Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:41

Афви навбатӣ пеш аз интихобот ба амал меояд?

9 ноябр 2012, 09:53

Як гурӯҳ варзишгарони маъруфи кишвар, собиқадорони соҳа, устодон ва мураббиёну варзиши тоҷик ба унвони президенти мамлакат нома навиштаанд. Ин варзишгарон аз раисиҷумҳури кишвар дар остонаи ҷашни таҷлили 20 солагии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олӣ  дархост кардаанд, ки дар арафаи ин иди бузург афв ва бахшиши гуноҳи варзишгаронеро анҷом диҳад, ки бо ин ё он сабаб, аз ҷумла аз гумроҳӣ ба роҳи ғалат рафта. Муроҷиаткунандагон  яке аз паҳлавонони номии кишвар, ғолиби даҳкаратаи мусобиқаҳои Тоҷикистон, Мураббии Шоистаи Тоҷикистон, Устоди варзиши кишвар дар намуди гӯштин, барандаи медали нуқраи мусобиқаҳои байналхалқии қитъаҳои Ғарб ва Осиё, собиқ сармураббии дастаи яккачини Тоҷикистон оид ба гӯштини Кураш, собиқ роҳбари муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш оид ба намуди гӯштин, довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Муминов Ҳасан Ҷумъаевич, ки беш аз се сол боз дар зиндон адои ҷазо дорад, хоҳиши авф намуданашро талаб карданд.

Масъулини  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон барои боздиди варзишгарони маҳбус вақт надоранд. 

Дар муроҷианома аз ҷумла омадааст:
"Гумон мекунем дар ин муддати иҷрои ҷазо ҳамчун падари се фарзанди ноболиғ ва дар гузашта роҳбару варзишгари номӣ аз карда пушаймон асту яқинан худро гунаҳкор меҳисобад. Хизматҳои ин ҷавонмард ва варзишгару устоди касбӣ далели он аст, ки дар солҳои душвори пешин барои рушди варзиши мамлакат саҳми муносиби худро гузоштааст. Ба сифати мураббӣ Ҳасан Муминов  10 устоди дараҷаи байналмилалӣ, 20 устоди  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 Корманди Шоистаи варзиши Тоҷикистонро ба камол расондааст. Бори дигар таъкид мекунем, ки шояд аз сари ҷавонӣ ин варзишгари номӣ ба хато рафта, ҷиноят содир кард. Мо варзишгарон низ дарк мекунем, ки ҳама новобаста аз шахсияту мақом бояд ғуломи қонун бошад. Аммо баъзан ҳаёт қонунҳои нонавиштаеро пешорӯямон мегузорад, ки оҷиз мемонем. Ҳоло мо модари муштипари Ҳасан - Ҷамъия Юсуфоваи 78 - соларо, ки се сол боз аз фироқи фарзандаш дидагони биноашро аз даст додааст, мебинему худро ҳам дар ҳоли гунаҳкорӣ эҳсос мекунем. Барои узри бадтар аз гуноҳамон аз Шумо Ҷаноби Олӣ маъзарат хоста, бо арвоҳи пурфутӯҳи нобиғаҳои варзиши миллати бузургамон Азалшоҳ Олимов, Мирзоавлиё Олимов, Иброҳим Ҳасанов, Абдуманон Зокиров, Искандаршоҳ Раҳматуллоев, Саидмӯъмин Раҳимов, Эргаш Сараев савганд ёд мекунем, ки дигар талош хоҳем кард, то ҳеч кадоме аз шогирдонамон ба роҳи хато нараванд".

Носир Бозоров, мурабиии шинохтаи ҷумҳурӣ ва яке муроҷиаткунандагони ин нома ба унвони президент мебошад. Бозоров дар сӯҳбат ба мо гуфт, ки Ҳасан Муминов  воқеан ҳам устоди соҳаи варзиш аст, ман ба маҳорат ва истеъдоди ӯ бовари сахт дорам. Ва ҳамчунин кафолат додан метавонам, ки маҳз Ҳасан Муминов  метавонад барои  баланд бурдани шарафи варзиши тоҷик саҳми арзанда бигузорад. Новобаста аз он, ки ӯ дар маҳбас аст, аммо машқи худро тарк накардааст, вале  ман боз ҳам мегӯям, ки зиндон зиндон аст. Ман медонам, ки дар зиндон ҳеч вақт касе ба ӯ он шароите, ки барои риштаи варзиш  лозим аст, муҳайё  нахоҳад  кард. Ман аз як чиз метарсам, агар ин ҷавони боистеъдод ва ояндадори тоҷик аз зиндон берун нашавад, он маҳорату касбияте, ки у дорад, аз даст меравад. Варзиш воситаи бардамӣ, дӯсту ёвар ва ҳамқадами доимии як шахси солиму муосир ба ҳисоб меравад. Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки варзишгарони кишвар зери дастгирӣ ва ғамхориҳои беназири давлату ҳукумат  қарор доранд. Ва ҳамчунин итминон дорем, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ба ин муроҷиатномаи устодони варзиш беэътинои зоҳир нахоҳад кард.

Муроҷиаткунандагон ҳамчунин меафзоянд, ки  "Шукри Худованд, дастгириҳои Шумо ва истеъдоду ҳунарамон мекунем, ки моро имрӯз дар беш аз 200 кишвари ҷаҳон мешиносанд ва нерӯи моро эътирофу эҳтиром мекунанд. Таҳти роҳбарӣ ва дастгириҳои бевоситаи Шумо хушбахтона 15 нафар ситораи дурахшони варзиши тоҷик соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Лондон гашта, то андозае ба муваффақият низ ноил гардиданд. Аз натиҷаҳои бадастовардаи мову шогирдонамон на танҳо фақат онҳо, балки бовар дорем кулли мардуми шарифи тоҷик рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд. Бовар дорем дар мусобиқоти баъди натиҷаҳои варзишии мо аз ин ҳам бештар хоҳад шуд.  Дар зери номаи мазкур хамчунин варзишгарони шинохтае чун Носир Бозоров, Зебунисо Рустамова, Мавзуна Чориева, Расул Боқиев, Маҳмадшариф Сулаймонов, Парвиз Собиров, Муҳаммад Абдураҳмонов, Шайдулло Исоев, Ғиёсиддин Қайюмов, Хуршед Ҳикматов, Амирсултон Наботов имзо гузоштаанд.

Хотиррсон мешавем, ки варзишгарони тоҷик бори аввал аст, ки ба унвони президенти Тоҷикистон бо чунин мазмун нома менависанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишвар мавзуи афви навбатӣ бахшида ба 20- солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ аз қабл идома дошт, аммо ба назар мерсад, ки дар ин замина вокунише аз ҷониби президент ва Ҳукумати Тоҷикистон бадар намешавад.  

Вакили Маҷлиси намояндагон Суҳроб Шарипов зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки  ҳарчанд сару садо дар бораи афви навбатӣ ҷой дорад, амммо дар ин бора тасмим ҷиддие гирифта нашудааст. Ба ҳар сурат ӯ дар ин бора иттилое дар даст надорад:

- Ман хуб медонам, ки мардум ҳама интизори содир шудани қонуни афв ҳастанд, аммо то ҳол рости гап ягон хабаре  нест. Ва намедонам, ки киҳо эҳтимоли афв шудан доранд. Лоиҳааш то ҳол ба мо наомадааст. Қонуни афв аз тарафи президент содир мешавад, чунки ин  ваколати истисноии ӯст.

Варзишгарони кишвар дар ҳоле бо пешниҳоди руйхати варзишгарони маҳбус хостори афви онҳо аз ҷониби президент мешаванд, ки масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон  мегӯянд, дар бораи теъдоди ва вазъи варзишгарони зиндони иттилое надоранд.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини аввали раиси  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар сӯҳбат ба "Озодагон" гуфт:

-  Аз муроҷиатномаи  устодони варзиш  ба президенти кишвар  ҳамчун масъули ҳамин кумита  огоҳ нестам. Аммо пеш аз ин чанд даъфа мо барои  аз зиндон раҳо шудани як варзишгари ҷавон Аслан Сакалаев,  аз номи Федератсия ва кумита ба тамоми мақомоти дахлдори  болоӣ муроҷиат кардем, вале  ҳеч посухе дарёфт накардем. 

Сакалаев, варзишгари номӣ буд, ки дар тарзи гуштии дзюдо машқ мекарду дар дастаи мунтахаби Абдурозиқ Олимов  фаъолият дошт. Ман ростӣ теъдоди варзишгаронеро, ки дар маҳбасҳо зиндониянд, намедонам.

Дар ҳамин ҳол  Наргис Набиева, сардори раёсати кумитаи ҷавонон, инкишоф ва варзиш мегӯяд,  барои  дидор ва иттилоъ пайдо кардан аз ҳоли варзишгарони зиндонӣ онҳо фурсат ва имкони  маҳдуд доранд. Зеро бештари вақташонро барои баргузории чорабиниҳои ба қавли ӯ муҳимтар сарф мекунанд.

Тибқи маълумоти охир феълан дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сурати умум 11 000 маҳбус ба сар мебаранд. Гуфта мешавад, агар афви навбатӣ дар руёруи 20- солагии Иҷлосияи 16 сурат нагирад, дар он сурат эҳтимол аст, онро соли оянда пешопеши интихоботи президентӣ анҷом бидиҳанд, то ба ин васила барои ҳукумат ва президенти феълӣ Раҳмонов  холҳои иловагӣ  зам кунанд.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!