Бахшҳо
25 окт 2012 07:43Фарҳангу адаб

Гузориши як дидор

Ин навишта аз шоъири ҷавон, вале нерӯманди ҳам қавму ҳамзабону ҳамдостони эронии мо, Муҳаммадҷаводи Осмон аст, ки дар нахустин рӯзҳои даргузашти устод дар интернет роҳ ёфта ва дар чандин сойтҳо интишор шудааст. Вале ман дунболи муаллиф мегаштам, чун дар сайте аз номи каси дигаре омадааст. Ҳангоми сӯҳбат аз шоъир ва донишманди фарҳехта Алиризои Қазва дарёфтам, ки моли Муҳаммадҷаводи Осмон аст ва ба ёрии эшон ин матнро дарёфт кардам. Дар ин бора оқои Қазва дар сафҳаи хеш дар "Фейсбук" чунин овардаанд:"Имрӯз доктор Сафар Абдуллоҳ  дӯсти тоҷикам аз Қазоқистон тамос гирифта буд, ки агар матлабе барои устод Шакурӣ дорӣ бароям бифирист. Ёди шеъри Осмон уфтодам ва ин шеърро барояш фиристодам. Намедонист аз кист. Шеърро дида буд,аммо номи шоъирро намедонист. Дидам чӣ насри зебое навишта Осмони азиз ва чӣ шеъри зеботаре. Ростиро, ки ман чӣ қадар хушвақтам ба хотири доштани дӯстоне, ки дар рӯзҳои дурии  ман аз Эрон, танҳо бо як телефон аз тарафи ман ба аёдати ин бузургмард мераванд ва амонатдортар аз ҳамеша саломи маро ба ин бузургвор мерасонанд. Устод Шакурӣ ҳаққи бузурге ба гардани ман дошт ва Осмон бори ин андӯҳро бо ин навишта ва шеъраш каме сабукӣ кард. Худо ин ҷавонро аз бародарӣ кам накунад ва он бузургмардро низ дар ҷавори худ рӯзӣ диҳод,то рӯзе ки мо низ бандагиро ба ҷо орем. Омин.Сешанбе,6 хурдоди 1391."Бо сипос аз бародари гиромӣ доктор Қазва мо бо камоли майл ин матлаби бисёр зеборо бидуни даст бурдан ба забону баёни фасеҳу балеғаш чоп хоҳем кард. Сафар АБДУЛЛОҲ



Кам кам дигар умеде ба пайдо кардани пирамард дар ин шаҳри дарандашт надоштам. Хабаргузориҳо навишта буданд, ки ӯ дар "бемористони Дай" бистарӣ аст. Дирӯз рафта будам бемористони Дай, вале дасти холӣ баргашта будам. Иттилоъоти бемористон касеро бо ин ном суроғ надошт. Бо худам гуфтам шояд номаш дар шиноснома чизи дигаре бошад. Хонуме, ки пушти мизи иттилоъот нишаста буд, аз саволҳоям калофа шуд ва дигар ҷавоб надод. Рафтам утоқ ба утоқ бахши дохилиро гаштам, вале набуд. Даст ба домони "доктор Таркӣ" шудам. ӯ ҳам хабаре надошт. Ба доктор Насирӣ, дабири фарҳангистон занг задам (манзур Фарҳангистони забон ва адабиёти форсӣ аст. С.А.), барнадошт. Паём фиристодам. То ин ки дишаб худи доктор Насирӣ занг зад ва гуфт, устод дар  "бемористони Меҳр" ҳастанд; утоқи 327. Исфаҳонӣ будани ман ҳукм мекард, ки имрӯз пеш аз гул харидан, мутмаин шавам, ки ӯ дар ҳамон ҷост. Ин бор, зиёд музоҳими хонуме, ки пушти мизи иттилоъот нишаста буд нашудам; доктор Насирӣ ҳама чизро дуруст гуфта буд; илло шумораи утоқро, ки  ду шумора зиёдтар гуфта буд. Аз пиллаҳо ки боло мерафтам, чеҳраи устод  Муҳаммадҷон Шакурии Бухороиро дар зеҳнам муруре мекардам; дар филми мустанади "Ҷони Дилафрӯз" пушти нимчамизе нишаста буд ва дар пиёлаи тоҷикӣ чой менӯшид. Дар задам ва бандаи худоро аз хоб паррондам. Гумонам писараш буд, ки таи утоқ нишаста буд ва бо лаптопаш (нотбук) машғул буд. Бидуни ин, ки калимае бигӯяд, бо лабханд омад ба истиқболам ва гулро гирифт. Бо ӯ даст додам ва рафтам канори тахти устод. Берамақтар аз оне буд, ки тасаввур мекардам. Дасту пешониашро бӯсидам. Пурсид кистам. Гуфтам: "Ман Осмонам, шоъирам ва оқои Қазва маро барои дастбӯсии Шумо фиристода ва салом расонда". Гул аз гилаш шукуфт ва тавре бе садо хандид, ки ёди падарбузурги худобиёмурзам уфтодам. Фикр кардам шояд чизе аз гузаштаҳо ёдаш набошад. Гуфтам: "Оқои доктор Қазваро мешиносед?" Кашида гуфт: "Бале куҷо ҳастанд?" Гуфтам: "Ҳинд" ва ангор аз инҳинои лабхандаш кам шуд. Гуфт: "Худи Шумо куҷоӣ ҳастед?" Гуфтам:Исфаҳон; Исфаҳон ташриф бурдаед?" Макс  кард. Гумон кардам нашнида вале дошт фикр мекард. Гуфт: "Ду бор, ду бор Исфаҳон рафта будам, ҳамаи шаҳрҳои таърихии Эронро рафтаам ҷуз Ҳамадон ки гумон намекунам дигар ъумрам кафоф бидиҳад". Алифи таърихиро мисли ъайн гуфт. Ҳис кардам пирмард чӣ қадар  ноумед  аст. Гуфтам: Устод Шумо зудтар хуб шавед, ман худам қавл медиҳам бибарамтон Ҳамадон". Боз ҳамон тавр хандид; бе садо. Гуфт: "Ман  умед надорам, дигар хонаи худамро ҳам бубинам". Гуфтам: Хонаатон? Дар Душанбе ё Бухоро?! Ангор доғи дилаш тоза шуда бошад, ашк ҳалқа зад дар чашмаш ва гуфт: "Онро ки солҳо пеш вайрон карданд". Ба вови вайрон касра дод. Гуфт: "Онро баъд аз Шӯравӣ ба қимати каме…карданд  ва ба мардум фурӯхтанд ва ҳоло аз нав чизе ҷояш сохтаанд". Ҷои се нуқта вожае ба русӣ гуфт, ки ҳадс задам бояд дар мояҳои хусусисозӣ бошад. Гуфтам: "Устод, Шумо қавл бидиҳед маро бибаред Бухоро, ман  ҳам қавл медиҳам Шуморо бибарам Ҳамадон". Боз хандид. Гуфт: "Бухоро дигар тамом шуда, Бухоро дигар Бухоро намешавад". Пурсидам: Чаро?" Гуфт: "Он ҷо дигар як мактаби тоҷикӣ ҳам нест. Аз Бухороиҳо дигар обе гарм намешавад". Гуфтам:Ман ҳанӯз умедворам ки гарм шавад! Шояд бишавад аз роҳи Созмони Милал коре кард". Сар такон дод ва лабханди талхе зад: " Эээээ ҳее…кудом милал ?!". Тоза фаҳмидам, ки чӣ ҳарфи аҳмақонае задаам! Гуфтам:Ман фикр мекунам ҳанӯз кишварҳои шӯравӣ комилан истиқлол пайдо накардаанд. Ин яъне, ки ҳанӯз ҳокимиятҳо ва марзҳо тасбият нашуда ва фурсат ҳаст. Рӯзе ки тоҷикҳо воқеан раиси ҷумҳури худашонро интихоб кунанд, фикре ҳам барои Бухорову Самарқанд хоҳанд кард." Гуфт: " Ин русҳо…ин русҳо…" ва  сар такон доду гуфт: Шояд, шояд рӯзе касе аз Тоҷикистон баланд шавад, як марди ҳарбӣ, ва мардум бо ӯ бишаванд ва Бухороро пас бигиранд".

Таҳи дилам дӯст надоштам, ки ӯ роҳи ҳалли моҷароро дар ҷанг бубинад. Дидам нороҳаташ кардам. Хостам ҳарфро аваз кунам. Гуфтам: "Каме бароям аз Қазва ҳарф бизанед; аз он солҳо ки дар Душанбе буд. Ман дорам китобе дар ин бора омода мекунам". Фақат як ҷумла гуфт, ки "Қазва донишманди бисёр шарифе ҳаст" ва дубора рафт суроғи Бухоро. Гуфт: "Ман худам  аз адибону донишмандони тоҷик имзо ҷамъ кардам ва баёнияе танзим кардам ва фиристодам барои Гӯрбачоф (Горбачев!) вале ифоқа накард". Гуфтам:Ман шунидаам ки Садруддини Айнӣ дар ҳамон замони шӯравӣ барои музокира дар ин маврид ба Маскав рафта, вале кутоҳӣ карда". Гуфт: "На, ин дуруст нест. Ман нашунидаам. Айнӣ ҳаргиз худаш пеш намерафт. Бисёр пурнуфуз буд, вале касони дигарро мефиристод. Асосан, Тоҷикистон мадюни Айнӣ аст".

Хиҷолат кашидам аз ҳарфи чаранду ғайри мустанад, ки зада будам. Пурсидам: "Хонуми Икромӣ дар Эрон ҳастанд ё Тоҷикистон?" Як ту(в)ре нигоҳам кард, ки аз пурсидан пушаймон шудам. Гуфт: "Имрӯз рафтанд. Шумо ангор хеле манро мешиносед! Аз куҷо ин чизҳоро дар бораи ман медонед? Дар Душанбе туро дидаам?" Гуфтам: "На устод, ман як бор ба Душанбе омадаам, вале Шуморо зиёрат накардаам. Шумо дар Эрон хеле маъруф ҳастед, хелеҳо Шуморо мешиносанд ва бо Шумо ифтихор мекунанд". Вақте ҳарфи "фарҳанг"-еро, ки таълиф кардаедро  пеш кашидам, ангор эътимод кард ва пурсид: "Гуфти шоъирӣ?" Гуфтам:   "Бале устод. Вале шеърам тоҷикона нест!" Боз бесадо хандид ва лабҳояш гӯд  уфтод ва  гуфт:  "Тоҷикона нест, пас чист?" Гуфтам: Ҷавонона аст, хом аст, хуш нест. Гуфт:  "Бихон". Як ғазал хондам. Гуфт: "Раҳмат, боз бихон!" Як ғазали дигар хондам. Гуфт: "Нағз…" Дасте ки сурм доштро мушт карду гуфт: "Шеърат маҳкам буд. Агар навишта бошад, беҳтар мешуд танқид кард". Гуфтам: "Шогирднавозӣ мефармоед, устод. Шумо худатон шеър намегӯед? Гуфт: "На" Гуфтам:  "Бовар намекунам." Гуфт: Дар кӯдакӣ шеър менавиштам; кӯдакона". Ба паҳлӯи рост ғалтиду гуфт:  "Қазва кай аз Ҳинд меояд?" Гуфтам: " Мехоҳед  алон ба Қазва телфун бизанам?" Гуфт: "Мешавад?" Занг задам ва чанд ҷумлае ҳарф заданд. Оқои Қазва аз устод дилҷӯӣ кард ва гуфт ки дар сафаре ки ахиран ба Тоҷикистон дошта, аз "оқои доктор Ардӯш", ройзани фарҳангӣ, суроғи устодро гирифта вале фурсат накарда ки ба эшон саре бизанад. Устод бурида бурида ҳарф мезад ва байни калимот ва ҷумлаҳояш фосила меафтод. Калимотро дер пайдо мекард ва сахт нафас мекашид. Баъд аз телефон, ҳамин ту(в)р ки гӯширо ба ман пас медод, гуфт: "Охирин китоби умрам зери чоп аст". Байни "умрам" ва "зер", сукути талхе кард ва бо чашмҳои нимабоз, хира шуд ба девори  рӯ ба рӯ. Баъд, шояд беш аз як дақиқа фикр кард, то исми китобро ёдаш биёяд: "Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тоҷикон". Ду бор исми китобро такрор кард. Ба шӯхӣ гуфтам:"Ҳоло ман биёям Тоҷикистон як нусха аз китоб бигирам ё Шумо худатон дар сафари баъдӣ бароям меоваред?". Нигоҳашро дӯхт, дар чашмам, бидуни лабханд, бидуни он ки сӯраташ такон бихурад. Гуфт:"Дард ҷонкоҳ аст. Шумо кош ҳаргиз дард набинед, ҷони ширин. Имрӯз ба парастор гуфтам: Ин дастгоҳҳои калони бадҳайбат, ки мисли тунел дохилаш мешавам ва оҳиста оҳиста интӯри аз рӯям рад мешавад, тавонамро мегирад. Шояд умре  намонда бошад". Гуфтам: "Иншоаллоҳ Шумо тандуруст бошед  ва мо ҳам зери сояи Шумо". Гуфт: "Оқои Ҳаддоди Одил дискашро гирифта ки баргардон кунанд ва ин ҷо ҳам чоп кунанд". Баъд пурсид: "Ҳоло чӣ кор мекунӣ? Куҷо ҳастӣ?" Ночор гуфтам: Донишҷӯ ҳастам устод". Ва пурсидам: "Шумо  бо шоъирони рус аз наздик ошно будед?" Гуфт:  " кудомашон?". Ман чандторо исм бурдам ва гуфтам: "Дӯстам шеърҳое аз инҳо тарҷума карда ва ман  бозсуроӣ кардам ва каму беш ошно ҳастам". Баъзеро исм бурд ва гуфт: "Инҳоро дида будам. Хелешонро дида будам. Интишори шеъри ин шоъирон дар он рӯзҳо мамнӯъ буд.Маълум нест, фардо шеъри кадом шоъир мақбул хоҳад монд". Мехостам бигӯям алъон дар кишвари мо ҳам сонсур ва мамнӯъияти нашр ҳаст…ки дидам гуфтанаш ҷуз озурдани хотири пирмард суде надорад. Соъатро нигоҳ кардам, 16 ва 20 дақиқа буд. Даҳ дақиқаи дигар вақти мулоқот тамом мешуд. Хаста карда будам пирамардро. Гуфтам: "Ин борро аз тарафи оқои Қазва омада будам. Агар иҷоза бидиҳед, дафъаи баъд аз тарафи худам меоям ба диданатон". Бесадо хандид ва дасташро дароз кард сӯи дастам. Даст додам ва боз дасташро бӯсидам. Писараш то дами дар бадрақаам кард ва бо шарми ғализе сурх шуд ва гуфт: "Ташаккур, ки падари моро шод кардед!". Шояд ҳам писараш набуд ва истиъоратан ба ӯ падар мегуфт. (Писари дуюми устод профессор Анвар Шакурӣ буд.С.А.)

Пурсидам: " Пизишкон замони мурахас шудани устодро эълом накардаанд?" Гуфт: "Шояд сешанбеи баъд". Аз бахш ки берун  омадам ҳоли хуше доштам аз дидори устод Шакурӣ. Ва ғамгин будам, ки  чаро ин қадар ноумед аст. Албатта бо ин синну сол ва он рӯзу ҳол ҳақ дошт. Ба худ гуфтам, барои он ки хушҳолаш кунам, танҳо коре ки аз ман бармеояд ин аст, ки чанд хатте шеър барояш бинвисам. Дар солун нишастам ва фаврӣ чанд сатре навиштам ва боз ба самти утоқаш рафтам. Шеъри  хеле хубе аз об дарнаёмад. Парастор мехост нагзорад дохили бахш шавам, ки  бо чарбзанӣ дилашро ба даст овардам ва қавл додам, ки зуд бармегардам. Дар задам. Пирамард дошт чурт мезад. Рафтам болои сараш, пешониашро бӯсидам. Чашм во кард. Гуфтам: "Ин борро аз тарафи худам омадаам!" ва шеърро барояш хондам, бо макс ва такрори сатрҳо. Хуб гӯш кард. Нигоҳамро, ки аз охирин сатри коғаз бардоштам ва ба сураташ дӯхтам, лабханд рӯи лабаш буд…Чанд сония фақат нигоҳам кард. Баъд даст андохт даври гарданам, сарамро фуруд овардам, пешониамро бӯсид ва ҳеч чиз нагуфт. Зуд худоҳофизӣ кардам ва берун омадам. Дар охирин нигоҳ фақат ашк дар чашмаш буд ва чонааш меларзид.

Инак он шеъре, ки барояш гуфтам:

Ту сабру шукр аз Айюбу ном аз Мустафо дорӣ
Ту ҷони ҷони моӣ; дар нафас рӯҳи худо дорӣ
Ту дар бистар, тамоми миллати тоҷик дар бистар,
Зи ҷо бархез, то аз ҷой халқеро ба по дорӣ.
Ғурури тоҷи тоҷикон! тапишҳои дили Эрон!
Мабодо бишканӣ; бар мошикастанро раво дорӣ
Хуросони манӣ, эй оҳуи дур аз Хутан монда!
Бухорои манӣ; бар дидаи фарҳанг ҷо дорӣ
"Биё, к- аз чашми беморат ҳазорон дард барчинам"
Агарчӣ дар қалам, сад нусха Қонуни шифо дорӣ
Ба рағми чархи бозигар, бихон Шаҳномаи дигар
Ки дар барқи нигоҳи худ, умеди ошно дорӣ
Ту ҳам монанди Садруддини Айнӣ қурратулъайнӣ
Миёни синаи худ, нуре аз Садри Зиё дорӣ.
Насиби корвони ошиқони илм дурӣ шуд
Аз танҳо, яке танҳо
"Муҳаммадҷон Шакурӣ" шуд

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)