Бахшҳо
13 окт 2012 07:00Гузориш

«Дидор» дар Тоҷикистон. Ва нигоҳе ба кинои тоҷик

Вақте кинобазми аввалро мегузаронидем, хеле душворӣ кашидем, ки ягон филми арзандаи сатҳи байналмилалиро ба озмун пешниҳод кунем: «Ҳоло бубинед, ки дар ҷашнвораҳои филмҳои тоҷикӣ пайдо шуданд, ки мо метавонистем, онҳоро дар озмуну бахшҳои дигари кинофестивалҳо муаррифӣ намоем.

Аз 16 то 20-уми октябри соли равон дар пойтахти Тоҷикистон ва дар шаҳри Қӯрғонтеппа, панҷумин кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мешавад.

Ба иттилои масъулини ин ҷашнвора, дар синамобазми панҷуми «Дидор» 75 филме, ки тайи ду соли охир таҳия шудаанд, аз 19 кишвар ба тамошо гузошта мешаванд. Дар озмуни байналхалқӣ бошад, 23 филми ҳунарӣ иштирок мекунанд. Аз Тоҷикистон 3 филм: «Телеграмма»-и коргардон Искандар Усмонов, филми «Чарх»-и коргардон Шаҳзод Раҷабов ва филми кӯтоҳи «Хорсаро» - и донишҷӯи Институти давлатии кинои Русия Румӣ Шоҳазимов дар озмун ширкат мекунанд. Ҳамчунин, ба фестивал филмҳои аниматсионии коргардони тоҷик Бахтиёр Қаҳҳоров «Аждар», «Хар», «Мурғак» ва ғайра пешниҳод шудаанд.

Ҳайати доварони байналмилалии кинофестивали панҷуми «Дидор»-ро директори иҷроияи барномаҳои кинофестивали байналмилалии Пусон, муннаққиди синамо аз Кореяи Чанубӣ Ким Ҷӣ Сеок сарварӣ мекунад. Биргит Боймерс, таърихнигори синамо, устоди кафедраи славяншиносии донишгоҳи Бристоли Британияи Кабир, Элчин Муса оғлу Гулиев, коргардон аз Озарбойҷон, Георгий Овашвили, коргардон аз Гурҷистон ва директори «Тоҷикфилм», коргардон Носир Саидов ба ҳайати доварони кинофестивал  шомиланд.

-Давоми 10 соли фаъолият вазифаи асосии кинофестивали байналмилалии «Дидор» ин намоиши ҳамкорӣ ва ҳамгироии фарҳанги синамоии Шарқ ва Ғарб, баррасии равандҳои рушди синамо дар кишварҳои форсзабон, озмуни байналмилалии беҳтарин филмҳои синамогарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва хориҷӣ, ки дар тайи ду соли охир сохта шудаанд башумор меравад. Ғайр аз ин намоиши васеъи киноматографияи ҷаҳонӣ дар доираи барномаҳои ғайриозмунӣ ва бозбинӣ ва омӯзиши ҳаматарафаи ҳолати кунунии синамои тоҷик мебошад,-мегӯяд  Сафари Ҳақдод, директори фестивал, раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон.

Номбурда қайд кард, ки имсол бори нахустин бор филмҳо аз кишварҳои Малӣ, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Япония, Маҷористон, Словакия, Швейтсария ва Фаронса иштирок доранд.   Дар фестивали «Верзио» -и Маҷористон (3 филм) ва фестивали «Ҳуқуқи башари Афғонистон» (11 филм) меҳмони кинофестивали «Дидор» мебошанд. Дар кинофестивали мазкур нахустнамоиши ҷаҳонии филми «Бӯйи об»-и коргардони муғул Мунхзул Чулуунбаат пешкаш мегардад, ки ин ҳам аз обрӯй ва эътибори синамобазми «Дидор» дарак медиҳад. Дар кинофестивал филми «Дохунда», ки аз рӯи романи Садриддин Айнӣ ҳанӯз соли 1937 ба навор гирифта, баъдан пахш нашуда буд, дар бахши филмҳои барқароргардида намоиш дода мешавад.

Сафари Ҳақдод ҳамчунин гуфт: «Кинофестивали «Дидор» ин як имконияти сайқал додани маҳорату баланд бардоштани касбият мебошад. Бахусус он ҷавононе, ки филмашон дар бахши «Панорама» ширкат мекунад, худро дубора дар оина мебинанд ва сатҳи филмҳояшонро бо филмҳои машҳури хориҷӣ қиёс мекунанд».

Артдиректори кинофестивали «Дидор», доктори улуми фалсафа, киношинос Саъдулло Раҳимов, нақши кинофестивали мазкурро барои рушди кинои тоҷик муҳим арзёбӣ намуда мегӯяд, яке аз ҳадафҳои кинофестивали байналмилалии «Дидор» дар ин аст, ки вазъи кинои тоҷик бисёр хароб буд. Фазои фарҳанги синамоӣ ба рушд низёз дошт, ба муҳаббат ва ба нигоҳи тоза ниёз дошт. Тамошочӣ дар синамо арзишҳои худашро гумм карда буд: «Аслан фестивал барои он гузаронида мешавад, ки ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 2000 номгӯи филмҳои бадеӣ истеҳсол мешаванд ва вазифаи фестивалҳо ин аст, ки филмҳои беҳтаринро интихоб намуда пешкаши тамошобин мегардонанд. Мо ба ҳамин муваффақият расидем, ки «Дидор» сабабгор шуд, ки синамогарони тоҷик дар ҳамкорӣ бо синамогарони Афғонистон, Эрон Қазоқистон Русия ва дигар кишварҳо ҳамоҳанг шуда дар натиҷа филм рӯи даст омад, ки ин яке аз дастовардҳои фестивал ҳамин аст».

Ӯ мегӯяд, баргузории кинофестивал ба рушди синамои тоҷик ва ҳамкориҳо мусоидат мекунад. Вақте кинобазми аввалро мегузаронидем, хеле душворӣ кашидем, ки ягон филми арзандаи сатҳи байналмилалиро ба озмун пешниҳод кунем: «Ҳоло бубинед, ки дар ҷашнвораҳои филмҳои тоҷикӣ пайдо шуданд, ки мо метавонистем, онҳоро дар озмуну бахшҳои дигари кинофестивалҳо муаррифӣ намоем. Синамогарони тоҷик эҳсос карданд, ки дар ин кинофестивал зарурати иштирок кардан ҳаст ва ҳар дафъа пешниҳодҳои хуб ҳам мекунанд».

Ибодуллоҳи Тоир

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)