Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:56

«Ночорӣ»-и довталаб ва нархи гарони донишгоҳҳо

10 ноябр 2012, 04:14

Ин нукта боиси баҳсу баррасист, ки барои 4 соли таҳсил дар донишгоҳҳои пешниҳодшуда то 40 ҳазор доллар лозим аст, ки аксари ҷавонҳои мо имкони пардохти чунин маблағро надоранд. Соҳибёр Шарипов ҳам пас аз ошноӣ бо шарту шароити ин намоишгоҳ ба хулосае омад, ки имкони пардохти таҳсил дар ин муассисаҳои таълимиро надорад…

Намоишгоҳи байналмиллалии донишгоҳҳои хориҷӣ дар Душанбе рӯзҳои 8-ум ва 9-уми ноябр сурат мепазирад. Ин чорабинӣ дар таърихи 10-уми ноябр дар Хуҷанд низ баргузор мегардад.

Абдураззоқ Абдуллоев, директори генералии ширкати «ТМ international» дар ростои ин ба «Озодагон» гуфт, ки мақсад аз баргузории намоишгоҳ пешниҳоди маълумот (иттилоъ) ва наздик кардани довталабон ба донишгоҳҳои муосир аст. Бояд гуфт, ин намоишгоҳ аз ҷониби ширкати муштараки байналмиллалии Тоҷикистон-Малайзия «ТМ international» барпо мешавад. Дар ҳоли ҳозир намояндагон аз Донишгоҳи техникии «Limkokwing»-и Малайзия, «Skyline»-и Амороти Мутаҳидаи Араб, донишгоҳи байналмилалии «Cyprus»-и Кипр ва як донишгоҳ аз Туркия ба Душанбе омадаанд.  

Ба иттилои чаноби Абдуллоев ба шаҳрвандони мо дар ин ҷо маълумоти муфид дар бораи он донишгоҳҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмиллалӣ ва Вазорати маорифи Тоҷикистон эътироф кардааст, пешкаш мешавад: «Имрӯз дар намоишгоҳи мазкур бояд аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иштирок мекарданд, аммо бо сабабҳои номаълум ягон нафар иштирок накард».

Директори ширкати Тоҷикистону Малайзия мегӯяд: «Ҷавонони мо хеле фаъол мебошанд ва аксарияти онҳо нақшаю мақсадҳои зиёд барои таҳсил доранд. Мутаассифона, аксари ихтисосҳои наве, ки дар бархеи кишварҳо мавҷуд аст, дар донишгоҳҳои мо то ҳол муаррифӣ нашудаанд. Аз ин сабаб, ҷавонони мо имкон доранд, ки аз ин намоишгоҳ ихтисоси наву факултаҳои навро интихоб намуда, дар он ҷо таҳсил намоянд».

Аммо ин нукта боиси баҳсу баррасист, ки барои 4 соли таҳсил дар донишгоҳҳои пешниҳодшуда то 40 ҳазор доллар лозим аст, ки аксари ҷавонҳои мо имкони пардохти чунин маблағро надоранд. Соҳибёр Шарипов, яке аз ширкаткунандагони ин намоишгоҳ аст, ки орзуи таҳсил дар донишгоҳи байналмилалии Кипрро дорад. Вай гуфт, бо шароити таҳсил дар донишгоҳҳои Русияву Туркия ва Малайзияу Амрико ошно шудааст ва билохира ба хулосае омад, ки имкони пардохти таҳсил дар ин муассисаҳои таълимиро надорад.

Паём Порсокиё, корманди донишгоҳи «Limkokwing»-и Малайзия мегӯяд, ки донишгоҳи онҳо танҳо барои донишҷӯёни тоҷик бо мақсади оне, ки онҳо барои таҳсил дар хориҷа кӯшиши зиёд доранд, 50 фоиз тахфиф пешниҳод кардаанд.Ба қавли ӯ, нисбат ба соли гузашта, имсол теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи онҳо зиёд шудааст: «Донишгоҳи мо дар Чин, Британияи Кабир, Африқои Ҷануби ва чанд давлати дигар намояндагии худро дорем. Донишҷуёни тоҷик вақте дар донишгоҳи мо дохил мешаванд дар аввал забони англисиро меомӯзанд ва баъд бештарашон табодули иттилоотро аз худ мекунанд. Барои харҷи таҳсили донишҷуёни Тоҷикистон 50 фоиз тахфиф ҳаст. Ҳатто баъди хатми таҳсил барояшон кор пайдо мекунем. Онҳо метавонанд дар донишгоҳ муаллим шуда кор кунанд, ё дар ягон ширкат фаъолият намоянд. Агар дар вақти муайян   маблағи таҳсилашонро пардохт карда натавонанд, барояшон имтиёз дода мешавад, ки баъд аз 6 моҳ ё 1 сол пардохт намоянд».

Ширкати «ТМ international» довталабонро дастгирӣ мекунад, аммо аксари донишҷӯёне, ки аз тарафи ин ширкат барои таҳсил сафар мекунанд, нафароне мебошанд, ки маблағи таҳсил дар донишгоҳро пардохт намудаанд.  

-Агар донишҷӯ лаёқатманд бошаду ба кӯмак мӯҳтоҷ, аз ҷониби мо ба донишгоҳ мактуб фиристода мешавад, ки барои вай нархи пардохти шарномаи таҳсил аз 25 то 50 фисад кам карда шавад, ё ин ки мешавад, донишҷӯ куллан таҳсилро ройгон анҷом бидиҳад, ба замми ин ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби ширкати мо ташкил карда мешавад, -афзуд  Абдураззоқ Абдуллоев.   

Тибқи омори расмӣ тайи чанд соли ахир тариқи ширкати номбурда аз Тоҷикистон ҳудуди 300 нафар ба донишгоҳҳои мухталиф барои таҳсил роҳхат гирифтаанд, аммо аз ин теъдод чанд дарсадаш ба Ватан баргаштааст, норӯшан боқӣ мемонад.

Нилуфари КАРИМ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!