Бахшҳо
25 окт 2012 06:37Иҷтимоӣ

Кӣ моро ба сатҳи ҷорӯб фаровард?

Чанде қабл дар шаҳри Санкт-Петербург як роҳнамое барои муҳоҷирон ба нашр расид, ки дар он муҳоҷиронро  муаллиф ҳамчун ҷорӯб ва дигар ашёи беҷон тасвир кардааст. Дар ин роҳнамо ҳамчунин гуфта шудааст, ки муҳоҷирон дар Русия либоси варзишӣ ва ё миллӣ ба бар накунанд. Дар робита ба ин "Озодагон" назари коршиносонро пурсид:

Абдулло ҚОДИРӣ, сухангӯи хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон

ОЯД гуфт, ки ин роҳнамо ввокунишеро ба вуҷуд овард. Феълан муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар сатҳи хуб аст ва ба ин амал гурӯҳе даст мезананд, ки хостори халалдор кардани ин равобит ҳастанд. Дар Русия гурӯҳҳои иғвоангез хеле зиёд аст ва онҳо шояд аз ин роҳ истифода кунанд. Ба ҳар сурат хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ин масъаларо ҷиддӣ таҳти назорат гирифта, талош дорад то он роҳнамову тасвирҳо аз сойтҳои интернетии Русия бардошта шаванд. Зеро он тасвирҳо арзишҳои олии инсониро поймол мекунанд. Аслан гурӯҳе аз муҳоҷироне, ки ба Русия сафар мекунанд касбе надошта, забонро низ намедонанд. Ҷиҳати омода кардани муҳоҷирон мо наворҳо бардошта, тавассути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон онро пахш кардем. Эҳтимол меравад ҳамин ноогоҳии муҳоҷирон аз вазъияти худ дар Русия сабабгори аслии тасвирашон дар чунин шакл гашта бошад.

Муҳаммадалӣ ҲАЙИТ, муовини раҳбари ҲНИТ

ОНЕ, ки имрӯз муҳоҷиронро дар шакли ашёи беҷон таҳия кардаанду, марудми русро ҳамчун табиб, пулис таҳқир аст. На танҳо таҳқир ба мардуми тоҷик, балки таҳқир ба мардуми Осиёи Миёна. Ин бархурд бастагӣ ба муносибати ҳукумат бо муҳоҷирон корӣ дорад. Он ёддошти тафоҳуме, ки чанд рӯз қабл дар Душанбе аз ҷониби ду раисҷумҳур ба тасвиб расид, бойис нагардид, ки масъулини рус муносибати худро бо муҳоҷирон иваз кунанд. Дар ҳудуди Русия ва умуман собиқ Шӯравӣ муҳоҷирони корӣ бе ҳуқуқ ҳастанд. Камтарин ҳуқуқи инсонӣ риоя намешавад. Маблағе, ки бар ивази заҳмат барои беҳбудии Русия мегиранд, 30 дарсадро ҳатто ташкил намедиҳад. Вале ба ин нигоҳ накарда муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба хотири таъмини хонаводаи худ дар Русия кору фаъолият мекунанд. Онҳо сарчашмаи аслии интиқоли маблағ ба Тоҷикистон мебошанд. Аз ибтидо дар  Русия ҳуқуқҳои муҳоҷирон риоя намегардид.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раҳбари ҲУСДТ

ИМРӯЗ воқеан муҳоҷирони корӣ дар Русия ба корҳои вазнину сиёҳ машғуланд, аз ин хотир муаллифон китобчаро дар ин шакл мунташир карданд. Мутаасифона, муҳоҷирони корӣ сатҳи дониши ҳуқуқӣ, тасавурот дар бораи фарҳанги рус, гирифтани ҳақмуздро  надоранд. Ин масъала хеле ҳасос буда, боиси таасуф ҳаст, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро дар ин шакл тасвир кардаанд. Ин таҳқири инсон мебошад. Нашри чунин китоб ҳам аз он далолат медиҳад, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба таври зарурӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ҳимоя намешаванд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)