Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:52

Оё шахсеро, ки бо силоҳ вориди Душанбе шудааст, метавон қаҳрамон номид?

19 октябр 2012, 07:04

24 октябри соли 1992  Сафаралӣ Кенҷаев ба пойтахти ҷумҳурӣ бо артиши аҷнабӣ ва силоҳ ворид шуд.  Ҳанӯз як қисмати мардум аз Кенҷаев ба унвони қаҳрамон ёд мекунанд. "Озодагон" бо таваҷуҳ ба ин ба коршиносон чунин суол дод: Оё шахсеро, ки бо силоҳ вориди Душанбе шудааст, метавон қаҳрамон номид?

Сӯҳроб ШАРИПОВ, вакили Парлумон

Ба солҳои ҷанг баҳо додан мушкил аст. Чун арзишҳо дар вақти муносибатҳо бо силоҳ ҳал мешуданд, ин тарафу он тарафро баҳо додан душвор аст. Зеро ҷанги шаҳрвандӣ ин худ як фоҷиаи бузург аст барои миллат. Худи президент як бор гуфта буд, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қаҳрамон нест ва нахоҳад буд. Он корҳое, ки шуданд, фоҷиаи миллӣ аст ва дар ин фоҷиаи миллӣ қаҳрамонӣ вуҷуд дошта наметавонад. Дар ҷанги шаҳрвандӣ ин тарафу он тараф бо силоҳ ворид шуда мардуми худро аз байн мебурданд, бинобарин ман фикр мекунам, ки дар ин рушди таърихии сиёсии навини тоҷикон умуман қаҳрамон вуҷуд надорад. Қаҳрамонӣ фақат он вақт метавонад пайдо шавад, вақте дар муқобили душмани берунӣ истанд. Қаҳрамонон он касоне буданд, ки моҳи ноябри соли 1998 дар муқобили Маҳмуд Худойбердиев мубориза бурданд. Вақте, ки сарбозони давлатҳои бегона дар сарзамини мо омада силоҳ кашиданду хостанд сарзамини моро забт кунанд. Қаҳрамон бачаҳое буданд, ки  дар артиши Тоҷикистон барои соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи миллат мубориза бурданд. Қаҳрамон иштирокучиёни ҷанги бузурги ватанӣ ва байналмилалӣ ҳастанд, ки новобаста аз хоҳиши худ қарзи байналмилалиро аз ҷониби манофеъи давлати шӯравӣ ҳимоя карданд. Дар чорчӯбаи ҷанги шаҳрвандии мо қаҳрамонӣ ин як мафҳуми сохта аст. Метавон гуфт, ки фалон роҳбарону қумандонҳои он вақта шуҷоъат нишон доданд, вале ин ки қаҳрамони миллат ва давлати Тоҷикистон буданд, ман ҳаргиз инро қаҳрамонӣ намеҳисобам. Танҳо ҳамроҳони ҳамон  силоҳбадастон метавонанд онҳоро қаҳрамон ҳисоб кунанд, ба далели ҳамон тангназарияшон. Барои ман дар ин ҷанг гуноҳкорон зиёданд на қаҳрамонон зеро онҳо натавонистанд ҷумҳуриро аз ҷанги шаҳрвандӣ эмин доранд, ки роҳбарияти давлатро дар даст доштанд. Ҷанг кардан ин кори осонтарин ва аввалин аст, вале созиш кардан кори мушкил буд зеро он ҳангом иродаи сиёсӣ набуд ва натавонистанд миллатро аз ин фоҷиа нигоҳ доранд. Албатта омилҳои дохиливу берунӣ буд.

Раҳматилло ЗОИРОВ, раиси ҲУСДТ

Вақте байни як миллат ҷанги шаҳрвандӣ мешавад ё низоъи силоҳбадастон дигар ин ҷо қаҳрамон шудани касе ғайриимкон аст. Агар силоҳ ворид кардан ба шаҳр ҳамчун овардани озодӣ ба мардум бошад, дар ин ҷо албатта қаҳрамон шуданаш мумкин аст. Аммо дар ҳолате, ки солҳои 1992 ба миён омад, кадомаш ки набошад ҳатто баъд аз сессияи 16 - ум ҳам ин чиз мешуда бошад, ин ҷо ягон нафарро қаҳрамон эътироф кардан ғайриимкон аст.

Шодӣ ШАБДОЛОВ, раҳбари ҲКТ

Қаҳрамон касе аст, ки ватанашро муҳофизат мекунад. Солҳои ҷанг давлат тақрибан, ки набуд. Як гурӯҳ аз тарафи Хатлон омад, гурӯҳи дигаре аз дигар тараф. Он давраи ҳарҷу марҷ буд. Масъалаи қаҳрамонӣ он ҷо набуд, масъалаи буду набуди Тоҷикистон буд, ки мамлакати мо ҳамчун давлати воҳид боқӣ мемонад ё на. Президент он вақт на армия дошту на қувваҳои мусаллаҳ. 5 полис буданд, ки коре аз дасташон намеомад.Дар он замон ин одамон шуҷоъат карданду барои нигоҳ доштани ҳукумати конститутсионӣ ба шаҳри Душанбе омаданд. Вале хатои мо ҳамин буд, ки артиш надоштем. Агар артиш медоштем, касе ҷуръат мекард, ки бо силоҳ вориди Душанбе шавад. Артиш набуду подарҳаво монд. Бинобарин масъала қаҳрамон эълон кардану накарданд нест, он замон масъалаи буду набдуи Тоҷикистон матраҳ буд. Онҳое, ки пеш аз ин ба Душанбе омаданду кохи президентро зада гирифтанд, бо силоҳ буданд. Аслан ҷанги шаҳрвандӣ фоҷиаи таърихии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буд. Масъала қаҳрамон эълон кардан нест, балки бо кадом ҳадаф ҳамин одамон ба Душанбе даромаданд. Ҳамаи инҳоро душман ё қаҳрамон гуфтан намешавад. Дар ин бора дар "Народная Газета" ва дар тиливизиони Сафина ҳам ман сӯҳбат кардам ва ҳамаи воқеъиятҳои ҷанги шаҳрвандиро пурра ва бо шуҷоъат гуфтам ва касе ҷуз ман ҷуръат намекунад ин чизҳоро гуяду то ҳоло ҳам нагуфтааст.

Раҳматулло ВАЛИЕВ, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Ман фикр мекунам агар касе бо яроқ ба Тоҷикистон ворид шуда бошад, ҳеч вақт ӯро қаҳрамон ҳисоб кардан мумкин нест. Зеро дар ҳамин ҷанги шаҳрвандие, ки буд, ҳеч кас худро ҳаққи маънавию инсонии  ғолиб ҳисоб кардан надорад. Ба хотири он ки ӯ бо бародар, падар, авлод, забон ва ватани худ ҷангид ва дар ин ҷо ягон одами бегонае набуд, ки мехост Тоҷикистонро забт кунаду дар кишвари мо забону урфу одат ва дигар қавонини худро ҷорӣ кунад. Дар ин ҷо тоҷикон байни худ ҷангиданд ва на мағлуб дорему на ғолиб. Ин ҷо фақат як даврае буд, ки ғазаби Худованд бар сари мардуми тоҷик омад ва тоҷиконро бо якдигар рӯ ба рӯ овард. Вале шукри Худо, ки ин ғазаб берун карда шуд. Ман ҳамчун яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон касеро қаҳрамон намеҳисобам ва агар касе ин рӯзҳо аз тарафи ҳукумати кишвар барои корҳое, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ карда шуд, ягон нафареро имтиёзе дода бошад, ин ҳам ҷиноят аст. Ба номи он одаме, ки бо силоҳ омада буд, номи ягон мактаб ё ноҳияеро мегузоранд, ки ин ҳам ҷиноят мебошад. Ба фикрам шамоли таърих оҳиста - оҳистаин номҳоро шуста аз саҳнаи таърих дур месоазд, зеро ин қаҳрамонӣ нест. Онҳое, ки ин корро мекунанд, худашон дар ҳамин корҳо даст доранд. Онҳо бо силоҳ вориди пойтахт шудаанд ва барои ин ки ин амали худро пушонанд, он одамони бо силоҳ воридшударо дастгирӣ мекунанд. Он зиёиёне, ки яроқ ба даст нагирифтаанд, фикри манро дастгирӣ мекунанд.

Сайидумар ҲУСАЙНӣ, муовини раиси ҲНИТ

На танҳо қаҳрамон номидани ононеро, ки аз хориҷ бо силоҳ вориди Душанбе мешаванд, касе ҳақ надорад, балки онҳоро мухолифи қаҳрамон яъне  мешавад номид. Ман намедонам Кенҷаев аз хориҷ силоҳ гирифта ба дохили Тоҷикистон ворид шудааст ё дигарон, вале ҳар касе, ки аз хориҷ силоҳ мегираду барои қатли ому ғорату куштори мардум вориди Тоҷикистон мешавад, ӯ қаҳрамон буда наметавонад.  Метавон гуфт чун ҷангҳое, ки дар Тоҷикистон рух дод, ҷангҳои гуруҳӣ буд, ҳар гуруҳе ҳоло ҳам ибрат нагирифта мехоҳанд нафаронии худро ҳамчун қаҳрамон ҷилвагар намоянд. Бинобар ҳамин ин дарсро бояд мо бигирем, ки дар ин ҷанги анҷомдодаи мо ҳеч касе агар ҷинояткор ҳам набошад, қаҳрамон набуд. Қаҳрамон гуфтан айб аст.

Исмоил РАҲМАТОВ, коршиноси масоили сиёсӣ

Шахсе, ки дар Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ё ҳар шаҳри дигар ғайриқонунӣ бо силоҳ гардад, ӯро қаҳрамон гуфтан мумкин нест. Сафаралӣ Кенҷае фарзан ба Душанбе ҳамла кард. ӯ бо гурӯҳи мардуми маҳаллии регару ғайра ва узбакону афғонҳо ҳам буданд, онҳо бо силоҳ ба Душанбе ҳамла карданд, вале ба Душанбе дохил нашуданд. Чигуна як шахсе, ки ба давлату миллати худ ҳамла мекунад, қаҳрамон меномандаш. Ин кори зидди ахлоқӣ аст.Ман ин гуна ашхосро қаҳрамон намеҳисобам ва фикр мекунам мардуми Тоҷикистон низ онҳоро қаҳрамон намедонанд. Кенҷаевҳо бо ҳамон тарафдоронашон ва он сарбозоне, ки бо роҳбарии ӯ буданд, мардумро дар куча мепурсиданд, ки аз куҷо ҳастанд. Онҳоро маҳкам карда ба пойгоҳҳои худ мебурданд. Тиливизони Душанбе низ чанд бор инро нишон дода буд. Нафароне ҳам, ки аз тарафи мухолифин ва фронти халқӣ ҷанг карданд, онҳо ҳам қаҳрамон нестанд. Зеро онҳо барои манофеъи хусусиву шахсии худ ҷанг карданд ва натиҷаашро ҳама диданд.

Иззат АМОН, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия

Касоне, ки бо силоҳ вориди Душанбешаҳр гаштанд на танҳо қаҳрамон, балки  баракси ин номидан зарур аства онҳо ба ҳамаи касон маълуманд. Қаҳрамон муаррифӣ шудани ин афрод ба он хотир аст, ки он солҳо бо силоҳ вориди шаҳр гаштанд ва ҳануз мехоҳанд,  ҳар кореро дилашон хост кардан гиранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!