хобгоҳи нав дар отряди сарҳадии Шӯробод зиёда аз 1 миллион доллари ИМА ва барои дидбонгоҳи сарҳадии Яхчи Пун 600 000 ҳазор доллар сарф кард.  
Манбаъ афзуд, бинои хобгоҳро дар отряди сарҳадии Шӯробод ширкати сохтмонии БСК-Осиё ва дидбонгоҳи сарҳадии Яхчи Пунро ҶСДМ «Комплекс» сохтанд ва лоиҳа аз ҷониби Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба назорати маводи мухаддир ва ҷиноятҳо (UNODC) амалӣ шудааст. Бинои нав дар Шӯробод бо дархости  сарҳадбонони тоҷик, баъд аз оне, ки тобистони гузашта дар натиҷаи сел бинои пешина вайрон шуда буд, сохта шуд.  Шӯробод якумин иншооти сарҳадии Тоҷикистон мебошад, ки бо фаршҳои гарм таҷҳизонида шудааст.Дидбонгоҳи нави сарҳадии Яхчи Пун нерӯгоҳи хурди барқӣ ва ду деге, ки зимистон гармидиҳии кифояро таъмин мекунанд, дар бар мегирад.Дар доираи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, INL барои барқароркунии якчанд дидбонгоҳҳои дигари сарҳадии ноҳияи Шӯробод, аз ҷумла Хирманҷо, Шоун, Боғ, Баҳорак, Ёл ва Сари Ғор маблағ ҷудо кардааст.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!