Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:55

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: ТВ «Пойтахт» ба рақобат омода аст

2 ноябр 2012, 05:42

Телевизиони «Пойтахт» аз ин ба баъд давоми 24 соат фаъолият мекунад. Бо таваҷҷӯҳ ба гузаштан ба пахши шабонарӯзии ин шабака  ва дигар тағйироте, ки ба қавли масъулини ин расона дар фаъолияти он ба миён омадааст ва меояд, хабарнигори Озодагон тасмим гирифт бо Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори тозаинтихоби ин телевизион сӯҳбате анҷом диҳад.

Озодагон: Гузаштан ба пахши шабонарӯзӣ барои Шумо мушкил нест?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: «Мушкил аст, аммо мо мардуми мушкилнописандем. Бубинед, вақте мо ин телевизионро қабул кардем тасаввур кунед, ки ин телевизион бино надорад, тақрибан заминаи техникӣ надорад, заминаи кадрӣ надорад.  Алабатта ин ҷо дастгирии бевоситаи раиси шаҳр аст, ки ҷаноби раис бештар аз 200 ҳазор доллар барои мо ҷудо карда истодааст ва мо тавассути тендер технологияи ин шабакаро  ворид хоҳем кард. Яъне мо  бе заминаи техникӣ ба пахши 24 соата гузаштем. Акнун аз ин ба баъд бо маблағи беш аз 200 ҳазор долларе, ки Маҳмадасаид Убайдуллоев ваъда карданд, технологияи нави замонавӣ харида мешавад, ки бо чунин технолгия НТВ-и Русия кор мекунад. Рости гап бештар аз 40 нафар мутахассисони хеле қавӣ дар атрофи мо ҷамъ омадаанд ва ҳоло ин ҳайат дар телевизиони «Пойтахт» кор карда истодаанд».

Озодагон: Ҳанӯз техника надоштаед ва мегӯед, ки тағйитроти ҷиддӣ мешавад. Оё замонбандӣ барои анҷоми тағйиротро дар назар гирифтаед ва ҳадафи ниҳоиву роҳи расидан ба онро барномарезӣ кардаед?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: «Бале! Ин шабака умуман  як телевизиони дигар мешавад. Мутобиқ ба телевизиони қарни 21 шуда «Пойтахт» аз рӯи се омили асосӣ - иттилоот, фароғат ва маънавиёт, кор мекунад, ки ҳоло телевизионҳои ҷаҳон аз рӯи ҳамин омилҳо фаъолият мебаранд.  Яъне мо ҳоло формати телевизионамонро  дигар кардем. Интизор меравад тақрибан баъди сад рӯз телевизиони «Пойтахт» аз дӯстдоштатарин шабакаҳои миллӣ шавад, ки мо вобаста ба ин масъала ниятҳои хеле ҷиддӣ дорем. Аз якуми январ ба моҳвора пайваст мешавем, эҳтимол меравад, ки моро дар 50 давлатӣ дунё тамошо кунанд ва ҳадафи ниҳоии мо ба 5-умин канали миллӣ табдил додани телевизиони «Пойтахт» аст».

Озодагон: Барои ба моҳвора пайваст шудан низ шаҳрдорӣ ба Шумо кӯмак мекунад?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: «На! Аз ҳисоби маблағҳои тиҷоратӣ мешавад. 10 рӯз шуд, ки Муаттара Ҷӯраева, директори тиҷоратӣ аст. Бештар аз 160 ҳазор сомонӣ ба бахши тиҷоратии мо ворид шуд. Интизор меравад, ки то соли нав 250-300 ҳазор сомонӣ ба бахши тиҷоратии мо ворид гардад. Хуллас, барои ба моҳвора пайваст шудан маблағро худамон пайдо мекунем.»

Озодагон: Оё ТВ «Пойтахт»  тасмим дорад бо дигар шабакаҳои телевизиони кишвар рақобат кунад?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: «Албатта мо бисёр рақиби ҷиддии 4 шабакаи дигар мешавем, зеро аллакай давоми ду ҳафта беш аз 30%-и тамошочиёни ин 4 шабака - «Шабакаи якум», «Сафина», «Баҳористон» ва «Ҷаҳоннамо» ба телевизиони мо гузаштанд. Мо чанд рӯз пеш маниторинг гузаронидем. Аз 100 нафаре, ки дар кӯчаи марказии пойтахт пурсидем, 30 нафараш гуфтанд мо ба шабакаи «Пойтахт» гузаштем, акнун шабакаи мақбули мо «Пойтахт» аст. Бояд бигӯям телевизиони «Пойтахт» шабакаи иттилоотӣ- фароғатӣ аст».

Озодагон: Бархе аз бинандагони телевизиони «Пойтахт» мегӯянд, давоми як моҳе, ки Шумо роҳбарии ин шабакаро ба дӯш доред, ҳеҷ пешравие ба назар намерасад, чаро чунин аст?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: «Дар мавриди он ки давоми 1 моҳ чизе тағйир наёфтааст ҳаминро гуфтани ҳастам, ки мо аз ҳамин рӯз  (1.11.2012) корро сар кардем. Яъне давоми як моҳ мо кадр даъват кардем, база сохтем, яку якбора барои пахши 24 соата омодагӣ дидем. Яъне  ҳар касе, ки мегӯяд давоми як моҳ чизе тағйир наёфтааст бояд худаш андеша кунад, ки мо аз ҳеч телевизион сохта истодаем».

Озодагон: Баъзе аз коршиносон бар ин назаранд, ки телевизионҳои давлатӣ аз танқид ва гуфтани камбудӣ худдорӣ мекунанд, «Пойтахт» ҳам бо чунин шева кор мекунад?

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: «Интиқод шеваи кори телевизиони «Пойтахт» аст. Мо як барномае аллакай таҳия кардем, ки номаш «Арз» аст. Ҳар сокини шаҳри Душанбе, ки арзе дорад метавонад ба телевизиони мо ояд. Аллакай давоми 3 рӯзе, ки рекламаи ҳамин барнома идома дорад, бештар аз 40 нафар арз карданд. Ҳар арзу шикояте, ки мешавад мо пайгирӣ мекунем. Гузашта аз ин, баъди моҳи январ давоми ҳар се моҳа дар телевизиони «Пойтахт» бо 4 раиси ноҳия ва давоми ҳар шашмоҳа бо раиси шаҳр ду соат бо ҳамватанон гуфтугӯи мустақим мешавад.  Дилхоҳ камбудиҳо, эродҳо ва саволҳо аз ҷониби ҳамвататнон матраҳ мешавад. Яъне силсилабарномаҳои таҳлилӣ- интиқодӣ дар телевизиони «Пойтахт» дар назар аст».  

Мусоҳиб: Алишер ЗАРИФӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!