Бахшҳо
09 ноя 2012 05:55Иқтисодӣ

Қарзи хориҷӣ: Тоҷикистон худро варшикаста эълон мекунад?

Қарзи берунаи Тоҷикистон аз оғози сол 60 миллион доллар афзоиш ёфта дар санаи 1 - уми октябр ба 2 миллиарду 130,9 миллион доллар расид. Ба иттилоъи Вазорати молия қарзи берунаи кишвар ба 40 дарсади ММД - и кишвар баробар нест ва танҳо 29, фоизро фаро мегирад. Аммо касе то ҳоло фикр накардааст, ки ин ҳама қарзро кӣ хоҳад пардохт, зеро Тоҷикистон истеҳсолот ва дар натиҷа даромади миллии ончуноние надорад, то қарзашро баргардонад. Бинобарин шояд пардохти қарзҳо ба дӯши насли оянда афтад.

"Қарзҳо то гулӯ расидаанд"
Тибқи маълумоти Вазорати молия барои пардохти қарзи берунӣ аз ибтидои соли ҷорӣ 83 миллион доллар ихтисос дода шудааст, ки аз ин рақам 23,7 млн. доллар ба фоизи қарзҳо пардохт гардидааст. Аз ҳама шарики қарздиҳандаи Тоҷикистон то ин ҷо Чин аст бо 862 млн. доллар мебошад. Ҳарчанд масъулини кишвар қарзро ба 29, 7 фоизи ММД баробар медонанд, вале агар он аз арзиши ММД, ки порсол 4 миллиарду 600 млн. доллар буд тарҳ гардад, ба 50% ММД баробар мешавад.

Фирдавс Усмонов сардори шӯъбаи қарзи хориҷии Вазорати молия бошад, қарзҳоро то соли 2020 барои Тоҷикистон бехатар медонад. Ин ҳам дар ҳоелст, ки ба гуфтаи  профессор Муним Ҳасанов, муҳаққиқони Осиёи Марказӣ чун ба мушкили қарзи хориҷӣ таваҷҷуҳ намекунанд, ба ҳамин хотир роҳи ҳалле барои пардохти он ироа намедиҳанд. Худи қарзи давлатӣ яке аз омилҳои бӯҳрони молии ҷаҳонист. Зеро бӯҳрони молии ҷаҳонӣ аз солҳои 2008 то 2010 ғайриоддӣ буд, чун ҳамачӣ аз бахши молиявӣ оғоз шуда ба қарзи хориҷӣ муттасил гардид. Муним Ҳасанов мегӯяд, ки  қарзи хориҷӣ дар асари сиёсатҳои нодурусти молиявию иқтисодӣ зуҳур мекунад.        

Баҳром Шарипов коршиноси умури бонкӣ бар ин назар аст, ки зинаҳои тараққиёти иқтисоди ватанӣ дар ҳолате, ки маблағҳои зиёди дар даст доштаи аҳолӣ бо воситаи бонкҳо барои маблағгузории иқтисодиёт агар имкон надиҳад ва имконияти беруна бошад, ки онро бидуни хароҷоту вақти зиёд ҷалб намуд, қарзро истифода бурдан лозим аст. Вале номбурда мегӯяд, ки истифодаи қарзҳои берунӣ як ҳудуд дошта, ки бо 40 фоизи маблағи ММД вобастагӣ дорад. Дар рафти тараққиёти Тоҷикистон таи солҳои 2004 - 2005 қарз аз 110 фоизи ММД гузашта буд.

"Вале бо воситаи ҳаргуна воситаҳои берунӣ ба монанди соқит кардани қарз аз тарафи худи он давлатҳо, ба василаи додани амвол аз ҷумла ба Русия додани "Окно" ва ғайра қарзҳо пардохт шуда буданд ва меъёри қарзи берунии Тоҷикистон ба ҳамон меъёри мӯътадил оварда шуд", иброз дошт Баҳром Шарипов. Ба гуфтаи ин коршиноси умури бонкӣ аз рӯи ин нишондҳанда, ки аз 40% гузарад, фоҷиа мешавад, баҳо додан мумкин нест. Вале қарз ба дигар нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъсири манфӣ метавонад расонад. Агар рушди иқтисодӣ хуб бошад, пардохти қарз метавонад мӯътадил роҳандозӣ гардад. Аммо агар ин қарзҳо ба объектҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулот вобаста набошанду бештар характери иҷтимоӣ дошта бошанд, равона шуда бошад, дар ин ҳолат баргардонидани қарз бисёр мушкил мешавад ва ин андозҳоро болои соҳибкорон зиёд гардонида, фазои дохилиро барои тоҷирон хароб мекунад. Ба боварии Баҳром Шарипов қарзи зиёди давлат аз ҷиҳати дигар сармоягузории хориҷиро дар Тоҷикистон коҳиш медиҳад. Зеро онҳо мебинанд, ки имконияти давлат оиди истифодабарии маблағҳо чи тавр аст. Барои ҳамин акнун ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва сандуқи байналмилалии пул меъёрҳои қабули қарз аз тарафи Тоҷикистонро маҳдуд гардидааст. Ҳам аз дидгоҳи 40% ва ҳам аз назари истифодабарии қарзҳое, ки характери имтиёзнок доранд. Чунин қарзҳо фоизи солонаашон 1 - 2 % аст. Баъдан аз ҳисоби маблағи умумии қарз бояд 20 фоизи он қарзи бебозгашт бошад. Ҳамин меъёрҳо боис шуда, ки танҳо қарзҳое, ки аз тарафи давлат ҷалб мегардад, барои маблағгузории иқтисодиёт ворид шавад. Аммо қарзҳое, ки аз тарафи худи бозори ҷаҳонӣ ба тариқи бозаргонӣ бошад, хеле маҳдуд аст. Давлат бояд ба ин самти масъала таваҷҷуҳ кунад.

Хотирнашон месозем, дар охири соли 2011 ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон 2 миллиарду 124 млн. долларро ташкил дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки авохири соли 2010 ин маблағ ҳатто аз 1 млрд. доллар ҳам убур намекард ва ба 942,8 млн. доллар баробар буд. Дар зимн қарзҳои хориҷии Тоҷикистон танҳо ба давлат таъаллуқ надорад, бахши қобили таваҷҷуҳе аз қарзҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои иқтисодии ҷумҳурӣ рост меояд, ки қарзҳои гирифта шуда бо кафолати давлат дода шудааст.

Тавони пардохти қарзро Тоҷикистон надорад
Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз соли 2010 то соли 2012 якбора аз 942, 8 млн. доллар ба 2 миллиарду130,9 млн. доллар расидааст, ки ин нотавонии давлатро дар бозгардонидани қарзҳо нишон медиҳад. Тоҷикистон 21 сол мешавад истеҳсолоти ватанӣ надорад, ба ҳамин хотир даромади миллии кившар ночиз аст ва бештар аз  маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста аст, ки ҳамин бозгардонидани ин қарзҳоро душвортар кардааст.  

Дар тақвияти ин гуфтаҳо Баҳром Шарипов мегӯяд, ки ин қарзҳо боиси ташвишанд, аз ҳамин ҷиҳат давлат тамоми шароитро барои соҳибкорони ватанӣ дорад фароҳам мекунад, то соҳибкорони истеҳсолии ватанӣ қобилияти худро васеъ гардонанд. Ба гуфтаи ин коршиноси умури бонкӣ маблағи қарз инак худ муайянкунанда нест, вале дар ҳолате, ки бо ММД қиёс гардад, маълум мешавад меъёрҳои он барои Тоҷикистон хатаровар аст ё хайр.

"Маҳсулоти ватанӣ сол то сол дорад зиёд мешавад ва қарз набояд ташвишовар бошад, вале чун колоҳи дохилии кившарро маблағҳои буҷету андоз ташкил медиҳад ва ин маблағҳо аз дохил неву аз берун муайян мегардад, дар сурати вуқуъи бӯҳрон дар он давлатҳо Тоҷикистон низ бо мушкил мувоҷеҳ мешавад. Дар ҳолате, ки раванди зиёдшавии ММД ҳам аз беруну ҳам аз дарун вобаста аст, ин қарзҳо ташвишоваранд", азфуд Баҳром Шарипов.

Асосан аксари кишварҳо аз ҳисоби даромади миллии худ қарзашонро бармегардонанд. Вале даромади кишварҳое чун Тоҷикистон аз содирот ба вуҷуд меояд. Содироти Тоҷикистон ҳам бештар маҳсулоти хом минҷумла пахта ва аломиниюми бо коркарди хеле поин мебошанд. Нархи аломиниюм ҳам чун паст меравад, тарози савдои хориҷии Тоҷикистон сангинтар мебарояд. Саҳми содироти гидроэлектроэнержӣ дар Тоҷикистон соли 2010 - 0,3 фоизро ташкил дод. Дар кулл содироти Тоҷикистон таи солҳои ахир ҳамеша манфӣ баромадааст. Чунончи соли 2009 дар муқоиса бо соли 2007 дар Тоҷикистон даромади ҳосил аз содирот 457,9 миллион доллар (31,2%) коҳиш ёфт. Ба ҳамин далел оқибати ин раванд кам шудани тақозои хориҷӣ ба алюминиюми аввалия буд. Аз соли 2005 то соли 2010 ҳаҷми аломиний дар даромади ҳосил аз содироти Тоҷикистон аз 75,0% дар соли 2006 то 58,3% дар соли 2009 маҳдуд гашт. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ба бозори ҷаҳонӣ бештар молҳои коркардшуда роҳ меёбанд ва тақозои зиёд доранд, дар соли 2010 нисбат ба соли 2009 истеҳсоли алюминиюми аввалияи кишвар, ки аслитарин колои содиротии Тоҷикистон аст, коҳиш ёфта маҷмуъан 348,9 ҳазор тоннро ташкил дода 10,5  ҳазор тонн ё 2,9% камтар шудааст.

Дар замони ҳозира саҳми маҳсулоти гидроэнергетикӣ дар даромади содироти Тоҷикистон, ки дар фасоили баҳору тобистон бисёр муфид аст, соли 2009 дар даромади ҳосил аз содирот6,3% ва дар соли 2010 ҳамагӣ 0,3% - ро ташкил додааст. Зеро маҳсулоти бо коркарди боло, ки самараи муфиде доранд, аз нархи алюминии аввалия 2 то 4 маротиба дар бозори ҷаҳонӣ гаронтаранд. Фарқи байни нархи пахтава маҳсулоти коркардшуда аз он низ ба ҳисоби 1 килло пахта 12 маротибаро ташкил медиҳад. Вале бо ин вуҷуд дар дохили Тоҷикистон корхонаҳои мавҷуд метавонанд то 64 ҳазор тонна пахтаро коркард кунанд.

Яке аз меъёрҳое, ки бо он қарзи хориҷиро таҳлил мекунанд, ин захоири тиллову асъории мамлакат нисбат ба қарзи берунӣ аст.
Профессор Муним Ҳасанов дар ин маврид мегӯяд, захоири тиллову асъори мамлакат муайян мекунад, ки оё он кишвар тавони пардохти қарзи худро дорад ё на. Вале захоири тилло дар Тоҷикистон сирри давлатӣ буда захоири софи асъории 6 моҳаи Тоҷикистон бисёр ночиз аст ва танҳо барои 1,6 моҳи воридоти кишвар кифоя асту бас.Барои доштани иқтисодиёти пурқувват, ки ба зарбаҳои гуногун тобовар аст, бояд ин захираҳо ба 3 моҳи воридот расонида шавад.

Тоҷикистон дар остонаи варшикастагӣ?
Профессор Муним Ҳасанов муътақид аст, ки қарзҳои гирифтаи Тоҷикистон ду паҳлу дорад. Карз аз давлати дигар минҷумла субекту бонкҳо ва ширкатҳои он кившар. Самти дуввум ин қарз аз Сандуқи байналмилалии пул, Бонки ҷаҳонӣ, бонкҳои минтақаӣ монанди Бонки осиёи рушд ва бонки рушди исломӣ ва ғайра.

Табиист, ки ҳар кадом аз ин давлатҳову ташкилотҳо метавонанд дар баробари қарзи додаашон талаботи худро муқобили Тоҷикистон гузоранд, ки ниҳоят сабаби бархурди манофеъ ва фишор болои кишвар мешавад. Ба унвони мисол, соли 2005 Русия бо бахшидани 300 млн. доллар қарзи Тоҷикистон пойгоҳи ҳавоии "Окно" - ро аз худ карду инак бобати он маблағе пардохт намекунад. А.Шохин иқтисоддони шинохтаи рус низ гуфтааст, ки "барои мо қарз ин мушкили сиёсист ва шароити он ҳам бояд сиёсӣ бошад!"

Дар ҳоли ҳозир агар 2 миллиарду 130 миллиону 9 ҳазор долларро бар сари 7 миллион аҳолии кившар тақсим кунем, маруми Тоҷикистон ҳар кадом 304 долларӣ қарздор мебошанд. Ба назар мерасад Тоҷикистон кишваре хоҳад шуд, ки қарзҳои мақомдоронашон бар дӯши насли оянда хоҳад афтид ва аз онҷое, ки қарзи хориҷӣ шомили қарзи бахши хусусӣ ва бонкҳо низ мешавад, дар Тоҷикистон бахши хусусӣ ва бонкҳо аз бахши давлатӣ заъифтаранд, ки бихоҳанд ҷиҳати баргардонидани қарзҳо иқдом кунанд. Худи бонкҳо ҳам ҳоли зоре доранд, дар сурати набудани маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ ин ниҳодҳо бо вазъияти ногуворе бархурд хоҳанд кард.   

Пас ҳоло, ки 400 миллион мегирему аз ҳисоби буҷет 83 миллионашро боз мегардонем, боз 300 миллиони дигар мегирему 60 миллионашро бармеградонем, чунин менамояд, ки Тоҷикистон роҳе барои бозпардохти қарзҳояш надорад ва мумкин аст ба варшикастагӣ мувоҷеҳ шавад.   

Дар ҳамин маврид Баҳром Шарипов мегӯяд, пардохт нашудани қарзҳо аз тарафи давлатҳо дар таърих зиёданд. Давлатҳои рӯ ба тараққӣ чун Уругува, Бразилия ва дар Осиё низ бисёр мамолик муваффақ ба пардохти қарзи худ ва фоизи он нашуданд ва ин давлатҳо ниҳоят худро варшикаста эълон карданд. Ба гуфтаи ин коршиноси умури бонкӣ агар дар ин ҷо давлат худро муфлис эълом кунад, ба вай ҳаргуна имтиёзҳо аз ҷониби қарздиҳандагон пайдо мешавад. Гуруҳҳову ташкилоте ҳастанд, ки имконияти давлатро дида мебароянд."Ё мӯҳлати пардохти қарзро зиёд мекунанд, ё қисме аз онро соқит менамоянд ва ё аз гирифтани фоизҳо даст мекашанд, то давлат ба по хезад. Ҳамонанди мизоҷони бонк, ки агар дар ҳолати сангин қарор гиранд, ба онҳо ҳар гуна имкониятҳо дода мешавад. Чунин муносибатҳо байни давлатҳо низ ҳаст", илова намуд Баҳром Шарипов. Ба гуфтаи ӯ, соли 1998 Русия бо ин ки абарқудрат буд, ба ҳамин вазъият дучор шуд. Ин боис шуд, то Русия аз механизми қарзҳои берунӣ даст кашад ва бештар ба имкониятҳои дохили ватанӣ аҳаммият диҳад. Ҳоло ҳам тавре аён аст, Русия дорад тараққӣ мекунад ва нақши бузургеро дар ҷаҳон дорост.

Бинобарин ҳар ҳодисае, ки дар иқтисодиёт рух медиҳад, имконият медиҳад, то раванди кор дигар тавр роҳандозӣ гардад. Аз ин рӯ бояд қобилияти дохилии ватанӣ бештар мавриди истифода қарор гирад ва на берунӣ…

Имрӯз наздики 2,5 миллиард қарзи беҳисоб гирифта шудаасту соҳаеро барои Тоҷикисто даромадзо накардааст ва қарзгирандагон дар ин маврид посхгӯ нестанд.

Сиёвуш ҚОСИМЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)