Бахшҳо
23 окт 2012 07:10Фарҳангу адаб

«Muse»-ро беҳтарин гурӯҳи муосир эътироф карданд

Маҷалаи маъруфи «Q»-и чопи Бритониё барандаҳои ҷоизаи мусиқавияшро эълон кард.

22-юми октябр дар Лондон расми тақдими ҷоизаҳои мусиқии маҷаллаи «Q» сурат пазируфт. Сегонаи «Muse» дар номгӯи «Беҳтарин гурӯҳи муосир» мақоми аввалро касб намуд. «Muse», гурӯҳи рок аст, ки соли 1994 дар шаҳри Тинмути Бритониёи Кабир таъсис ёфтааст. Аъзои он Мэттю Беллами, Крис Уолстенхолм ва Доминик Ховард мебошанд. Дар давоми фаъолият «Muse» нуҳ албоми таронаҳоро ба бозор баровардааст, ки дар маҷмӯъ бо теъдоди 15 миллион нусха ба фурӯш рафтаанд. «Muse» дар гузашта ҷоизаҳои маъруфи мусиқӣ, аз қабили MTV Europ Music Awards, Q Awards, NME Awards, Brit Awards, Kerrang Awards ва Gremmyро ба худ ихтисос додааст.

Барои «Muse» ин шашумин ҷоизаи Q Awards ба ҳисоб меравад: Солҳои 2003 (Барои навоварӣ), 2004, 2006, 2007 (Беҳтарин ҳунарнамоии мустақим) ва 2009 (Беҳтарин гурӯҳи муосир).

Аъзои гурӯҳи «Django Django» бошад, «Беҳтарин овозхонҳои навроҳ» эътироф шуданд. Ҷоизаи «Беҳтарин албом» насиби маҷмӯаи таронаҳои Бобби Уомака бо номи «The Bravest Man In The Universe» гардид.

Гурӯҳи «Blur» барои консерти моҳи августаш ҷоизаи «Беҳтарин ҳунарнамоӣ»-ро ба худ ихтисос дод.

Ҷоизаҳои мусиқии маҷаллаи «Q» соли 1990 таъсис ёфта, ҳамасола тақдим мегардад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)