Бахшҳо
31 окт 2012 09:50Гузориш

Эрониҳо устоди набарди нобаробар ҳастанд

Андешкадаи "Маркази мутолиоти байналмилалӣ ва стротегӣ" дар гузорише ба қалами Антони Кордезман, Бардели Босерман ва Сом Хазой, дар бораи "Руёрӯии Амрико- Эрон ва талошҳои Вашингтон барои тағйири низоми Эрон", гузоришеро мунташир кардааст, ки хабаргузории Форс, муҳимтарин матолиби онро мунташир мекунад:

Дар ояндаи наздик Амрико ниёзманди ҳусули итминон аз таъсирпазирии таҳримҳои таҳмилӣ барои расидан ба музорикоти мувафақиятомез аст, ин ба мафҳуми таъқиби мавориди зер аст:

- Амрико бояд дар ҳадду тавон иқдомотеро анҷом диҳад, то таҳримҳои Созмони милал, таҳримҳои чандҷониба ва якҷониба муассир шаванд, замон барои руйкарди тадриҷӣ ба итмом расида ва агар қарор аст ин масъала ба хайр хатм шавад, бояд пеш аз истиқрори  як ҷанг афзори ҳастаӣ аз сӯи Эрон, сурат гирад.

Ин амр албата боястӣ қабл аз иқдоми низомии пешдастонаи Исроил, ки минтақаро дар як рақобати таслиҳотии ҳастаӣ хоҳад андохт, бо Эрон ба ҳадде аз фановарии ҳастаӣ мерасад, ки ҳеч бозрасе қодир ба ташхиси фаъолиятҳои пинҳонии ин кишвар ба самти тавлиди ҷанг афзори ҳастаӣ бошад, сурат гирад.

Бояд бо ба коргирии сиёсатҳои ташвиқӣ вориди майдон шуд

- Бояд ошкоро Амрико ва муттаҳидонаш ташвиқҳоеро ба Эрон барои қатъи барномаҳои ҳастаӣ ва қатъи таҳримҳо, ироа диҳанд. Амрико бояд ба дигар кишварҳо мушавиқҳои ҳақиқии худро намоиш диҳад.

Таҳримҳо ба танҳоӣ кофи нест. Эрон ниёз дорад то бубинад, ки Амрико ва бақияи аъзои гуруҳи 5+1 ташвиқҳоеро дар робита бо ирсоли сухти ҳастаӣ, раҳоӣ аз таҳримҳо, сармоягузории тиҷорӣ ва кумак ба бахши тавсиаи энергии ин кишвар анҷом хоҳад дод. Агар таҳримҳо воқеан кубанда ҳастанд, Амрико дар иваз бояд тавре вонамуд кунад ки ташвиқҳо воқеан низ дар кор ҳастанд.

Иштибоҳоти руйдода дар замони набарди Амрико бо Ироқ ҳаргиз такрор нашаванд

- Амрико бояд ҳамкории шадидеро бо Исроил, кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва аврупоӣ дошта бошад ва бояд бидонад, ки муттаҳидони аврупоияш бидуни машварат бо онҳо иқдомеро анҷом намедиҳанд. Дар ин минтақа Амрико бояд ба андозаи кофӣ шаффоф амал кунад, то ҷаҳонро мутақоид кунад, иштибоҳотеро ки мунҷар ба набард дар Ироқ шуд, дигар такрор нахоҳад кард, балки гӯши шунавое ҳам дорад.

- Мардуми Эрон ва муттаҳидони ин кишвар ва ҷаҳон қонеъ шаванд, ки Эрон дар пайи касби силоҳи ҳастаӣ аст. Ҳамчунин тавзеҳ дода шавад, ки чӣ гуна як буҳрон дар Халиҷи Форс мумкин аст, ки мунҷар ба таҳдид бар алайҳи ҳамаи кишварҳои минтақа шавад, ҳатто кишварҳои дар ҳоли тавсиаи хориҷ аз минтақа низ дучори он шаванд. Ин мавзӯъ аз тариқи иртибототи  роҳбурдии муассир  пайгирӣ шаванд. Истинод фақат ба гузоришҳои Оҷонсии байналмилалии ҳастаӣ ва идомаи фишорҳои дипломотӣ низ кофӣ нест.

- Таомули  ва ҳамкории комил бо Созмони милал, Оҷонсии байналмилалии ҳастаӣ ва муттаҳидин барои иртиқои тавофуқномаҳои лозим ҷиҳати итминонсозӣ бобати ҳузури мутобиқати комил ба тавофуқи ҳастаии суботдор ва бо давом. Фақат коҳиши нигаронии фаврӣ аз ҷониби Оҷонсӣ барои Эрон кофӣ нест ва бояд ошкоро мушаххас шавад, ки ҳаргуна музокирае бо тавофуқномаи амалӣ хотима хоҳад ёфт.

Дахолати мустақим дар умури дохилии Эрон қатъ шавад

- Парҳез аз мудохилаи барандозона ва тағйири ҳукумат ва албатта ҳифзи иртибот бо эрониёни мухолифи хориҷ аз кишвар ва тарғиби гуруҳҳои сиёсии дохилӣ ба суи демокротия ва навгароӣ. Тамаркуз бар ҳукумате ислоҳталаб дар замони гуфтугӯ бо мақомоти эронӣ дар музокироти ҳастаӣ.
Амрико бояд тарҳи контроли таслиҳотиро ҳимоят карда  ва дар айни ҳол аз гузинаи сиёсӣ барои иҷрои NPT истифода намояд ва абзори муносибро барои озодии амали Ожонси байналмилалии ҳастаӣ фароҳам кунад. Албата, минтақаи орӣ аз силоҳҳои куштори ҷамъии ҳастаӣ, бинобар панҷ далели зер ғайри мумкин аст:

- Пофишории Эрон бар барномаи ҳастаӣ ва мушакӣ

- Ниёз ба ҳифзи неруи ҳастаӣ ва мушакии Исроил

- Набуди чашмандози сулҳи тамом камоли арабҳо ва Исроил

- Барномаи мушакӣ ва силоҳҳои кимиёӣ ва биологии арабҳо ва афзоиши алоқа ба барномаҳои ҳастаӣ дар байни онҳо

- Мушкили рӯ ба рушд дар фароҳам шудани имкони бозрасиҳои ҳастаии муносиб

Музокира дар бадтарин шароит низ беҳтарин гузина ҳаст

Таҳримҳо ва дипломатия беҳтарин асбоб  аз маҷмӯъаи гузинаҳои бад ҳастанд, аммо аз эҳтимол дур аст, ки онҳо боиси таваққуфи пешрафти Эрон ба сӯи тавлиди силоҳи ҳастаӣ шаванд. Бо вуҷуди фиқдони пешарфтҳои дипломатӣ ва ошкор шудани иқдомоти таърихии Эрон, ҳануз метавон ба уфуқи музокироти муваффақиятомез нигарист.
Музокирот қодир ҳаст, то дар равобити Эрон ва Амрико тағйироте дарозмуддатро фароҳам оваранд, дар ҳоле ки ҳамлаи низомӣ ё таҳримҳо қодир ба фароҳам овардани чунин вазъияте нестанд.

Бо афзоиши замон хатар низ афзоиш хоҳад ёфт ва рақобати Эрон ва Амрико мубаддал ба бозии тулонӣ хоҳад шуд. Дар сурати баста шудани интиқоли нафти Эрон аз Халиҷи Форс, ин кишвар беш аз ҳар кишвари дигар зарар хоҳад дид. Аз сӯи дигар наметавонад дил ба муваффақият дар руёрӯии маъмул бо Амрико ва муттаҳидини ин кишвар дар Халиҷи Форс  дошта бошад.

Эрон аз механизми афзоиши баҳои нафт бархурдор аст

Изҳорот ва иқдомоти фазоянда ва шадиди Эрон бар баҳои нафт таъсир гузошта аст. Ҳангоме ки Эрон дар посух ба давраи тозаи таҳримҳо, содироти нафти худро ва Англия ва Фаронсаро қатъ кард, баҳои ин мода дар феврали 2012 дар ҷаҳон афзоиш ёфт.

Як Эрон ҳастаӣ дигар ҳарфи зурро нахоҳад шунид

Агар руёрӯии низомӣ ва таҳримҳо барои чандин сол тӯл бикашад, онгоҳ баҳои зиёди дарозмуддати нафтро бояд интизор дошта бошем,  ки бар иқтисоди ҷаҳон  низ фишор ворид хоҳад намуд. Ин боиси иртиқои тавони қобилиятҳои набарди нобаробари Эрон хоҳад шуд ва агар ин кишвар дар ин муддат сохти силоҳи ҳастаии худро ба поён расонад, он гоҳ кишварҳои дигар  аз тарси як эрони ҳастаӣ таҳримҳо ва фишорро канор хоҳанд гузошт,  зеро Эрон дигар қудрати ҷавоб додан хоҳад дошт.
Афзоиши фишор бар Эрон ҳамчунин мунҷар ба бурузи хатароте хоҳад шуд. Иҷрои размоишҳои низомӣ ва ҳатто зикри он низ ба афзоиши таниш мунҷар хоҳад шуд ва дар айни ҳол  пешрафти Эрон ба сӯи ҷангафзорҳои ҳастаӣ мумкин аст,  ки мунҷар ба ҳамалоти пешдастонаи Исроил шавад, ки он гоҳ боис мегардад, то Амрико аз байни ҳамлаи низомӣ ҷиҳати поён додан  ба барномаи ҳастаии Эрон ва ё адами анҷоми коре, ки дар воқеъ куштани фурсати зарбазанӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон аст, якеро  истифода кунад.

Натиҷаи ниҳоӣ ин аст, ки Амрико ва муттаҳидини араб ва Исроил бо таҳримҳои молӣ, банкӣ ва энержӣ  ва контроли таслиҳотии мудовим, бо эҳтимоли руёруӣ бо Эрон мувоҷеҳ ҳастанд. Он чӣ  ки имруз ба унвони "бӯҳрон" аз он таъриф мешавад, мумкин аст табдил ба воқеъияте пойдор шавад, ки танҳо метавонад аз тариқи ҳамкории наздик байни Амрико ва муттаҳидонаш, бо тағйири ҳукумати Эрон, поён дода шавад.

Музокироти мутамаркиз бар барномаи ҳастаии Эрон агарчи муваффақ буда, аммо дастовардҳои маҳдуде доштаанд. Эрон дар ҳоли тақвияти мушакҳои дурпарвози мутаорифи худ аст ва саъй дорад қудрати ҳадафгирии онҳо ва поёнаҳои ҳидояташонро барои амалиёти муносибтар, беҳбуд бахшад. Ҳамчунин, Эрон дар ҳоли озмоиши "паҳподҳо"-и (ПҲПАД) дақиқ ва мушакҳои Крузи бурди баланд аст, ки метавонад  бар алайҳи ҳадафҳои ҳаётӣ истифода шавад.

Эрон масири худро хоҳад ёфт

Баста ба навъи даври ниҳоии музокирот ва навъи ҳамкории Эрон бо бозрасони воқеӣ, ин кишвар бо идомаи густариши насбии сонтрифиюжҳои дақиқтар, имтиҳони мушакҳо ва санҷиши диққат ва дурустии амалкарди онҳо, барномаҳои ҳастаияшро идома хоҳад дод.
Инҳо метавонанд пешрафтҳои қобили мулоҳизаеро барои Эрон дар заминаи тавсиа ва афзоиши ҷанг афзорҳои ҳастаӣ дошта бошанд. Бо ин вазъият Эрон як қудрати дорои силоҳҳои биологӣ, шимиёӣ боқӣ хоҳад монд.

Эрон устоди набарди нобаробар аст

Дар размоиши ахир ва дар минтақаи Халиҷи Форс, Эрон нишон дод, ки дар ҳоли тақвияти қобилиятҳои набарди нобаробар аст ва метавонад бо ба коргирии равишҳои мухталиф, неруҳои дарёии Амрикоро таҳдид кунад. Ин кишвар ҳамчунин аз неруи қудс, ки воҳиди итилоотӣ аст, таҳдид бар алайҳи  кишварҳои муттаҳид ва Исроил, ба ҳисоб меояд ва албатта аз ҳалқаи нуфузи худ дар Ироқ, Сурия ва Лубнон истифода мекунад. Ин кишвар ҳомии ҷунбишҳое чун “Ҳизбуллоҳ” ва бархе шиаён дар Ироқ ва Афғонистон аст.

Ин бадин маъно аст, ки бояд идомаи тамаркуз бар таҳримҳо ва талошҳо дар назорати  таслиҳотӣ бо  афзоиши қобилиятҳои низомӣ, барои маҳор ва боз дорандагии Эрон, афзоиш ёбанд.

Амрико беҳтар аст, ки тавоноии истифода аз неруи низомиро бар алайҳи Эрон ҳифз ва ҳатто афзоиш  диҳад. Амрико ва муттаҳидинаш бояд  равишҳоеро пайдо кунанд, ки ба Эрон ҳушдор диҳанд, ки ҳар гуна талош  барои масдуд кардани Халиҷи Форс ва ё руёруӣ дар арсаи густарда байни Эрон ва Амрико ва мутаҳидинаш, мунҷар  ба даргирии мустақими низомӣ хоҳад шуд.

Руйкарди дипломотӣ дар авлавият қарор дорад

Сиёсати боздорандагӣ ва маҳори Эрон ва дар айни ҳол бакоргирии таҳримҳо ва музокирот, танҳо гузинаҳои нисбатан мутмаин  ва бисёр мутафовит  бо гузинаҳои низомӣ аст ва нисбат ба он низ авлавият доранд.

Натоиҷи воқаеии таҳримҳо ва дипломотия ҳамроҳ ба коргирии неруи низомӣ,  бисёр  ғайри қобили пешбинӣ ҳастанд ва албатта хатарпазирӣ низ боло аст ва ба коргирии неруи низомӣ бояд охирин гузина бошад.

Ҳамалоти пешгирона эҳтимолан фурсати музокироти муваффақиятомезро поён дода ва мунҷар ба оғози эҷоди давраи монанди давраи ҷанги сард хоҳад шуд.

Шояд истифода аз неруи низомӣ тасмими Эронро мавриди дигаре кунад

Ҳамчунин, истифода аз ин сатҳ неруи низомӣ шояд Эронро мутақоид кунад, ки ҷангафзорҳои  ҳастаӣ барои пешригӣ аз ҳамалоти ояндаи низомӣ, мавриди ниёз ҳастанд ва талошҳои ин кишварро барои тавлиди чунин силоҳе ду чандон хоҳад кард.

Як ҳамлаи низомӣ мумкин аст, танҳо барои чанд сол дар барномаҳои ҳастаии Эрон халал ворид кунад, аммо ин амр боис мешавад, то Эрон баҳона барои хуруҷ аз NPT ва Оҷонсии байналмилалии ҳастаӣ ва бозрасии ин ниҳод  дошта бошад.

Агар ошкор шавад, ки дигар наметавон пеши онро гирифт, бо ин ки мустанадоте вуҷуд дошта бошад, ки бар асоси он Эрон ба суръат ҷангафзори ҳастаӣ тавлид хоҳад кард, он гоҳ  иқдоми фаврӣ сурат пазирад.

Манбаъ: Хабаргузории Форс


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)