Бахшҳо
19 окт 2012 06:58Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон "розигии" Маскавро гирифт, Кабирӣ аз Вашингтонро?

Ё Амрико ба Кабирӣ дар бораи интихоботи соли 2013  тавсияҳое  хоҳад дод?

Гуфта мешавад ин сафарро метавон ба сифати муайянкунандаи  фазои сиёсии Тоҷикистон дар як соли пеш аз интихоботи президенти маънидод кард. Бо як сафари корӣ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, озими Амрико шуд. Кабирӣ дар пайи ин сафараш, ки аслан бо даъвати як донишгоҳи амрикоӣ сурат гирифтааст ҳамчунин, бо мақомоти аршади Кохи Сафед низ сӯҳбатҳо анҷом дод. Аз ҷумла бо ёвари котиби давлатии Амрико дипломати варзида дар бахши Осиёи Марказӣ ҷаноби Роберт Блейк. Оғои Кабирӣ, ки чанд соли охир сафарҳои хориҷии бисёр дорад, бо ин сафараш ҳам наметавонист касеро ба ҳайрат орад. Аммо азбаски ҷамъияти хабариву иҷтимоии
Тоҷикистон то ин сафар ду мавзуи муҳимро матраҳ мекунад, ба гуфтаи таҳлилгарон сафари мазкур моҳияти онро ба маротиб ҷиддитар хоҳад сохт.

Аввалан сафари  Кабирӣ пас аз як сафари ба гуфтаи коршиносон бобарори Путин ба Душанбе иттифоқ  меафтад ва дуввум ҷаноби Кабирӣ бори аввал аст, ки маҳз дар Вашингтон бо мақомоти аршаде дар сатҳи Роберт Блейк мулоқот ва сӯҳбат анҷом медиҳад.  

Хоса  сафари Вашингтони  Кабирӣ  як сол пеш аз интихоботи президентӣ сурат мегирад ва сафари охири президенти рус ба Тоҷикистон сару садои зиёдро ба бор овардааст, мавриди баҳсҳои ҷиддии доираҳои коршиносист. Ҳарчанд Кабирӣ дар сӯҳбатҳои матбуотиаш борҳо таъкид кард, ки тибқи қарордод бо нерӯҳои сиёсии исломӣ онҳо аз ширкат дар маъракаҳои сиёсие чун интихобот худдорӣ мекунанд, вале таҳлилгарон ба ин назаранд, ки пас аз сафари Путин имкони тағири мавқеъгириҳои ҲНИТ ва раҳбарияти он хеле имкон дорад.

Аксари сиёсатмадорони тоҷик низ мақсад аз  даъвати Маркази донишгоҳи Вашингтон ва суханронии раиси ҲНИТ-ро ба интихобот-2013 рабт медиҳанд.
Аммо  зимни сӯҳбати худ аз Вашингтон бо хабарнигори "Озодагон" Кабирӣ чунин изҳор намуд:

- Сафари ман ба ИМА  сирф донишгоҳист. Ҳанӯз моҳи июн бояд мерафтам, вале худам  хоҳиш кардам, ки ба таъхир бияфтад, чун он замон сафарҳои дигар доштам.
Танҳо пас аз он, ки омаданам ба Вашингтон маълум шуд, мақомоти амрикоӣ хоҳиши мулоқот карданд. Сафар ҳеч рабте ба мақомоти расмии Амрикоӣ низ  надорад.
Вале коршиносони бар ин назаранд, ки чун интихоботи президентӣ наздик шудааст ва Душанбе тамоми масъалаҳои худро бо Маскав ҳал кард, сафари охири Кабирӣ метавонад, як навъ манёврҳои  Кабириву кишварҳои ғарбӣ унвон шавад.

Аммо ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, ки бори аввал  нест, ки ӯ бо мақомдорони сатҳи аввали Амрико сӯҳбату гуфтугӯ анҷом медиҳад. Бо худи Роберт Блейк ва дигар мақомоти баланди хориҷӣ дар Душанбе ҳам вохӯрдаам, вале шумо дуруст қайд кардед, ки воқеан ҳам бори аввал аст, ки чунин вохӯрии ман дар хориҷ аз кишвар мегузарад. Бояд қайд кунам, ки сафари ман қаблан таҳрезишуда буд ба Амрико, вале сӯҳбат бо ҷаноби Блейк ростӣ якбора дар барномаи ман пайдо шуд,-афзуд раиси ҲНИТ.
Ин дар ҳолест, ки Кабириро имрӯз ҷонибдоронаш дар Тоҷикистон яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ё арзанда ба мансаби президентӣ ном мебаранд. Аз ин ҷост, ки онҳо мегӯянд, дар сӯҳбатҳои Кабирӣ ва Блейк шояд мавзӯи сиёсати хориҷии Тоҷикистон, аз ҷумла мавқеъгириҳои ҲНИТ дар рӯ ба рӯи масоили геополитикӣ  мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Худи Кабирӣ зимни сӯҳбат  бо мо  гуфт, ҳоло ба ин мулоқот омодагӣ дорад, вале намедонад дар он кадом мавзуъҳо баррасӣ мешаванд. Ба тахмини ӯ дар ин дидор ҳам мисли мулоқотҳои қаблӣ вазъи сиёсии Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва мавқеъгириҳои ҲНИТ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.  ӯ ҳамчунин ваъда дод, ки пас аз ин мулоқотҳо ахбори лозимаро дар инхтиёри хабарнигорон вомегузорад ё пас аз бозгаштаг ба кишвар нишасти матбуотие баргузор хоҳад кард.

Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик ба ин назар аст, ки ба сафари оғои Кабирӣ ягон ҳадафи сиёсӣ зам кардан имкон надорад. Ин як сафари маъмулӣ аст, чун  Кабирӣ на танҳо раиси ҲНИТ, балки яке аз вакилони фаъоли парлумони Тоҷикистон низ ба шумор меравад, ки танҳо ба фарқ аз дигарон  садои ӯ дар пардумон шунавотар аст. Вай намояндаи Тоҷикистон аст. Ва ман фикр накунам, ки дар ин сӯҳбати ҷонибҳо Роберт Блейк дар бораи интихоботи дар пешистода ба вай ягон  гӯшзад  кунад. Мақоми ҷаноби Кабирӣ аз Роберт Блейк баландтар мебошад ва фикр ҳам накунам, ки Кабирӣ ба сухани  ин аҷнабиён ҳаматарафа таваҷҷӯҳ зоҳир намояд. Ин дигар аз мавқеъгириҳои кишварҳои абарқудрат аст, ки аз имконот ва зарфиятҳои  як шахси сиёсӣ чӣ гуна истифода кунанд.

Сайфулло Сафаров, муовини  маркази тадқиқоти стратегӣ низ мегӯяд, аҷаб нест, ки сафари Кабирӣ ба интихоботи соли  2013 ҳам вобастагӣ дошта бошад, чунки Кабирӣ раиси ҳизби сиёсӣ аст. Ва пӯшида ҳам нест, ки кишварҳои абарқудрат ҳамеша бо опозисиони сиёсӣ хуб кор мекунанд. Аммо Сайфулло Сафаров мегӯяд иттилои ҳар як кишварро абарқудратҳо маҳз аз опозисия гирифтанӣ мешаванд. Ин хислати давлатҳои абарқудрат аст, ки камбудиҳои ин давлатро биомӯзанд ва онро дар сиёсати минбаъдаи худашон истифода кунанд…

Чунин сару садо дар ҳоле ҷомеаи Тоҷикистонро ба худ гирифтор кардааст, ки ба интихоботи президентии Тоҷикистон каме бештар аз як сол боқӣ мондааст. Ва самтгирии номзадҳо дар қиболи сиёсати хориҷӣ чӣ гуна хохад буд, ба гуфтаи таҳлилгарон ба наздики посухи худро дарёфт мекунад.  Аммо маълум аст, ки таъсироти беруни дар сиёсатхои дохилии Точикистон камтар аз мавқеъгириҳои дохилӣ нахоҳад буд.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)