Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:52

Оё шумо фарзанди мансабдореро дар сафи артиши миллӣ дидаед?

12 октябр 2012, 05:50

2 солу 24 рӯзе, ки ман дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хизмат кардам, ягон фарзанди мансабдор бо мо набуд. Танҳо фарзандони деҳқону омӯзгор ҳамроҳи мо хизмат мекарданд.

Комёб ҶАЛИЛОВ, коршиноси масоили амниятӣ

Мумкин фарзандони мансабдорон ба артиш рафта бошанд, лекин ман надидаам ва нашунидаам. Фарзандони онҳо ҳатман дар мактабҳои олӣ мехонанд. Аммо мувофиқи қонун баъди хатми донишгоҳ бояд 1 сол хизмат кунанд, ки баъзеҳояшон ҳамчун афсар хизмат карда меоянд. Ҳама шаҳрванди Тоҷикистон аст ва ин ватани ҳамаи мост, чи мансабдор, чи сарватманд ва фақир ҳам бояд барои Тоҷикистон хизмат кунад. Ин барои ҳамаи мо як ҳуқуқ аст, барои ҳамин ҳамаи мо бояд аз ин ҳуқуқи худ  истифода бурда, ватанамонро муҳофизат кунем. Дар тамоми дунё чунин аст, масалан дар баъзе кишварҳо минҷумла Амрико ва дигар кишварҳои пешқадами демократӣ аз артише, ки аз ҳизбҳои халқ ташкил мешавад ,онҳо даст мекашанд. Аз артише, ки даъватӣ аст, бисёртар мардуми камбизоату мардуме, ки ё мансаб надорад ё пул надорад, бисёртар хизмат мекунанд. Аз ин тааҷуб накунед то он даме, ки ҷамъият боқӣ асту ба гурӯҳҳо ва қисмҳо тақсим мешавад, ин чиз метавонад ҷо дошта бошад, ки яке хизмат мекунад дигаре маъишат ва ҷои тааҷҷуб надорад.   

Фаридун МАҲМАДАЛИЕВ, сардори хадамоти матбуотии Вазорати мудофиа

Ман писари вазири мудофиаро мешиносам, ки ба армия рафт ва падараш он вақт вазир набуд ва инчунин аз хизмати ҳарбӣ озод шуда буд. Бисёреҳо мегӯянд, ки падараш вазир аст барои ҳамин хизмат кардааст, не ин хатост он вақте, ки вай хизмат кард, падараш вазир набуд. Дар дигар табақаҳои аҳолӣ, ки қишри сарватманд номида мешаванд, мавориди зиёд ҳаст, ки писарҳояшон рафта хизмат кунанд. Як чизи дигарро ҳам набояд фаромуш кард, ки қонуни амалкунанда дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ хизмати ҳарбӣ ҳамон ҳуқуқи ба таъхир андохтан ва озод буданро муайян кардааст. Агар фарзанди ягон мансабдор донишҷӯ бошаду дар донишкадаи олӣ хонад ва ё дар ягон кафедраи ҳарбӣ таҳсил кунад, ба таъхир гузошта мешавад. Барои мушаххас таҳлил намудани ин, ки кадом фарзанди мансабдор хизмат кардааст ҳамаи ҳуҷҷатҳоро бароварда тафтиш кардан лозим аст. Фарқ надорад вай писари сарватманд аст ё фарзанди дигар табақаи аҳолӣ, бояд вазъи ҳамаҷонибаи ӯ омӯхта шавад. Пеш аз ҳама вазъи тандурустиаш баъдан вазъи имрӯзаи ӯ, ки масалан донишҷӯст ё дигару дигар. Вақте аз комисариати ҳарбӣ ҷавоб медиҳанд, ин маънои онро надорад, ки ба хотири фарзанди сарватманд буданаш, ӯро ҷавоб доданду фалониро не.

Фаррух ИБРАГИМОВ, шаҳрванди Тоҷикистон

2 солу 24 рӯзе, ки ман дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хизмат кардам, ягон фарзанди мансабдор бо мо набуд. Танҳо фарзандони деҳқону омӯзгор ҳамроҳи мо хизмат мекарданд.

Маҳдии СОБИР, собиқ корманди амният

Ягон қаторӣ  ҳатто афсарро надидем. Аз раиси қишлоқ то суди олӣ фарзанди ягон вазифадори тоҷик, кормандони соҳаи қудратӣ, кормандони милитсия ва амният дар сафи артиш хизмат намекунанд ва фақат фарзанди деҳқон хизмат мекунад. Барои ҳамин ҳар вақте, ки мо мегӯем, мувофиқи конститутсия хизмат барои ҳама вазифа аст, бояд ҳама хизмат кунад. Ман ҳайрон ҳастам, ки дар ҳамаи ноҳияҳо "облава"  сар мешаваду обрӯи ҳукуматро мерезонанд. Бояд ягон роҳеро пайдо кунем, ки писарон омада хизмат кунанд. Писаронро ҳавасманд кардан даркор аст ва як қароре бояд баровард, ки баъди хатми мактаб ҳатман писарон ба артиш фиристода шаванд. Баъди хатм баъд ба донишгоҳҳо дохил карда шаванд, ки бо ин иқдом сатҳи мактабҳои олӣ ҳам хуб мешавад. Ҳозир тамоман аз рӯзе, ки истиқлолият ба даст оаврдем, фарзанди ягон вазифадор ё фарзанди ягон пулдор дар артиш хизмат намекунад. Бисёр далелҳое ҳаст, ки пулҳои калон медиҳанд ё яксол хизмат мекунанд ва худашонро бемор мебароранд. Хизмат, ки бошад бояд ҳама хизмат кунем, барои 4 ҳазор сарбозе, ки ба нақша гирифтаанд, деҳа ба деҳа мегарданд, ҳол он ки ин 4 ҳазорро аз 1 шаҳрак метавон ҷамъ кард.

Усмон СОЛЕҲ, раиси шӯъбаи таблиғотии ҲХДТ

Ба назари ман мумкин нест, ки набошад, вале чун таҳқиқот анҷом нашуда, мушаххас гуфта наметавонем. Албатта фарзандони мансабдорон ҳам дарсафи қувваҳои мусаллаҳ ҳастанд. Бе ин намешавад, дигар куҷо мераванд, вақте, ки ин қарзи ватандустии ҳар як фарзанд аст. Чунин аст, ки онҳо имкониятҳои зиёдтари ба макотиби олӣ дохил шудан доранд. Вале баъзеҳое ҳстанд, ки ҳатто худашон мехоҳанд, ки рафта хизмати ватанро адо кунанд. Дар қисмҳои низомии ҳарбӣ ҳама баробар хизмат мекунанд. Имрӯз бисёр касонеро вохӯрдан мумкин аст, ки мегӯянд ман хизмат кардан намехоҳам ва барои ҳамин ба донишгоҳ дохил шудаам. Барои ҳамин набояд, ки мансабдорон ба хизмати артиш рафтани фарзандонашонро нахоҳанд.

Маҳмадулло АСАДУЛЛОЕВ, сардори хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ

Ман ягон фарзанди мансабдореро, ки дар сафи артиш хизмат карда бошад, намешиносам. Вале ман бисёре аз фарзандони мансабдоронеро мешиносам, ки дар сафҳои қаторӣ кор мекунанд, аммо ин ки сарбоз ҳастанд ё хайр, намедонам.

Маҳмадалӣ ҲАИТ, муовини раиси ҲНИТ

Ман то ба ҳол фарзандони касеро аз деҳаи ҳокимон ва соҳибмансабони давр надидаам. Онҳо аслан бо мардум нестанд ва ҳарчи ҳам бошад, баъдан бо гирифтани рутбаҳову гирифтани мақомҳои боло баланд меоянду сари дигарон ҳукумат меронанд. Вале имрӯз артиши ба ном милии мо чун миллӣ гуфтан ба забон ҳам дуруст намеояд, ҳамчун ҳувияти миллат ташаккул наёфтааст ва то ба ҳол ба маҳҳалу гузару кӯча тақсим аст. Бинобарин артиши ба ном милии мо имрӯз артише нест, ки мардум дигар дар он бо шавқу рағбати беандоза ҳамчун як ватандусту меҳандуст бираванду хизмат кунанд. Вазъи артиши мо ба ҳама маълум аст. Имрӯз артиши мо ва ҳамчунон мақомоти қудратиямон бо баргузор намудани баъзе амалиётҳо дар дохили кишвар обру ва эътибори худро аз даст додааст. Бино бар ҳамин ҳар сол, ки ду мартаба даъват ба сафи артиш аз тарафи раиси ҷумҳур ҳамчун фармон эълон мешавад, мардум роҳи гурезро пеша мекунад. Яке ба Русия меравад, якеи дигар бошад, дар хонаҳо пинҳон мешавад. Ва гурӯҳи мардуми дорову пулдор дигар роҳро истифода мебаранд ва яке аз хусусияти асосии мардуми мо ин аст, ки ба хотири ин ки фарзандонашон дар артиш хизмат накунанд бо ҳар роҳу воситае бо додани пораву зора фарзандони худро ба донишгоҳу донишкадаҳо шомил мекунанд то дар оянда аз хизмати аскарӣ озод бошанд. Бинобарин ман фикр мекунам, ки бояд дар оянда артиш воқеан артиши миллӣ бошад ва фарзандони мардум бо шавқу рағбате, ки дар гузашта дар замони Шӯравӣ буд, ба монанди ҳамон замон рафта дар артиш хизмат кунанд. Ман ёд дорам, ки мардум ба хотири рафтан ба аскарӣ ҳатто маҳфилҳои бадрақаву пазироии аскаронро меоростанд ва мардум бо шавқу рағбат дар он артиш хизмат мекарданд. Банда 2 мартаба ҳамчун афсар дар артиши Шӯравӣ хизмат кардам ва он хизматро медонаму аз он хизматам ифтихор дорам. Вале дар ин давра камбудиҳои зиёде, ки аз ин артиш ва муносибати афсароне, ки ба аскарон дидаем, наметавон гуфт, ки мардуми оддӣ ба осонӣ ба сафи артиш мераванд. Куҷо расад ба фарзандони мардуми ҳоким ва мардуме, ки имрӯз соҳиби қудрату вазифа аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То фарзандони вазирхо, раисон ва мансабдорон ба сафи артиш даъват нашаванд-артиши Точикистон, Давлати Точикистон обруву эътибор пайдо намекунад. Ва бехбудие дар артиш хам дида намешавд.
Обруву эътибори дигар давлатхоро бинед. Набераи Шохзодаи Англия дар Афгонистон сарбаландона хизмат кард.
Таклиф: Артиш 1 сола ва хама фарзандони вазирхо, раисон ва мансабдорон бояд хизмат кунанд. Бовар кунед тамоман дузди, фиребгари, каллоби, маддохи аз байн меравад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чанд сол пеш бародарзодаи маро аз кӯча дастгир карда, ба хизмати аскарӣ кашиданд. Гарчи саломатиаш хуб набуд. Бародарам асноди лозимаро аз духтурон ҷамъоварӣ карда, ӯро раҳо кард. Боваратон намеояд, тайи як моҳе ки ӯ дар қисми ҳарбии воқеъ дар Душанбе буд, сару по ғарқи шабушк (ё шапуш) буд. Ҳамаи либосҳояшро бу коми оташ андохтем. Рӯзҳои аввали омаданаш аз хӯрокхӯриаш ба даҳшат меомадем. чунон саросемавор бо нони бисёр мехӯрд. Мегуфтки "да част фақат оби "шӯрбомонанд" ва хлеб медиҳанд. Мо ба он об хлебро пора карда меғӯтонему, мехӯрем." Маълум аст ки мо ӯро боз дуру дароз табобат кардем. Қисмати лату кӯбе ки онҳо аз ҷониби "аскарони пирхар" медидаанд, ҳоҷати гуфтан ҳам нест. Мегуфтки, " дар қатор истодаӣ, номаълум омада, ё паси сарат мезананд, ё дар гурдаҳоят, ки пеши чашмон торик мешавад." Соли гузашта ана ҳамин хел як видеоклип дар телефонҳо чарх мезад. Ман онро худам дидаам. Фикр намекунам ки аз он солҳо то ин дам чизе дар артиш тағйир ёфтааст. Пас дар ҳамин хел қувваҳои мусаллаҳ кӣ мехоҳад хизмат кунад?

Барои Тоҷикистон чандон артиши калон лозим нест. Ҳукумат метавонад артиши худро аз ҳисоби касбиён такмил диҳад. Ҳоло бисёре аз давлатҳои дунё ба ҳамин усули "артиши касбӣ" гузашта истодаанд. Он вақт ҳама нафаси озод мекашид. Бисёриҳо бо кор таъмин мешуданд. Бовар кунед, техникаи ҳарбӣ сол ба сол мураккаб шуда истодааст. Он бачаҳое ки имрӯзҳо ҳатто ному насаби худро дуруст нависта наметавонанд, чӣ тавр аз ӯҳдаи касби силоҳи мураккаби электронӣ мебароянд? Ин як пешниҳодест, омӯхтанӣ.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!