Бахшҳо
13 окт 2012 06:51Иҷтимоӣ

Иштиғоли занон аз дидгоҳи ислом

Ислом бо кори занон бо шароите ки  барои он муқарар шуда , мухолиф нест, аммо дар таъорузи  миёни кори занон ва арзишҳои муҳим  ва бунёдитар, нигоҳи ислом ба кори занон мутафовит хоҳад буд. Саъй бар он аст, ки дар канори кори занон, арзишҳои бунёдин ва асосӣ нигаҳдорӣ ва ҳимоят шавад.

То пеш аз тағйири нигариши инсон дар ренесонс (таҷаддуд), иқтисод ба унвони васила ва абзоре барои расидан ба ибодоти илоҳӣ тавсиф мешуд, аммо баъд аз онки инсон ва таманниёт ва хостаҳои у ба унвони асл ва мабдаъ қарор гирфт, пешрафт ва тавсиъаи иқтисодӣ ҷузъи аҳдофи ҷиддии инсони ғарбӣ шуд. Бо вуруди модернизм ба ҷаҳони ислом ба хусус Эрон, мавзӯъи иштиғоли занон ва нисбати он бо дидгоҳи ислом низ ба унвони як масъалае дар миёни пажӯҳишгарон матраҳ шуд. Дар матлаби пеши рӯ дидгоҳҳои ислом дар мавриди иштиғоли занон баён шуда аст, ки шуморо ба хондани он даъват мекунем.

Иштиғоли занон дар ваҷҳаи ислом

Бо нигоҳе ба оёти Қуръони карим метавон дарёфт, ки иштиғолу кор барои занон мамнӯъ нагардида аст. Бисёре аз иттилоот ва далолатҳои Қуръони карим нишон медиҳад, ки занон метавонанд дар фаъолиятҳои иқтисодии ҷомеъа мушорикат дошта  ва бо ҳифзи ҳудуди исломӣ, ба касбу кор бипардозанд. " Мардонро аз ончи ба ихтиёр касб кардаанд, баҳрае аст ва барои занон низ аз ончи касб мекунанд баҳрае аст" (Нисоъ.32)

Ояи карима бар иҷозати кори занон далолат дорад,  зеро ҳалол будани касб, яъне таҳсили даромад, мафруз гирифта шуда ва сипас дар бораи даромади ҳосил аз он изҳори назар шуда аст. Бинобар ин агар зан ва мард ба сабаби анҷоми коре даромаде касб кунанд, мутааллиқ ба худашон аст. Худованд дар сураи "Қасас" достони духтарони ҳазрати Шуъайбро зикр мекунад, ки ба иллати пирии падари хеш, барои касби даромад ба кори чупонӣ иштиғол доштанд.

Бо нигоҳе ба сираи Паёмбар ин нукта ошкор мегардад, ки занони бисёре дар замони Паёмбар буданд, ки ба кор ва фаъолияти иқтисодӣ мепардохтанд  ва кори онҳо низ мавриди қабул ва тасдиқи эшон қарор мегирифта аст. Ҳазрати Хадича аз занони баргузида ва бузургворе аст, ки худ тоҷире сарватманд буд, ки ба кори тиҷорат мепардохт ва ҳазрати Расули Акрам(с)  муддате аз ҷониби эшон ба тиҷорат машғул буд. Дар ривояте омада аст, ки Расули Худо(с) ба занон иҷоза медод,  то дар маросими иди фитр ва қурбон аз манозили худ хориҷ шаванд ва барои таҳияи рузӣ, иқдом кунанд.

Дар ривоёти имомони  поку муназзаҳи мо ба ривояте бар намехурем, ки кори занро ба таври куллӣ ҳаром эълон карда бошад, балки ривоёти бештар дар мавриди наҳваи ҳузури зан дар иҷтимоъ ва кору фаъолияти у сухан гуфтаанд. Аз ҳазрати Алӣ ривоят шуда аст, ки " ба зан беш аз ҳадди тавонаш кор вогузор макун ва ин барои ҳоли у беҳтар ва барои зиндагии у муносибтар аст, зеро зан райҳона аст ва қаҳрамон нест".

Ин ривоят, ки наҳйи иршодӣ аст ба вазъи руҳии ва ҷисмии занон ишора дорад ва баёнгари ин аст, ки онҳо бояд вазифаҳоеро бар уҳда гиранд, ки бо вазъияти ҷисмонӣ  ва отифияшон мутаносиб бошанд ва осоиш ва оромиши онҳоро бар ҳам назанад. Ривоёти дигаре низ  дар мавриди наҳваи  ҳузури зан дар иҷтимоъ вуҷуд дорад, ки оноро ба риъояти иффат ва тақво ва адами ихтилот бо мардон даъват мекунад. Дар заминаи равобити каломӣ низ, ки заминае барои барқарории равобити отифии амиқ аст, дар ривоёт ва Қуръон тавсияҳое  ба занон шуда аст,  монанди инки бо лаҳни нозук ва таҳрикомез сухан нагуед.(Аҳзоб.33)

Масолиҳи асоситар

Ҳарчанд ислом ҳаққи кор барои занонро ба расмият шинохта ва дар канори он истиқлоли молӣ ва дастмузди одилонаро низ мавриди таъкид қарор дода аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба зарурати ҳифзи бунёди хонавода, аҳамияти кори занон дар хона ва созгории табиъат ва вижагиҳои зистии занон бо он, афзал мешуморад дар тақсми кор, занон корҳои хона ва тарбияти авлодро бар уҳда гиранд  ва дар сурати афзудани  кори занон дар берун аз хона ва манфиатҳои асоситар муқаддам хоҳанд буд. Ислом хостори он аст ки зан зандагӣ соз ва ҳунарманд бошад. Ҳам авомили оромиш  ва сукут бошад ва ҳам биҳиштро зери қадами худ дошта бошад., ки аввалиро дар сояи хуби шавҳардорӣ ва дуюмиро  дар сояи тарбияти насл ва модарӣ, ба даст хоҳад овард.

Дар як нигоҳи куллӣ, ислом бо кори занон бо шароите ке барои он муқарар шуда, мухолиф нест, аммо дар таъорузи миёни кори занон ва арзишҳои муҳим ва бунёдитар, нигоҳи ислом ба кори занон мутафовит хоҳад буд. Саъй бар он аст  ки дар канори кори занон, арзишҳои бунёдин ва асосӣ, сиёнат ва ҳимоят шавад. Албатта ин мавзуъ дар мавриди мардон низ содиқ буда ва мунҳасир ба занон нест. Дар ҳамин замина арзишҳо ва ниҳодҳое, монанди хонавода, ки дар ислом дорои аҳамияти бунёдин ҳастанд, нигаҳбонӣ мешаванд ва ҳифзи онҳо дар дараҷаи аввали аҳамият қарор дорад.

Назари фуқаҳои ислом

Уламои ислом  ҳузури зан дар фаъолиятҳои иқтисодиро нафӣ нанамудаанд. Онҳо истиқлоли молиро барои зан  мавриди  тасдиқ қарор додаанд, ҳарчанд авлавиятро баҳси хонавода ва ҳамсардорӣ унвон кардаанд. Аз назари Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ тафовути ҳуқуқи зан ва мард ва масъалаи иштиғоли он ду, ҳеч гуна иртиботе бо масаъла бартарии онҳо надорад. Камоли инсонӣ  ва мансабҳо иҷроӣ, ду мавзуъи ҷудо аз ҳам ҳастанд. Асл таҳсили илм ва маърифат ва асли иҷтиҳод ва асли ирфон ва фалсафа ва .. камол аст, ки зан ва мард дар он мусовӣ ҳастанд. Аммо шуғлҳо ва манансабҳои иҷтимоӣ, ки ба ҳеч ваҷҳ наметавонанд намоёнгари камол бошанд, бар асоси сохтори бадан ва шароит ва ниёз, тақсим месябад.

Аз дидгоҳи Аломаи Таботабоӣ, ислом мард ва занро аз лиҳози тадбири шуъуни зиндагӣ, дар ирода ва кор мусовӣ медонад, яъне ин  ду дар масъалаи баровардани ниёзҳои зиндагии худ мусовӣ ҳастанд. "Бинобар ин зан метавонад монанди мард, мустақилан ирода кунад, мустақилан кор кунад ва молики натиҷаи кор ва кушиши худ шавад ва нафъ ва зарари кораш ба худаш мебошад".

Имоми Хумайнӣ аз онҷ о ки иқтисодро ба унвони абзоре медонад, ки бо истифода аз он метавон дар роҳи таъолии ислом гом бардошт, иштиғоли занонро  дар канори мардон бадин  қасд мавриди тасдиқ ва ташвиқ қарор медаҳад. Эшон дар васиятномаи сиёсии  хеш мефармояд:" Мо ифтихор мекунем, ки бонувон ва занон, пиру ҷавон ва хурду калон дар саҳнаҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ ҳозир ва ҳамдуши мардон ё беҳтар аз онон, дар роҳи таъолии ислом ва мақосиди Қуръони карим фаъолият доранд."

Эшон доштани шуғл барои занро комилан бидуни монеъ арзёбӣ мекунанд, аммо мудом ин нуктаро ёдоварӣ менамоянд,  ки ҳадафи зану мард аз ҳар гуна фаъолияте расидан ба марҳилаи камол ва қурби илоҳӣ аст, бинобар ин лозим аст, ки наҳваи ҳузури  занон дар фаъолиятҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоъии хеш ба гунае бошад, ки садди роҳи ба даст овардани камол нашаванд. "Албата шуғли дуруст барои зан, ҳеч мониъе надорад. Лекин на он тавре ки онҳо (режими паҳлавӣ) мехостанд. Онҳо назарашон ин набуд, ки зан як иштиғоле пайдо кунад”...

Манбаъ: Хабаргузории Форс

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)