Бахшҳо
29 окт 2012 11:10Гузориш

Омода кардани кӯдакон ба мактаб. Тибқи модели алтернативӣ

Ин барнома аз 1 то 3 ноябр дар вилояти Суғд ва аз  9 то 11 ноябри соли 2012 дар ВМКБ  баргузор мегардад ва ҳадафҳои муайянеро барои амалӣ сохтани пружа дар пай дорад…

Тибқи иттилоъ, ин лоиҳа бо дастгирии барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и  Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва лоиҳаи шабакавии «Рушди барвақтӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Лондон барои намояндаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимият, мудирони шӯъбаву идораҳои маориф ва омӯзгорон аз ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон, Тавилдара, Тоҷикобод ва шаҳрҳои Қайроққуму Хоруғ омӯзишҳо оид ба таъсиси моделҳои ҷойгузини «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб» сурат мепазирад.

Гуфтанист, ҳадафи асосии баргузории омӯзишҳо – таҷриба кардани лоиҳаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ оид ба таъсиси моделҳои ҷойгузини «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб» дар маҳалҳое мебошад, ки муассисаҳои томактабӣ вуҷуд надоранд ва ё фарогирии кӯдакон бо хизматрасонии таҳсилотӣ дар сатҳи паст қарор доранд. Мақсади рушди барвақтии кӯдак барои дастрасии босифати таҳсилот ба кӯдаконе равона шудааст, ки имконияти гирифтани таҳсилоти томактабиро надоранд ва ё барои ин дар системаи маориф ва ё умуман дар ҷомеа садде мавҷуд аст.  

Таъсиси марказҳои ҷойгузини омода кардани кӯдакон ба мактаб - ин таъмини ҳуқуқи ҳар як кӯдак ба таҳсилоти босифати барвақтӣ мебошад ва он чунин ҳадафҳоро дар пай дорад: а) Таъсиси муҳити солим барои рушди ҳамаи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони имконияташон маҳдуд ва аз оилаҳои камбизоат; б)мусоидат ба рушди ҷисмонӣ, шинохтӣ ва иҷтимоиву эҳсосии кӯдакон; в)мусоидат ба шарикии оилаҳо чун тарбиятгарони асосии кӯдакон ва таъмини дастгирии зарурии волидон ва вассиҳои қонунӣ дар рушди кӯдакон.  

Феълан, дар Тоҷикистон қариб  93 фоизи кӯдакони хурдсол аз таҳсилоти томактабӣ, ки давлат аз тариқи маблағгузории буҷавӣ кафолат медиҳад, маҳрум мондаанд. Ҳамин аст, ки масъалаи рушди барвақтии кӯдакон ва таҳсилоти томактабӣ дар системаи ислоҳоти соҳаи маориф муҳим арзёбӣ мешавад.  

Вобаста ба вазъи мушкили иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъсиси моделҳои ҷойгузини таҳсилоти томактабӣ муҳим буда, яке аз онҳо таъсиси Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб мебошад, ки он дар Тоҷикистон ташаббуси нав маҳсуб мешавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)