Бахшҳо
12 окт 2012 10:08Гузориш

"Гурбаи сиёҳ"-миёни Маскаву Анқара...

Русия дар нақши муттаҳид ва ҳомии аслӣ ва стратегии байналмилалии ҳукумати Башор Асад ва Туркия дар меҳвари мухолифини ғарбӣ ва арабии давлати ҳоким дар Сурия, ки ба сиёсати тағйири режим пойбанд ҳастанд, дар ду меҳвари комилан мутазод ва рӯёрӯи якдигар қарор гирифтанд.

Туркия бо рӯи кор омадани Ҳизби адолат ва тавсиа дар сипеҳри сиёсии кишвар дар соли 2002, сиёсати танишзудоӣ бо ҳамсояҳо ва низоми байналмилалро дар дастури кори сиёсати хориҷии хеш қарор дод. Дар ин чорчуби нигоҳ ва мантиқи ҳоким бар сиёсатмадорони Туркия нисбат ба Русия, ки ба унвони рақиби геополитик дар назар гирифта мешуд, ба мизони зиёде ранг бохт. Ҳар чанд сайри саудии равобити ду кишвар аз фардои фурӯпошии Шуравӣ ва ба дунболи он ҷанги сард шакл гирифта буд, аммо таъмиқи равобити ду кишвар бо густариши ҳамкориҳои стратегӣ, бо меъмории навини сиёсати хориҷии Туркия тавассути Довуд Уғлу шакл ва муҳтавои ҷадиде ёфт.

Ба тавре ки дар соли 2008 Русия дар заминаи тиҷорати хориҷӣ муваффақ шуд ҷойгузини Олмон, ба унвони бузургтарин шарики тиҷории Туркия шуда ва дар ин сол ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ миёни ду кишвар ба 35 миллиард доллар дар сол, афзоиш пайдо кард.

Дар соли 2009 нахуствазири вақти Русия Владимир Путин аз Анқара боздид карда ва натиҷаи он понздаҳ мувофиқатномаи муштараки байнидавлатӣ ва имзои ҳафт протокол буд. Дар майи соли 2010 ва ба ҳангоми дидори раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, ду кишвар дар мавриди сохти аввалин неругоҳи ҳастаӣ дар Туркия бо ҳазинаи болиғ бар 20 миллиард доллар расиданд. Ин дар ҳоле аст ки ду кишвар тамоюли худро ба манзури афзоиши ин мизон аз мубодилоти тиҷорӣ то сақфи 100 миллиард доллар дар соли 2012 эълон карданд. Чунин раванди бо фароз ва фуруде аз ҷинси манофеи милии ду давлат ҳамчунон то шурӯи таҳаввулоти Ховари Миёна идома ёфт. Аммо то оғози зилзилаи сиёсӣ дар минтақаи Ховари Миёна, ба хусус ташдиди ноамнӣ ва буҳрон дар Сурия, танишҳои ҳоким бар равобити ду кишвар дар даврони ҷанги сард, ки дар зери хокистари таърих мадфун гашта буд, дубора шӯълавар гардид. Ин амр, аз замоне ки Туркия ҳамроҳ бо НАТО гом дар таҳаввулоти Либӣ ниҳод, ки тайи он давлати муттаҳиди Русия соқит гардид, ҷони тоза ёфт.

Аз тарафе ба таври хостар, дар буҳрони Сурия, Русия ва Туркия низ аз таъсироти минтақаии ин буҳрон дур намонданд. Ба тавре ки тайи моҳҳои ахир, ба хусус ихтилофи мавозеъ ва манофеи ду кишвар дар буҳрони Сурия, ояндаи равобити сиёсии ду кишварро, ки бисёре аз коршиносон дар даҳаи ахири давраи тилойии равобити ду кишвар медонистанд, дар пардае аз ибҳом барад. Дар ин росто  Русия дар нақши муттаҳид ва ҳомии аслӣ ва стратегии байналмилалии ҳукумати Башор Асад ва Туркия дар меҳвари мухолифини ғарбӣ ва арабии давлати ҳоким дар Сурия, ки ба сиёсати тағйири режим пойбанд ҳастанд, дар ду меҳвари комилан мутазод ва рӯёрӯи якдигар қарор гирифтанд.

Аз ин рӯ, буҳрони Сурия ба ҳамроҳи дигар масоил, аз ҷумла сиёсатҳои Маскав дар қиболи Қибрис (Кипр), истиқрори системаи сипари дифои мушакии НАТО дар хоки Туркия  ва сиёсатҳои хати лулаи интиқоли нафт ва газ, ки бархе аз онҳо бо ҳадафи канор гузоштани Русия аз мубодилоти энергӣ ва костан аз нақши геоэкономии ин кишвар сурат гирифта, зарфияти тақобули ду кишварро солҳои ахир афзоиш дода аст. Тирагиҳое, ки ба назар мерасад дар пайи сиёсатҳои Туркия дар қиболи ду муттаҳиди Русия, яъне Либия ва Сурия,  умқи бештаре ёфта аст.

Агарчи шикофҳои ихтилоф дар равобити ду кишвар ба монанди давраи ҷанги сард фузунӣ ёфта, аммо нигарониҳо аз ҷинси муштарак, ҳамчунон ду кишварро нисбат ба якдигар эҳтиёткор намуда аст. Нигарониҳое монанди аз байн бурдани мухолифони дохилӣ ва қавмии ҷудоиталабона бо кӯмаки тарафи дигар ва ниёз ба тавсиаи равобити иқтисодии ду кишвар, барои фирор аз рекорди ҷаҳонӣ, метавонад дар контроли сатҳи буҳрон дар равобити ду кишвар, бисёр муасир бошад.

Бесабаб набуд, ки дар сафари ахири Урдуғон ба Русия, роҳбарони ҳар ду кишвар ба рағми ихтилофи назар дар буҳрони Сурия ва дигар мавзуоти ишорашуда таъкид доштанд. Поёни сухан он ки қарор додани бахшҳои мухталифи равобити ду кишвар, рушан месозад, қатори равобит аз масири давраи тилоӣ, ки дар даҳаи ахир паймуда, хориҷ мешавад ва аҳамияти стратегии худро аз даст хоҳад дод, вале ин ба ин мафҳум эҷоди хусумат ва буҳрони ғайри қобили рафъ дар равобити ду кишвар набояд таъбир шавад.

Манбаъ: Хабаргузории «Форс»
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)