Бахшҳо
10 окт 2012 07:08Гузориш

«Адабиёт ва андеша» дар ҲНИТ. Бо Мўъмин Қаноат

Бисёр хуб ҳам кардед, ки маҳфилро “Адабиёт ва андеша” унвон кардед. Воқеан, ҳатто мо ба фарзандҳои худамон андеша карданро ёд дода наметавонем ва адабиёте, ки андеша надорад, сари одамонро гиҷ мекунаду бас…

Дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии «Адабиёт ва андеша» бо ҳузури шоири халқии тоҷик Мӯъмин Қаноат баргузор гардид.
Дар ин нишаст донишмандону шоирони тоҷик аз қабили Ҳаёт  Неъмати Самарқандӣ,  Гулрухсор, Иброҳим Усмонов, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафури  Орзу, намояндагони сафорати Эрон, инчунин мухлисону ҳаводорони ашъори шоир ва раҳбарону аъзоёни ҲНИТ ширкат доштанд.

Дар оғози маҳфил иштирокчиёни нишаст аз эҷодиёти Қаноат порчаҳои қироат намуда, табъи устодро болида гардониданд.

Гулрухсор Сафиева, шоираи тоҷик дар маҳфил суханронӣ карда, ба ташкилкунандагони маҳфили мазкур изҳори ташаккур намуда афзуд, ки: «Бисёр хуб ҳам кардед, ки маҳфилро “Адабиёт ва андеша” унвон кардед. Воқеан, ҳатто мо ба фарзандҳои худамон андеша карданро ёд дода наметавонем ва адабиёте, ки андеша надорад, сари одамонро гиҷ мекунад. Мо инро дар зиндагии хеш бисёр дидаем. Ман бисёр гап намезанам, чунки имрӯзу ҳама рӯз ва имсол соли устод Муъмин Қаноат мебошад. Бояд, ки шоире ба ин тавоноиву бузургӣ ва бо ин нангу номус ва хубӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифта шавад. Устод ба ҷашну таърифи мо ниёз надоранд. Ҳар як суханашон як ҷаҳон аст. Аммо вақте ки мо касеро таъриф мекунем, ё ҷашн мегирем, мо бояд ақаллан як чизе аз ӯ барои худамон кашф кунем ва миннатдор бошем, ки бо ҳамин инсон дар сайёра тавонистем як каме хубу беҳтар шавем».

Устод Мўъмин Қаноат дар мавриди достони «Сурӯши Сталинград» қисса намуда,   дар масъалаи бардоштҳои омиёнаву эҳсосӣ аз он суҳбат карда гуфт: «Шояд амалкардҳои ғайриинсонии фашизм ба ҳама ҷомеа кӯмак кунад, ки як дафъа ба худ биоянд, худ ва ҳадду андозаи хешро бишносанд, ҳамоишу таҳаммулпазирӣ ва хирадгароиро, ки мо онҳоро бисёр сабук ва содда мегирем, ёд бигиранд. Диду шинохти омиёна ва бардошти эҳсосӣ, ки он чӣ мебинед, ё мешунавед, онро бидуни таҳлилу натиҷагирӣ ҳамчун ҳақиқати ниҳоӣ мепиндоред, бисёр хом ва ангезанда аст. Фоҷеаҳои ҷаҳони имрӯз ҳам аз рӯи ҳамин эҳсосот ва маърифати ибтидоӣ, ки дар ҳунар бе арзиш аст, вале онро дар дар саросари ҷаҳон намоиш медиҳанд, сарчашма мегиранд. Ин маълумоти эҳсосӣ бе мантиқ, бе мавзӯъ ва бе ҳадаф ҳастанд».
Дар ҷамбасти маҳфил аз ҷониби роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба Мўъмин Қаноат тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Нилуфари КАРИМ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)