Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:10

Кӯлоб: Кӣ ҳақу кӣ ноҳақ?

13 октябр 2012, 05:37

Лашкарӣ Мирзоев, роҳбари ҶСК «Пахтаи Кӯлоб»-и шаҳри Кӯлоб мегӯяд, шаҳрдорӣ бе ягон асос ва далел фаъолияти ин корхонаро қатъ кардан мехоҳад. Аммо дар ҳукумат ин даъвои Мирзоевро бепоя мехонанду иброз медоранд, ки ӯ дурӯғ мегӯяд…

Ба қавли ӯ, ҳанӯз аввали моҳи гузашта ҳукумати шаҳри Кӯлоб бе ягон асосу далел якбора талаби қатъи фаъолият аз ин корхонаро карда буд: «Аввал баҳона оварданд, ки гӯё корхонаи мо аз андози давлатӣ қарзи зиёд дошта бошад. Аммо бояд гуфт, ки ҳанӯз 4 сол муққадам, замоне ки ман ин корхонаро соҳиб шудам, қарзи корхона аз андози давлатӣ 680 ҳазор сомониро ташкил мекард. Ҳарчанд тибқи созишнома, ки 75 фисади саҳмияҳои корхонаро харидорӣ карда будам, дар мавриди баргардонидани қарзи андоз ҷавобгӯ нестам, вале кӯшиши баргардонидани қарзи андоз доштам. Аввали ҳамин сол қарз аз андоз 475 ҳазор сомонӣ бақия монда буд. То моҳи сентябр қисмати зиёди онро пардохт намудем ва бақияпулии андоз то имрӯз ҳамагӣ 142 ҳазор сомонии дигар боқӣ мондааст, ки  то охири ҳамин моҳ онро ҳам пардохт хоҳем кард».

Номбурда мегӯяд, маъмурияти ҶСК бо нозироти андози ҷумҳурӣ пайи баргардонидани бақияпулии андоз ба мувофиқа омада, як созишномаеро ба имзо расондаанд, ки тибқи он то 30-юми октябри соли ҷорӣ корхона қарзи андози давлатиро ба пуррагӣ пардохт хоҳад намуд: «Дар ин бора ба масъулини ҳукумати шаҳр маълумот додаем, аммо боз  ҳам монеъи фаъолияти корхона шуданианд. Ин дар ҳолест, ки дар корхона зиёда аз 100 нафар кор карда, сари вақт маош мегиранд».

Дар ҳамин ҳол ва новобаста аз фишори ҳукумати маҳаллӣ, корхона фаъолияташро идома дода, то имрӯз аз хоҷагиҳои пахтакор ашёи хом қабул мекунад.Мирзоев афзуд, 2 хоҷагии бузурги пахтакори ноҳияи Кӯлоб, хоҷагиҳои ба номи «Хатлон» ва «Сабз», инчунин якчанд хоҷагиҳои деҳқонӣ аз навоҳии Кӯлобу Восеъ, дар маҷмӯъ беш аз 10 хоҷагӣ ҳосили ҷамъовардаашонро ба ҳамин корхона барои коркард ва фурӯши баъдӣ месупоранд: «Пахтаи коркардшуда барои  1 тонна нахи соф дар ин ҷо ҳамагӣ  180 доллари амрикоӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки  дар корхонаҳои дигари коркарди пахта он аз 280 то 300 доллар нарх дорад».

Мирзоев мегӯяд, ҳукумати маҳаллӣ бо ҳар роҳу восита аз фаъолияти ширкат ҷилавгирӣ карданӣ аст: «Ҳатто идораи шабакаҳои барқро супориш медиҳанд, то интиқоли барқро ба корхона қатъ намоянд, ин дар ҳолест, ки мо аз ин корхона қарздор нестему гузашта аз ин, 50 ҳазор сомонӣ пешпардохт ҳам кардаем. Дар чамъомаду мачлисҳои ҳукуматӣ бошад, моро на даъват мекунанду на роҳ медиҳанд».

Аммо дар ҳукумати шаҳр ин гуфтаҳои соҳибмулки ҶСК «Пахтаи Кӯлоб»-ро таъид накарданд. Баҳром Садиров, мудири шӯъбаи саноати ҳукумати шаҳри Кӯлоб гуфт, маълумоти пешниҳоднамудаи Лашкарӣ Мирзоев куллан дурӯғ мебошад: «Дар ҳамаи ҷамъомаду чорабиниҳо ҳукумати шаҳр онҳоро даъват мекунад, вале касе аз ин корхона ба маҷлисҳо ҳозир намешавад. Ба зангҳои телефонӣ бошад, шахсан ҷаноби Мирзоев ҷавоб намедиҳад».

Дар мавриди бастани фаъолияти корхона ҷаноби Садиров гуфт, ин ҳама дурӯғ аст. То имрӯз корхона фаъолият дорад ва касе дар фикри бастани он набуду нест. Ин ҳама бофтаҳои Лашкарӣ Мирзоев аст.  

Аммо Лашкарӣ Мирзоев навиштаеро нишон дод, ки ба гуфтаи ӯ, он дар дарвозаи корхона бо мӯҳр, вале бе имзо, дар мавриди қатъ намудани фаъолияти корхона аз ҷониби масъулини ҳукумати шаҳр часпонида шудааст.

Аслиддин Достиев   










Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!