Бахшҳо
18 окт 2012 04:01Гузориш

Савдои қудрати минтақаӣ барои кишвари кӯчак ба пуштвонаи долларҳои нафтӣ

Қатар, ки дар солҳои гузашта ба лутфи даромадҳои калони нафт ва газ тавонист ба қудрати иқтисодии минтақа табдил шавад, ҳоло дар савдои касби қудрати «сиёсӣ» низ ҳаст.

19-уми марти соли 2011 дар Либия мудохилаи низомӣ пас аз қатъномаи 1973-и Шӯрои амният аз сӯи эътилофе аз чанд кишвар, дар посух ба ҷанги дохилии Либия оғоз шуд.
Пас аз эътилофи аввалияи кишварҳои Белгия, Канада, Дания, Фаронса, Италия, Норвегия, Қатар, Испания, Британия ва Иёлоти муттаҳида, маҷмӯи онҳо ба 19 кишвар расид, ки дар мавориди ҷадидтар, кӯмак ба иҷрои минтақаи парвоз мамнӯъ, анҷоми муҳосираи дарёӣ ва ироаи силоҳҳои лоҷастикиро дар бар мегирифт.

Оғози вуруди Қатар ба моҷарои Либия
25-уми марти соли 2011 буд, ки як мақоми масъул дар Вазорати дифои Юнон эълон кард, 2 ҷанганда ва 2 ҳавопаймои борбарии Қатар барои ширкат дар ҷанги кишврҳои ғарбӣ алайҳи Либия вориди 2 пойгоҳи Англия дар хоки Юнон шуданд. Вай ки номаш фош нашуд, аз 2 ҷангандаи «Мираж» аз нерӯи ҳавоии Қатар ном бурд, ки ҳамроҳи 2 ҳавопаймои борбари навъи С17 дар ҷазираи Карити Юнон ба замин нишаста аст.

Аввалин кишвари арабии муҳоҷим
Пас аз оғози ҳамалоти ғарбиҳо ба Либия, ки ба муҷиби қатъномаи Шӯрои амният ба шумораи 1973 дар бораи эҷоди минтақаи парвоз мамнӯъ дар осмони ин кишвар оғоз шуд, Қатар нахустин кишвари арабие буд, ки иқдом ба фиристодани таҷҳизот ва нерӯ кард, аммо баъди кушта шудани Қазофӣ ва сарнагунии низоми вай, бисёре аз либиёиҳо аз нақши Қатар дар ин кишвар ва ҳимояти молӣ ва ташкилотиро аз як гурӯҳи хос ва эҳтимоли таъсири он бар фароянди сиёсӣ, нигарон ва норозӣ буданд. Ин нигаронӣ замоне бештар шуд, ки раиси ситоди атриши Қатар эълон кард, эътилофи байналмилалии ҷадиде ба фармондеҳии ин кишвар бо маъмурияти НАТО, амалиёти Либияро идома медаҳад.

Маъмурияте, ки нерӯҳои эътилоф барои Қатар дар Либия таъриф кард, омӯзиши нерӯҳои амниятии ин кишвар буд, ки пас аз фурупошии низоми собиқ, қудратро дар даст гирифта, аммо таҷрибаи чандоне барои ҳифзи амнияти инқилоб надоштанд.
Ба зудӣ мушаххас шуд, ки Қатар танҳо ба дунболи анҷоми маъмурият набуда ва нақшаҳое барои густариши он чи умқи стратегӣ хонда мешавад, дорад, ки ба гумони Шайх Ҳамд бин Халифа оли Сонӣ, ин кишварро табдил ба як қудрати минтақаӣ кард.

Ҳимоят аз гурӯҳи хос дар Либия
Чанде баъд маҷаллаи «Тайм» ба нақл аз Алӣ ал Тарҳунӣ, ноиби раиси дафтари иҷроии шӯрои интиқолӣ ва вазири дороӣ ва нафти собиқи Либия таъкид кард, ки иқдомоти Қатар дар Либия дар воқеъ ҳимоят аз ихвонулмуслимин аст. Қатар аз ҷарёни исломии тундрав, аз ҷумла ихвонулмуслимин ва салафӣ ҳимоят мекунад ва ин дар ҳоле аст, ки ҷарёни ихвонулмуслимин дар байни мардуми Либия ҳеч ҷойгоҳе надорад.

Идаои ободонии Либия аз сӯи Қатар ва вокуниш ба он
Дар идомаи ҳамин фаъолиятҳои мудохилаҷӯёнаи Қатар дар Либия буд, ки Абдулраҳмон Шалқам, вазири умури хориҷаи собиқи Либия бо лаҳне ҳушдоромез изҳор дошт: «шояд Қатар худ  ба бузургбинии Муамар Қазофӣ, диктатори сарнагуншудаи Либия дучор шуда ва худро раҳбари минтақа тасаввур мекунад, дар ҳоле ки фақат теъдоди шуҳадо ва маҷруҳини Либия беш аз ҷамъияти Қатар аст».

Шалқам аз ин ки Қатар маъмурияти ободонии Либияро бар ӯҳда хоҳад гирифт, ибрози тааҷуб карда гуфт, коршиносоне, ки умури нафтӣ ва бонкии Қатарро мудирият мекунанд, шаҳрвандони либиёӣ ҳастанд. Қатар бартарӣ нисбат ба Либия надорад, то утоқи амалиёт дар Либия ташкил диҳад. Мо Қатарро бетараф намедонем ва Либия ба Қатар ва Амрико ниёз надорад. Чанде баъд вазири хориҷаи собиқи Либия дар вокуниш ва таҳаррукоти Қатар дар ин кишвар бо баёни ин ки кишвараш яке аз устонҳои вобаста ба амири Қатар нест, гуфт ки Шайх Ҳамд бини Халифа оли Сонӣ ҳамчун Қаззофӣ ба ҷунуни қудрат мубтало шуда аст.

Нуфуз дар кишварҳо бо долларҳои нафтӣ
Қатар талош карда, ки бо долларҳои нафтӣ кишварҳои дучори буҳрон ва кишварҳои кӯчакро таҳти султаи худ дароварад. Ин сиёсат дар мавриди Либия низ сидқ мекунад, ки изҳороти раиси собиқи шӯрои миллии интиқоли Либия шоҳиди ин муддаост.
Мустафо Абдулҷалил, раиси собиқи шӯрои миллии интиқолии Либия низ дар ин маврид он замон изҳор дошт, ки Қатар беш аз 2 миллиард доллар барои пирӯзиҳои инқилоби Либия кӯмак карда аст, ки ҳамин мавзӯъ нишон аз талоши ҷиддии мақомоти қатарӣ барои таъсиргузорӣ дар умури Либия ва дар бахши иқтисодӣ дошт.

Густариши эътирозоти мардумӣ ва оташ задани парчами Қатар
Дар идомаи ҳамин сиёсатҳо, ки рафта рафта барои эътирозоти умумӣ ва нухбагони либияёӣ нисбат ба мудохилаи Қатар афзуд ва ин эътирозот то ба он ҷо пешрафт, ки мардум ба хиёбонҳо рехта ва эътирозоти худро бо оташ задани парчами Қатар (ва албатта Арабистон) эълом карданд. Ин эътирозҳо ҳатто дар сатҳи минтақаӣ низ худро нишон дод.

Алӣ Абулхайр, коршиноси масоили стратегии Миср бо интиқод аз дахолати сериёлии Қатар  дар таҳаввулоти кишварҳои арабӣ, аз фишори Қатар бар масъулони либиёӣ хабар дод ва дар гуфта буд, ки Дуҳа аз Тароблис хоста аст, аз воҳиди пули Қатар истифода кунад.

Шояд ба далели ҳамин нафрат ва эътироз буд, ки моҳи майи соли равон Асад Абуқилаҳ, рӯзноманигори мустақили либиёӣ ва хабарнигори «Дунё алватан» дар Тароблис гуфт, пас аз интишори хабари отшсузӣ дар Қатар, ки мунҷар ба марги 19 нафар шуд, бар хилофи андуҳи густарда дар ин кишвар, дар Тароблис, пойтахти Либия  ва чанд шаҳри дигар ин кишвар, карнавалҳои шодӣ ба роҳ андохт.

Нақши шабакаи Алҷазира дар Либия
Бозуи расонаии Қатар дар минтақа, шабакаи «Ал Ҷазира» аст, ки бар асоси он сиёсатҳои худро дунбол мекунад. Ин таъсири манфӣ дар Либия то он ҷо буд, ки бархе коршиносон ва таҳлилгарон бахше аз ҷанги дохилиро мутаассир аз он медонанд. Як нависандаи либиёӣ дар ин хусус таъкид кард, ки шайхҳои Қатар ва шабакаи «Ал Ҷазира», эҷоди ҷанги қабилаӣ дар Либияро мавриди ҳимояти худ қарор медиҳанд. Ин кишвар аз шабакаи моҳвораии худ «Ал Ҷазира», барои ба роҳ андохтани  ҷанги равонӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҷанги дохилӣ истифода мекунад.

Вай умедвор аст, ки Қатар ба унвони бузургтарин пойгоҳи Амрико дар минтақа, ба таҳрики неруҳои мусаллаҳи худ ва ҳамдастӣ бо Арабистон барои тавтиа алайҳи Либия иқдом накунад.

…ва нуктаи дигар
Ин мудохила дар миёнаҳои соли 2011 вориди марҳилаи ҷадиде шуд, ки иборат буд аз талош барои оддисозии равобити режими Исроил ва Либия, ки ҳамоҳангкунандаи эътилофи инқилобиёни 17-уми феврал дар мавриди он ҳушдор дода буд.
Вай баён кард, маҳол аст Либия бо режими саҳюнистӣ иртибот барқарор кунад, «зеро миллати мо ин режимро ба расмият намешиносад».

Қатар дар солҳои ахир ва ба лутфи даромадҳои нафтӣ ва газии фаровон тавониста ба як қудрати иқтисодӣ табдил шавад, аммо амири Қатар ба ин сатҳ аз қудрат басанда накарда ва талош дорад, ки худро ба як қудрати сиёсӣ дар минтақа табдил кунад. Шайх Ҳамди бин Халифаи оли Сонӣ рӯёи қудрати минтақаиро дар сар дорад, аммо бояд дар назар дошт, ки иқтисод танҳо яке аз  авомили қудратёбии як кишвар аст ва авомили дигаре, аз ҷумла ҷамъият, вусъати сарзамин ва тавоноии низомиро низ бояд ба он изофа кард. Вусъати сарзамин ва ҷамъиятро бо пул наметавон ба даст овард.

Манбаъ: Хабаргузории Форс

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)