Бахшҳо
11 окт 2012 06:28Сӯҳбати рӯз

Мавзуна Чориева: Ориёнбонк ҳанӯз мошини ваъдагиро надодааст.

11-уми октябр ба унвони «Рӯзи байналмилалии духтарон» эътироф гардидааст. Дар Тоҷикистон соли равон аввалин маротиба аз ин сана дар «Маркази фарҳангии исмоилиён»-и Душанбе ҷашн гирифтанд. Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик ҳам яке аз иштирокдорони маҳфили мазкур буд. Аз ин фурсати муносиб истифода карда, Озодагон бо дорандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон сӯҳбате анҷом дод.

Озодагон: Шунидем, ки ояндаи наздик арусӣ мекунед. Ин тасмими худи Шумо аст ё аҳли хонавода?

Мавзуна Чориева: «Бале, худам тасмим гирифтам, ки бояд ба шавҳар бароям. Аслан ҳар чизеро ки ман мехоҳам модарам ва хешу таборон аз он ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳар зан мехоҳад, ки оилаву фарзанд дошта бошад. Ман ҳам доимо орзу мекардам, ки оиладор шавам, соҳиби фарзанд гардам. Ба шавҳар баромадани ман маънои онро надорад, ки аз варзиш дур мешавам. Ҳамеша бо варзиш будам, ҳастам ва мемонам. Ман алакай 20 сола шудам ва агар баъди Олимпиадаи соли 2016 ба шавҳар бароям сину солам ба ҷое мерасад. Иншооллоҳ баъди як фарзанд ёфтанам боз ба варзиш бамегардам ва барои Олимпиадаи соли 2016 омодагӣ мебинам».

Озодагон: Агар рафту шавҳаратон нагузорад, ки ба варзиш машғул шавед, дар он сурат чӣ кор хоҳед кард?

Мавзуна Чориева: «Агар номзади интихобнамудаи ман розӣ намебуд, ки ман варзишгар шавам чор сол пеш маро аз варзиш дур мекард. Мо маслиҳат кардем, ки баъди келини хонадони онҳо шудан, тамринро идома медиҳаму варзишро канор намегузорам. Онҳо ба ин пешниҳод розӣ ҳастанд ва ҳатто дастгирӣ ҳам мекунанд».

Озодагон: Шумо бо волидони дӯстписаратон сӯҳбат кардаед, яъне рафту омад доред?

Мавзуна Чориева: «Бале, ҳар дафъа, ки аз мусобиқаҳо баргардам, бо гулу гулдаста пешвозам мегиранд. Ҳар бор, ки Кӯлоб меравам ба хонаи онҳо рафта аз ҳолашон хабар мегирам. Онҳоро ҳамчун падару модари худам эҳтиром мекунам ва худамро ҳамчун фарзанди онҳо медонам».

Озодагон: Дӯстписаратон ҳам варзишгар аст?

Мавзун
а Чориева: «Бале, кам-кам барои саломатӣ, барои худаш машқ мекунад».

Озодагон: Бо номзадатон хешу таборӣ доред?

Мавзуна Чориева: «Не, хешӣ надорем».

Озодагон: Дар як сӯҳбат гуфта будед, ки дар Олимпиадаи Лондон китфатон лат хӯрдааст, табобат гирифтед?

Мавзуна Чориева: «Не, то ҳол китфам дард мекунад. Ба он хотир табобат нагирифтаам, ки маро бояд аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ба Олмон барои муолиҷа мефиристоданд. Ҳоло аниқ нашудааст, ки кай мефиристанд».

Озодагон: Дар Тоҷикистон табобат намегиред?

Мавзуна Чориева: «Китфам чӣ иллате бардоштааст, ки ин ҷо табобат карда наметавонанд, ба ҳамин хотир бояд барои ҷароҳӣ Германия фиристонанд».

Озодагон: Вақте аз Лондон нишони биринҷӣ овардед, бисёриҳо гуфтанд, ки тӯҳфаҳои гаронарзиш медиҳанд. Оё ҳамаи ваъдагиҳо ба шумо расид?

Мавзуна Чориева: «Не, Ориёнбонк ҳанӯз мошини ваъдагиро надодааст. Сарвари кишвар, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, раиси шаҳри Хуҷанд ба ваъдаашон вафо карданд. Аммо гап сари он намеравад, ки кӣ ба ман чӣ додаст ё медиҳад. Барои ман пеш аз ҳама истиқболи гарми миллати тоҷик муҳим аст».

Озодагон: Қаблан, гуфтед, ки теъдоди духтароне, ки ба варзиш машғул шудаанд ба 58 нафар расидааст. Ба назари Шумо ҳамаи онҳо варзишгари хуб шуда метавонанд?

Мавзуна Чориева: «Ин дар оянда маълум мешавад. Шояд аксари ин духтарон аз рӯи ҳавою ҳавас омада бошанд, лекин ба ҳар сурат аз миёни онҳо ду-се варзишгари хуб тайёр кардан мумкин аст».

Озодагон: Феълан дар куҷо тамрин мекунед?

Мавзуна Чориева: «Бо устодам дар ҳамон толоре, ки пеш машқ мекардем, ҳоло ҳам ҳамон ҷо тамрин мекунем».

Озодагон: Барои тамрин берун аз Тоҷикистон нарафтаед?

Мавзуна Чориева: «Не, то ҳол ба ҳеч куҷо нарафтаам».

Озодагон: Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ. Ба мухлисонатон чӣ гуфтан мехоњед?  

Мавзуна Чориева: «Ба мухлисонам пеш аз ҳама саломатӣ тамано дорам. Барои дастгириҳояшон минатдорӣ баён мекунам ва ҳамаи онҳоро ба ҷашни арусиям  даъват менамоям».  

Мусоҳиб: Ибодуллоҳи ТОИР


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)