Бахшҳо
02 ноя 2012 05:24Иқтисодӣ

Вуруд ба СҶТ Тоҷикистонро пеш мебарад?

Гурӯҳи корӣ оид ба пайвастшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ин созмон дар Женева бастаи ҳуҷҷатҳоро оид  ба воридшавии кишвар ба созмони номбурда қабул намуд. Мисле ки Тоҷикистон соли оянда ба ин созмон мепайвандад, вале чун Тоҷикистон солҳои тӯлониест, ки барои вуруд талош кардааст, бояд дид, ки чӣ бурдҳое аз вуруд ба СҶТ мекунад.

Иқтисоди Тоҷикистон дар интизори таҳаввули нав?
Ба бастаи мазкур ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо маҷмӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҷониби Тоҷикистон, ки дар натиҷаи гуфтугӯҳо қабул намудааст, рӯйхати ӯҳдадориҳо оид ба гузаштҳои тарофавӣ дар соҳаи мубодилаи молу коло ва сатҳи дастгирии хоҷагии қишлоқ, протокол оид ба пайвастшавӣ, созишномаҳои ба тавсиб расидаи заминасоз барои хуҷҷатҳои дигар дохил мешаванд.

Тоҷикистон даъватномаи расмиро оид ба пайвастшавӣ ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар ҷаласаи ояндаи созмони мазкур дар моҳи декабр мегирад. Пас аз ин, парлумони кишвар бояд бастаи ҳуҷҷатҳоро қабул намояд.

Дар назар аст, барои қабул ва тавсиби ин ҳуҷҷатҳо Тоҷикистон ҳудуди шаш моҳ мӯҳлат хоҳад дошт. Аз ин мебарояд, ки Тоҷикистон дар миёнаи соли оянда, пас аз 12 соли гуфтугузорҳо, ба созмони мазкур, ки то ҳол 157 кишварро муттаҳид кардааст, ворид мешавад.

Коршиноси умури бонкӣ Баҳром Шарипов бар ин назар аст, ки Тоҷикистон ягона давлате набуда, ки ба ин созмони бонуфуз шомил мешавад ва воридшавии Тоҷикистон чанд бартарӣ дорад. Дар баробари он ки ҳар як ҷарён тарафи манфиву мусбии худро дорад, вале бо назардошти он ки иқтисодиёти Тоҷикистон кучак асту дар фазои гузариш аз иқтисодиёти бозмонда ба иқтисоди тараққикарда аст, ин ба мо имконияти бештаре медиҳад, то тараққиёти иқтисоди Тоҷикистон боз ҳам бештар шавад.

"Чун ки ин фазои иқтисодиро барои барзиёд истеҳсол кардани молу маҳсулот фароҳам меоварад. Яке аз камбудиҳои тараққиёти иқтисодиёти ҳозира ин аст, ки мо дар доираи як ҷумҳурӣ ва бозор маҳдуд ҳастем. Ҳол он ки бозорҳои мо дар сатҳи ҷумҳурӣ якто нестанд. Балки бозорҳои вилоятӣ, маҳаллӣ ва ноҳиявӣ ҳастанд ва дида мешавад, ки доду гирифти маҳсулот ҳоло ҳам монеъаҳои гуногуне дорад. Ин барои роҳандозии истеҳсолоти ватанӣ маҳдудият мебарорад. Ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ, ки дар он зиёда аз 170 давлат хариду фурӯш мекунанд, имконият медиҳад, то истеҳсолоти Тоҷикистон васеъ гардад. Ва то он дараҷа бирасад, ки истеҳсоли маҳсулот ҳамакнун барои мо фоидаовар мешавад", иброз дошт Баҳром Шрипов. Ба гуфтаи ин коршиноси умури бонкӣ агар истеҳсолот фоидаовар бошад, он гоҳ дигар ба иқтисодиёту ба буҷет маблағҳои зиёдтаре ворид мешавад. Ва имконияти худи давлат ҳам зиёд мегардад. Аз ин дидгоҳ воридшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат қобили дастгирист.

СҶТ буҷети Тоҷикистонро холӣ мекунад?
Иқтисоддонон чунин мешуморанд, ки ҷуз фавоиди воридшавӣ ба СҶТ паҳлуҳои манфии худро дорост. Дар ин хусус Баҳром Шарипов мегӯяд, ки Тоҷикистон гузашта аз ин ба ҳаргуна равандҳои минтақаӣ шомил аст аз ҷумла Авруосиё, СНГ ва СҲШ. Ин ҷо як мушкил ҳаст. Барои он ки мобайни онҳо зиддиятҳо пайдо нашавад. Тоҷикистон бояд сиёсати иқтисодиеро пеш барад, ки қобилияти дохилии кишвар васеъ гардад ва дар иқтисоди ҷаҳонӣ мавқеъи сазовори худро ба даст оварад.

"Мақсади ҳама яксон аст. Бояд барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта сатҳи зиндагии мардум ва низ имкониятҳо боло бурда шавад. Хоҳем нахоҳем ин раванд объективист.  Тоҷикистон ҷуз ин аз дигар равандҳои иқтисодӣ бархурдор аст. Ман боварии комил дорам, ки воридшавии Тоҷикистон ба СҶТ ба нафъи давлат ва халқи Тоҷикистон аст. Ба СҶТ Русия, Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистон, Гурҷистон, Латвия дохил шудаанд ва акнун навбати Тоҷикистон фаро расидааст, ки аз ин тарсидан лозим нест", мегӯяд Баҳром Шарипов.

Аммо дар ҳамин ҳол гуфта ҳам мешавад, ки пайвастани Тоҷикистон ба СҶТ чизи зиёде ба кишвар намедиҳад ва наметавон интизори таҳаввули ҷиддиеро дар иқтисоди кишвар дошт. Дар ҳамин маврид Абдуллоҳи Ашӯр таҳлилгари масоили иқтисодӣ бар ин назар аст, ки дохилшавии Тоҷикистон ба СҶТ ягон таҳавулоти ҷиддӣ ба кишвар намеорад. Вале ба ҳар ҳол чун боҷи гумрукӣ паст мешавад, нархҳои бархе аз маҳсулот паст мешавад. Лекин чун буҷаи Тоҷикистон аз боҷи гумрукӣ қисми калони даромадашро таъмин мекунад, воридшавӣ ба СҶТ метавонад боиси падид омадани касри буҷет гардад.

Ба андешаи Баҳром Шарипов аз бас, ки имрӯз дар Тоҷикистон воридот нисбат ба содирот кам аст, буҷети Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бештар аз боҷи гумуркӣ даромад мегирад. Баъди ворид шудани Тоҷикистон ба СҶТ то 1 - 2сол аз ҳисоби паст кардани боҷи гумрукӣ буҷети кишвар бо камбудӣ мувоҷеҳ мешавад. Вале дар баробари паст шудани меъёри боҷи гумрукӣ, аз ҳисоби зиёд шудани савдо, гардиши мол ва содироту воридот ҳаҷман ин маблағҳо барзиёд мешаванд. Ин коршиноси умури бонкӣ мегӯяд, ки дар ин ҳолат истеҳсолоти ватанӣ ба кор медарояд ва аз ҳисоби паст шудани нархи маҳсулот, талабот зиёд шуда гардиши мол меафзояд. Ҳам аз дарун ҳам аз берун ба дарун. "Ҳамин зиёдшавии ҷарёни ҳам аз берун ба дарун ҳам аз дарун ба берун имконият медиҳад, ки дар ҳолати паст шудани меъёри ин боҷҳо, ҳаҷми онҳо зиёд мешавад", афзуд номбурда.

Гуфта мешавад, ки бо пайвастани Тоҷикистон ба СҶТ хадамоту сармояҳо ва фанновариҳои навин бештар ба кишвар ворид хоҳанд шуд. Монеъаҳое, ки дар байни молу ашё аст ва байни гардиши пул пайдо мешавад, сармоягузорӣ агар камтар ҳам шаванд, вале маблағҳо ба ин ҷо бештар ворид мешаванд ва ин барои аз нав эҳё кардани истеҳсолоти байналмилалӣ кумак мерасонад. Баҳром Шарипов дар ин маврид мегӯяд, ворид шудан ба СҶТ чунин хусусият дорад, ки алакай бештар меъёрҳое, ки худи ҳукумати Тоҷикистон бунёд кардааст не, балки меъёрҳои умумиҷаҳонӣ бисёртар фаъолият мебаранд. Ва баҳсу мунозираҳо ҳам  аз рӯи талаботи СҶТ ба миён меоянд.
Яъне он қавоиде, ки дар таърихи иқтисодиёт 200 сол мешавад, роҳандозӣ гардидааст. Барои ҳамин сармоягузорони хориҷие, ки дар ин ҷо аз қонунҳои Тоҷикистон ҳам болотар меистанд, амал хоҳанд кард ва ё ба қавонини мо тағиротҳо ворид мекунанд, то мувофиқат кунад. Дар ин сурат сармоягузорони хориҷӣ дигар натарсида бо мо доду гирифт мекунанд. Чун дар ин ҷо ҳам масъалаи имтиёз ҳасту ҳам масъалаи ҳимояи қонунии ин сармоягузориҳо. Ин раванди бисёр мушкил аст, зеро аз раванди шомилшавии Тоҷикистон ба ин созмон ҳамакнун 13 сол мегузарад. Русия 17 сол бо ин раванд сару кор гирифт, то ки тамоми имконоти дохилияшро бо берун мутобиқ гардонад.

Тоҷикистон муваффақ мешавад?
Иқтисоддонон мегӯянд, ки бо барҳам додани манофеъи дохилӣ ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ муассиртар хоҳад буд. Чун ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ аз ҳар тоҷиру роҳбар шахсе бо мафкураи дигаре месозад. Онҳо аз дидгоҳи на бозори дохилӣ балки мутобиқи бозори ҷаҳонӣ фаъолияти худро ба роҳ мемонанд. Аз он ҷумла хариди ҳамагуна молу ашё ва воситаҳои техникӣ. Иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ ба кишвар ворид шуда дар натиҷаи он арзиши ҳар як маҳсулот паст мешавад. Ин раванд имконият хоҳад дод, то дар баъзе чизҳо Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ мавқе пайдо кунад ва аз истеҳсоли он чизҳое, ки барои кившар зараровар аст, даст кашад. Ҳам аз нигоҳи савдо ҳам аз нигоҳи истеҳсолот ба мардуми Тоҷикистон маҳсулот бо нархи арзону сифати баланд пешкаш мегардад, ки ин ҳам як навъ беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум аст.

Вале ҳануз чизе мушаххас нест, ки ҳақиқатан бо вуруди Тоҷикистон ба СҶТ чунин руйдодҳое рух хоҳад дод ё на. Чун аз талаботи узвияти ҳар кишваре дар СҶТ ин боло бурдани сифати маҳсулоти ватанӣ мебошад. Чун вақте Тоҷикистон ба СҶТ шомил мешавад, воридоти маҳсулот аз кишварҳои узв озодона сурат мегирад. Бинобарин, тавлидкунандагони дохилӣ маҷбур мешаванд, ки маҳсулоти тавлид кардаашонро ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ гардонанд. Яъне  босифат ва нархи арзиши аслиашон поин бошад, то бо маҳсулоти хориҷӣ рақобат карда тавонанд. Ҳоло бояд мунтазир монду дид, ки натиҷа чӣ мешавад?

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)