Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:47

Як дучархасавори ноболиғ дар Кӯлоб ба ҳалокат расид

30 июн 2011, 08:55

Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон дучархасавори ноболиғ- Баҳриддини Раҷабалӣ ба ҳалокат мерасад.


Тавре Наргисой Туйчиева, бозраси калони шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, рӯзи гузашта,  тахминан соатҳои 10-и субҳ, автомашинаи тамғаи «КАМАЗ 5511» таҳти идораи Наҷибуллои Ғаффор ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи «Шоҳин»-и шаҳри Кӯлоб идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, велосипедрони ноболиғро, ки ҳамагӣ 13 сол доштааст, зер мекунад. Дар натиҷа Баҳриддини Раҷабалӣ ҷароҳати вазнини ҷисмони бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Тибқи иттилои РБДА шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 5 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари садамаҳо 1 нафар ҷони худро аз даст дода, 4 тани дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!