Бахшҳо
25 окт 2012 05:52Иқтисодӣ

Тоҷик аз шикам иборат аст?

Масъулони барномаи ҷаҳонии озуқа мегӯянд, таҷрибаи соли гузашта, ки афзоиши нархи ғизо даҳҳо миллион сокини сайёраро ба вартаи қашшоқӣ бурд, бори дигар исбот намуд, ки ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ бояд таваҷҷӯҳ шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи СММ бисёре аз хонаводаҳҳо дар Тоҷикистон беш аз 63 фоизи даромади худро барои озуқа сарф мекунанд.

Ҷопониҳо 15% ва тоҷикон 63% маоши худро харҷи шикам мекунанд
Онҳо дар қатори омилҳое, ки барои густариши гуруснагию қашшоқӣ мусоидат мекунанд, тағйирёбии иқлим, даргириҳои сиёсиву низомӣ ва хушксолиро ном бурдаанд. Ирфарин Казн, мудири иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқа гуфтааст, онҳо талош доранд мушкили миллионҳо нафарро дар сайёра осон намоянд, вале дар баъзе ҳолат бовар надоранд, ки ёрии онҳо ба дасти табақаи ниёзманд мерасад. ӯ дар иттилоияе, ки дафтари Созмони ҷаҳонии озуқа интишор додааст, гуфта, ки "барномаи озуқа бо

мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешавад, то боварӣ ҳосил намояд, ки маҳз табақаи воқеан ниёзманд сари вақт кӯмакро гирифтааст".
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта барномаҳои озуқа ҳудуди 100 миллион нафарро дар 75 кишвари ҷаҳон фаро гирифта, 34 миллион кӯдакро бо ғизо таъмин кардаанд. Ҳамзамон барномаи ҷаҳонии озуқа ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, бо такя ба таҷрибаҳои муосири ҷаҳонӣ, роҳҳои бештар намудани тавлидотро нишон медиҳад.

Дар ҳамин маврид доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки хароҷоти оилаҳои тоҷик барои шикам аз 63% ҳам бештар буда, ба 87% то 93% баробар аст. Ба гуфтаи номбурда маоши оилаҳо бояд барои истеъмолот, то 30% нигоҳ дошта шавад. Бояд 25% барои сармояи оянда ва 30 дарсади дигар барои маънавиёт равона гардад. Ҷопониҳо 65% - маоши худро барои маънавиёт харҷ мекунанд. 15% барои озуқа ва 20% дигар барои зиндагӣ ва ё сармояи оянда харҷ мекунанд, ки ин нишонаи аз ҳама баланди рушди нерӯи инсонист, иброз дошт доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев.

Иқтисоддон Баҳор Қамаров ин гуфтаҳоро тақвият бахшида мегӯяд, ки ҳақиқатан он шахсоне, ки дар аксари соҳаҳои иқтисодӣ маош мегиранд, маошашон он қадар баланд нест. Бинобарин он касоне, ки танҳо аз ҳисоби маош рӯз мегузаронанд ва ба соҳибкорӣ машғул нестанду даромади дигаре надоранд, барояшон ҳақиқатан 63 фоизи маошро барои ғизо сарф кардан дуруст аст. Баҳор Камаров мегӯяд, ки ин 63% ҳам ҳатто талаботи онҳоро аз нигоҳи тиббӣ ва дигар қавоид монанди дар як рӯз калорияи муаяне масраф кардан, қонеъ намегардонад: "нархҳо дар Тоҷикистон рӯз то рӯз баланд мешавад ва он музди меҳнате, ки вуҷуд дорад, ба ҳамин самт равона карда мешавад. Аммо он соҳибкороне, ки даромади иловагӣ аз чанд ҷо доранд, маблағҳояшонро барои маорифу тандурустӣ сарф мекунанд".

Тоҷикистон ба ҷомеаи истеъмолӣ табдил мешавад
Алзира Фрейра, мудири барномаи ҷаҳонии озуқа мегӯяд, дар Тоҷикистон ба кӯдаконе, ки нимгуруснаанд, волидайни онҳо, беморони сил ва дигар табақаҳои ниёзманд ғизои иловагӣ медиҳанд: "кӯмакҳои барномаи ҷаҳонии озуқа волидайнро ҳавасманд мекунад, ки фарзандонашонро ба мактаб фиристанд. Дастрасиро ба дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ васеъ тар месозанд".

Дар ҳоле аз хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба ақидаи иқтисоддонон сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар кишвар дар дараҷаи пасте қарор дошта, мардуми тоҷикро аз як зиндагии арзанда ба монанди ҳаёти мардуми урупо, ки аз назари хизматрасониҳо ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҷойгоҳи болотаре қарор доранд, маҳрум сохтааст.  

Дар ҳамин маврид доктори улуми иқтисод Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки дар кадом сатҳ қарор доштани сатҳи зиндагии оилаҳо вобаста ба хароҷотест, ки мекунанд. Ба андешаи номбурда як нозукии рушди нерӯи инсонӣ вуҷуд дорад, ки сиёсати иҷтимоӣ ё идеологияи рушди тавонмандии инсон дар тамоми ҷавомеъи пешқадами дунёст, ки яке аз вазоифаш ташвиқу тарғибот ва дигараш таъминсозии рушди нерӯи инсонист.

"Оилае, ки худ камбизоат асту дар муҳити қишлоқ калон шудааст, ин чизҳоро дарк намекунад. Ин вазифаи аввалиндараҷаи давлат, баъд ҷомеаи шаҳрвандӣ ва  ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад. Ба ин хотир идеологияи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз асоситарин сиёсатҳои иҷтимоии давлат ва ҳар як фард аст. Аслан дар ҷомеа шахси беҳунару бекасб набояд бошад ва мо бояд мутахассису тавлидкунанда бошем", баён намуд доктори улуми иқтисод.

Таҳлилгарон мегӯянд, афзоиши нархи озуқа ба сатҳи саводнокӣ ва саломатии мардум таъсири манфӣ дорад, чун хоҷагиҳо ночор даромади асосиашонро барои хӯрокворӣ сарф намуда, аз хизматрасониҳои маорифу тандурустӣ маҳрум мемонанд.

Табаралӣ Ғаниев мегӯяд, ки дар сурати идома ёфтани ин раванд, ки оилаҳо 93% - и даромади худро харҷи шикам кунанд, истеҳсоли нерӯи инсонӣ гум шуда, инсоният дигар наметавонад барои тавонмандсозии нерӯи худ имконоти молӣ аз ҳисоби сарчашмаи даромади оила ба вуҷуд омадаро истифода барад. Дар ин ҳолат рушди фарзандон зери хатар қарор мегирад. Дар маҷмуъ рушди ҷомеа бо хатар рӯ ба рӯ шуда ба як ҷомеаи истеъмолӣ табдил мешавад, афзуд.

Ин мушкил 63% мардумро аз таҳсил маҳрум мекунад
Дар Тоҷикистон бо вуҷуди он ки амнияти озуқаворӣ яке аз се самти стратегии сиёсати иқтисодии ҳукумат арзёбӣ мешавад, ду даҳсола боз бозори озуқаи кишвар пойбанди кишварҳои хориҷӣ боқӣ мондааст. Маҳсулоти гандумӣ, ки ба ҳисоби СММ 60 фоизи ғизои рӯзонаи мардуми Тоҷикистонро ташкил медиҳад, аксаран аз хориҷ ворид мешавад. Вобастагии зиёд ба маҳсулоти воридотӣ боиси он шуда, ки дар натиҷаи хушксолӣ дар Қазоқистон, нархи орду гандум тайи ду моҳи охир дар бозорҳои Тоҷикистон ҳудуди 50 фоиз афзоиш ёбад.

Ба иттилоъи СММ, ба эҳтимоли зиёд бо мурури гаронишавии нархҳо бисёре аз хонаводаҳои Тоҷикистон аз 63 фоизи кунунӣ ҳам бештар даромадашонро барои озуқа сарф хоҳанд кард. Тибқи ҳисоботи коршиносони СММ соли гузашта 17 дарсад боло рафтани нархҳо, даромади оилаҳои тоҷикро 11 фоиз кам намудааст.

Дар ҳамин маврид Табаралӣ Ғаниев бар ин бовар аст, ки бар асари афзоиши нархҳо мизони маошҳо ҳам боло меравад, чун ин як чизи табиист. Вале Тоҷикистон бояд дар андешаи тавлидкунандаи нерӯе бошад, ки содиркунанда аст. Ин аз ашхоси 16 ба болоро дар бар мегирад, бояд чизе тавлид гардад, ки танҳо 10 фоизи даромади ба даст омада барои сер кардани шикам ва 90 дарсади он бояд барои соҳибкорӣ равона гардад.

"Барои қиёс дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна як корманд байни 800 то 1000 доллар маош мегирад, вале дар давлатҳои пешқадами ҷаҳон ин то 80 ҳазор доллар дар як сол аст. ММД низ бар сари ҳар як нафар аз замин то осмон бо Тоҷикистон фарқ мекунад. Аз 80 ҳазор агар минимум 20 дарсадаш маош бошад, 30% - ро фаро мегираду ба 24 ҳазор баробар мешавад ва ба 12 моҳи сол тақсим гардад, ба ҳисоби миёна 2000 доллар маошаш мешавад. Акнун тасаввур кунед, ки агар 800 доллар маош бошад, 30% баробар бо 240 доллар ва тақсими 12, 20 доллар дар як моҳ мешавад. Дар Тоҷикистон 20 доллар ва дар хориҷа 2000 доллар мешавад", иброз дошт Табаралӣ
Ғаниев. Ба боварии номбурда агар 20 доллар ҳамааш сарфи ғизо гардад, аз 80 ҳазор доллар 20 фоизаш барои озуқа кифоя аст.

Аммо Тоҷикистон ба далели яке аз фақиртарин кишварҳои Осиёи Марказӣ будани худ, ки наметавонад мардумашро бо ҷои кору маоши арзанда ва маводи ғизоӣ таъмин кунад, шинохта мешавад. Ҳатто ба кумаки хориҷӣ ҳам ниёзманд аст, чунончи   давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз хориҷа ба маблағи 46 миллиону 500 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмаки башардӯстона гирифтааст. Миёни 38 давлати дурру наздик, ки таи ин муддат ба Тоҷикистон кӯмак кардаанд, Иёлоти муттаҳҳидаи Амрико саховатмандтарин маҳсуб меёбад. Тибқи иттилои Оҷонсии омор аз маҷмӯи кӯмакҳои гирифтаи Тоҷикистон, 42 фоизаш аз ИМА равона шудаанд. Русия дар рӯйхати саховатмандтарин шарикони Тоҷикистон дар ҷои дуюм меистад, ки саҳмаш дар кӯмакҳои гирифтаи Тоҷикистон 11 фоизро ташкил медиҳад. Ба сифати кӯмаки башардӯстона Тоҷикистон аз ҳама зиёд дорувориро гирифт аст, ки маблағи он ҳудуди 20 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад. Инчунин ба Тоҷикистон давоми нӯҳ моҳ 8.5 ҳазор тонна орд, 515 тонна равған ва дигар намуди озуқаю либос ҳамчун кӯмак ворид гардидаст. Ин оморҳо нишон медиҳад, ки вазъияти зиндагии мардум дар Тоҷикистон хуб нест.

Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна бо ҳадди аксари 110 доллар даромади моҳона барои 1 оилаи ҳадди ақал 4 нафара, дорои поинтарин шохис дар ҷамоҳири Осиёси Маркази аст. Маоши миёна дар Тоҷикистон 531 сомонист, агар оилае 63 фоизи онро харҷи ғизо кунад, ба 335 сомонӣ баробар мешавад ва танҳо 196 сомонӣ боқӣ мемонад, ки ин маблағ на барои маориф на тандурустӣ ва ҳатто пӯшок низ кифоя нест. Маоши ҳадди ақал низ ҳамин тавр. Агар аз 200 сомонӣ маоши минимум 63% кам гардад, ба 126 сомонӣ баробар мегардад ва танҳо 74 сомонии дигар барои шахс мемонад. Дар ҳолате, ки дар Тоҷикистон оила ё шахс 1000 сомонӣ ҳам маош гирад ва 63 дарсади онро харҷи озуқа намояд, 370 сомонӣ барои ӯ боқӣ хоҳад монд, ки ин ҳам барои маънавиёту хизматрасонӣ ва маорифу тандурустӣ нокофист. Бо ин 370 сомонии мобақӣ низ пасандоз кардан ҳам намешавад.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)