Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:31

Тақсимоти марз: дипломатҳои тоҷик баранда мешаванд ё бозанда?

20 октябр 2012, 03:52

Як сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин аз Ҷопон хост, ки бо таваҷҷуҳ ба тамоюли Ҷопон барои беҳбуди равобит бо Чин, ки ба дунболи танишҳои марзии ду кишвар ба сардӣ гароида буд, ба мизи музокирот бозгардад. Ихтилофоти марзии ин ду кившар нишон медиҳад, ки муноқишоти марзӣ байни мамлакатҳо рӯз то рӯз сангинтар мешавад. Аз онҷое, ки Тоҷикистон ҳам як кишвари заъиф аст ва қаблан қитъае аз арозии худро ба Чин ҳадя дода буд, коршиносон корро барои Тоҷикистон дар хусуси муноқишоти марзӣ бо ҳамсояҳо душвор арзёбӣ мекунанд.

На Чин таслим мешавад на Ҷопон
Ҳунг Лӣ мегӯяд, ки Ҷопон бояд воқеиятро бипазирад, иштибоҳоти худро ислоҳ кунад ва барои дастёбӣ ба як роҳи ҳали сулҳомез пушти мизи музокира бинишинад. Таниш дар равобити Токио ва Пекин бар сари ҷазоири "Диёую", ки ҷопониҳо ба он "Санкогу" мегӯянд, замоне ташдид шуд, ки давлати Ҷопон аз тасмими худ барои хариди ин ҷазоир хабар дод то ҷое, ки чиҳилумин солгарди равобити дипломатик миёни ду кишварро низ таҳти шуъоъ қарор дод.

Вазири хориҷаи Чин зимни суханронии худ дар маҷмаъи умумӣ аз Ҷопон хоста буд таҷовуз ба ҳокимияти арзии Чинро мутавақиф кунад. Вай аз тарҳи миллӣ кардани ҷазоири мавриди муноқишаи ду кишвар тавассути давлати Ҷопон ба унвони дуздида шудани хоки Чин аз тарафи Ҷопон ёд кард.

Ин дар ҳолест, ки Юшиҳиюку Нудо нахуствазири Ҷопон низ меҳвари аслии суханронии худ дар маҷмаъи умумиро муноқишоти арзӣ миёни Чин ва Ҷопон қарор дод.Вай дар суханронии худ дар маҷмаъи умумии Созмони миллал дар Ниёюрк, бо ишора ба ихтилофоти арзии кишвараш бо Чин дар заминаи чанд ҷазираи кучак гуфт, дар мавриди ин ҷазоир мусолиҳа намекунад ва ба ҳеч унвон кӯтоҳ намеояд, аммо моил аст ин ихтилофот ба наҳве мусолиматомез ҳалу фасл шавад. Дар ин байн Ҷопон ҳам бекор нанишаста вазири хориҷаи ин кишвар ба Фаронса, Ангилис ва Олмон барои ҷалби ҳимояи онҳо дар робита бо муноқишоти марзияш бо Чин сафар кард.

Аммо Вазорати хориҷаи Чин ба шиддат аз суханронии Нудо дар СММ интиқод ва онро рад кард. Дар ҳоли ҳозир таниши арзӣ дар равобити ду кишвар муносиботи иқтисодии ин ду иқтисоди бузурги Осиёро низ таҳти таъсир қарор дода ба тавре, ки фурӯши мошинҳои ҷопонӣ дар Чин ҳудуди 40 дарсад коҳиш ёфтааст.

Таҷрубаи талхи "табартақсим" дар Тоҷикистон
Ин ҳам дар ҳолест, ки пештар Чин иддаои мутаъаллиқ ба худ донистани бахше аз қаламрави Тоҷикистонро карда буд ва бо ризояти тарафайн 1142 км арозии кишвар ба чиниҳо вогузор гардид. Он ҳангом вазири умури хориҷаи Тоҷикистон иддаоҳое мабни бар ғайриқонунӣ будани таҳвили қитъае аз замини мамлакат ба давлати ҳамсояи Чинро бепоя хонд. Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфта буд, ки Тоҷикистон хутути марзаш бо Чинро мушаххас карда ва ба мубоҳисоти ҳудуди 300 сола дар мавриди манотиқи муноқиша миёни ду кишвар нуқта гузоштааст. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон иддаоҳои Муҳиддин Кабирӣ, вакили Парлумон, роҷеъ ба ин ки таҳвили арозӣ ба Чин як амри муғоир бо қонуни асосист, рад карда буд. Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми баррасии протоколи таъини хутути марз бо Чин дар Парлумон гуфта буд, ки тибқи моддаи 7 - и қонуни асосӣ "ҳудуди Тоҷикистон тақсим нашаванда ва дахлнопазир аст".

Аммо Зарифӣ гуфт, ки Сарқонуни кишвар дар соли 1994 тасвиб шуда ва дар он замон хутути марзӣ бо ҳеч кишвари ҳамсояи Тоҷикистон мушаххас нашуда буд. Ба гуфтаи вазир, нахустин санади ҳуқуқӣ дар ин замина протоколи тасвибшуда бо Чин аст, ки дар 27 - и апрели соли 2010 дар шаҳри Пекин аз ҷониби вазирони хориҷаи Точикистону Чин  имзо шуда ва аз тарафи Парлумонҳои ҳар ду кишвар тасвиб гардидааст.

Гуфта мешавад 1142 ҳазор километри мураббаъ аз арозии Тоҷикистон, ки ба ихтиёри Чин гузошта шудааст, дар манотиқи дурафтодаи кӯҳистонӣ дар помири шарқӣ ва дар иртифоъи 3000 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда ва дар он ҷо одамон зиндагӣ намекунанд.

Иддаои чиниҳо ин буд, ки байни хонигарии Чин ва давлати подшоҳии Русия дар қарни 19 санаде имзо шуда будааст, ки нишон медиҳад ин қитъа аз қаламрави Тоҷикистон дар он замон ба Чин мутаъаллиқ буда аст. Аммо дар вокуниш ба ин, бархеҳо дар кишвар ин суолро матраҳ карданд, ки пас бар асоси ҳамин усул оё
Тоҷикистон низ метавонад аз Узбакистон баргардонидани шаҳрҳои таърихии Самарқанду Бухороро, ки тоҷикон моли худ медонанд, тақозо кунад?

Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, ки бидуни асноди таърихӣ ва ҳуқуқӣ наметавонад дар бораи ин масъала ибрози назар кунад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, дар китоби "таърихи табартақсим" - и академик Раҳим Масов дар ин маврид даҳҳо санаду далелро пайдо кардан мумкин аст.

Дипломатҳои тоҷик нигарони муноқишоти арзӣ нестанд
Вақте якбор қитъае аз арозии Тоҷикистонро чиниҳо аз худ карданд, баъид нест, ки ин ҳодиса бори дигар аз тарафи ин кишвар ва ё мамлакати дигар такрор шавад. Аммо вакили Маҷлиси намояндагон Сӯҳроб Шарипов бар ин назар аст, ки Тоҷикистон имрӯз аз ингуна хатарҳо эмин аст, зеро он масоиле, ки хеле ҳам мушкилу ҳалталаб буданд, дар чорчубаи қавонини кишвар ва созишномаҳои байналмилаллии Тоҷикистон имзо шуданд, ба ҳамин хотир дар ин масъала ягон мушкили ҷиддие вуҷуд надорад.

Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, ки мушкили пешомада байни Чин ва Ҷопон масъалаи таърихӣ мебошад ва дар он ҷо аз ҷанги бузурги ватанӣ ба ҷониби Чину Ҷопон хулосаҳои мутафовит бардоштанд. Ин муноқиша як омили таърихӣ ҳам ҳаст.

"Ман фикр мекунам далелҳои дурусттар аз Чин аст. Аммо новобаста аз ин агар ин вазъиятро ба Тоҷикистон гузаронем, имрӯз дар шароити кунунӣ мо чунин хавфе надорем. Тамоми мушкилоте, ки дар ин замина бояд ҳал мешуданд, ҳал шудаанд. Албатта баъзе масоили таъини ҳудуди марз байни Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон вуҷуд дорад, ки ин масъалаҳо дар комиссияи махсус байни ин давлатҳо оҳиста - оҳиста роҳи ҳали худро дорад меёбад. Дарсади каме боқӣ монда то бо ин давлатҳо ба созишномаи муайяне бирасем. Ин кори онқадар мушкил ҳам нест, вале аз ҷиҳати техникӣ амалӣ кардани он марзҳое, ки Иттиҳоди шӯравӣ ба мо гузошт, як вақти муаянеро талаб мекунад. Мо бояд бо далоили хубу қавӣ собит кунем, ҳам аз тарафи Қирғизистон ва ҳам аз ҷониби Узбакистон", илова намуд вакили Парлумон. Ба гуфтаи номбурда, таъини ҳудуди марзӣ кори комиссияи байни ин ду давлат бо Тоҷикистон мебошад, ки дар чорчубаи барнома доранд амалӣ мешаванд.

Ба бовари Сӯҳроб Шарипов мушкилот бо Чин ва Афғонистон ҳал шудаанд ва бо дигар давлатҳо Тоҷикистон ҳамсарҳад нест. Ингуна хатарҳо дигар барои Тоҷикистон вуҷуд надорад ба монанди бӯҳроне, ки байни Ҷопон ва Чин ба вуҷуд омадааст.

Маврид ба зикр аст, ки Самарқанду Бухоро моли Тоҷикистон ҳастанд, ки дар ихтиёри Узбакистон қарор доранд ва давлати Тоҷикистон барои бозпас гирифтани ин ду шаҳр кӯшише намекунад.

Дар ҳамин маврид Сӯҳроб Шарипов бар ин бовар аст, ки Тоҷикистон Самарқанду Бухороро гирифта наметавонад. Зеро масъалаҳои таърихӣ як чиз аст ва масоили сиёсати амалӣ дигар чиз. Албатта Бухоро ва Самарқанд ин маркази фарҳангӣ ва маркази рӯҳи миллати тоҷик аст, ки инро акнун ҳам касе инкор карда наметавонад. На Узбакистон ва на ягон давлати дигар. Ин таърих аст ва тамоми ҷаҳон медонад, ки чунин аст. Вале аз ҷиҳати тақсимоте, ки ба Тоҷикистон аз даврони шӯравӣ монд, ҳамин сарҳади имрӯзӣ аст. Тоҷикистон ҳоло ҳамингуна сарҳаду ҳамингуна давлат дорад ва ба кишваре ҳам ҳеч даъвое аз ҷиҳати сиёсӣ ва роҳбарияти давлат надорад.

Тоҷикистон ягон мушкил ва даъвои ҷиддие бо дигар давлатҳо надорад. Дар сатҳи рӯшанандешон, шоирон, олимон ва дар дилу дидаи халқи тоҷик ин доимо вуҷуд дорад. Албатта ин бад нест, чун як андешаи таърихӣ ва дилу ҷигари тоҷикон дар ҳамон ҷост. Ҳарчанд Самарқанду Бухоро дар марзҳои Узбакистон ҳастанд, вале манфиъатҳои фарҳангии тоҷикон ба шумор мераванд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст.

Ингуна мисолҳо дар дунё зиёданд минҷумла Байтулмуқаддас ва дигар шаҳрҳои бузурге, ки дар он ҷо тамоми миллатҳо метавонанд рафта ибодат кунанд. Инҳо моли умумибашарӣ мебошандва Самарқанду Бухорониз тамаддуни бузурги одамият мебошад. Тоҷикистон ифтихор ҳам мекунад, ки ин ду шаҳр ҷузъи фарҳанги миллиаш аст.

Мо аз нигоҳи донишмандон метавонем дар ин маворид сӯҳбат намоем, вале аз ҷиҳати сиёсӣ ба касе даъво накардаему нахоҳем кард, илова намуд вакили Парлумони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарипов.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба боварии Қосими Бекмуҳаммад коршиноси масоили сиёсӣ,  асоси бахши тақсими марз ба тавони дипломатии ҳар кишваре бармегардад, ки бояд аз манофеъи миллии худ ва ҳаққи қонуние, ки бар қаламрави кишвараш дорад, ҳимоят кунад. Ба боварии номбурда дар ин маврид гузашт кардан ба вижа гузаште, ки танҳо бо мулоҳизоти манофеъи як гурӯҳе ҳоким бошад, шояд аз тарафи кишвари дигар мавриди истиқбол қарор гирад, вале ҳамин масъала ё дар марҳалаи мавҷуд ва ё дар оянда аз ҷониби худи мардуми ҳамон кишвар метавонад мавриди суол қарор бигирад.

"Албатта бо таваҷҷуҳ ба ҳассосиятҳое, ки дар равобити Тоҷикистон бо Узбакистон ба назар мерасад, бояд дар бахши таъин ва аломатгузории марз диққати комил ба харҷ дода бишавад,то ҳаққи Тоҷикистон дигарбора ҳамонанди қарни 20 зоъеъ нашавад. Дар масъалаи Қирғизистон низ бояд мо бо таваҷҷуҳ ба манофеъи муштарак иқдом бикунем, вале набояд аз ҳаққи худамон дар робита бо марзи миллиямон бигзарем", афзуд Қосими Бекмуҳаммад.

Биёед як бор андеша намоем, вогузории арозии Тоҷикистонро, ки мутаъаллиқ ба ҳамаи миллат аст, метавон роҳи ҳали муноқишоти марзӣ номид? Чину Ҷопон таслими якдигар намешаванд, вале Тоҷикистон ба роҳатӣ заминашро ба Чин медиҳад. Дипломатҳои тоҷик мегӯянд, ки замини вогузоршуда ба Чин оубҳавояш хуб несту дар минтақаи дурафтода аст. Вале ин далели хубе нест, зеро "ҳар чиз, ки хор ояд, як рӯз ба кор ояд". Ба вижа дар ҷаҳони имрӯза, ки ҷамъият пайваста дар ҳоли афзоиш асту замин намерасад. Ҳоло хулоса бароред, ки оё дипломатҳои тоҷик дар муноқишоти марзӣ баранда ҳастанд ё бозанда?

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!