Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:33

Рақиби тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба даври ниманиҳоии футбол роҳхат гирифт

30 июн 2011, 12:43

Дар Мексика мусобиқоти ҷаҳонии футболбозони навраси то 17- сола идома дорад. Дастаи футболбозони ҷавони Ӯзбакистон, дар мусобиқоти 1/8 финалии чаҳонӣ нахуст бар дастаи Австралия бо ҳисоби 4 бар 0 пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат гирифтанд.


Ҳамин тавр, дар вохӯрии баъдӣ, рӯзи 3 июл дастаи футболбозони навраси ӯзбак бо дастаи чавонони Уругвай вориди рақобат мешаванд.Тими Уругвай акнун рақиби Ӯзбакистон бар дастаи Конго бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд. Дар гурӯҳи дигар дастаи Бразилия бар яккачини Эквадор бо ҳисоби 2 бар 0 ғолиб омад ва Ҷопон Зеландияи Навро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дод. Ба  ин тартиб, дар даври чорякфинал аз ин гурӯҳ Бразилия бо Ҷопон  вориди майдон мешаванд.

Мухлисони дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 17 -солаи Точикистон ҳам орзу мекарданд, ки ҳунари наврасони тоҷикро дар ин майдони барҳавои варзишии  Мексика бубинанд, аммо бахт ба руйи онҳо нахандид. Бар асоси низомномаи мусобиқоти каҳрамонии Осиё, ки соли гузашта миёни дастаҳои футболбозони наврас доир гашт, мебоист чаҳор дастаи беҳтарини ин қора ба сабқати  ҷаҳонии футболбозони наврас, ки имрӯз  дар Мексика доир гардида истодааст,  роҳхат мегирифтанд, аммо мутаасифода дастаи футболбозони навраси тоҷикистонӣ таҳти тамрини сармуррабии ҳамонвақта Зоир Бобоев дар Ӯзбакистон ба нокомӣ дучор гардиданд.

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2010-ум дар бозиҳои чаҳорякниҳоии мусобиқоти каҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканд дар сабқати гурӯҳӣ бозиро бо тими Урдун бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, баъдан аз дастаи мунтахаби Индонезия бо ҳисоби 4 бар 1 мағлуб гаштанд ва ниҳоят аз  дастаи Ӯзбакистон бо ҳисоби бузург 8 бар 1 шикаст хурда, аз ҳаққи ширкат дар даври  баъдӣ, махрум гаштанд. Акнун Ӯзбакистон ва Ҷопон барои баромадан ба даври финалӣ бо рақибонашон талош меварзанд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!