Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:18

Тӯҳфасупорӣ: Ҳадяи кӣ боарзиштар буд?

12 октябр 2012, 04:10

Гурӯҳе аз коршиносон сафари Путин ба Душанберо барои Тоҷикистон манфиатовар хонда, мегӯянд, ки имзои 6 санад ҳамкории ду кишварро боз ҳам мустаҳкам хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари гурӯҳи дигари таҳлилгарон Путин дар рафти сафари худ ҳеч санади муҳиме барои мардум ба тасвиб нарасонида, ваъдаҳояш ба гурӯҳи маҳдуди масъулини ҳукуматӣ рабт дошт.

Путин дипломати моҳир

Маврид ба зикр аст, ки Владимир Путин дар рафти сафари худ ба Тоҷикистон бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон 6 сананд ба тасвиб расонд:

1.    Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар ҳудуди Тоҷикистон.
2.    Ёддошти тафоҳум миёни вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар бахши низомӣ.
3.    Созишнома миёни оҷонсии назорати нашъаовари Тоҷикистону Русия дар мавриди мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.
4.    Ёддошти тафоҳум миёни вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистону Русия оид ба интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон.
5.    Ёддошти тафоҳум миёни вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ.
6.    Ёддошти тафоҳум оид ба иқдомҳо миёни Тоҷикистон ва Русия барои рушди ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҲУСДТ бар ин назар аст, ки асноди ба тасвиб расида аз ҷиҳати мазмун ва моҳият бештар ба манфиати давлат ва миллати Русия буд.

Бо вуҷуди сару садои зиёд атрофи сафари раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон Путин бори дигар исбот намуд, ки хеле моҳирона бо истифода аз усул ва таҷрибаи дипломатиаш метавонад ба манфиати давлати худ аз ҳар гуна шароит истифода кунад. Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки албатта на ҳама таъкиду баҳогузориҳои Путин дар робита ба вазъияти амнияти Тоҷикистон ва давлатҳои дигари минтақа дуруст буд.

"Путин бо суханҳояш мехост мардум ва давлати тоҷикро мутақоид созад, ки ҳузури низомиёнаш барои мӯҳлати тӯлонӣ ба манфиати худи Тоҷикистон аст. Гузашта аз ин ҷаноби Путин тамдиди ҳузури низомиёнашро кафолати таъмини амнияти дохилии Тоҷикистон унвон намуд, ки ин иштибоҳе беш нест. То замоне, ки сатҳ ва вазъи итҷтимоии зисти мардуми тоҷик беҳтар нашавад,  ҳеч таҳдиду хатари берунӣ ҳам ҷилавгирӣ нахоҳад шуд. Санадҳои имзо кардаи Путин бошад аҳамияте ба вазъи иҷтимоии мардум надошт", мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов. Ба бовари номбурда Путинро зарур набуд, ки барои имзои чанд санад ва он ҳам ёддошт аз Маскав ба Душанбе сафар кунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба бовари Исмоил Раҳматов, коршиноси масоили сиёсӣ ҳарчанд дар рафти сафараш ҷаноби Путин санади воқеан муҳимеро барои мардуми Тоҷикистон ба тасвиб нарасонд, аммо мо наметавонем онро бенатиҷа арзёбӣ кунем. Зеро ин сафари нахустин баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳур дар Русия буд. Номбурда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз сафари Путин ба манфиати кишвар истифода карда натавонистанд. Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон мавзӯи зиёде барои сӯҳбат доштанд. Оё онҳо масоили манфиати геополитикии ҳарду икшварро мавриди баррасӣ қарор доданд ё на, мо аз ин бехабарем. Аммо он чизе, ки дар расонаҳои хабарӣ пахш гардид, ҳокӣ аз он буд, ки ҳукумати Тоҷикистон хостаҳои худро бароварда насохт.

Бохти дипломатҳои тоҷик ва мувафақияти ҳамтоёни қирғизашон

Бо ишора ба гузаштҳои Русия ба Қирғизистон Исмоил Раҳматов мегӯяд, ки ҷомеаи тоҷик аз сафари Путин интизориҳои зиёде дошт. Вақте Путин ваъдаи бунёди 3 нерӯгоҳи энержӣ ва гузашти қарзи давлатии Қирғизистон ба маблағи 489 милион долларро ба ҳамтои қирғизаш Олмосбек Отамбоев дод, коршиносони тоҷик ҳам бар ин назар буданд, ки эҳтимол раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон низ чунин лутф бикунад. Аммо заъфи дипломатҳои тоҷик буд, ки тамоми аснод бар манфиати Русия ба тасвиб расид, илова кард номбурда.

"Русия талош дорад, ки нуфузи худашро дар кишварҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ зиёд намояд. Гузашта аз ин Путин аз ҷумлаи он роҳбарони Русия ҳаст, ки хоҳиши гирди худ ҷамъ кардани давлатҳои ИДМ-ро дорад. Нокомии Тоҷикистон аз дипломатҳояш аст. Намедонам, онҳо майл надоранд, кор намекунанд ё воқеан пешниҳод гардиданду муваффақ нашуданд. Вале ба ҳар сурат мо набояд интизори лутфи сиёсии Русия бошем. Маскав ҳеч вақт тасмимҳое ба хотири манфиати Тоҷикистон нагирифтаасту нахоҳад гирифт. Ҳукумати Тоҷикистон бояд кабинаи кории худро ҷиддан ҳушдор бидиҳад. Агар хостори рушди давлат бошад", мегӯяд Исмоил Раҳматов.  

Маврид ба зикр аст, ки қабл аз сафари Путин пешгӯиҳое атрофи эҳтимоли дастгирӣ ва сармоягузории Русия барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" садо дод. Дар робита ба ин масъала Исмоил Раҳматов мегӯяд, ки ҳоло тамоми давлатҳои хориҷ ва Тоҷикистон мунтазири ташхиси фаннии Бонки ҷаҳонӣ бошанд. Барои Душанбе Маскав ҳамоно ягона кишвари боэътимод барои бунёди ин нерӯгоҳ ҳисоб мешавад. Чунки Амрико ҳанӯз дар соли 2011 мавқеъи худро баён дошт. Вашингтон танҳо дар сурати розигии кишварҳои ҳамсоя аз бунёди "Роғун" ҳимоя мекунад. Абарқудрати манфиатхоҳи дигар дар минтақаи Осиёи Марказӣ ин Чин мебошад. Вале Тоҷикистон набояд умед ба ин кишвар бубандад. Чин дар давоми таърихи дипломатияи худ бо сиёсати эҳтиёткории худ машҳур шудааст. Аз ин хотир Русия ягона умеди Тоҷикистон аст. Зеро Маскав ҳозир аст тамоми корро барои бароварда сохтани манфиати геополитикии худ дар минтақа анҷом бидиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳатто муҳоҷиронашро ҳимоя карда натавонист

Исмоил Раҳматов бо ишора ба тамдиди сабти муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ҳудуди Русия аз 3 ба 15-рӯз мегӯяд, ки ин дастовард нест ва ҳукумат бо он набояд ифтихор кунад.

"Чӣ гуна дипломатҳои тоҷик ба ин гузашти ночиз розӣ шуданд, вақте ҳамтоёни қирғизашон мӯҳлати қайди шаҳрвандонашонро чанд сол қабл ба 3 моҳ тамдид карда буданд. Дипломатҳои мо ҳамин 15 рӯзро ҳатто ба 1 моҳ табдил дода натавонистанд", нигаронӣ намуд Исмоил Раҳматов. Дар ҳамин маврид Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки муқоиса кардани зиракии ҳукумати Қирғизистон бо Тоҷикистон чандон кори дуруст нест. Новобаста аз ҳаводиси дохилӣ ва таҷрибаи давлатдорӣ қирғизҳо исбот намуданд, ки ҳамеша дар талаби ҳимояи манфиатҳои милливу давлатиашон ҳастанд. Агар кишварҳои хориҷ ба Қирғизистон гузаштҳое дар ин ё он масоил пешниҳод бикунанд, пас ин кишвар бо баҳонаи бисёрҳизбии парлумонаш, нуфузи азҳоби мухолиф ва огоҳии шаҳрвандонаш водор месозад, ки давлатҳои хориҷ аз сиёсаташон дар Бишкек таҷдиди назар кунанд.

"Аммо дар Тоҷикистон вазъият дигар аст. Парлумони мо яккаҳизб буда, бо ангушти ишораи ҳокимияти иҷроия фаъолият мекунад. Муҳоҷирони кории тоҷик низ имрӯз қурбони бозиҳои сиёсии Тоҷикистон ва Русия гаштаанд", мегӯяд Шокирҷон Ҳакимов.

Ёдовар мешавем, ки шаби 4-уми октябри соли равон, Владимир Путин вориди Душанбе гардид, ки ӯро дар фурӯдгоҳ шахсан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пешвоз гирифт. Мулоқоти дуҷонибаи ҷаноби Путин ва Раҳмон дар рӯзи 5-уми октябр, яъне зодрӯзи президенти Тоҷикистон сурат гирифт. Дар оғози нишасти матбуотӣ Владимир Путин шӯхиомезона гуфт: "Ман ҳамеша медонистам, ки шумо (Эмомалӣ Раҳмон-Озодагон) шахси хирадманд ҳастед. Шумо моро маҳз дар рӯзи зодрӯзатон даъват кардед. Мо фирефта шудем, чунки дар зодрӯз ҳеч чизро дареғ доштан мумкин нест. Моро лозим меояд, ки тамоми пешниҳодҳои шуморо ба имзо расонем".

Бо таваҷҷӯҳ ба асноди имзо шуда коршиносон мегӯянд, ки дар асл Душанбе ба Маскав, яъне Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин тӯҳфаҳои хотирнишин кард. Бо вуҷуди сару садо ва даъвоҳои зиёди масъулини ҳукумати Тоҷикистон ҷониби Русия барои тамдиди ҳузури низомиёнаш ба таври ройгон дар қаламрави кишвар муваффақ гардид. Қартаи дигаре, ки бар манфиати Тоҷикистон бояд истифода мешуд, ин бардоштан ё коҳиши андозу боҷи гумрукӣ аз интиқоли сӯзишворӣ буд. Аммо Маскав аз вазъият тавонист бо ҳифзи хостаҳои худ раҳо ёбад. Дар мавриди  "Роғун" ҷаноби Путин ҳатто сонияе сарф накард, албатта тибқи иттилои расмӣ. Тамдиди сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия низ гувоҳи он аст, ки муҳоҷирони тоҷик ҳамоно яке аз аслиҳаи муҳимтарини фишори Маскав ба Душанбе боқӣ хоҳад монд.

Биёед як бор андеша намоем, на ҳамчун коршинос, балки мисли як шаҳрванди қаторӣ. Бо кадом  ақлу мантиқ ва бо кадом инсоф метавон гуфт, ки мӯҳлати бидуни қайд ба сарбарии муҳоҷиронро аз се рӯз ба 15 рӯз дароз намудан куҷову барои сӣ сол артиши як давлати аҷнабиро дар ҳудуди кишвар ҷой додан куҷо. Ё ба афсарони рус мақоми дахлнопазирӣ додан куҷо. Ҳоло хулоса бароред, дар зодрӯзи сарварони Тоҷикистону Русия кадоме соҳиби тӯҳфаи гаронбаҳотар гардид?

Ҳумайрои БАХТИЁР


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!