Бахшҳо
09 ноя 2012 09:41Муҳоҷир

"Девонапешниҳод"-и Девонаев

Бархе аз коршинсони тоҷик пешниҳоди  Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро ба лоиҳаи қонун "Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ", ки тибқи он пешниҳод  бояд шаҳрвандони кишвар бар асоси роҳхати ин ниҳод ба хориҷа сафар намоянд, нодуруст ва зидди сарқонуни кишвар унвон намуданд. Сардори Хадамоти муҳоҷират чанд рӯз пеш зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур, доир ба танзими муҳоҷирати кории сокинони Тоҷикистон дар хориҷа пешниҳодҳояшро ироа карда, аз ҷумла иброз намуд, ки дар ин қонун банд ва ё фасли махсусе ҷой дода шавад, ки ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар танҳо тибқи роҳхати ҳамин хадамот сурат гирад.

Шӯҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос мегӯяд, воридоти чунин меъёр дар лоиҳаи қонун "Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ" тибқи он бояд сафари муҳоҷирон танҳо бо роҳхати Хадамоти муҳоҷират сурат пазирад, куллан нодуруст мебошад, зеро Конститутсияи Тоҷикистон иҷозат медихад, ки ҳар як шаҳрванд озод ҷумхуриро тарк кунад ва ба он ворид шавад: " Барои ҳамин  шаҳрвандон бо кадом сабаб тарк мекунанд ҷумҳуриро ин кор ва ҳақи худи онҳо мебошад. Аз ҳамин сабаб ворид намудани чунин тағийрот ба ин қонун зарурат надорад".

Ин ҳамсӯҳбатамон илова намуд, ки Хадамоти муҳоҷират дар мадди аввал бояд вазифаҳои худро иҷро кунад, на танзими муҳоҷиронро пеш гирад. Зеро ба қавли ӯ шаҳрвандони Тоҷикистон маҳз аз набудани кор дар дохили кишвар ва шароити пасти зиндагӣ барои дарёфти бурдаи нон муҳоҷир мешаванд ва ин хадамот кӯшиш намояд хуқуқҳои муҳочирони тоҷикро ҳимоя кунад.

Шуҳрат Қудратов иброз дошт, ки таклифи масъулини Хадамоти муҳоҷират дар хусуси он, ки муҳоҷирон бо роҳхати ин ниҳод бояд ба хориҷ сафар намоянд, аз он шаҳодат медиҳад, ки хадамоти мазкур аз ӯҳдаи корҳое, ки ба зимааш гузошта шудааст намебарояд.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Перспектива плюс" ба Озодагон гуфт, ӯ бо пешниҳоди Хадамоти муҳоҷират роҷеъ ба сафари муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути роҳхати ин хадамот зид мебошад. Чун ки ба қавли номбурда як ташкилоти давлатӣ ҳуқуқ надорад рафтани шаҳрвандонро ба ҷое муайян кунад.

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик иброз медорад, ки агар ин корро кардани бошанд, мебояд Конститутсяро дигар кард ва референдум гузаронидан даркор. Ман фикр мекунам набояд чунин шавад, зеро он ба қонуни асосӣ зиддият дорад. Дуюм ин ки ораганҳо метавонанд аз ин кор суйистеъмол кунанд, метавонанд ба касе роҳхат диҳанд ба касе надиҳанд, бино бар ин ман фикр намекунам, ки ин идея идеяи хуб бошад.

Бояд зикр намуд масъалаи дигаре, ки боиси нигаронии коршиносон шудааст, ба дарозо кашидани баррасии лоиҳаи ин қонун мебошад.

Ба қавли Ойниҳол Бобоназарова баррасии лоиҳаи қонун "Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ"  қариб 3 сол боз идома дорад, ки ин гуна ба дарозо кашидани ин масъала барои ин ҳуқуқшинос аҷиб менамяд: "Вақте мехосатнд ин қонунро ба парлумон ворид кукнанд ман дидам, ки аз 30 моддае, ки дар ин қонун ҳаст ҳатто 29 тояш ба конститутсия зиддият дошт, яъне манфиатҳои на давлат ва на муҳоҷирон он ҷо набуд. Барои ман аҷиб аст, ки баррасии он 3 сол идома дорад. Ҳатто як бор аъзои комисияро низ иваз карданд, вале ҳоло ҳам камбудиҳо зиёд аст".

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Перспектива плюс" аз зумраи ҳуқушиносонест, ки пешниҳодҳои зиёде ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирон ба лоиҳаи ин қонун ироа намудааст.

Таъисиси фонди муҳоҷирати меҳнатӣ ва аз ҳисоби бонкҳои Тоҷикистон ба ин фонд гузаронидани як фоизи мабалғе, ки бонкҳо аз пули муҳоҷирон фоида мебинанд, аз ҷумлаи пешниҳодҳои ин ҳуқуқшинос ба лоиҳаи қонуни мазкур мебошад: "Он ҷо як маротиба гуфта буданд, ки ин фонд аз ҳисоби худи муҳоҷирон шавад, вале ман пешниҳод кардам, ки ҳатман аз ҳисоби давалт шавад барои кӯмак ба муҳоҷирон. Дуюм ин, ки аз ҳисоби бонкҳо гузаронидани маблағ ба ин фонд- ин  назарияи боадолатона  дар ҷаҳон мебошад. Яъне ҳамон бонкҳое, ки пули муҳоҷиронро, ки дар як сол қариб 3 миллиардро ташкил медиҳад қабул мекунанд, аз ин ҳисоб хеле фоида ҳам мегиранд як фоизи онро бояд ба ҳамин фонд гузаронанд, ки тибқи ҳисоби ман агар як фоизро онҳо бидиҳанд худаш 150 ҳазор доллар мешавад. Ман 15-20 таклиф кардам, ки қисми зиёдашро фикр мекунам  қабул ҳам кардаанд".

Бархе аз соҳибназарон ҷалби ҷомеаи шаҳрвандиро дар баррасии лоиҳаи қонуни мазкур муҳим арзёбӣ намуда мегӯянд, ин қонун бояд тавре қабул гардад, ки ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷиронро ҳимоя намояд, на баръакс онҳоро пойбанди як ниҳоде созад.

Бо вуҷуди он ки дуру дароз идома ёфтани баррасии ин қонун дар Хадамоти муҳоҷират боиси нигаронии бештари коршиносон шудааст, вале ҳануз маълум нест, ки кай ин қонун ба Парлумон ирсол мегардад?

Ёдовар мешавем, ки Хадамоти муҳоҷират бо пешниҳоди намояндагони аҳзоби мухолифи ҳукумат таъсис ёфта буд ва мардум умед мебастанд, ки ин ниҳод ба мушкилоти беадади муҳоҷирон расидагӣ хоҳад кард. Аммо тавре мебинем, раиси ин ниҳод пешниҳоде ироа намуда, ки ба мушкилоти муҳоҷирон мушкили дигар зам мекунад.

Ҳарчанд ин ҳануз як пешниҳод аст, аммо бо дарназардошти таҷрибаи Парлумолни Тоҷикистон метавон нигарон буд, чун паврлумони мо то ҳол чунин иқдомҳоеро, ки мухолифи манфиатҳои мардум ва мухолифи Сарқонуни ҷумҳурӣ ҳастанд, қабул карда буд.  

Алишер ЗАРИФӢ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)